Ваколатнома чист ва намунаи навиштани он

Ваколатнома ин ҳуҷҷатест- санадест, ки ба номи касе дода мешавад ки ӯ ҳуқуқ дорад аз номи шумо баромад намояд ва корҳои муайянеро дар асоси ин ҳуҷҷат ба амал барорад. Ваколатномаро инчунин боваринома меноманд ва он метавонад намунаҳои гуногун дошта бошад ва метавонад инчунин дар сатҳи давлат яъне нотариус ба расмият дароварда шавад. Ба забони руссӣ ваколатномаро Доверенност меноманд ва он муҳлати муайяни эътиборро дорад.  Ин санадро дар сатхи давлат дар бланкаи махсус омода ва чоп менамоянд. Намунаи ваколатнома дар зер аст.

Намунаи вако

ВАКОЛАТНОМА №_____

 аз 15-eми январи соли 2018                                                              ш.Душанбе 

             Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Агроинвестбонк”, дар шахси Раиси Бонк Алимардонов Муродалӣ, ки дар асоси Оиннома амал менамояд, мутобиқи талаботҳои моддаҳои 210-214-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56-61-и Кодекси мурофиявии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба и.в. сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кадрҳои ҶСП “Агроинввнстбонк” НОМУ НАСАБ (шиносномаи №А0000000, ки санаи 00.07.2008с., аз тарафи ШКД-и н.Фрунзеи шаҳри Душанбе дода шудааст) ваколатҳои зеринро медиҳад:

          Аз номи ҶСК “Агроинвестбон” дар идораҳои дахлдор, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Суд, Кумитаи андоз ва дигар мақомотҳо ҳамчун намоянда баромад кунад, ҳамчунин ҳуқуқи имзо кардан ба аризаҳо, ҳуҷҷатҳои дахлдор дода мешавад.

         Шартномаҳои гарав (ипотека) ва дигар ҳуҷҷтҳоро дар идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомотҳои адлия имзо гузорад ва ба расмият дарорад, инчунин созишномаҳои иловагӣ ба шартномаҳои гаравро дар идораҳои нотариалӣ бекор кунад, дар аризаҳо оиди бекор кардани созишномаҳои иловагӣ ба шартномаҳои гарав   аз номи Бонк имзо гузорад.

Ба шахси ваколатдор бекор кардан ва даровардани тағйиру иловаҳо ба ҳама намуди шартномаҳо аз ҷумла; шартномаи гарав, қарз, замонат ва пасандоз, ки ба маҳдуд кардани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои молу мулкии  Бонк оварда мерасонад, ваколат дода намешавад.

       Дар мақомотҳои судӣ ҳамчун даъвогар ё ҷавобгар баромад намояд, ҳуқуқи имзо кардан ба аризаҳо, аз ҷумла, ба аризаҳо оиди қабули фармон ва аризаи даъвогӣ ба мақомоти судӣ, шикоят кардан аз болои санади суд ба марҳилаҳои кассатсионӣ, назоратӣ,  дода мешавад.

            Имзои _____________ ному насаб-ро  тасдиқ мекунам.

Ваколатнома ба муҳлати то 00-уми декабри соли 2018 (эътиборан), бе ҳуқуқи вогузор намудани ваколат ба шахси дигар дода шуд.

              Раиси Бонк                                                                        А.  Муродалӣ  

vakolatnoma-2

Комментарии