Сураи Юсуф

Сураи «Юсуф» - ин сураи 12-уми китоби муққадаси «Қуръон»-и карим ба ҳисоб меравад ва он дар бораи ҳаёти Паёбари Худо яъне оиди зиндагии Ҳазрати «Юсуф» қайд менамояд. Сураи «Юсуф» иборат аз 111 оят (12 Рукуъ) ки дорои 1766 калимаи   7166 ҳарфдор мебошад.

Дар оятҳои аввалини сура оиди чи тавр паёбар – Юсуф ба ғуломӣ аз ҷониби бародаронаш дода мешаванд гуфта шудааст. Дар ин сура гуфта шудааст, ки сифати якравӣ ва бахилии (рашк) бисёр одамонро ба беимонӣ оварда мерасонад.   Дар охири сӯра дар бораи чи гуна дигар қавҳо нисбати паёмбарашон муносибат мекарданд ва чих ел онҳо ба ғолибӣ нисбати беимонон шуданд гуфта шудааст.

Сураи Юсуф

Тарҷумаи Сураи ЮСУФ ба забонӣ тоҷикӣ (мазмунан):

 Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон! 

  1. Алиф, лом, ро. Инҳост оёти китоби равшангар (барои касоне, ки аз он роҳнамоӣ ва ҳидоят талабанд).
  2. Мо Қуръонро (ба забони) арабӣ нозил кардем, то ин ки шумо (онро) бифаҳмед (ва он чиро, ки дар он аст ба дигарон бирасонед)!
  3. Бо ин Қуръон, ки ба ту ваҳй кардаем, беҳтарин достонҳоро бароят ҳикоят мекунем (ва туро бар онҳо мутталеъ мегардонем), ки ту пеш аз ин (аз аҳволи қавмҳои гузашта) аз бехабарон будаӣ .
  4. (Эй паёмбар, ба ёд ор), он гоҳро, ки Юсуф ба падари худ гуфт: «Эй падар, ман дар хоб ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳро дидам. Онҳоро дидам, ки саҷдаам мекунанд».
  5. Гуфт: «Эй писаракам, хобатро барои бародаронат ҳикоят макун, ки туро ҳилае меандешанд. Зеро шайтон одамиёнро душмане ошкор аст!
  6. Ва ба ин сон Парвардигорат туро бармегузинад ва таъбири хоб меомӯзад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ комил карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам комил мекунад, ки Парвардигорат донову ҳаким аст!»
  7. Дар достони Юсуф ва бародаронаш барои онон, ки аз он мепурсанд, ибратҳост.
  8. Он гоҳ, ки гуфтанд: «Юсуф ва бародараш (Бинёмин, ки аз як падару як модаранд) назди падарамон маҳбубтар аз мо ҳастанд, ҳол он ки мо худ як ҷамоъатем. Албатта, падарамон дар иштибоҳи ошкорест2»
  9. «Юсуфро бикушед ё дар сарзамини номаълуме биандозед, то (таваҷҷӯҳи) падар хосси шумо гардад ва аз он пас (аз гуноҳатон пушаймонӣ карда, тавба мекунед) мардуме шоиста ба шумор меоед (зеро, ки Худо тавбапазир аст ва падар ҳам узратонро қабул менамояд)».
  10. Яке аз онҳо гуфт: «Юсуфро макушед, дар қаъри чоҳи торик биафканедаш, то мусофироне ӯро бигиранд агар кунандагонед (яъне, агар Юсуфро аз падар дур карданиед)».
  11. Гуфтанд: «Эй падар, чист, ки моро бар Юсуф амин намешуморӣ, ҳол он ки мо хайрхоҳи ӯ ҳастем?
  12. Фардо ӯро бо мо бифирист, то сайру гашту бозӣ кунад ва ҳамоно, мо нигаҳбони ӯ ҳастем».
  13. Гуфт: «Агар ӯро бибаред, ғамгин мешавам ва метарсам, ки аз ӯ ғофил шавед ва гург ӯро бихӯрад».
  14. Гуфтанд: «Бо ин ҷамоъате, ки мо ҳастем, агар гург ӯро бихӯрад, ҳамоно, мо аз зиёнкорон хоҳем буд».
