Сураи Оли Имрон

Сураи «Оли Имрон» – ин 3-юумин сураи Қуръони карим буда иборат аз 200 оят мебошад ва дар Макка нозил шудааст. Қисми зиёди сураи Оли ИИсо ва Марияммрон дар бораи таваллуди Исо паёмбар, азобҳои кашидаи Марям (аз авлоди Имрониҳо) ва гумроҳии насрониҳо гуфта шудааст.

Ҳамин тавр нақли таърихӣ дар бораи фарзандони Исроилиҳо идома меёбад, ки он дар сураи 2-умини Қуръон (Бақра) оғоз ёфтааст. Нисфи дуюми сураи Ал Имрон ба мавзуи ҷиҳод, бахшида шудааст, ки онро аҷдодони Мусо ва Исо паёмбарон дар ин дунё амалӣ менамоянд.

Таъкид гардидааст, ки ҳангоми баҳс намудан дар мавзуи урфу одати баҳогузории ғолибият ё мағлубият, рафтори боэҳтиромона намудан лозим. Инчунин дар ин сура оиди шаҳидон, қайд карда шудааст.  Дар Оли имрон, вобаста ба чигуна будани имони шахси боимон ва рафтори ӯ дастур дода шудааст. Ба забони арабӣ номи сура чунин навишта мешавад ( آل عمران

Сураи Оли имронро бо харфхои араби дар ин ҷой бо формати PDF, гирфитан мумкин >>>>

Талафузи тарзи хондани сураи Оли Имрон ба забони араби (садо видео, овоз, тиловат, аз тарафи Ношир Миршари Рашид).

Тарҷумаи сураи Олӣ Имрон ба забони тоҷикӣ (точики)

(Хонадони имрон)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон

1.      Алиф. Лом. Мим.

2.      Аллоҳ аст, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ғайри ӯ нест. Зиндаву поянда аст!

3.  Ин китобро, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст,  ба ҳақ бар ту нозил кард ва қабл  аз он Таврот ва Инҷилро,

4. барои ҳидояти мардум фиристод ва Фурқонро нозил кард. Барои онон, ки ба оёти Худо имон намеоранд, азобе сахт муҳайёст ва Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст.

5.  Ҳеҷ чиз дар замину осмон бар Худо пӯшида нест.

6.  ӯст, ки шуморо дар раҳми модарон ба ҳар сон, ки хоста бошад, сурат мебандад. Нест маъбуде барҳақ ҷуз ӯ, ки пирӯзманду ҳаким аст!

7.  ӯст, ки ин китобро бар ту нозил кард. Баъзе аз оятҳо муҳкамотанд2, ин оятҳо уммулкитобанд ва баъзе оятҳо муташобеҳотанд. Аммо онҳо, ки дар дилашон майл ба ботил аст, ба сабаби фитнаҷӯӣ (гумроҳ кардан) ва майл ба таъвил3, аз муташобеҳот пайравӣ мекунанд, дар ҳоле, ки маънии (ҳақиқии муташобеҳотро)   онро ҷуз Худо (касе) намедонад. Ва онон, ки қадам дар дониш устувор кардаанд, мегӯянд:  «Мо ба он имон овардаем. Ҳама аз ҷониби Парвардигори мост». Ва хирадмандоннанд, ки панд мегиранд.

8.   Эй Парвардигори мо, аз он пас, ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва раҳмати худро бар мо арзонӣ дор, ки ту бисёр бахшояндаӣ!

9.   Эй Парвардигори мо, ту мардумро дар он рӯзе, ки ҳеҷ шакке дар он нест, гирд меоварӣ. Ба яқин, ки Худо ба ваъда хилоф накунад!

10. Кофиронро дороиҳо ва фарзандонашон ҳаргиз аз азоби Худо нараҳонад. Онҳо худ  ҳезуми оташи ҷаҳаннаманд.

11.  Ба шеваи оли Фиръавн ва пешиниёнашон оёти моро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд). Пас Худо ононро ба ҷазои гуноҳонашон бозхост кард. Ва уқубати Худо сахт аст!

12.  Ба кофирон бигӯй:   «Ба зудӣ мағлуб хоҳед шуд ва дар ҷаҳаннам, он оромгоҳи бад,  гирд хоҳед омад!»

13.   Дар он ду гурӯҳ, ки ба ҳам расиданд, барои шумо ибрате буд:  гурӯҳе дар роҳи  Худо меҷангиданд ва гурӯҳе дигар кофир буданд. Ононро ба чашми худ дучандони хеш медиданд. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ диҳад. Ва соҳибназаронро дар ин ибратест!4

14.   Дар чашми мардум ороиш ёфтааст ишқи ба орзуҳои нафсонӣ ва дӯст доштани занону фарзандон ва моли зиёде аз тилло ва нуқра ва аспони нишонадор ва чорпоён ва зироъат. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии ин ҷаҳонӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки бозгашти нек назди Худост!

15.  Бигӯ:  «Оё шуморо ба чизҳое беҳтар аз инҳо огоҳ кунам?» Барои онон, ки парҳезгорӣ пеша кунанд, дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест, ки наҳрҳо дар онҳо равон аст. Инҳо бо занони покиза дар айни хушнудии Худо, ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд. Ва Худо аз ҳоли бандагон огоҳ аст:

 16.    Касоне, ки мегӯянд:  «Эй  Парвардигори мо, имон овардаем, гуноҳи  моро биёмурз ва моро аз азоби оташ ҳифз кун!».

17.Собирону ростгӯён ва фармонбардорону инфоқкунандагон ва онон, ки дар саҳаргоҳон омурзиш металабанд.

18. Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ҳеҷ худое (барҳақ) ҷуз ӯ  нест. Ва гувоҳӣ доданд фариштагону донишмандон дар он ҳол, ки Худо тадбиркунандаи олам аст ба адл. Худое (барҳақ) ҷуз ӯ  нест, ки пирӯзманду ҳаким аст!

19. Ҳар ойна дин дар назди Худо дини ислом аст. Ва аҳли Китоб роҳи хилоф рафтанд, аз  рӯи ҳасад аз он пас, ки ба ҳаққонияти он дин огоҳ шуданд. Онон, ки ба оёти Худо кофир шуданд, бидонанд, ки албатта ӯ ба  зудӣ ба ҳисобашон хоҳад расид.

20. Агар бо ту ба муҷодала бархезанд, бигӯ:  «Ману пайравонам дар дини хеш ба Худо ихлос варзидем». Ба аҳли Китоб ва мушрикон бигӯ:  «Оё шумо ҳам ба Худо ихлос варзидаед?»  Агар ихлос варзиданд, пас ҳидоят  ёфтанд ва агар рӯй гардониданд, бар ту таблиғ асту бас ва Худо бандагонро мебинад.

21. Касонеро, ки ба оёти Худо имон намеоваранд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекушанд ва мардумеро, ки аз рӯи адл фармон медиҳанд (ба ҳақ даъват мекунанд), мекушанд, ба азобе дардовар хабар деҳ!

22. Аъмоли инҳо дар дунё ва охират нобуд шудааст ва ҳеҷ ёваре надоранд!

23.Оё ононро надидӣ, ки аз китоб баҳрае ёфта буданд, чун даъват шуданд, то китоби Худо дар бораи онҳо ҳукм кунад, сипас гурӯҳе аз онҳо бозмегаштанд ва рӯйгардонӣ мекарданд?

24.    Ва ин ба он сабаб буд, ки мегуфтанд:  «Ҷуз чанд рӯзе оташи дӯзах ба мо нарасад». Ва ин дурӯғ, ки  худ баста буданд дар динашон,  фиребашон дод.

25.  Пас ҳолашон чӣ гуна хоҳад буд (ва чӣ кор хоҳанд кард), ҳар вақто ки онҳоро ҷамъ оварем, аз барои он рӯзе, ки ҳеҷ шакке дар (вуқуъи) он нест ва подоши амали ҳар касро дода шавад ва онҳоро зулме (ситаме) нашавад?

26. Бигӯ: «Бор Худоё, Туӣ,  молики мулк! Ба ҳар, ки  бихоҳӣ, мулк медиҳӣ,  ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти туст ва ту бар ҳар коре тавоноӣ!

27.Аз шаб кам мекунӣ ва ба рӯз меафзоӣ ва аз рӯз кам мекунӣ ва ба шаб меафзоӣ! Зиндаро аз мурда (ҳамчунон ки мӯъминонро аз кофир ва чӯҷаро аз тухм) берун меоварӣ ва мурдаро аз зинда (кофирро аз мӯъмин ва тухмро аз мурғ). Ва ба ҳар  ки бихоҳӣ, беҳисоб рӯзӣ медиҳӣ!

28.Набояд мӯъминон кофиронро ба ҷои мӯъминон  дӯст  гиранд. Пас ҳар кӣ чунин кунад, ӯро бо Худо робитае нест. Магар, ин ки  аз онҳо бимнок бошед (яъне дафъи шарри эшон кунед, ба навъе аз ҳазар кардан). Ва Худо шуморо аз худаш (яъне аз иқобаш) метарсонад, ки бозгашт ба сӯи ӯст».

29.Бигӯ:  «Ҳар чӣ дар дил доред, чӣ пинҳонаш кунед ва чӣ ошкораш созед, Худо ба он огоҳ аст. ӯ ҳар чиро, ки дар осмонҳо  ва замин аст, медонад ва бар ҳар коре тавоност!

30. Рӯзе, ки ҳар кас корҳои нек ва корҳои бади худро дар баробари худ ҳозир бинад, орзу кунад, ки эй кош, миёни ӯ ва кирдори бадаш фосилае бузург бувад. Худованд шуморо аз Худаш (яъне, аз иқобаш) метарсонад. Ва Худо ба бандагонаш меҳрубон аст!»

31. Бигӯ: «Агар Худоро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад, ки ӯ омурзанда ва меҳрубон аст!»

32.  Бигӯ:  «Аз Худо ва расулаш фармон бибаред. Пас агар рӯй гардонанд,  бидонанд, ки Худо кофиронро дӯст надорад!»

33. Худо Одаму Нӯҳ ва хонадони Иброҳиму хонадони Имронро аз ҷаҳониён баргузид:

34. Фарзандоне буданд  баъзе аз насли баъзе дигар падид омада. Ва Худо шунаво ва доност!

35.  Ва зани Имрон5 гуфт:  «Эй Парвардигори ман, назр кардам, ки он чӣ дар шикам дорам, озод  бошад (яъне аз кори ин ҷаҳон озоду танҳо дар хидмати Ту бошад).  Ин назрро аз ман бипазир, ки бешак Ту шунаво ва доноӣ».

36. Чун фарзанди хеш бизод, гуфт:  «Эй Парвардигори ман, ин ки зойидаам, духтар аст ва Худо ба он чӣ зоида буд, донотар аст ва писар  чун духтар нест. ӯро Марям ном ниҳодам. ӯ ва фарзандонашро аз шайтони раҷим дар паноҳи Ту меоварам».

