Тарчумаи Хол – Намуд ва коидахои навиштани он

tarjumai_hol

Намуна

Тарҷумаи ҳол ин маҷмӯи маълумотҳо дар бораи рушду шуғли ягон нафар инсон мебошад, ки бо мақсади муарифӣ кардани ахборот ба суроғаи лозима омода карда мешавад. Тоҷикон гарчанде Тарҷумаи ҳолро дар қадиммулаём омода мекарда бошанд ҳам, вале истифодаи васеъи он дар асри 20, баъд аз омдани русҳо ба Осиёи Миёна истифода мешуд  ва онро ба забони русӣ «Афтобиография» меноманд.

Солҳои қадим Тарҷумаи ҳолро танҳо шахсони баруманд, аз ҷумла Шоҳон, Олимон, Шоирон, Роҳбарон, Зиёиён ва дигар одамони боломақом дар шакли хаттӣ доштанд. Лек имрузҳо бо тарраққӣ кардани техникаву технология Тарҷумаи ҳолро ҳар яки тоҷик ва дигар халқиятҳо соҳибанд.

Тарҷумаи ҳолро асосан мардуми рус васеъ истифода мебаранд ва ҳоло онро автобиография неву балке Резюме меноманд. Тарҷумаи ҳолнависиро ба тоҷикон асосан хело омузонда дар таҷриба ҷорӣ кардаанд. Тарҷумаи ҳол асосан барои ба кор даромадан, мактаб дохил шудан, комисариати ҳарбӣ ва дигар ташкилотҳо лозим аст.

Тарҷумаи ҳолро асосан аз даст (на ин ки чоппӣ) бо қалами (ручка – ҳома), кабутранг бо суханҳои худ навишта мешавад ва дар худ бояд чунин маълумотҳоро таҷҷассум гардонад (қоида-тартиб):

  1. Сарлавҳа (номи ҳуҷҷат) – Тарҷумаи ҳол;
  2. Номи пурра (Ном, насаб ва номи падарӣ);
  3. Сана ва ҷойи таваллуд;
  4. Маълумотнокӣ (мактаби миёна ва олӣ, касб, ихтисос ва ғ);
  5. Давраҳои шуғлӣ корӣ (номи корхона, санаи корӣ ва вазифаҳои ишғолкарда);
  6. Ҷойи охирини корӣ;
  7. Муковотҳо ва дастовардҳо;
  8. Вазъи оилавӣ;
  9. Маълумот дар бораи аъзоёни оила ва хешовандони наздик (Номи пурраашон, санаи таввалудашон, ҷойи корӣ/ таҳсил ва истиқомат);
  10. Санаи навиштани тарҷумаи ҳол;
  11. Имзои шахсӣ

Бояд дар назар дошт, ки тарҷумаи ҳол набояд калон буда як чанд саҳифа бошад. Ҳаракат кардан лозим, ки тарҷумаи ҳол кутоҳтар, зебо, хушфаҳм, бо ҳусни хатти хондашаванда, хатти рост ва бо маълумотҳои росту лозима тартиб дода шуда бошад. Агар тарҷумаи ҳол ба қоидаҳои дар боло гуфташуда мухолифат намояд пас аз стандартҳои-қоидаҳои қабулшуда дур рафта хонандаи онро метавонад дар таъҷуб гирифтор гардонад ва ӯ баҳои паст ба шахси тарҷумаи ҳолнавишта бидиҳад.

Солҳои охир ба ҷойи тарҷумаи ҳол барои ба кор даромадан СиВи (CV) мепурсанд, ки дар шакл ва дигар ҷабҳаҳояш аз тарҷумаи ҳол фарқ мекунад ва пешниҳоди он дар шакли хаттӣи электронӣ ҳам дар баъзе ҳолатҳо қобили қабул аст. Бояд гуфт, ки Тарҷумаи ҳол агар бо ҳусни хаттӣ безеб навишта шавад, пас беҳатараш онро чоппӣ (компютерӣ) омода карда шавад.

Тавсия карда мешавад, ки Тарҷумаи ҳол дар ҳаҷми 1-2 саҳифа бе хатогӣ тартиб дода шавад. Дигар тарафи муҳим дар вақти навиштани тарҷумаи ҳол бояд дар ёд дошт, ки давраҳои таърихӣ омехта карда нашуда балки бо як тартиби пайдар-пай баён карда шаванд. Барои фаҳмотар шудан ба шумо дар поён намунаи Тарҷумаи ҳолро овардаем.

Тарҷумаи ҳол 

Ман Рустамов Шамсиддин Камолович, санаи 5-уми январи соли 1990 дар деҳаи Зардаки ноҳияи Шаҳристони Вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудаам.

Соли 1997 ба мактаби миёнаи №82-уи деҳаи зикршуда барои таҳсил намудан рафта онро соли 2007 бо баҳои хубу аъло хатм намудам. Соли 2008 ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои хизмати ҳарбӣ рафта 2 сол дар қисми № 25, ки воқеъ дар ноҳияи Ҳисор мебошад машғул будам.

Пас аз хизмат бо мақсади сайқал додани дониши худ ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба факултаи Молия ва Иқтисодиёт дар соли 2010 дохил шуда бо ихтисоси Маркетолог соли 2015 онро бомувафақият хатм намудам.

Моҳи августи соли 2015 ба Корхонаи азизии ноҳияи Турсунзода ба кор даромада дар вазифаи нархгузор-таҳлилгар 1 – сол кор кардам ва бо сабаби тағйиротҳои сохторӣ маро ба вазифаи сардори Шуъбаи маркетинги ин корхона таъин намуданд, ки то ҳол дар ин ҷой кору фаъолият дорам.

Оиладорам ва соҳиби як фарзанд (писарак бо номи Шараф 2015 соли таваллуд). Дар оиламон Падар, Модар, Хоҳар ва 2 бародар ҳастанд. Падарам – Рустамов Усмон Камолович (1970 с.т.) – муаллими математикаи мактаби таҳсилотии №7-и шаҳри турсунзода. Модарам – Лилия София Исроилова (1971 с.т.) – хонашин. Хоҳарам – Зарина (1995 с.т.) – Донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ва бародаронам Беҳурузу Некруз ки соли 2000-ум таваллуд шудаанд талабаҳои синфи 10-и мактабанд.

Вақтҳои холигиям ба хондани китоб ва тамоши филмҳои аврупоӣ ва ҳиндӣ машғулам. Дар варзиш футбол ва шиновариро дуст дошта то андозае машғулам. Дар нушидани нушокиҳои спиртӣ ва кашидани тамоку тамоман зидам ва боре ҳам маҳбус нашудаам. Аз хешон ҳам касе маҳбус нашудаанд.

Ҳоло ҷойи истиқомат дар шаҳри Турсунзода, маҳалаи 2-юм кучаи Сино, хонаи 7, ҳуҷари 22.

Рустамов Ш.К.     ____________________       (Имзо)
25.03.2016
Тел: 91-400-**-**

Дар шабакаи интернет асосан бо иборахои: Тарчумаи холи ман, Тарчумаи холи Абуабдуллои Рудаки, Тарчумаи Рустами Эмомали, Тарчумаи холи Эмомали Рахмон ва ба монанди инхо бештар мекобанд. 

Комментарии