  15. Пас, чун ӯро бурданд ватасмим гирифтанд, ки дар қаъри чоҳи торик бияфканандаш, ба ӯ ваҳй кардем, ки албатта, онҳоро (дар оянда) аз ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт ва онҳо туро намешиносанд.
  16. Ва шабҳангом гирён назди падарашон боз омаданд.
  17. Гуфтанд: «Эй падар, ҳамоно, мо ба мусобиқа (давидан ва тирандозӣ) рафта будем ва Юсуфро назди матоъи худ (либосҳоямон) гузошта будем, пас гург ӯро хӯрд. Ва ҳарчанд рост бигӯем ҳам, ту суханони моро бовар надорӣ».
  18. Ва ҷомаашро, ки ба хуни дурӯғин оғӯшта буд, оварданд, гуфт: «Нафси шумо кореро дар назаратон биёростааст. Акнун барои ман сабри ҷамил (сабре, ки шикоят надошта бошад) беҳтар аст ва Худост, ки дар бораи он чи мегӯед аз ӯ ёрӣ бояд хост».
  19. Ва мусофироне омаданд. Обоварашонро фиристоданд. Сатил фурӯ кард3. Гуфт: «Муждагонӣ ин навҷавонест». ӯро чун матоъе пинҳон сохтанд ва Худо ба коре, ки мекарданд, огоҳ буд.
  20. Ва ӯро ба баҳои андак, ба чанд дирҳам фурӯхтанд, ки ҳеҷ рағбате ба ӯ надоштанд (яъне, Юсуфро бародаронаш фурӯхтанд).
  21. Ва касе аз мардуми Миср (яъне азизи Миср), ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва ба ин сон Юсуфро дар замин мартабаи баланд додем (ӯро молики хазинаҳои Миср гардонидем), то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Худо бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд!
  22. Ва чун ҷавони нерӯманд ва хирадманд шуд, ҳикмату донишаш додем ва некӯкоронро ба ин сон подош медиҳем.
  23. Ва он зан, ки Юсуф дар хонааш буд, аз Юсуф талаб кард, ки бо ӯ амали фаҳш анҷом диҳад. Ва дарҳоро басту (хост дилашро ба даст овараду бо ӯ ҳамбистар шавад) гуфт: «Биё ба сӯи ман». Гуфт: «Паноҳ мебарам ба Худо, аз он чи ки маро ба он даъват кардӣ (зино), ӯ (яъне, шавҳари ту) парварандаи ман аст ва маро обрӯи некӯ дода. Албатта, ситамкорон наҷот намеёбанд».
  24. Ва ҳамоно, он зан оҳанги ӯ кард. Ва агар на бурҳони Парвардигорашро дида буд, ӯ низ оҳанги он зан мекард. Чунин кардем, то бадӣ (хиёнати сайид ё мавло) ва беҳаёиро аз вай бозгардонем. Зеро ӯ аз бандагони покдили Мо буд!
  25. Ва ҳарду ба ҷониби дар давиданд (Юсуф ба сӯи дар гурехт ва ҳамсари азиз аз пушти ӯ давид, то ӯро баргардонад) ва зан ҷомаи ӯро аз пас бидарид. Ва шӯи он занро наздики дар ёфтанд (тасодуфан). Зан гуфт: «Ҷазои касе, ки бо зани ту қасди баде дошта бошад (қасди зино), чист, ҷуз ин ки ба зиндон афтад ё ба азобе дардовар гирифтор ояд?»
  26. Юсуф гуфт: «Ӯ аз ман талаби зино кард ва маро ба худ хонд». Ва яке аз касони зан гувоҳӣ дод (шоҳид кӯдаки ширхорае буд дар гаҳвора), ки агар ҷомааш аз пеш даридааст, пас зан рост мегӯяд ва ӯ аз дурӯғгӯён аст.
  27. Ва агар ҷомааш аз пас даридааст, пас зан дурӯғ мегӯяд ва ӯ аз ростгӯён аст.