37. Пас Парвардигораш он духтарро ба некӣ аз ӯ пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш дод ва Закариёро6 ба сарпарастии ӯ вобаста кард. Ва ҳар вақт ки Закариё ба меҳроб назди ӯ мерафт, пеши ӯ  хӯрданӣ меёфт,  мегуфт:  «Эй Марям, инҳо барои ту аз куҷо мерасад?» Марям  мегуфт:  «Аз ҷониби Худо»,  ҳар ойна ӯ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад.

38.Дар он ҷо Закариё Парвардигорашро нидо дод ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ҷониби худ фарзанде покиза ато кун, ҳамоно, ки Ту дуъоро мешунавӣ».

39.Пас ҳамчунон, ки дар меҳроб ба намоз истода буд, фариштагон нидояш доданд:  «Худо туро ба Яҳё хушхабар медиҳад. ӯ (Яҳё) калимаи7 Худоро тасдиқ мекунад ва пешвою порсо8 ва паёмбарест аз шоистагон».

40.Гуфт:  «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро писаре бошад, дар ҳоле ки ба пирӣ расидаам ва занам нозост?» Гуфт:  «Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, мекунад».

41. Гуфт:  «Эй Парвардигори ман, барои ман нишонае падидор кун!» Гуфт:  «Нишонаи ту ин аст, ки се рӯз бо мардум сухан нагӯӣ, магар ба ишора  ва Парвардигоратро фаровон ёд кун ва дар шабонгоҳу бомдод ӯро тасбиҳ гӯй.

42. Ва фариштагон гуфтанд:  «Эй Марям, Худо туро баргузид ва покиза сохт ва бар занони ҷаҳон бартарӣ дод!

43. Эй Марям, Парвардигоратро ҳамвора  итоъат кун ва саҷда кун ва бо намозгузорон намоз бихон!»

44. Инҳо аз хабарҳои ғайб аст,  ки ба ту ваҳй мекунем. Вагарна он гоҳ, ки қуръа заданд, то чӣ касе аз миёнашон ӯҳдадори нигаҳбонии Марям шавад ва он гоҳ  ки корашон ба низоъ кашид, ту дар наздашон набудӣ.

45. Фариштагон гуфтанд:  «Эй Марям, Худо туро ба калимаи Худ башорат медиҳад; Номи ӯ Масеҳ, Исо писари Марям аст. Дар дунё ва охират обрӯманд ва аз наздикон аст.

46.Бо мардум, дар гаҳвора ва куҳансолӣ сухан мегӯяд ва аз шоистагон аст».

47. Марям гуфт:  «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро фарзанде бошад, дар ҳоле ки башаре ба ман даст назадааст?»  Гуфт:  «Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Чун иродаи чизе кунад, ба ӯ гӯяд:  «Мавҷуд шав!»  пас мавҷуд мешавад.

48.Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил меомӯзад.

49.Ва ба пағамбарӣ  бар бани Исроилаш мефиристад, ки ман ба мӯъҷизае аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Бароятон аз гил чизе чун парранда месозам ва дар он медамам, ба изни Худо паррандае шавад ва кӯри модарзод ва песшударо шифо медиҳам. Ва ба фармони Худо мурдаро зинда мекунам. Ва ба шумо мегӯям, ки чӣ хӯрдаед ва дар хонаҳои худ чӣ захира кардаед. Агар аз мӯъминон бошед, инҳо барои шумо нишонаҳои ҳаққонияти ман аст!

50.Тавроти ҳозирро тасдиқ мекунам ва порае аз чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шуда, ҳалол мекунам. Бо нишоне аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Аз Худо битарсед ва манро итоъат кунед!

51. Аллоҳ Парвардигори ману шумост. Бипарастедаш, ки роҳи рост ин аст!

52. Чун Исо дарёфт, ки ба ӯ имон намеоваранд, гуфт: «Чӣ касоне дар роҳи Худо ёридиҳандагони мананд?» Ҳавориён9 гуфтанд:  «Мо ёридиҳандагони Худоем (нусратдиҳандагони дини Худо ҳастем). Ба Худо имон овардаем. Шаҳодат деҳ, ки мо таслим ҳастем».

53.Эй Парвардигори мо, ба он чӣ нозил кардаӣ, имон овардем ва аз расул пайравӣ кардем, моро дар шумори гувоҳидиҳандагон бинавис!»

54.Онон нақша кашиданд10ва Худо ҳам чораҷӯӣ кард ва Худо беҳтарини чораҷӯён аст.

55.Он гоҳ Худо гуфт: «Эй Исо, ман туро мемиронам (мурод аз миронидан ин ҷо хоб аст) ва ба сӯи худ бармеоварам ва аз кофирон дур месозам ва то рӯзи қиёмат ононро, ки аз ту пайравӣ кунанд, болои кофирон қарор хоҳам дод. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман  аст ва Ман дар он чӣ ихтилоф мекардед, миёнатон ҳукм мекунам.

56. Аммо ононро, ки кофир шуданд, дар дунёву охират ба сахтӣ  азоб хоҳам кард ва онҳоро мададгоре нест!»

57.Аммо  онон, ки имон оварданд ва корҳои нек карданд, Худо муздашонро ба тамомӣ хоҳад дод. Худо ситамгоронро дӯст надорад!

58. Инҳо, ки бар ту мехонем, аз оёт ва пандҳои ҳикматомез аст.

59. Мисоли Исо дар назди Худо чун мисоли Одам аст, ки ӯро аз хок биёфарид ва ба ӯ гуфт:  «Мавҷуд шав». Пас мавҷуд шуд.

60. Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори ту аст. Аз шаккунандагон мабош.

61. Аз он пас, ки ба огоҳӣ расидаӣ, ҳар кас, ки дар бораи ӯ11 бо ту ҷидол кунад, бигӯ:   «Биёед, то ҳозир оварем мо фарзандони худро  ва шумо фарзандони худро, мо занони худро ва шумо занони худро, мо  худро ва шумо ҳам  худро (омода созед). Он гоҳ дуъову тазарруъ кунем ва лаънати Худоро бар дурӯғгӯён бифиристем!»

62.Ҳамоно ин достонест росту дуруст. Ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуде барҳақ нест. ӯ Худои пирӯзманду ҳаким аст!

63. Агар рӯй гардонанд, Худованд муфсидонро мешиносад!

64. Бигӯ  «Эй аҳли Китоб, биёед аз он калимае, ки пазируфтаи мову шумост, пайравӣ кунем, он ки ҷуз Худоро напарастем ва ҳеҷ чизро шарики ӯ насозем ва баъзе аз мо баъзе дигарро ғайри Худо ба парастиш нагирад. Агар онон рӯй гардонанд  бигӯ:  «Шоҳид бошед, ки мо мусалмон ҳастем».

65. Эй аҳли Китоб, чаро дар бораи  Иброҳим ҷидол мекунед, дар ҳоле ки Тавроту Инҷил  баъд аз ӯ нозил шудааст? Магар намеандешед?

66. Ҳон, эй аҳли Китоб,  ҷидолатон дар он чӣ ба он илм доред, раво бошад, чаро дар он чӣ ба он илм надоред, ҷидол мекунед? Дар ҳоле ки Худо медонад ва шумо намедонед!

67. Иброҳим на яҳудӣ буд, на насронӣ, балки ҳанифии12 мусалмон буд ва аз мушрикон набуд.

68. Наздиктарин касон ба Иброҳим ҳамоно пайравони ӯ ва ин паёмбару мӯъминон ҳастанд. Ва Худо ёвари мӯъминон аст.

69. Гурӯҳе аз аҳли китоб дӯст доранд, ки шуморо гумроҳ кунанд ва ҳол он ки намедонанд, ки ҷуз худро гумроҳ намекунанд!

70. Эй аҳли Китоб, бо он ки худ ба оёти Худо шоҳидӣ медиҳед, чаро инкораш мекунед?

71. Эй аҳли Китоб, бо он ки аз ҳақиқат огоҳед, чаро ҳақро ба ботил меомезед ва ҳақиқатро пинҳон мекунед?»

72.  Тоифае аз аҳли Китоб гуфтанд:  «Дар аввали рӯз ба он чӣ бар мӯъминон нозил шудааст, имон биёваред ва дар охири рӯз инкораш кунед, то магар аз эътиқоди хеш бозгарданд».

73.  Ва гуфтанд:  «Ҷуз пайравони дини худро тасдиқ макунед». Бигӯ:  «Ҳидоят, ҳидояти худоист».  Ва агар гӯянд, ки ба дигарон ҳамон чизҳое арзонӣ шавад, ки ба шумо арзонӣ шудааст ё агар гӯянд, ки фардо дар назди Парвардигоратон бо шумо ба ҳуҷҷат меистанд, бигӯ: «Неъматҳо ба дасти Худост,  ба ҳар кӣ хоҳад, онро ато мекунад, ки ӯ  фарохнеъмату  доност!»

74. Ҳар киро бихоҳад хоси раҳмати худ мекунад ва Худо соҳибкарамест бас бузург!

75. Аз миёни аҳли Китоб касест, ки агар ӯро амин шуморӣ ва қинторе(моли зиёд)  ба ӯ бисупорӣ, онро ба ту бозмегардонад ва аз онҳо касест, ки агар аминаш шуморӣ ва диноре ба ӯ бисупорӣ, ҷуз ба исрор ва талаби мукаррар онро бознагардонад. Зеро  мегӯяд:  «Нест бар мо дар ҳаққи нохондагон ҳеҷ роҳ (яъне, моро бар моли араб, ки ҳамдини мо нестанд муохаза нахоҳад шуд)». Инҳо худ медонанд, ки ба Худо дурӯғ мебанданд.

76. Оре, ҳар кас, ки ба аҳди хеш вафо кунад ва парҳезгор бошад, Худо парҳезгоронро дӯст медорад.

77. Касоне, ки аҳди Худо ва савгандҳои худро ба баҳои андак мефурӯшанд, дар охират насибе надоранд ва Худо дар рӯзи қиёмат на ба онон сухан мегӯяд ва на ба онон менигарад ва на ононро покиза месозад. Ва барояшон азобе дардовар аст!

78. Ва аз миёни онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки ба шеваи китоби Худо сухан мегӯянд, то пиндоред, ки он чӣ  мегӯянд, аз китоби Худост, дар ҳоле ки аз китоби Худо нест. Ва мегӯянд, ки аз ҷониби Худо омада ва ҳол он ки аз ҷониби Худо наёмадааст. Ва худ медонанд, ки бар Худо дурӯғ мебанданд.

79.  Нашояд ҳеҷ башареро, ки Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва нубувват дода бошад, он гоҳ ба мардум бигӯяд, ки бандагони ман бошед, на бандагони Худо. Ва ҳол он ки паёмбарон  мегӯянд:  «Ҳамчунон ки  аз китоби Худо меомӯзед ва дар он мехонед, парастандагони Худо бошед».

