Тахорат кардан (вузу) – коида ва тартиби покшави

tahorat_vuzuТаҳорат ё худ онро низ “Вузӯ” низ меноманд. Ин маҷмӯи амалҳоеро меноманд, ки барои пок шудани бадан (ҷисми инсонӣ) барои омода будан ба хондани намоз ва дигар намудҳои ибодату қироати маводҳои Исломӣ лозим аст. (Тарзи тахорат кардан).

Тахорат (Вузӯ), ки‌ ҳангоме‌ инсон‌ қасди хондани намозро бикунад, нахуст ҳар ду дасти‌ хешро то банди даст‌ бо об‌и пок‌ бишӯяд, сипас‌ се‌ бор мазмаза‌ ва истиншоқ‌ намуда, аз мисвоки‌ шаръӣ‌ низ истифода‌ кунад. Онгоҳ‌ се‌ бор рӯи худро шуста‌, сипас‌ се‌ бор ҳар ду дастро бо оринҷҳо бишӯяд, баъдан‌ сар ва гӯшҳои‌ хеш‌ро масҳ‌ кунад, онгоҳ‌ ҳар ду поро то буҷулак се‌ бор бишӯяд.

Баъзе‌ чизҳо заруриянд, ки‌ аз тарк‌и онҳо вузӯ саҳеҳ‌ наме‌шавад ва онҳоро «фарзҳои вузӯ» мегӯянд. Баъзе‌ чизҳое ҳастанд, ки‌ аз тарки‌ онҳо вузӯ саҳеҳ‌ ме‌шавад, вале‌ ба таври ноқис ва онҳоро «суннатҳои‌ вузӯ» ме‌номанд, баъзе‌ чизҳо ҳастанд, ки‌ аз анҷоми‌ он‌ подош‌ ва савоб‌ ме‌расад ва аз тарки‌ онҳо нуқсон‌ ва халал‌ дар вузӯ пеш намеояд, ки онҳоро «мустаҳабҳои‌ вузӯ» мегӯянд.

Дар вузӯ чаҳор чиз фарз‌ аст:

  1. Шустани‌ рӯ аз ҷои рӯидани‌ мӯи‌ пешонӣ‌ то зери мана ва аз як‌ гӯш‌ то гӯши‌ дигар.
  2. Шустани‌ ҳар ду даст‌ то оринҷҳо.
  3. Масҳи‌ чаҳоряки‌ сар.
  4. Шустани‌ ҳар ду по то буҷулак.

Дар вузӯ сездаҳ‌ чиз суннат‌ аст:

  1. Нияти‌ таҳорат‌ ва покӣ‌ кардан.
  2. «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим»‌ гуфтан.
  3. Шустани‌ ҳар ду даст‌ то банди даст.
  4. Истифода‌ аз мисвоки‌ шаръӣ.
  5. Се‌ бор мазмаза‌ кардан.
  6. Се‌ бор истиншоқ‌ (об‌ дар бинӣ) кардан.
  7. Хилол‌ кардани‌ риш.
  8. Хилол‌ кардани‌ ангуштони‌ дасту по.
  9. Ҳар узвро се‌ бор шустан.
  10. Як‌ бор тамом‌ сарро масҳ‌ кардан.
  11. Ҳар ду гӯш‌ро масҳ‌ кардан.
  12. Ботартиб‌ шустани аъзои вузӯ.
  13. Паёпай‌ вузӯ гирифтан‌ ба‌ тавре ки‌ пеш‌ аз хушкидан‌и як‌ узв, узви дигар шуста‌ шавад.

Пурсиши (савол) 104:  Дар вузӯ чанд чиз мустаҳаб‌ аст?

Посух (чавоб): Дар вузӯ панҷ‌ чиз мустаҳаб‌ аст:

  1. Таёмун‌ (аз ҷониб‌ рост‌ оғоз кардан). Албатта‌ баъзе‌ аз уламо ин‌ мавридро ҷузви суннатҳои‌ вузӮ шумурда‌анд ва қавли‌ роҷеҳ‌ ҳам‌ ҳамин‌ аст.
  2. Масҳи‌ гардан.
  3. Безарурат‌ дар ҳолати вузӯ аз дигарон‌ кӯмак‌ нахостан.
  4. Рӯ ба‌ қибла‌ нишастан‌ ва вузӯ кардан.
  5. Дар макони‌ баланд ва пок‌ нишастан.

Дар вузӮ чаҳор чиз макрӯҳ‌ аст:

  1. Дар маҳалли‌ нопок‌ нишастан‌ ва вузӯ кардан.
  2. Пок кардани‌ бинӣ‌ бо дасти‌ рост.
  3. Ба‌ ҳангоми‌ вузӯаз умури дунявӣ‌ суҳбат‌ кардан.
  4. Хилофи‌ равиши‌ Пайғамбари акрам‌ (с) вузӯ кардан.

Вузӯ аз ҳашт‌ чиз ботил‌ ме‌шавад, ки‌ ба‌ онҳо «навоқизи‌ вузӯ» (яъне‌ ботил‌кунанда‌ вузӯ) мегӯянд.

  1. Баромадани бод аз мақъад.
  2. Берун‌ омадан‌ ва ҷорӣ‌ шудани‌ хун‌ ва чирк‌ аз бадан.
  3. Қай кардан ба‌ андозаи‌ пур шудани‌ даҳон.
  4. Хоб‌ ба‌ ҳолати дарозкашида‌ ва ё такязада‌ ба‌ чизе.
  5. Беҳушӣ‌ ба‌ ҳар тариқе,‌ ки‌ бошад.
  6. Девонагӣ.
  7. Бо садои‌ баланд дар намоз хандидан.
  8. Мубоширати‌ фоҳиш.

ҚОИДАҲОМ ТАҲОРАТ ВА НАМОЗ ПОКИЗАГӢ 

Пайғамбар Муҳаммад Мустафо салаллоҳуъалйҳи ва саллам фармудааанд: «Ад-дину ан назофату». Яъне дин покизагист.

Дини Ислом дили мардумро аз ҳамаи иллатҳои шайтонӣ, разолат ва ҷаҳолат пок сохта, инсони ҳақиқии поквиҷдонро ба камол мерасонад. Дар зимни таълимоти Ислом покизагии тан низ ҷои асосиро ишғол мекунад. Покизагӣ боиси тандурустӣ буда, тани дуруст, ақли дуруст сабаби саодати ҳар ду дунё буда, покии қалб аз комилии ақл ҳосил мешавад. Агар бадан чикркин ва нопок бошад, дил хира шуда аз маъноҳои олии рӯҳонӣ баҳра намеёбад. 

Эй мусаллӣ биё таҳорат кун,

Хонаи дини худ иморат кун.

Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,

Ботинат низ Ҳақ кунад тоҳир 

Паёмбар Муҳамади Мустафо салаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармудаанд:

«Ал- вузуу мифтоҳу-с-салоти ва-с-салоти ва-с-салоту мифтоҳ ул ҷаннати». Яъне, таҳорат калиди намоз аст ва намоз калиди ҷаннат аст».

Комментарии