  28. Пас, чун дид (шавҳари зан) ҷомааш аз пас даридааст, гуфт: «Ин аз макри шумо занон аст, ҳамоно, макри шумо занон макре бузург аст!
  29. Эй Юсуф, забони хеш нигоҳ дор ва эй зан, аз гуноҳи худ омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно, ту аз хатокоронӣ».
  30. Занони шаҳр гуфтанд: «Зани Азиз4 (воломақом, сарвазири Миср) талаби зино кардааст аз ғуломи худ ва албатта, шефтаи ӯ гаштааст. Мо албатта, вайро дар гумроҳии ошкоро мебинем».
  31. Пас, чун ғайбат ва суханони бадашонро шунид, наздашон кас фиристод ва меҳмоние тартиб дод ва (барои пуст кардани мева) ба ҳар яке корде дод ва гуфт: «Берун ой, то туро бингаранд». Чун ӯро диданд, бузургаш шумурданд (аз сабаби ҳусну ҷамоли Юсуф) ва дасти хеш бибуриданд ва гуфтанд: «Маъозаллоҳ, ин одамизода нест, балки фариштае бузургвор аст!»
  32. Гуфт: «Ин ҳамон аст, ки маро дар боби (дӯст доштани) ӯ маломат мекардед. Ва ҳамоно, ман дар талаби зино аз ӯ будам ва ӯ хештан нигоҳ дошт. Агар он чӣ фармонаш медиҳам, накунад, ба зиндон хоҳад афтод ва хор хоҳад шуд».
  33. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон дӯстдоштанитар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям (ҳар мӯъмине, ки гуноҳе содир мекунад аз ҷаҳолат ва нодонии ӯст)».
  34. Пас, Парвардигораш дуъояшро иҷобат кард ва макри занонро аз ӯ дур кард. Албатта, Худо шунавову доност!
  35. Пас бо он нишонаҳо, ки бар Азиз ва ҷамоъаташ зоҳир шуд, тасмим гирифтанд, ки муддати номаълуме ба зиндонаш бияфкананд.
  36. Ва ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: «Дар хоб худро дидам, ки ангур мефишорам (то шароб гардад)». Дигаре гуфт: «Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва паррандагон аз он мехӯрданд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки ҳамоно, аз некӯкоронат мебинем (ибодати Худоро ба хубӣ анҷом медиҳӣ ва некӯкорӣ)».
  37. Гуфт (Юсуф): « Ба шумо ҳеҷ нав таъоме, ки (дар хоб) дода мешавед нахоҳад омад, магар хабардор кунам шуморо ба таъбири он, пеш аз он ки (далели сидқи ин таъбир дар бедорӣ) ба шумо биёяд, чунон, ки Парвардигорам ба ман омӯзонидааст. Ҳамоно, ман дини мардумеро, ки ба Худои якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам.
  38. Ва ман пайрави дини падаронам Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам ва моро насазад, ки ҳеҷ чизро шарики Худо қарор диҳем. Ин фазилатест, ки Худо бар мову бар мардуми дигар арзонӣ доштааст, вале бештари мардум ношукрӣ мекунанд.
  39. Эй ду рафиқи зиндонии ман, оё ибодати худоёни пароканда беҳтар аст ё ибодати Худованди яктои ғолиб бар ҳамагон?
  40. Намепарастед ғайри Худои якто, магар бутонеро, ки худ ва падаронатон онҳоро ба номҳое хондаед (яъне, он бутҳоро маъбудони худ хондаед) ва Худо ҳуҷҷате бар исботи онҳо нозил накардааст. Ҳукм ҷуз ҳукми Худо нест. Фармон додааст, ки ҷуз ӯро напарастед. Ин аст дини росту устувор, вале бештари мардум намедонанд.
  41. Эй ду рафиқи зиндонии ман, аммо яке аз шумо барои хоҷаи хеш шароб резад, аммо дигареро кушта, бар чубе овезон кунанд ва паррандагон аз сари ӯ бихӯранд. Коре, ки дар бораи он мепурсед (қабул кунед ё накунед), фармони Худо муқаррар шудааст».