80. Ва низ ба шумо  намефармояд, ки фариштагону паёмбаронро худоён пиндоред. Оё пас аз он ки ислом овардаед, шуморо ба куфр фармон медиҳад?

81. Ва Худо аз паёмбарон паймон гирифт, ки шуморо китобу ҳикмат додаам, ба паёмбаре, ки дини шуморо тасдиқ мекунад ва ба паём назди шумо меояд, бигаравед ва ёриаш кунед. Гуфт:  «Оё иқрор кардед ва аҳди сангиниМаро  пазируфтед?»  Гуфтанд:  «Иқрор кардем». Гуфт;  «Пас шаҳодат диҳед ва Ман низ бо шумо аз шоҳидонам».

82.Ва ҳар кӣ аз он пас сарпечӣ кунад, аз фосиқон аст.

83. Оё дине ҷуз дини Худо меҷӯянд, ҳол он ки он чӣ дар осмонҳо  вазамин аст, хоҳу нохоҳ таслими фармони ӯ ҳастанд ва ба назди ӯ бозгардонда мешавед!

84. Бигӯ:  «Ба Худо ва он чӣ бар мо ва бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ӯ ва низ он чӣ бар Мӯсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеҷ як аз онҳо фарқе намениҳем ва ҳама таслими иродаи ӯ ҳастем».

85.  Ва ҳар кас, ки дине ҷуз ислом ихтиёр кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд  ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд.

86. Чӣ гуна Худо ҳидоят кунад қавмеро, ки нахуст имон оварданд ва ба ҳаққонияти расул шаҳодат доданд ва далелҳову  оёти равшанро мушоҳида карданд, сипас кофир шуданд? Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!

87. Ҷазояшон ин аст, ки лаънати Худо ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онон аст.

88. Ҷовид дар лаънат бимонанд ва аз азобашон кам нашавад ва мӯҳлаташон надиҳанд,

89. магар онон, ки аз он пас тавба кунанд ва ба салоҳ оянд, зеро Худо омурзанда  ва меҳрубон аст!

90. Тавбаи касоне, ки  пас аз имон овардан кофир шуданд ва бар куфри худ афзуданд, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо гумроҳанд!

91. Онон, ки кофир шуданд ва кофир мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо  пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест.

92. Некиро дарнахоҳед ёфт, то он гоҳ ки аз он чӣ дӯст медоред, инфоқ (нафақа) кунед. Ва ҳар чӣ инфоқ мекунед, Худо ба он огоҳ аст.

93. Ҳамаи таъомҳо бар бани Исроил ҳалол буд, ғайри онҳо, ки пеш аз нузули Таврот Исроил бар худ ҳаром карда буд. Бигӯ:  «Агар рост мегӯед, Тавротро биёвареду бихонед».

94. Аз он пас ҳар кӣ бар Худо дурӯғ бандад, аз ситамкорон аст.

95. Бигӯ:  «Худо рост мегӯяд. Оини ҳанифи13  Иброҳимро пайравӣ кунед ва ӯ аз мушрикон набуд.

96. Нахустин хонае, ки барои мардум  бино шуда, ҳамон аст, ки дар Макка аст. Хонае, ки ҷаҳониёнро сабаби баракат ва ҳидоят аст!

97. Дар он ҷост оёти равшан ва мақоми Иброҳим. Ва ҳар кӣ ба он дохил шавад, эмин аст. Барои Худо ҳаҷҷи он хона бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, бидонад, ки Худо аз ҷаҳониён бениёз аст».

98. Бигӯ:  «Эй аҳли Китоб, чаро оёти Худоро инкор мекунед? Худо нозир бар аъмоли шумост!»

99. Бигӯ:  «Эй аҳли Китоб, ба чӣ сабаб онҳоро, ки имон овардаанд, аз роҳи Худо бозмедоред ва мехоҳед, ки ба роҳи каҷ раванд? Ва шумо худ ба зиштии кори хеш огоҳед ва Худо низ аз он чӣ мекунед, ғофил нест»!

100. Эй касоне, ки имон овардаед, агар  гурӯҳе аз аҳли Китобро итоъат кунед, шуморо аз имонатон ба куфр бозмегардонанд.

101. Чӣ гуна кофир мешавед, дар ҳоле ки оёти Худо  бар шумо хонда мешавад  ва расули ӯ дар миёни шумост? Ва ҳар кӣ ба Худо тамассук  ҷӯяд, ба роҳи рост ҳидоят шудааст.

102. Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз ӯ битарсед ва ҷуз дар мусалмонӣ намиред.

103. Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо (дини Худо) занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки ҳидоят ёбед.

104. Бояд, ки аз миёни шумо гурӯҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд. Инҳо растагоронанд.

105. Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф (зиддият) варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд.

106. Он рӯз, ки гурӯҳе сафедрӯй ва гурӯҳе сияҳрӯй шаванд, ба онон, ки сияҳрӯй шудаанд, мегӯянд:  «Оё шумо пас аз имон оварданатон кофир шудед? Ба сабаби кофир шуданатон бичашед азоби Худоро!»

107. Аммо онон, ки сафедрӯй шудаанд, ҳамвора  ғарқ дар раҳмати Парвардигор бошанд.

108. Инҳо оёти Худост, ки ба ҳақ бар ту фурӯ мехонем. Ва Худо ба  мардуми ҷаҳон ситам раво намедорад!

109. Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва ҳамаи корҳо  ба ӯ бозгардонида шавад.

110. Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум падид омада, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред. Агар аҳли  Китоб низ имон биёваранд, барояшон беҳтар аст. Баъзе аз онҳо мӯъминанд, вале бештарин табаҳкоронанд.

