Суханхои Ошикона

То ҷон дорам аз ту ҷудои накунам,
Ҷуз ғайри ту бо кас ошноӣ накунам
Бо ваъдаву пайғоми ту шинам сад сол
Сад соли дигар аз ту ҷудоӣ накунам.

Рафти зи барам эй гули раънои баҳорам.
Монди ту ба дил доғу аламҳо ба канорам.
Чун мӯи сиёҳат ҳама рӯзам намуди шаб.
Чун зулфи парешони ту гум гашт қарорам.

Туро гуфтам, ки ман ёри ту мешам,
Дар ин олам харидорӣ ту мешам.
Агар дасти паризоде бигирам.
Яқин донам, ки ман зори ту мешам.

Ту рафти олами ҳасти дигар шуд.
Дили девонаам девонатар шуд.
Чунон аз дарди ҳиҷронат гиристам.
Замин дар зери по аз гиря тар шуд.

Дар сабзаи рӯ гулоб мепошӣ ту,
Дар барги лаб атри ноб мепошӣ ту.
Борони баҳори сунбулат аз атр аст,
Атре, ки ба мисли об мепошӣ ту.

Дилам хоҳад ҳамеша мунису ғамхори ман бошӣ.
Тасаллои дили хунгаштаи афгори ман бошӣ
Ба зери хоки пои ту кунам ҷонро нисор эй гул.
Агар боре табиби синаи бемори ман бошӣ.

Ин зулфи мусалсалат балои дили ман,
Ин холи лабат укдакушои дили ман.
Ман дил ба ту додам, барои дили ту,
Ту дил ба касе мадеҳ, барои дили ман.

Марав аз ман ки бо ту меравад дунёи рангинам,
Марав аз ман ки бо ту меравад дунёи ширинам.

Дилам аз ишқи ту афгор гашта.
Чу кохе бар тани девор гашта.
Зи сели ашки ман девори боғат.
Фитода дар замин ҳамвор гашта.

Ёри ман хуб асту аммо расму оинаш бад аст.
Бо бадон хуб асту бо некон бад аст инаш бад аст.
Менишинад маслиҳатро бо рақибон мекунад.
Маслиҳат хуб асту аммо маслиҳатчиаш бад аст.

Ман гиёҳи навбаҳорам шамси тобонам куҷост?
Булбули шурида ҳастам боғу бустонам куҷост?
Лоласон дар қалби ман доғи гароне хуфтааст.
То бишуяд доғи дил он абри найсонам куҷост?

Омадам то лаҳзае чашмам ба чашмонат занад.
Лаб ба лаб бигзораму мижгон ба мижгонат занад.
Бекарор аз чашми мастат ин дили девонаам.
Себи фикрам афтаду дар чоҳи домонат занад

Тоҷикдухтар, чи гуна чашмоне дорӣ,
Пайваста ба даври у чи миҷгон дорӣ.
Чашмат оҳусту абрӯят тиру камон,
Сайде паи сайд ба сомон дорӣ.

То раҳна ба мулки дилрабоӣ накунӣ,
Касро ба висол худнамоӣ накунӣ.
Чун хуи фаришта дорию шакли парӣ,
Бояд, ки ба мардум ошноӣ накунӣ.

Ин рози ниҳониро ту гуфтиву ман гуфтам.
Ин дурии маъониро ту суфтиву ман суфтам.
Акси ҳама ғамҳоро чун доғи дилозорӣ
Аз дида ба сад хори ту руфтиву ман руфтам.

Он қадар хоҳам бароят сӯхтан
Чун чароғони шабони иди ту,
То биафзоям зи шеъри оташин
Шуълае бар оташи ҷовиди ту.

Умре, ки вафо кардам бар ҷабру ҷафои ту,
Дигар, ки чи хоҳам кард бар қисмати пешонӣ.
Дар ишқи ту дидам ман гавгои киёматро,
Чоне, ки ба лаб омад кай рафт ба осони.

Ин коса, ки ман бо лаби ту меорам,
Не аз паи шодию тараб меорам.
Чашми сияҳи ту рӯзи ман кард сиёҳ,
Рӯзи сияҳи хеш ба шаб меорам.

