Донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос

Ин бинои Филиали муассисаи давлатии «Донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе мебошад.

Соли 1968 Вазорати маориф ва илми СССР «Низономаи намунавии институти такмили ихтисоси шаҳрӣ, вилоятӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ»-ро тасдиқ карда, онро муасиссаи таълимию методӣ номида буд. Бояд гуфт, ки ин институтҳоро ба ҷои кабинетҳои методи шӯъбаҳои маорифи шаҳрӣ вилоятӣ, минтақавӣ, ки дар сохторҳои онҳо буданд, барҳам дода, ташкил карда буданд.

Филиали муассисаи давлатии «Донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе

Сурати бинои Донишкада (2018с)

Пас аз солҳои 90-ум бо қабули қонун ҶТ «дар бораи маориф» институтҳои мазкур муассисаи давлатии таҳсилоти иловагии калонсолон (такмили ихтисос), муассисаи давлатии таҳсилоти иловагии касбӣ (такмили ихтисос) ва дигар номҳоро гирифта буд. Аммо бо мурури замон ном ва сохтори ин муассиса дигар шудан гирифт. Имрӯз ҳам муассисаро бештар чун донишкада ном бурда, барои омода кардани кадрҳои илмӣ дар дохили он шӯъбаи аспирантура ва магистратура таъсис доданд.

Суроға ва тамос

Шаҳри Душанбе, кучаи Ҳусейнзода, 8/1.

Индекси пучта: 734002

Телефон: +992 372 21 5457

МАКОН ДАР ХАРИТА

Комментарии