111. Ба шумо ҷуз андак озор дигар осебе нарасонанд. Агар бо шумо ҷанг кунанд, пушт кунанд ва рӯй ба гурез ниҳанд ва пирӯз нагарданд.

112.Ҳар ҷо, ки бошанд, ҳамеша хорӣ бар онҳо зада шудааст, магар он ки дар амони (яъне, аҳд ва зиммаи) Худо ва дар амони мардум бошанд. Ва бо хашми Худо қарин шудаанд ва ҳамеша хориву бечорагӣ бар онҳо муқаррар шуд, зеро ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ куштанд. Ва ин ба он сабаб буд, ки исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд.

113.  Аҳли Китоб ҳама яксон нестанд. Гурӯҳе ба тоъати Худо истодаанд ва оёти Худоро дар дили шаб тиловат мекунанд ва саҷда ба ҷой меоваранд.

114. Ва ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд ва дар корҳои нек шитоб меварзанд ва аз ҷумлаи солеҳонанд.

115. Ва ҳар кори нек, ки кунанд, ношукрӣ  карда нашавад, зеро Худо ба парҳезгорон огоҳ аст!

116. Кофиронро амволу авлодашон ҳеҷ аз азоби Худо нараҳонад ва онон аҳли оташанд, ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд!

117. Он чӣ инҳо дар ин ҷаҳон инфоқ мекунанд, монанди он аст, ки тундбоде сард бар киштзори қавми  бар хеш ситамкарда бивазад ва он киштаро нобуд созад. Худо бар онҳо ситам раво надошт. Онон худ бар худ ситам карданд.

118. Эй касоне, ки имон овардаед, дӯсти ҳамрозе ғайр аз ҳамдинони худ магиред, ки дигарон аз ҳеҷ  зараре дар ҳаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд ва хостори ранҷу машаққати шумоянд. Ва душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он кина, ки дар дил доранд, бештар аст аз он чӣ ба забон меоваранд. Оётро бароятон ошкор сохтем, агар ба ақл дарёбед!

119. Огоҳ бошед, ки шумо ононро дӯст медоред ва ҳол он ки онҳо шуморо дӯст надоранд. Шумо ба ҳамаи ин китоб имон овардаед. Чун шуморо бубинанд, гӯянд:  «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун хилват кунанд, аз ғояти кинае, ки ба шумо доранд, сарангушти хеш ба дандон газанд. Бигӯ:  «Дар кинаи хеш бимиред! ҳар ойна Худо ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст».

120.  Агар хайре  ба шумо расад, андӯҳгин  шаванд ва агар ба мусибате гирифтор оед, шодмон гарданд. Агар сабр варзед ва парҳезгорӣ кунед, аз макрашон ба шумо зиёне нарасад, ки Худо ба ҳар коре, ки мекунанд, иҳота (огоҳии комил) дорад!

121. Ва бомдодон аз миёни касони хеш берун омадӣ, то мӯъминонро дар он ҷойҳо, ки мебоист биҷанганд, биншонӣ  ва Худо шунавову доност!

122. Ду гурӯҳ14 аз шумо нияти он карданд, ки дар ҷанг сустӣ  (буздилӣ) варзанд ва Худо ёварашон буд (ба онҳо кӯмак кард, то аз ин андеша баргаштанд), пас мӯъминон бояд, ки бар Худо таваккул кунанд15 !

123.  Албатта, Худо шуморо дар Бадр ёрӣ кард ва ҳол он ки нотавон будед. Пас аз Худо битарсед, то ки сипосгузор шавед!

124. Он гоҳ, ки ба мӯъминон мегуфтӣ, ки агар Худо се ҳазор фаришта ба ёриатон фурӯ фиристад, оё шуморо кофӣ нахоҳад буд?

125.  Бале, агар пойдорӣ кунед ва парҳезгор бошед, чун душманон тохтутоз оваранд, Худо бо панҷ ҳазор аз фариштагони нишонадор шуморо ёрӣ кунад.

126.  Ва Худованд ин корро ҷуз барои шодмонӣ ва дилгармии шумо накард. Ва нест ёрие, магар аз сӯи Худои пирӯзманду доно,

127.  то гурӯҳе аз кофиронро ҳалок кунад ё хор гардонад. Он гоҳ навмед бозгарданд.

128.  Нест туро аз ин кор чизе (тасарруфе), ё онҳоро ба тавба водорад ё он ситамкоронро азоб кунад, ҳар ойна онҳо ситамгаранд.

129.  Аз они Худост, ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ҳар киро бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!

130.  Эй касоне, ки имон овардаед, рибо махӯред чандбаробар. Ва аз Худо битарсед, то растагор шавед!

131.  Ва битарсед аз оташе, ки барои кофирон муҳайё шудааст.

132.  Ва аз Худову расул итоъат кунед, то  дохили раҳмат шавед!

133. Бар якдигар пешӣ гиред барои омурзиши Парвардигори хеш ва расидан ба он биҳишт, ки паҳнояш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст ва барои парҳезгорон  муҳайё шудааст.

134. Он касон, ки дар осоиш ва сахтӣ  инфоқ мекунанд ва хашми хеш фурӯ мебаранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро  дӯст дорад!

135. Ва он касон, ки чун коре зишт кунанд ё ба худ ситаме кунанд, Худоро ёд мекунанд ва барои гуноҳҳои хеш омурзиш мехоҳанд ва кист ҷуз Худо, ки гуноҳонро биёмурзад? Ва чун ба зиштии гуноҳ огоҳанд, дар он чӣ мекарданд, пой нафишуранд.

