Суруди милли – Гимни Точикистон

Тоҷикистон дар таърихи худ ду маротиба гимнашро таҳия ва тасдиқ кардааст, ки ин ҳам бошад бори аввал  соли 1946 бо номи гимни ҶШС “Тоҷикистон” тавлид кард ва бори дувум соли 1994 баъди соҳибистиқлолӣ дар соли 1994 дар матни нав вале бо оҳанги куҳна таҳия ва тасдиқ карда шуд ки номи Гимни Тоҷикистон  ё худ “Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дорад. Матни ҳардуи гимнро (нав ва куҳна) дар поён оварда шудаанд.

Матни суруди милли Тоҷикистон дар таҳияи соли 1994

Диёри арҷиманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонахо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷахони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Муалифи назм: Гулназар Келдӣ,
Оҳангсоз: Сулаймон Юдаков.
Соли тасдиқ: 1994-ум.
Таҳияи оҳанг: аз соли 1946

 


Матни суруди милли ҶШС “Тоҷикистон” дар таҳияи соли 1946

Чу дасти Рус, мадад намуд,
Бародарии халқи Совет, устувор шуд.
Ситораи ҳаёти мо шарарабор шуд.
Гузаштаҳои пурифтихори мо,
Ба ҷилва омаданду дар диёри мо, диёри мо
Мустақил давлати Тоҷикон барқарор шуд.

Ба ҳоли таб даруни шаб,
Садои раъди даъвати Ленин фаро расид,
Зи барқи байрақаш сиёҳии ситам парид.
Саодати ҷовидон дар ин замин
Зи партия ба мо расид, ба партия сад офарин.
Марду озода моро чунин у бипарварид.

Шиори мо диҳад садо,
Баробарӣ, бародарӣ миёни халқи мо.
Зи хонадони мок асе намешавад, ҷудо
Ягонагиро ба худ сипар кунем,
Ба суи фатҳи комунизм, сафар кунем, сафар кунем.
Зинда бош мулки мо, халқи мо, иттиҳоди мо!

То соли 1945 Точикистон сохиби гимни – суруди милли худ набуд. То ин давра гимни иттиходи шурави барои хаммаи давлатхои ИЧШС (СССР) як то буд.

Комментарии