  42. Ва ба яке аз он ду, ки медонист, раҳо мешавад, гуфт: «Қиссаи маро назди хоҷаи худ ёд кун!» Аммо шайтон аз хотираш дур кард, ки пеши мавлояш аз қиссаи ӯ ёд кунад ва (Юсуф (а) чанд сол дар зиндон бимонд.
  43. Ва подшоҳ гуфт: «Дар хоб ҳафт гови фарбеҳро дидам, ки онҳоро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабз дидам ва ҳафт хӯшаи хушк. Эй хосагони ман, хоби маро таъбир кунед, агар таъбири хоб медонед».
  44. Гуфтанд: «Инҳо хобҳои парешон аст (дарҳаму барҳаманд, ки таъбир карда намешаванд) ва моро ба таъбири ин хобҳо огоҳӣ нест4»
  45. Ва яке аз он ду, ки раҳо шуда буд ва пас аз муддате ба ёдаш омада буд, гуфт: «Ман шуморо аз таъбири он хабар медиҳам. Пас, маро назди ӯ (Юсуф) бифиристед».
  46. «Эй Юсуф, эй марди (бисёр) ростгӯй (ва росткор), барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабзу ҳафт хӯшаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва онон огоҳ гарданд».
  47. Гуфт: «Ҳафт сол пай дар пай бо ҷиддият бикоред ва ҳар чӣ медаравед, ҷуз андаке, ки мехӯред, бо хӯша анбор кунед, (то ки то дер бипояд ва зуд вайрон нашавад).
  48. Аз он пас ҳафт сол қаҳтӣ ва сахтӣ меояд ва дар он ҳафт сол он чӣ барояшон ҷамъ кардаед, бихӯранд магар андаке, аз онро бо эҳтиёт нигоҳ медоред.
  49. Пас аз он соле ояд, ки мардумонро борон дода шавад ва дар он сол афшурданиҳоро мефишуранд».
  50. Ва подшоҳ гуфт: «Назди манаш биёваред». Чун фиристода назди ӯ омад, Юсуф гуфт: «Назди хоҷаат бозгард ва бипурс: Ҳикояти он занон, ки дастҳои худро буриданд, чӣ буд, албатта, Парвардигори ман ба макрашон огоҳ аст!»
  51. Гуфт: «Эй занон, ҷараёни кори шумо он гоҳ ки хостори комҷӯи аз Юсуф будед, чӣ буд?» Гуфтанд: «Маъозаллоҳ (паноҳ бар Худо)! Надидем аз ӯ ҳеҷ хиёнате». Зани Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман дар талаби зино аз ӯ будам (вале, ӯ худро аз ин амал боз дошт) албатта, ӯ дар зумраи ростгӯён аст (дар суханоне, ки мегӯяд)!»
  52. «Чунин шуд,5 то бидонад, ки ман дар ғайбаташ ба ӯ хиёнат накардаам ва ҳамоно, Худо ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасонад.
  53. Ва ман (яъне, зани Азиз) хештанро бегуноҳ намедонам, ҳамоно, нафс одамиро ба бадӣ (фаҳш ва гуноҳ) фармон медиҳад. Магар касе, ки Парвардигори ман ӯро нигоҳ дорад, албатта, Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст!»
  54. Ва подшоҳ гуфт: «ӯро назди ман биёваред то ҳамнишини хоси худ гардонам». Ва чун бо ӯ дар сухан шуд, гуфт: «Ҳамоно, ту аз имрӯз назди мо соҳибқадр ва амонатдор ҳастӣ».
  55. Гуфт: «Маро бар хазинаҳои (хӯрок ва амвол) ин сарзамин муқаррар кун, ҳамоно, ман муҳофизаткунандаам (хазинаҳоро) ва доноям (ба сарфи дурусти он)».
  56. Ва инчунин Юсуфро дар он сарзамин (Миср) обрӯ додем. Ҳар ҷо, ки мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати худро ба ҳар кас, ки бихоҳем, арзонӣ медорем ва подоши некӯкоронро барбод намекунем.
  57. Ва албатта, подоши онҷаҳонӣ барои касоне, ки имон овардаанд ва парҳезгорӣ мекунанд, беҳтар аст.
