Вилоятхои Точикистон

Харитаи Вилоятхои Точикистон

Харитаи Вилоятхои Точикистон

Тоҷикистон ба 3 – вилоят, аз ҷумла: Вилояти Хатлон, Вилояти Суғд, ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) тақсим шуда дар қатори онҳо инчунин Ноҳияиҳои Тобеи Ҷумҳур ҳамчун минтақаи мустақили маъмурӣ низ мавҷуд мебошад.

Аз нигоҳи шумораи аҳолӣ Вилояти Хатлон аз ҳама пешқадам буда вале аз ҷиҳати масоҳат калонтарин Вилояти Мухтори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) мебошад. Шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда аз нигоҳи маъмурӣ ба минтақаи Ноҳияҳои Тобеи Ҷумҳур дохил аст.

Дар таърих тақсимоти маъмурии вилоятӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бори аввал 27-уми октябри соли 1939 расман ба вуқуъ пайвастааст ва он замонҳо Вилоятҳои: Ғарм, Кӯлоб, Ленинобод ва Сталинобод ташкил карда шуда буданд.

Вилояти Хатлон:

Карта Хатлонской Области

Вилояти Хатлон (шакли ихтисоршудааш Хатлон) – яке аз ҳама сераҳолитарин, заминҳои обёришавандатарин, гармтарини вилояти Тоҷикистон буда дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон қарор дорад  ва аҳолиаш зиёда аз 3 млн. нафар (2016с.) буда 35% шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Вилояти Хатлон расман 2-юми декабри соли 1992 ташкил ёфтааст ва маркази маъмурии он шаҳри Қурғонтеппа мебошад. Дар тобеи худ Вилояти Хатлон 5-шаҳр ва 19 ноҳияро соҳиб аст, аз ҷумла: ш. Қурғонтепа, ш. Кӯлоб, ш. Ёвон, ш. Норак, ш. Сарбанд, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Бохтар, Вахш, Восеъ, Данғара, Қабодиён, Колхозобод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Қумсангир, Муъминобод, Носири Хусрав, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Хуросон, Шаҳритуз ва Шӯрообод.

Таносуби қиёсии халқи тоҷик дар шумораи умумии аҳолии вилояти Хатлон қариб 80%-ро ташкил медиҳад ва баъдан мавқеи халқи узбек ба назар мерасад.

Иқтисодиёти вилояти Хатлон асосан аз кишоварзӣ сахт вобастагӣ ва бартарият дорад. Масоҳати 338 ҳазор гектар заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон маҳз дар минтақаи Хатлон мебошанд, ки ин 45%-и масоҳати умумии ин намуди заминҳои кишвар аст.  Масоҳати заминҳои лалмӣ 2,12 млн. гектарро ташкил карда боғот зиёда аз 22,5 ҳазор га., ангурзор 8,2 ҳазор, дашт 1,2млн., манзилӣ 16,9 ҳаз., ниҳолпарварӣ 400 га мебошанд.

Вилояти Хатлон бо пахтаи худ, тарбуз, харбуза, анор, цемент ва помидору бодаринги барвақтпази худ хело дар ҷумҳурӣ машҳур мебошад. Бояд гуфт, ки дар вилояти Хатлон қариб 99%-и барқи ҷумҳурӣ тавлид шуда аз ҷиҳати иқтисоди маблағ ва аз нигоҳи стратегӣ хело мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон ноҳияи Восеъ ва худи маркази вилоят- шаҳри Қурғонтепа хело куҳан буда таърихи зиёда аз ҳазорсолаи маданиятиву тамадуниро соҳиб аст. Барои саёҳону беморон мавзеи Чилучорчашма ва барои диндорон оромгоҳҳои бузургон дар ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб мавҷуданд, ки тавсия барои зиёрат намудан дода мешавад.

 Вилояти Сугд

Вилояти Суғд (шакли ихтисоршудааш: Суғд) – аз ҳама тараққикардатарин аз ҷиҳати иқтисодиёт, маданият ва инфрасохтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар қисмати шимолии кишвар ҷойгир аст. Шумораи аҳолии Суғд зиёда аз 2,4 млн. нафар буда тақрибан 35% шумораи умумии аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Карта Согд

Карта Согд

Вилояти Суғд расман 10-уми ноябри соли 2000-ум ташкил ёфта қабл аз ин ҳамчун Вилояти Ленинобод ном дошт. Маркази маъмуриаш шаҳри Хуҷанд мебошад ва дар худ 8-шаҳру 10 ноҳияро таҷассум дорад аз ҷумла: шаҳрҳои  Хӯҷанд, Қайроқум, Табошар, Чкалов, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Исфара  ва ноҳияҳои Айнӣ Ашт, Ғончӣ, Зафаробод, Мастчоҳи Кӯхӣ, Спитамен, Мастчо, Ҷааббор Расулов, Б. Ғафуров.

Заминҳои обёришавандаи вилояти Суғд ҳамагӣ 286 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд ки ин 38% заминҳои ҳамин гунаи кишвар мебошанд. Заминҳои лалмӣ бошанд 2,2 млн гектар буда, боғот 51 ҳазор га., токзор 11 ҳазор., дашт 787 ҳазор., манзилӣ 10,8 ҳазор., наздиҳавлигӣ 57 ҳаз., ва ниҳолпарварӣ 60 га. мебошанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)

Горно Бадахшанская Автономная Область

ГБАО

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шакли ихтисоршудааш «ВМКБ») – аз ҳама серкуҳтарин, хунуктарин, камзаминтарин, калонтарин ва сусттараққикардатарин вилояти Тоҷикистон мебошад ва дар кисмати шаркии кишвар чойгир аст. Шумораи аҳолии вилояти МКБ зиёда аз 230 ҳаз. нафар буда ҳамагӣ 2,7 фоизи аҳолии кишварро ташкил менамояд.

