Точиксодиротбонк

Ҷамъияити Саҳомии Кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» – яке аз калонтарин бонкҳои Тоҷикистон ба дар давоми 2010-2016-солҳо ба ҳисоб рафта соҳиби тақрибан 70 филиал ва зиёда аз 2 500 кормандон, 100 нуқтаҳои хизматрасонӣ ва бо маҷмӯи умумии дороиҳо ба маблағӣ 0,5млрд. доллари ИМА мебошад.

Содирот бонк Душанбе

Сурати Бинои Саридораи Бонк

Худи калимаи «Содиротбонк» маънои «Бонки содиротӣ» яъне бонке, ки ба содирот машғулбуда мебошад. Ба номи махсусгардонидашудаи худ нигоҳ накарда бисёр соҳаҳои иқтисодиёти кишварро хизматрасонӣ менамояд, аз ҷумла сохтмон, савдо, истеҳсолот, истеъмолот, кишоварзӣ ва ғайра.

sodirotbank logo

Логотипи СодиротБонк

Имрӯзҳо Содиротбонк яке аз бонкҳои мушкилдортарини кишвар ба ҳисоб рафта бо зиёда аз 45-бонки ҷаҳонӣ аз ҷӯмла Руссия муносибатҳои муросилотӣ дорад.

Бонк соҳиби зиёда аз садҳо ҳазор мизоҷро дорад ки дар бахшҳои қарз, амонат интиқол ва ғайраҳо хизматрасонӣ карда шуда истодаанд. Дар соҳаи кортҳои пардохтӣ (пластикӣ) Содиротбонк дар байни дигар бонкҳои Тоҷикистон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Ҳаҷми сандуқи қарзии Содиротбонк ба аввали соли 2016 атрофи 350 млн доллари ИМА, ва амонатҳо 250 мнл. буданд,

То бӯҳрони соли 2015 нишондиҳандаҳои бонк ҳамасола 20-30% солона афзоиш меёфтанд. Соҳиби асосии Бонк шаҳрванди Тоҷикистон «Тоҷиддин Пиров» мебошад, ки соҳибмулки ширкати «Евразия» инчунин аст.

sodirotbank-2016

Яке аз камбудиҳои асосии Бонк дар он аст, ки маблағҳои зиёдеро ба соҳаи сохтмон равона кардааст ва бар асари бӯҳрони молиявии соли 2015 бонк ба ҳолати ғайри пардохти мубаддал гардида амонатҳои мизоҷони худро наметавонад баргардонад ва ин ҳолат аз моҳҳои марти соли 2016 инҷониб идома дорад.

Тарафи бартариятдоштаи Содиротбонк дар он аст, ки вай соҳиби шабакаи васеъ ва бренди маъруф ва шинохта байни мардуми Тоҷикистон дорад. Яъне куҷое, ки ба Тоҷикистон навравӣ зуд ранги Содиротбонкро шинохта мешавад.

Сохибмулки Содиротбонк - Тоҷҷидин пирзода

Тоҷҷидин Пирзода

Тоҷидин Пирзода 15 марти соли 1965 ба дунё омадааст. Солҳои 1983-1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС дар ҳайати қувваҳои маҳдуди Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хизмат кардааст. Барои хизмати арзандаи ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарафроз гардонида шудааст: ордени «Ситораи сурх» (1985), ва медалҳои «Барои шуҷоат»(1985), «Аз мардуми шарифи афғон»(1989), «Барои корнамоиҳои ҷангӣ» (1990) ва «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ»; грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС. Полковники мустаъфӣ. Дар соли 1990 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намуд. Дар солҳои 1991-1993 дар аспирантураи рӯзонаи Институти илмию татқиқотии сабзавотшиносии Маскав таҳсил намуд, бо омӯзиши технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот машғул буд. Дар соли 1996 рисолаи номзадӣ ва соли 2003 рисолаи докторӣ дар Академияи ба номи К.А.Тимирязеви ш.Маскав ҳимоя намуд. Ғоибона факултаи иқтисоди ДДМТ-ро бо ихтисоси «Молия ва қарз» ва факултаи энергетикаи ДТТ ба номи академик М.Осимиро дар ш.Душанбе хатм намудааст. Аз соли 2003 инҷониб ҳамчун профессори ҳамкор дар кафедраи «Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-ии ДАТ кор мекунад. Муаллифи 16 китоби дарсӣ, ду монография ва 200 мақолаи илмӣ мебошад. Аз моҳи майи соли 1997 то январи соли 2003 ба ҳайси намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус кор кардааст.

Харитаи саридораи Содирот Бонк

Телефонхои Содиротбонк

Чумхурии Точикистон,
ИП: 734013, шахри Душанбе, кучаи Бехзод, 47
Тел.: +992 (44) 6004017, +992 (37) 2213219, 2214738
Факс: +992 (37) 2214738
SWIFT: TOJITJ22
E-mail: info@tsb.tj
Сомона: www.tsb.tj

Содирот Бонк

Главный вход в здание СодиротБанка

Телефоны сохторхои саридоари Содиротбанк

  1. Сардори дастгох: (44) 600-40-99
  2. Хадамоти протоколи: (44) 600-41-45
  3. Хадамоти Хукук: (44) 600-40-98
  4. Хадамоти таблигот: (44) 600-40-43
  5. Шуъбаи умуми: (44) 600-40-17
  6. Шуъбаи молияви: (44) 600-40-05, (44) 600-40-68, (44) 600-40-69
  7. Идори хисоббаробаркуни: (44) 600-40-79, (44) 600-40-31
  8. Шуъбаи амалиётхои пасиви: (44) 600-41-72, (44) 600-40-59
  9. Шуъбаи дилинги: (44) 600-40-42
  10. Шуъбаи карз: (44) 600-40-39, (44) 600-40-72
  11. Шуъбаи кортхои пардохти: (44) 600-40-63, (44) 600-40-64
  12. Шуъбаи интиколи маблагхо: (44) 600-40-45, (44) 600-40-46
  13. Шуъбаи маблаггузории тичорати: (44) 600-42-55
  14. Шуъбаи амонатхои исломи: (44) 600-43-13
  15. Шуъбаи пардохтпазири: (44) 600-40-26
  16. Шуъбаи когазхои кимматнок: (44) 600-40-26
  17. Шуъбаи банакшагири: (44) 600-43-31
  18. Дирекцияи иттилооти:(44) 625-40-60, (44) 600-40-50, (44) 6004307

Сурати филиала СодиротБанк дар махалаи 33 -и ш. Душанбе

Фото филиала СодиротБанк в 33 микрорайоне города Душанбе

Комментарии