  58. Ва бародарони Юсуф омаданд ва бар ӯ дохил шуданд, онҳоро шинохт ва онҳо нашинохтандаш.
  59. Ва чун борҳояшонро (як шутур бор аз таъом ва ғалла) муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам?
  60. Пас, агар ӯро назди ман наёваред, паймонае (яъне, таъом ва ғалла) назди ман нахоҳед дошт ва ба ман наздик машавед».
  61. Гуфтанд: «Мо ӯро ба исрор аз падар хоҳем хост ва ин корро албатта, хоҳем кард».
  62. Ва ба ходимони худ гуфт: «Сармояашонро (яъне, пуле, ки ба ивази озуқа дода буданд) дар борҳояшон биниҳед, бошад, ки чун назди хонаводаашон бозгарданд ва онро (сармояашонро) бишиносанд, боз оянд».
  63. Пас, чун назди падар бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падар, паймона бар мо манъ карда шуд (дар оянда). Бародарамонро бо мо бифирист, то паймона бозгирем. Ва ҳамоно, мо нигаҳдори ӯ ҳастем».
  64. Гуфт (Яъқуб): “Шуморо дар ҳаққи ӯ амин намебинам, магар ҳамон гуна, ки пеш аз ин шуморо бар бародари вай (Юсуф) амин гардонида будам. Пас, Худо беҳтарин нигаҳдор аст ва ӯст меҳрубонтарини меҳрубонон.
  65. Ва чун бори худро кушоданд, диданд, ки сармояашонро пас додаанд. Гуфтанд: «Эй падар, дар талаби чӣ ҳастем (беш аз ин)? Ин сармояи мост, ки ба мо пас додаанд. Барои касони худ хӯрока биёварем ва бародарамонро ҳифз кунем ва барои ӯ бору паймонаи шутуре афзун гирем, он паймонаи андак ва осон аст бар Юсуф (яъне, дар баробари саховати Юсуф бори як уштур чизи андаке аст)».
  66. Гуфт: «Ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то бо ман ба номи Худо паймоне бибандед, ки ба назди манаш бозмеоваред. Магар он ки ҳама гирифтор шавед (ва тавоноии аз ӯ халосшуданро надошта бошед)». Пас, чун аҳди хешро доданд гуфт (Яъқуб): «Худо бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст!»
  67. Ва гуфт: «Эй писарони ман, аз як дарвоза дохил машавед, аз дарвозаҳои гуногун дохил шавед6. Ва ман қазои Худоро аз сари шумо дафъ натавонам кард ва ҳеҷ фармоне ҷуз фармони Худо нест. Бар ӯ таваккул кардам ва таваккулкунандагон бар ӯ таваккул кунанд».
  68. Ва чун аз ҷое, ки падар фармон дода буд, дохил шуданд, ин кор қазо ва ҳукми Худоро (бар онҳо бартарф накард). Танҳо ниёзе дар замири Яъқуб буд (метарсид, ки ба фарзандонаш чашм нарасад ), ки онро ошкор сохт, ва ҳамоно, ӯро илме буд, ки Худ ба ӯ омӯхта будем, вале бештари мардум намедонанд.
  69. Ва чун бар Юсуф дохил шуданд, бародарашро назди худ ҷой дод. Гуфт: “Ҳамоно, ман бародари ту ҳастам. Аз коре, ки инҳо кардаанд, андӯҳгин мабош».
  70. Пас, чун борҳояшонро (таъом ва ғалла) муҳайё кард, ҷомро (зарфи обнӯшии подшоҳ) дар бори бародараш ниҳод. Он гоҳ мунодӣ (садодиҳанда) нидо дод: «Эй корвониён, ҳамоно, шумо дуздонед».
  71. Корвониён назди онҳо бозгаштанд ва гуфтанд: «Чӣ гум кардаед?»
  72. Гуфтанд: « Ҷоми подшоҳро (зарфи обнӯшии подшоҳро, ки бо он вазн мекард, гум кардаем). Ва ҳар ки биёварадаш, ӯро бори шутурест ва ман кафилӣ мекунам».
