Хандинкамон

Хандинкамон ин гуруҳи ҳаҷвнигории шаҳри бостонии Хуҷанд буда соли 2003 ташкил расман ёфтааст. Аъзоёни дастаи эҷодии санъаткорон зиёда аз 7 нафарро ташкил намуда сардории онро Муқимҷон Абдуфаттоев ба уҳда гирифтаанд.

Хандинкамон

Театр студияи «Хандинкамон» дар таърихи мавҷудияти худ бо садҳо барномаҳои ҳаҷвнигориву консертӣ дар шабакаҳои телевизионӣ ва бевосита дар баромадҳои ҷамъиятӣ худро бениҳоят намунавӣ нишон додааст.

Хандинкамон

Сурати аъзоёни Дастаи хачвнигорони “Хандинкамон”

Қариб ҳамасола дастаи Хандинкамон дар шаҳри Душанбе барномаи идонаи худро барои шаҳрвандони кишвар намоиш дода таъби ҳамватанони азизамонро болида менамоянд.

Аз нигоҳи маъруфият ва маданияти суханронӣ гуруҳи Хандинкамон байни дигар дастаҳои ҳаҷвнигорони Тоҷик дар ҷойҳои аввалин қарор дорад. Гуруҳи эҷодии Хандинкамон доимо барномаҳои нав ба навро омода карда ҳамасола барои шаҳрвандони кишвар тавассути васоити ахбори омма ва хусусан телевизиону интернет пешниҳод менамояд.

Видеои Хандинкамон 2016 ва 2015 (Сулаймон Саидгозиев)

 

Ширинкорони Хандинкамон номи дастаи ҳаҷвнигори худро аз ду калима ташкил кардаанд ки якеаш «Ханда» ва дикараш «Камон» мебошад ки  маънои ҳангоми хандидан даҳони кас мисли камон бояд шавад.

Дар туй низ дастаи Хандинкамонро таклиф кардан мумкин аст ки андозаи маблағи хизматашон чандон баланд нест ва он метавонад дар доираи 500 доллари ИМА –ро вобаста ба шумораи иштирокчиёти барномаи эҷодии онҳоро, ташкил намояд.

Видеои аз Хандинкамон (наваш)

 

Корхонаву ташкилотҳо низ барои хушнуд кардани таъбу болидаи мизоҷону кормандони худ метавонанд ин дастаи ҳунариро таклиф намоянд, ки дар таҷриба чунин кор солҳои зиёда ба роҳ монда шудааст. Қисми асосии кормандони дастаи ҳунарии Хандинкамон аз ноҳияи Исфараи вилояти Суғд мебошанд ки онҳо ҳунари нотакрори ин минтақаро тасдиқ менамоянд.

Барои тамос бо дастаи ҳунари ба саҳифаи фейсбуки сардори ин дастаи ҳунари ба Муқимҷон метавонед муроҷиат кунед ки суроғааш чуни аст https://www.facebook.com/mukim.abdufattoev/

Видео як бухча ханда

 

Бояд қайд кард, ки яке аз ситораҳои дурахшони ҳаҷвнигорони Хандинкамон, хонум Гулбаҳор Ғафорова аз соли 2012 инҷониб бо сабаби оиладор шуданашон ҳоло фаъолияти меҳнатӣ наменамоянд.

Бесплатные видео скачать и смотреть  

 

Комментарии