Усули Дин

Усули дин

Усули дин бародар ҳашт қисм аст,
Бигуям бо ту ҳар якро чи исм аст.
Аввал тавҳид бошад зи мусалмон,
Дуввум ъадл аст, бино бар амри султон.
Мақоми саввумин бошад имнат,
Мақоми чорумин бошад нубуват.
Ба панҷум амри маъруф аст бингар,
Ба шашум низ медон найҳи мункар.
Мақоми ҳафтумин бошад тавалло,
Мақоми ҳаштумин бошад табарро.

Мазмуни усули дин:

  1. Тавҳид – яъне Аллоҳ таъолоро донистан ва ягона эътиқод кардан.
  2. Ъадл – яъне ба худ ростӣ кардан аст.
  3. Имонат – кори охиратро аз кори дунё муқаддам доштан аст.
  4. Нубуват – яъне ҳазрати Рисолатпаноҳ салаллоҳу алайҳи ва саламро пайғамбари барҳақ донистан ва ҳамаи пайғамбаронро донистан аст.
  5. Амри маъруф – яъне чизе, ки Худои таъоло амр кардааст, ба ҷо овардан аст.
  6. Наҳйи мункар – он чизе, ки Худои таъоло наҳй кардааст – дур будан аст.
  7. Тавалло – яъне дусттони Худои таъолоро дӯст доштан аст.
  8. Табарро – яъне душманони Худои таъолоро душман донистан аст.

Худ мафҳуми «Усули Дин» аз забони арабӣ  «أصول الدين‎ » гирифта шудааст ва маънои «Решаҳои Имон»-ро дошта дар бораи  5 қоидаҳои асосии илми Исломро дар дазар дорад.

Худ Усули дин дар ҳар мазҳаб ва равия шуморааш гуногун аст. Масалан дар равияи Шиагиҳо он иборат аз 5 адад мебошад ва дар дигар мазҳабҳо он 6 то буданаш вомехурад. Дар мазҳаби Имоми Аъзам он иборат аз 8 –адад мебошад.

Комментарии