136. Подоши инҳо омурзиши Парвардигорашон аст ва низ биҳиштҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист. Дар он ҷо ҷовидонанд ва чӣ некӯст подоши некӯкорон!

137. Пеш аз шумо воқеъаҳое будааст, пас бар рӯи замин бигардед ва бингаред, ки поёни кори онҳо, ки паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат медоданд, чӣ будааст?

138. Ин барои мардум далеле равшан ва барои парҳезгорон роҳнамову пандест.

139. Сустӣ макунед ва андӯҳгин мабошед, зеро агар имон оварда бошед, шумо бартарӣ хоҳед ҷуст.

140. Агар бар шумо захме расид16 , ба он қавм низ ҳамчунон захме расидааст. Ва ин рӯзгор аст, ки ҳар дам онро бар муроди касе мегардонем, то Худо касонеро, ки имон овардаанд, ошкор созад ва баъзе аз шуморо шаҳид гардонад. Ва Худо ситамгоронро дӯст надорад.

141. ва то мӯъминонро покиза гардонад ва кофиронро нобуд созад.

142. Оё гумон кардед, ки ба биҳишт дароед, пеш аз он ки Худо муҷоҳидон ва собиронро аз миёни шумо ошкор созад?

143. Пеш аз он ки маргатон фаро расад, орзуи марг мекардед, инак, маргро дидед ва дар он менигаред17 !

144. Ҷуз ин нест, ки Муҳаммад паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбароне дигар буданд. Оё агар бимирад ё кушта шавад, шумо ба ойини пешини худ бозмегардед? Ҳар кас, ки бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳад расонид. Худо сипосгузоронро подош хоҳад дод.

145. Ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Худо намемирад. Муддат навишта шудааст. Ҳар кас хоҳони савоби ин ҷаҳонӣ бошад, ба ӯ медиҳем ва ҳар кас хоҳони савоби он ҷаҳонӣ бошад, ба ӯ медиҳем ва шукркунандагонро подош хоҳем дод!

146. Чӣ басо паёмбароне, ки худодӯстони бисёр ҳамроҳи онон ба ҷанг рафтанд ва дар роҳи Худо, ҳар чӣ  ба онҳо расид, сустӣ (буздилӣ) накарданд ва нотавон нашуданд ва сар фурӯд наёварданд ва Худо сабркунандагонро дӯст дорад.

147. Суханашон ҷуз ин набуд, ки мегуфтанд:  «Эй Парвардигори мо,  гуноҳони моро ва зиёдаравиҳои моро дар корҳо биёмурз ва моро собитқадам гардон ва дар баробари кофирон  ёрӣ кун».

148. Худо подоши инҷаҳонӣ ва подоши онҷаҳониро ба онҳо арзонӣ дошт ва Худо накӯкоронро дӯст дорад!

149. Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз кофирон пайравӣ кунед, шуморо ба ойини пешин бармегардонанд, пас зиёндида бозмегардед.

150. На, ёрикунандаи шумо Худованд аст, ки беҳтарини ёрикунандагон аст!

151. Дар дили кофирон тарс хоҳем афканд. Зеро чизеро, ки аз осмон барои он ҳуҷҷате нафиристодааст, шарики Худо гирифтанд. Ҷои онон ҷаҳаннам аст, ки барои ситамгорон макони бадест!

152. Худо ба ваъдае, ки бо шумо ниҳода буд, вафо кард, он гоҳ ки ба изни ӯ душманро мекуштед. Ва чун ғаниматеро, ки ҳаваси онро дар сар доштед, ба шумо нишон дод, сустӣ кардед ва дар он амр ба низоъ пардохтед ва нофармонӣ варзидед. Баъзе хостори дунё шудед ва баъзе хостори охират. Сипас, то шуморо ба балое мубтало кунад, ба гурехтан водошт18 ! Инак, шуморо бибахшид, ки ӯро ба мӯъминон бахшоишест!

153. Он гоҳ, ки мегурехтед ва ба касе нигоҳ намекардед ва паёмбар шуморо дар ҷамоъате, ки аз пушти шумо буд, садо медод. Пас ба сазо,  ғаме бар ғами шумо афзуд. Акнун андӯҳи он чиро, ки аз даст додаед, ё ранҷеро, ки ба шумо расидааст, махӯред. Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст19 !

154.  Он гоҳ, пас аз он андӯҳ, Худо ба шумо эминӣ арзонӣ дошт, чунонки гурӯҳеро хоби ором фурӯ гирифт. Аммо гурӯҳе дигар, ки чун мардуми асри ҷоҳилият  ба Худо гумони ботил доштанд, ҳанӯз гирифтори фикри хештан буданд ва мегуфтанд:  «Оё ҳаргиз кор ба дасти мо хоҳад  афтод?» Бигӯ:  «Ҳамаи корҳо ба дасти Худост». Онон дар дили худ чизеро пинҳон медоранд, ки намехоҳанд барои ту ошкораш созанд.  Мегӯянд:  «Агар моро ихтиёре буд, ин ҷо кушта намешудем». Бигӯ:  «Агар дар хонаҳои худ ҳам мебудед, касоне, ки кушта шудан бар онҳо муқаддар шудааст, аз хона ба қатлгоҳашон берун мерафтанд. Худо он чиро, ки дар сина доред, меозмояд ва дилҳоятонро пок мегардонад». Ва Худо ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст!

