Такси Душанбе

Салом! Хадамоти фармоиши такси «Максим» 2 тарофаи мубрамро бо сабаби паҳншавии коронавирус оғоз намуд. Сокинон акнун метавонанд ҳамаи молҳои заруриро аз хона набаромада гирифта метавонанд. Барои ин дастраскунии курйериро фармоиш додан ё ки аз ронанда харидан ва овардани ашёҳои лозимиро хоҳиш намудан мумкин аст.

«Максим» тарофаҳо барои харидҳои фосилавӣ ва дастраскуниро ворид намуд

Акнун истифодабарандагони хидмат метавонанд дастраскунии курйериро фармоиш диҳанд, ҳамчунин аз ронандагон харидан ва овардани чизҳои лозимиро хоҳиш намояндДар шароити пандемия интизорӣ аст, ки тарофаҳо хусусан мубрам хоҳанд шуд.

Тарофаҳои «Курйер» ва «Мехарем ва меорем» дар ҳамаи 5 шаҳрҳои кории хидмат дар Тоҷикистон: Бохтар, Бӯстон, Душанбе, Конибодом, Хуҷанд амал мекунанд. Аз рӯи арзиш «Курйер» ба тарофаи «Каммасраф» мутобиқат дорад ва дастраскунӣ то даромадгоҳро дар назар дорадДар хоҳишҳо ба фармоиш дастраскунии аз дар то дарро, бо падохти иловагии 3 сомонӣ нишон додан мумкин аст. дар эзоҳҳо истифодабарандагон иттилооти иловагиро нишон медиҳанд, масалан, айнан чиро дастрас кардан лозим аст.

«Мехарем ва меорем» аз «Каммасраф» ба 5 сомонӣ қиматтар аст – ин иловапулӣ барои хизматрасонии иловагии харид мебошадДар эзоҳ рӯйхати молҳоро навиштан ва ба ронанда барои пардохти онҳо маблағро бо ёрии интиқоли бонкӣ пешниҳод кардан лозим астБаъд аз харид ронанда расидро пешниҳод мекунад.

– Ҳоло одамон тавассути ронандагон муросилот, ашёҳои шахсиро мефиристанд, аз қаҳвахона гирифтани хӯрокаро хоҳиш мекунандХаридҳои аз ҳама машҳуртарин – хӯрокворӣ, молҳои дорухонагии бе дорунома, ягон ашёи зарурати аввалн мебошадДар оянда, вақте ки ҳолати эпидемиологӣ собит мегардад, тарофаҳо боқӣ мемонанд. Мо интизорӣ дорем, ки онҳо новобаста аз карантин пурталаб мегарданд, – мегӯяд роҳбари хадамоти «Максим» дар Тоҷикистон Садриддин Яқубов.

Фармоишҳо аз рӯи тарофаҳои навро на танҳо барои худ, барои шахсони дигар низ ба расмият даровардан мумкин аст. барои ин дар хоҳишҳо телефони ин шахсро нишон додан лозим аст, ки ӯ бо ронанда дар тамос буда ва огоҳиҳоро гирифта тавонад. Опсия лозим мешавад, масалан, агар нисбати хешовандон ғамхорӣ зоҳир намудан ва ба онҳо ашёҳои лозимиро овардан ё ки ба дӯстон сюрприз кардан лозим бошад.

Қайд мекунем, ки дар шароити пандемия ронандагон чораҳои пешгирии аз ҷониби ТУТ тавсиядодашударо риоя мекунанд.

 

Комментарии