Табрикоти иди Курбон

Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст.

Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст.

Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо фарорасии Иди Саиди Қурбон (Азҳо) самимона табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди якто мағфирати гуноҳон, ҳидоят ва устуворӣ дар дин, саодатмандии дунё ва охиратро таманно менамоям.

Бигзор Худованди бузург аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак ҳамаи моро бархурдор бигардонад.

qurbon_tabrikot

Худо он миллатеро ёр бодо,

Ки ҳифзи дину оин кор бодо.

Муборак иди Қурбон бар касе бод,

Ки соҳибмазҳабу диндор бодо!

Ҳамкорони арҷманд! Дар ин рӯзи фархунда аз даргоҳи Худованди мутаъол бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ , беҳтарин хушиҳои рӯзгорро орзу намуда, дар фаъолияти пурсамаратон баҳри ғанӣ гардонидани буҷет ва устувории иқтисодиёти Бонк ва мамлакатамон дастовардҳои бузургро таманно дорам. Орзумандам, ки ин Иди Саъид ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, фатҳу нусрат ва бахту саодатро арзонӣ намояд.

Он Худованде ки дар дил нури Имон офарид,

Дар шаби торик бингар моҳи тобон офарид.

Теғро бар ҳалки Исмоили пайғамбар ниҳод,

Баъд аз он бар муъминонаш иди Қурбон офарид.

Бо таманнои амалишавии ин нияту орзуҳои нек як бори дигар ҳамаи Шумо ва кулли мусалмонони дунёро ба муносибати Иди Саъиди Қурбон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон хушҳолии рӯзгор, дастурхони пурнозу неъмат, барори кору комёбиҳои беназир, сулҳу ваҳдат  ва файзу баракатро таманно менамоям.

Бар пайкари олами вуҷуд ҷон омад,

Сад Шукр,ки имтиҳон ба поён омад.

Аз лутфи Худованди Халил Арраҳмон,

Як иди бузург бо номи Қурбон омад. 

 

Саломату сарбаланд бошед!

Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббати самимӣ ДжаФари Саттор

 

ornament_polosa

 

Ба ном ва ёди Худованди бузург.

Бо иди муборак ва саъиди «Қурбон» шуморо ва аҳли оилаатонро муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди манон саломатии имон ва саодатмандиро таманно дорам.

Худо кунад, ки ба эҳтиром ва бо шарофати ин рӯзи муқаддас Парвардигор оқибати кори моро ба хайр гардонад. Муҳаббату самимиятро дар миёни  мо тақвият бахшад. Гуноҳони ҳаммаи моро биомурзад ва ҳаммаи моро аз қатори беҳтаринҳо гардонад.

Иди Қурбон мубрак!

Он Худованде, ки дар дил нури Имон офарид,
Дар шаби торик бингар моҳи тобон офарид.
Теғро бар халқи Исмоили пайғамбар ниҳод,
Баъд аз он бар муъминонаш иди Қурбон офарид.
Бар пайкари олами вуҷуд ҷон омад,
Сад шукр, ки имтиҳон ба поён омад,
Аз лутфи Худованди Халил Арраҳмон,
Як иди бузург бо номи Қурбон омад.

Комментарии