Мерасад рӯзе маро ёдам кунӣ.
Ҳар куҷо биншаста фарёдам кунӣ.
Бо ду се байте, ки гуфтам баҳри ту,
Ҳар замоне хонию шодам кунӣ.

Ошиқон аз дидаи дилдор хушнуданду лек,
Даври хушкомии онҳо он кадар бисёр нест.
Қимати моро шикасти бо ҳазор озори хеш.
Гарчи моро нисбати ту заррае озор нест.

Ман рӯи туро ба моҳи тобон надиҳам,
Лаьли лаби ту ба дурру марҷон надиҳам.
Лаьли лаби ту агар ба дастам ояд,
Қиммат хараму баҳои арзон надиҳам.

Мешавам хушҳол гар бинам туро.
Чеҳраи гулбарги тар бинам туро .
Пеш аз он чун ғунчае медидамат.
Хоҳам аз ин беҳтар бинам туро.

Дигар ишқу вафоятро нахоҳам ман наҷӯям ман.
Гули бебӯи боғатро нахоҳам ман, набӯям ман,
Сухан гуфтам зи баҳри ту, аз ишқи навҷавониям,
Бароят шеъри ишкамро, нахохам ман нагуям ман.

Туи дармони дардам, эй гули ман,
Давои ранги зардам, эй гули ман.
Агар оёи ба пеши гӯрам, эй маҳ,
Ба буят зинда гардам, эй гули ман.

Бароям меҳрубоният куҷо шуд?
Муҳббатҳои ҷоният куҷо шуд?
Зи чашму рӯи ман, эй ҷони ширин,
Ду чашми осмоният кучо шуд?

Муҳаббат ин кадар хорам намуди.
Бо як дидори у зорам намуди.
Надонисти муносиб ишқи уро.
Чаро бар калби зорам чо намудӣ?

Дил дар хами зулфи дилбарон аст ҳанӯз,
Афсонаи ишк дар миён аст ҳанӯз.
Гуфтем, ки мову дил яке пир шавем,
Мо пир шудему дил ҷавон аст ҳанӯз.

Эй дил ки давидию давиди бас кун,
Аз мӯи сарат сафеди дидӣ, бас кун.
Ҳар чанд ки давидӣ аз паи лоларухон
Аз лоларухон чизе надидӣ бас кун.

Агар дар хоб медидам ғами рузи ҷудоиро
Хавас асло намекардам дар олам ишкбозиро

Алло ёрҷон қаду бастат маро кушт
Алло ёрҷон каду бастат маро кушт,
Илоҳо дар шаби хобам дарояд.
Ишора кардани чашмат маро кушт!

Агар сад сол ҳам ҷӯӣ, маро дигар намеёбӣ,
Шабу рӯзон худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ.
Ба роҳи ман чу пойандози махмал ҳар саҳаргоҳе
Ба сони сабза ҳам рӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

Дил гадои дигареву ман гадои дигаре,
Дил адои дигареву ман адои дигаре.
Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост,
Дил фидои дигареву ман фидои дигаре.

Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи ғам парво надорӣ.
Туро ман бар Худо месупорам имшаб.

Туро бар сина ҷо кардам ба ҷонам ошно кардам.
Маро аз худ бадар кардӣ Худо хофиз.
Ало ай раҳнамои дил маро афканда пой бар гил.
Раҳи худро дигар кардӣ, Худо ҳофиз.

Бурди дили ман аз ту чиҳо металабад,
Улфат ба дилу аз ту нишон металабад.
Сар то сари мисраҳо як ҳарфе бигир,
Аз аввали мисраҳо ҳамон металабад.

Ошиқам гар бо мани, гар бе мани,
Ошиқам то он ки барнову пок.
Ошиқам то хасти дар рӯи замин,
Ошиқам то банда берунам зи хок.

Чи мекардам агар дар олами ҳасти намебудӣ,
Зи танҳои ҳамемурдам ту гар бо ман намебудӣ,
Ман аз буи гулу овози булбул бехабар будам,
Ало эё ошиқи гулҳо ту гар бо ман намебудӣ.