ВМКБ расман 2-юми январи 1925 ташкил ёфта маркази маъмуриаш шаҳри Хоруғ мебошад. Дар ҳудудӣ ВМКБ, 7 ноҳия ва 1 шаҳр мавҷуд аст аз ҷумла шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Дарвоз Рӯшон ва Шуғнон.

Заминҳои корами обёришавандаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамагӣ 17,7 ҳазор гектар буда баробари 2,7%-и заминҳои обёришавандаи кишварро ташкил медиҳад. Заминҳои лалмӣ  6,4 млн. гектарро ташкил дода боғот 1,1 ҳаз. га., токзор 1 ҳазор, дашти алафзор 757 ҳазор га., манзилӣ 1,2 ҳаз., наздиҳавлигӣ 4,7 ҳазор., ва ниҳолӣ 50 гектар мебошанд. Иқтисодиёти кишвар дар соҳаи кишоварзи ва бахусус чорводорӣ нигаронида шудааст.

Вилояти Мухтори Куҳисбони Бадахшон бо баландкӯҳиҳои худ, шеваву забонҳои гуногуни худ, шоҳроҳи пайвандкунандаи Тоҷикистону Хитой, осоишгоҳи Гармчашма, Кӯлҳои бузург, сангҳои қимматбаҳо ва мардуми санъаткори худ маъруф аст.

Ноҳияҳои Тоъбеи Ҷумҳур

НТЧ

Ноҳияҳои Тоъбеи Ҷумҳур ё худ шакли кутоҳаш «НТҶ» – ин як гуруҳ ноҳияву шаҳрҳои кишвар, ки дар минтақаи марказии ҷуғрофии Тоҷикистон қарор дорад. НТҶ иборат аз 13 ноҳия, ки дар онҳо 4 шаҳр мавҷуданд аз ҷумла: Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва Ваҳдат мавҷуданд. Шумораи аҳолӣ  1,9 млн. нафар буда масоҳати ин минтақа 29,8 ҳазор километри квадратиро ташкил дод. Расман 29-уми марти соли 1932 ташаккул ёфтааст ва ваколати идоракунии минтақавиро доро нест.

НТЧ дар ғарб бо вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон, аз  шарқ бо Қирғизистону ВМКБ, аз ҷануб бо вилояти Хатлон ва аз шимол бо вилояти Суғд ҳамсарҳад мебошад.

НТҶ инчунин НТМ (Ноҳияҳои Тоъбеи Марказ) низ меноманд ва ӯро ба ду қисмат аз ҷумла:

  • Минтақаи Рашт: ноҳияҳои Роғун, Ғарм, Тавилдара, Тоҷикобод, Нуробод ва Ҷиргатол мебошанд ва ба гуруҳи ноҳияҳои баландкуҳи кишвар маҳсуб медонанд.
  • Ноҳияҳои водии Ҳисор: Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Файзобод. Ин гуруҳи ноҳияҳо хело обод ва заминҳои хуб барои соҳаи кишоварзӣ доранд.

Таърихи вилоятҳои Тоҷикистон:

Соли 1944 аз сохтори вилояти Кӯлоб ва вилояти Сталинобод, Вилояти Қурғонтеппа ташаккул карда шудааст. Соли 1945 бошад аз Вилояти Ленинобод ба 2 гуруҳ тақсим карда шуда яке номи Вилояти Ӯротеппа ва дигаре Вилояти Ленинобод ном гирифт.

Соли 1947 шумораи вилоятҳо боз баргашта ихтисор шуданд ки ҳамоно 2-3 сол пеш қабл ташаккул ёфта буданд, аз ҷумла Вилояти Қурғонтеппа ва Вилояти Ӯротеппа аз байн рафтанд. Соли 1951 бошад вилояти Сталинобод аз байн рафт. Соли 1955 вилояти Кӯлоб ва Вилояти Ғарм аз байн рафтанд. Вилояти Ленинобод соли 1962 аз байн рафт. Бо ҳамин роҳ тақсимоти вилояти пурра аз байн рафт.

Баъди гузашти 8-сол боз дар соли 1970 тақсимоти вилоятӣ оғоз ёфт ва Вилояти Ленинобод худи ҳамон сол ташкил ёфта баъди 3 сол вилояти Кӯлоб (1973) ва Қурғонтеппа дар соли 1976 ифтитоҳ ёфтанд.

Соли 1988 вилояти Кӯлоб ва вилояти Қурғонтеппа мутаҳҳид карда шуданд ва номаш Вилояти Хатлон гардид. Лек соли 1991 боз вилояти Хатлон пароканда карда шуда ба ду вилоят мисли пештара баргардонида шуданд.

Баъди соҳибистиқлолии кишвар соли 1992 Вилояти Хатлон барқарор карда шуд ва номи Виляти Ленинобод иваз карда шуда ба Вилояти Суғд мубаддал гардонида шуд.

Комментарии