Ваҳдат чист? Ваҳдат бақои миллат аст!

Ваҳдат бақои миллат аст

Миллатҳои мутамаддин ва пешрафта ҳамеша бо андешаи фарҳанги сулҳ гуфтугӯ анҷом медиҳанд, ки он баландтарин арзиши маънавии умумибашарӣ буда, бунёди онро хиради инсонӣ ташкил медиҳад. Дар фарҳанги сулҳ аз замоне, ки инсоният худро шинохт, ҳамеша осоиш ва оромӣ ташвиқ шуда, зӯроварию харобкорӣ ва куштори инсон аз тарафи инсон доимо маҳкум гардидааст.

Паймудани роҳи пур аз шебу фарози сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон кори осон ва сода набуд. Зеро доираҳои муайяни сиёсӣ ва гурӯҳҳои бадхоҳи миллат бо ҳар роҳу восита мехостанд аз бесарусомониҳои Тоҷикистон манфиат бардоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардона, бо иродаи матини сиёсӣ ва сарбаландона аз обу оташ гу- зашта, якҷо бо миллати хеш ин роҳи мақсудро паймуд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо арзи шукргузорӣ аз фазои ороми Ватан ҷашн меги- ранд. Рӯзи ваҳдатро аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлолияти кишвар метавон ҳисоб кард, чунки дар қатори дигар санаҳои таърихии миллат он барои ҳар фарди тоҷикистонӣ муқаддас аст. Ин рӯз дар шумори беҳтарин рӯзҳои босаодати миллати мост. Ҳар фарди бедордилу ватандӯст, ки обу хоки Ватани аҷдодӣ – Тоҷикистон барояш азиз аст, бояд сулҳу оромӣ ва ваҳдатро чун гавҳараки чашми хеш ҳифз намояд ва барои таҳкими бештари он талош варзад, то насли ҷавони давронсози мо бо осоиш ва хотири ҷамъ дар он зиндагӣ ва кор кунанд.

Вазъи ороми сиёсӣ боиси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар кишвар мегардад, ки ин ҳақиқат аст. Тоҷикистон низ аз масири нооромӣ берун рафт ва ба роҳи бунёдкориву созандагӣ қадам гузошт. Паёмади сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон буд, ки барои таҳия ва қабули қонунҳо оид ба демократикунонии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати ҳуқуқи иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, эҷод, озодии виҷдон, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, моликият, ташкил ва пойдории оила, ҳуқуқ ба меҳнат, манзил, истироҳат ва ғайра шароити мусоид ба вуҷуд омад. Созмонҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, динӣ ва воситаҳои ахбори омма озодона ба фаъолият оғоз карда, давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои ташак- кули ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуданд.

Паёмади дигари сулҳу ваҳдат дар кишвар ин рушди соҳаи маориф, фарҳанг ва фароҳам овардани шарои- ти зиндагии арзанда барои тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Ба ҳамагон маълум буд, ки дар замони нооромиҳо дар Тоҷикистон мактабу маориф дар чӣ ҳоле қарор доштанд. Бо фаро расидани фазои сулҳу ваҳдат Президенти кишвар барои аз вазъи ногувор раҳоӣ бахшидани мактабу маориф тамоми талошҳои худро ба харҷ доданд, зеро медонистанд, ки дар сарзамине, ки илму дониш нест, дар он ҷо ҷаҳолат ва ақибмондагӣ ҳукмронӣ мекунад. Ҳоло дар ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистон мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шудаанд ва мешаванд.

Дар солҳои охир падидаи экстремизм ва бунёд- гароии мазҳабӣ ҷаҳонро ба даҳшат овардааст. Ин падидаи номатлуб ба мисли ҷинояткории муташак- кил ба ягон миллат ва дин робитае надорад ва онҳо бархоста аз андешаҳои зиддибашарӣ ва зиддидинии гурӯҳҳои худкома ва дур аз маърифати инсонӣ мебо- шанд. Тоҷикистон, ки аз гирдоби балои экстремизм ва оташи бунёдгароии мазҳабӣ бо хиради азалии миллат ва роҳнамоии пешвои худ раҳидааст, дар таҳкими бештари сулҳ фарзандони далеру фарзонааш талошҳо ба харҷ медиҳанд.

Дар ҳақиқат, ҷои ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯз Ватани соҳибистиқлоли мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замони навин ва ҷомеаи пешрафтаи дунё ҳамқадам гардидааст.

Комментарии

dostavka-cvetov