  73. Гуфтанд: «Қасам ба Худо, шумо худ медонед, кӣ мо барои фасодӣ кардан дар ин сарзамин наёмадаем ва дузд набудаем».
  74. Гуфтанд: «Агар дурӯғ гуфта бошед, ҷазои дузд чист?»
  75. Гуфтанд: «Ҷазояш ҳамон касест, ки дар бори ӯ ёфта шавад, пас ӯ худ ҷазои амали худ аст ва мо гунаҳкоронро чунин ҷазо диҳем».
  76. Пеш аз бори бародар бар бори онҳо пардохт, он гоҳ аз бори бародараш берун овард. Тадбире ин сон ба Юсуф омӯхтем. Дар ойини он подшоҳ гирифтани бародар ҳаққи ӯ набуд, магар ин ки Худо мехост. Ҳар касро, ки бихоҳем, ба дараҷоте боло мебарем ва болои ҳар доное донотарест.
  77. Гуфтанд: «Агар ӯ дуздӣ карда, бародараш низ пеш аз ин дуздӣ карда буд». Юсуф ҷавоби он сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изҳор накард ва гуфт: «Шумо дар вазъе бадтар ҳастед ва Худо ба бӯҳтоне, ки мезанед, огоҳтар аст!»
  78. Гуфтанд: «Эй Азиз, ӯро падарест солхӯрда. Яке аз моро ба ҷои ӯ бигир, ки аз некӯкоронат мебинем».
  79. Гуфт: «Худо накунад, ки ҷуз он касро, ки бори хеш назди ӯ ёфтаем, бигирем. Агар чунин кунем, аз ситамкорон хоҳем буд».
  80. Чун аз ӯ навмед шуданд, барои машварат ба каноре рафтанд ва бузургтаринашон гуфт: «Оё намедонед, ки падаратон аз шумо ба номи Худо паймон гирифта ва пеш аз ин низ дар ҳаққи Юсуф кӯтоҳӣ кардаед? Ман аз ин сарзамин берун намеоям, то падар маро рухсат диҳад ё Худо дар бораи ман доварӣ кунад, ки ӯ беҳтарини доварон аст.
  81. Назди падар бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чӣ медонистем, шаҳодат надодем ва аз ғайб низ огоҳ нестем.\
  82. Аз шаҳре, ки дар он будаем ва аз корвоне, ки ҳамроҳаш омадаем, бипурс, ки мо рост мегӯем».
  83. Гуфт: «На, нафси шумо кореро дар назаратон биёрост ва маро сабри ҷамил беҳтар аст. Шояд Худо ҳамаро ба ман бозгардонад, ки ӯ донову ҳаким аст!
  84. Рӯи худ аз онҳо бигардониду гуфт: «Эй вой бар ман, (бар дурӣ) аз Юсуф». Ва чашмонаш аз ғам сапедӣ гирифт ва ҳамчунон андӯҳи худ фурӯ мехӯрд.
  85. Гуфтанд: «Ба Худо савганд, пайваста Юсуфро ёд мекунӣ, то бемор гардӣ ё бимирӣ».
  86. Гуфт: «Ҷуз ин нест, ки шарҳи андӯҳи хеш танҳо бо Худо мегӯям. Зеро он чӣ ман аз Худо медонам, шумо намедонед!
  87. Эй писарони ман, бираведу Юсуф ва бародарашро биҷӯед ва аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро танҳо кофирон аз раҳмати Худо маъюс мешаванд».
  88. Чун бар Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй Азиз, мову хонаводаамон ба гуруснагӣ афтодаем ва бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро комил адо кун ва бар мо садақа бидеҳ, зеро Худо садақадиҳандагонро дӯст дорад!»\
  89. Гуфт: «Медонед, ки аз рӯи нодонӣ бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед?»
  90. Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Худо ба мо неъмат дод. Зеро ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабрро пеша кунад, Худо муздашро нобуд намесозад».
  91. Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки Худо туро бар мо фазилат дод ва мо хатокор будем».
  92. Гуфт: «Имрӯз шуморо сарзаниш набояд кард; Худо шуморо мебахшояд, ки ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст!