Манам як ошиқи дилбеқарорам,
Ки мафтуни ҷамоли як нигорам,
Гули хушбуякам якто ҳамон аст,
Ба гулҳои дигар коре надорам.

Гар бар сарам санг ояд дуст медорам туро…
Зиндагӣ гар танг орад дӯст медорам туро…
Зинадагӣ ранҷ дорад ранчҳои бешумор…
Бо ҳазорон ранҷ ояд дӯст медорам туро…

Шабҳо зи ғамат аз ақл бегона шудам,
Девона шудам муниси парвона шудам.
Ғаме доштам аз ишқаш якумра,
Баъди он шабҳо бо вай ҳам хона шудам.

Ишқ дорад оташе дар мағзи ҷон ,
Шеваи ишқ аст дар оташ ниҳон.
Ҳар ки худ инро надорад дар замир,
Дар вуҷудаш нест аз марди ниҳон.

Савганд ба Худо туро фаромуш накунам,
Ғайр аз тани ту танеро оғуш накунам.
Гар қибла шавӣ сӯи ту намоз хонам,
Сад тоқии рангобаранг сарпуш накунам.

Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи ғам парво надорӣ.
Туро ман бар Худо меспорам имшаб.

Туро бар сина чо кардам ба чонам ошно кардам.
Маро аз худ бадар карди худо хофиз.
Ало ай рахнамои дил маро афканда пой бар гил.
Рахи худро дигар карди худо хофиз.

Тарки ёри кардиву ман хамчунон ёрам туро.
Душмани ҷониву аз чон дусттар дорам туро.
гар ба сад хори чафо озурда сози хотирам.
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.

То ту ба додам мерасй, оxам ба кайвон мерасад,
То ту ба kадрам мерасй, умрам ба поён мерасад.
То ёри роxам мешавй, аз роx берун мешавам,
То мушкил осон мекунй, сад марги осон мерасад.
То ёд меорй зи ман, бе ёд меафтам зи дард,

Пазмони туам, вале ту пазмони дигаре.
Қурбони туам, вале ту қурбони дигаре.
Чун ноз кунй, ба ҷону дил мақбулам,
Ҷонони манй, вале ту аз они дигаре.
Бо ёди ту шаб, рӯз ба фармонӣ туам,
Аммо ту чаро барои фармони дигаре?

Имшаби ман боз бе оғуши ту,
Андар оғуши садоқат мурд, мурд.
Ишқи ман ҷовид бимонад, то абад,
Меҳри ту андар хиёнат мурд, мурд.

Менависам бар китоби чашми ту.
Бо қаламҳои нигоҳи гарми хеш.
Беҳ зи ҷонам дӯсттар дорам туро,
Мефишонам пеши поят қалби реш.

Дар оғӯшат бисӯзон оташи ман,
Ба шарте синаат оташ бидорад.
Магар дар синаат хоҳиши ҷонсӯз,
Бароям ҳар чӣ хоҳам, он чӣ дорад?

Ҳуруфи ишқро дар дафтари ғам,
Паси ҳам чида-чида зор гирям.
Намояд нақши руйи ёри саркаш,
Қаламро баҳри ҳадя месупорам.

Ҳалқа месозад миёнатро ба шавқ гар ёри ту,
Ёд овар, ҳалқаҳои муйи ту дар гарданам.
Гар бубахшй накҳате дар бистари у аз висол,
Ёд овар, дар чудоиҳо ба фурқат мурданам.

Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест,
Сабз гардад боз рузе бусаҳои дигаре.
Зиндагй бо созҳояш, сузҳое дар бағал,
Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре.

Чашм то барҳам задам, умрам зи сй бигзаштааст,
Гарчй дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом.
Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас,
Роҳи хуршедам бипоям, рузҳо то пайки шом.

Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст,
Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.
Боз поён мешавад ин шоми беболиниям,
Чуз Худо дар ин чаҳон аз тухми Одам тоқ нест.

Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад.
Аз наво чун бозмондӣ, ҳамнавоят меравад.
Шоҳиди ранги муҳаббат ҳар нафас аз боғи дил,
Гул наёрӣ, дилбари гулгунқабоят меравад.

Комментарии