Тахти Сангин

 Тахти сангин  – ин шаҳркада дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар вилояти Хатлон воқеъ мебошад. Тахти сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон соли 2011 пешниҳод гардидааст.

Тахти Сангин

Таърихи «Хазинаи Амударё»

«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин аст ( 1300 номгӯй) , ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар Қабодиён (Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда онро харидорӣ намудаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинду «Хазинаи Амударё» -ро фурӯхта даромад мекунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёгӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли музейи Британия, ки дар ш. Лондон воқеъ аст, гардидаанд. Номи «Хазинаи Амударё» -ро ба бозёфтњои шаҳркадаи Тахти сангин муҳақиқи англис О.М. Далтон гузоштааст. Ба пиндошти ӯ, дар давраи баъди харидорӣ намудани моли «Хазинаи Амударё» дар Қабодиён ва то моли музейи Британия гардидани ин бозёфтҳо шояд, дар байни он инчунин молҳои дигар низ бошанд. Бо вуҷуди ҳамин, аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин аст ( 1300 номгӯй) коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ таалуқ доранд. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И.Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои “Маъбади Окс”, ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои маъбади Окс аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) ба вуҷуд омадааст. Дар ин гаҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён ( маданияти элинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Чунки, “Маъбади Окс” муддати дер, тахминан то асри I мелодӣ вуҷуд дошт.[1]

«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар музейи Британия ва музеи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст.

Ҳафриёт

Аз тарафи ғарбӣ димна бо доманаи қаторкӯњи Тешиктош пайваст мешавад. Димна аз арк ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тӯл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс (51 ба 51) фаро гирифтааст.

Комментарии