  93. Ин ҷомаи маро бибаред ва бар рӯи падарам андозед, то бино гардад. Ва ҳамаи касони худро назди ман биёваред».
  94. Чун корвон ба роҳ афтод, падарашон гуфт: «Агар маро девона нахонед, бӯи Юсуф ҳис мекунам».
  95. Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки ту дар ҳамон гумроҳии деринаи хеш ҳастӣ!»
  96. Чун муждадиҳанда омад ва ҷома бар рӯи ӯ андохт, бино гашт. Гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки он чӣ ман аз Худо медонам, шумо намедонед?»
  97. Гуфтанд: «Эй падар барои гуноҳони мо омурзиш бихоҳ, ки мо хатокор будаем».
  98. Гуфт: «Аз Парвардигорам барои шумо омурзиш хоҳам хост, ӯ омурзандаву меҳрубон аст!»
  99. Чун бар Юсуф дохил шуданд, падару модарро ба оғӯш кашиду гуфт: «Ба Миср дароед, ки агар Худо бихоҳад, дар амон хоҳед буд!
  100. Падару модарро бар тахт баровард ва ҳама дар баробари ӯ ба саҷда даромаданд (барои таъзим на ибодат). Гуфт: «Эй падар, ин аст таъбири он хоби ман, ки инак, Парвардигорам онро рост баровард. Ва чӣ қадар ба ман некӣ кардааст, он гоҳ, ки маро аз зиндон бираҳонид ва пас аз он, ки шайтон миёни ману бародаронам фасод карда буд, шуморо аз бодия ба ин ҷо овард. Парвардигори ман ба ҳар чӣ ирода кунад, дақиқ аст, ки ӯ донову ҳаким аст
  101. Эй Парвардигори ман, маро фармонравоӣ додӣ ва маро илми таъбири хоб омӯхтӣ. Эй офаринандаи осмонҳову замин, ту дар дунёву охират корсози манӣ. Маро мусалмон бимирон ва қарини шоистагон соз!»
  102. Инҳо хабарҳои ғайб аст, ки ба ту (эй Муҳаммад) ваҳй мекунем. Ва он ҳангом, ки бо якдигар гирд омада буданд ва машварат мекарданд ва ҳила месохтанд, ту назди онҳо набудӣ!
  103. Ҳарчанд ту ба имонашон ҳарис бошӣ, бештари мардум имон намеоваранд!
  104. Ва ту дар муқобили паёмбарият аз онҳо музде наметалабӣ ва ин китоб ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест!
  105. Чӣ бисёр нишонаҳое дар осмонҳову замин аст, ки бар он мегузаранд ва аз он рӯй барметобанд!
  106. Ва бештарашон ба Худо имон наёваранд, балки ҳамчунон мушриканд!
  107. Оё пиндоранд, эминӣ ёфтаанд аз ин, ки уқубате умумӣ аз азоби Худо онҳоро фурӯ гирад ё қиёмат ба ногоҳ фаро расад, бе он ки хабардор шаванд?
  108. Бигӯ: «Ин роҳи ман аст. Ману пайравонам ҳамагонро бо далелу ҳуҷҷат ба сӯи Худо мехонем. Пок аст Худо ва ман аз мушрикон нестам!»
  109. Ва Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем, магар мардонеро аз мардуми шаҳрҳо ва ободиҳо, ки ба онҳо ваҳй мекардем. Оё дар рӯи замин намегарданд, то бингаранд, ки поёни кори пешиниёнашон чӣ будааст? Ва сарои охират парҳезгоронро беҳтар аст, чаро намеандешед?
  110. Чун паёмбарон навмед шуданд ва чунон пиндоштанд, ки онҳоро дурӯғ мебароранд, ёриашон кардем ва ҳар киро, ки хостем, наҷот додем ва азоби Мо аз мардуми гунаҳкор бозгардонида нашавад!
  111. Дар достонҳояшон хирадмандонро ибратест. Ин достоне сохта нест, балки тасдиқи сухани пешиниён ва тафсили ҳар чизест ва барои онҳо, ки имон овардаанд, ҳидоят асту раҳмат.

Комментарии