155.  Аз миёни шумо онон, ки дар рӯзи муқобалаи он ду гурӯҳ бигурехтанд, ба сабаби баъзе аз аъмолашон шайтон онҳоро ба хато афканда буд. Инак, Худованд афвашон кард, ки ӯ омурзанда ва бурдбор  аст!

156. Эй касоне, ки имон овардаед, монанди он кофирон мабошед, ки дар бораи бародарони худ, ки ба сафар ё ба ҷанг рафта буданд, мегуфтанд: «Агар назди мо монда буданд, намемурданд, ё кушта намешуданд».  Худо ин пиндорро чун ҳасрате дар дили онҳо гардонд. Ва Худост, ки зинда мекунад ва мемиронад ва ӯст, ки аъмоли шуморо мебинад!

157. Агар дар роҳи Худо кушта шавед, ё бимиред, омурзиш ва раҳмати Худо аз он чӣ дар ин ҷаҳон  гирд меоваред, беҳтар аст.

158. Ва агар бимиред, ё кушта шавед, албатта, дар пешгоҳи Худованд маҳшур мешавед.

159. Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас бар онҳо бубахшой ва бар онҳо омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо эшон машварат кун ва чун қасди коре кунӣ, бар Худо таваккул кун, ки Худо таваккулкунандагонро дӯст  дорад.

160. Агар Худо шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо ғалаба нахоҳад кард. Ва агар шуморо хор дорад, чӣ касе аз он пас ёриатон хоҳад кард? Пас мӯъминон бояд,  ки бар Худо таваккул кунанд!

161. Ҳеҷ паёмбаре хиёнат накунад ва ҳар кӣ ба чизе хиёнат кунад,  онро дар рӯзи қиёмат бо худ оварад. Сипас ҷазои амали ҳар кас ба тамомӣ дода хоҳад шуд ва бар касе ситаме нашавад!

162. Оё он кас, ки ба роҳи хушнудии Худо меравад, монанди касест, ки ба хашми ӯ боз мегардад  ва макони ӯ ҷаҳаннам аст ва он бадтарин бозгаштгоҳ аст.

163. Ин ду гурӯҳро назди Худо дараҷотест гуногун ва ӯ ба корҳояшон огоҳ аст!

164. Худо бар мӯъминон инъом фармуд, он гоҳ, ки аз  ҷинси худашон ба миёни худашон паёмбаре равон кард, то оёташро бар онҳо бихонад ва покашон созад ва китобу ҳикматашон биёмӯзонад, ҳарчанд аз он пеш дар гумроҳии ошкоре буданд.

165. Ва оё ҳангоме ки осебе ба шумо расид, ки шумо худ дучанди он расонда будед, гуфтед:  «Ин осеб аз куҷо расид?» Бигӯ:  «Аз ҷониби худатон». Ҳар ойна Худо бар ҳар чизе тавоност!20

166. Он чӣ дар рӯзи бархӯрди он ду  гурӯҳ ба шумо расид, ба изни (ризои) Худо буд, то мӯъминонро ошкор созад.

167. Ва ононро (мунофиқонро) низ, ки нифоқ варзиданд, ошкор созад. Ба онҳо гуфта мешуд: «Биёед, дар роҳи Худо ҷанг кунед ё ба дифоъ пардозед». Мегуфтанд: «Агар яқин доштем, ки ҷанге дармегирад, бо шумо меомадем». Онон ба куфр наздиктаранд, то ба имон. Ба забон чизҳое мегӯянд, ки ба дил эътиқод надоранд ва Худо ба он чӣ дар дил пинҳон медоранд, огоҳтар аст!

168. Ба онон, ки аз ҷанг бозистоданд ва дар бораи бародарони худ гуфтанд, ки агар сухани моро шунида буданд, кушта намешуданд, бигӯ:  «Агар рост мегӯед, маргро аз худ биронед!»21

169. Касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда мапиндор, балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.

170. Аз фазилате, ки Худо насибашон кардааст, шодмонанд. Ва барои онҳо, ки дар паяшон ҳастанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд, хушдиланд, ки биме бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд!

171. Ононро муждаи неъмату фазли Худо медиҳанд ва Худо подоши мӯъминонро бекор намекунад.

172. Аз миёни он касон, ки пас аз захм хӯрдан боз ҳам фармони Худо ва расулашро иҷобат карданд, онон, ки некӯкор бошанд ва аз Худо битарсанд, музде бузург доранд.

173. Касоне, ки мардум гуфтандашон, ки мардум барои ҷанг бо шумо гирд омадаанд, аз онҳо битарсед ва ин сухан бар имонашон бияфзуд ва гуфтанд:  «Худо моро басанда аст ва чӣ некӯ ёварест!»

 21. Муҷоҳид аз ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят кардааст, ки ин оят дар шаъни Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салули мунофиқ ва ёронаш нозил шудааст.

174. Пас аз ҷанг бозгаштанд, дар ҳоле ки неъмату фазли Худоро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Худо рафтанд ва Худоро бахшоише азим аст!

175. Он шайтон аст, ки дар дили дӯстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, аз онҳо матарсед, аз ман битарсед!

176. Онон, ки ба куфр мешитобанд, туро ғамгин насозанд. Инҳо ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонанд. Худо мехоҳад онҳоро дар охират бебаҳра гардонад ва барояшон азобест бузург!

177. Ҳар ойна, онон, ки имон доданд ва куфр хариданд, ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонанд ва барояшон азобе дарднок аст!

178. Кофирон мапиндоранд, ки дар мӯҳлате, ки ба онҳо медиҳем, хайри онҳост. Ба онҳо мӯҳлат медиҳем, то бештар ба гуноҳашон бияфзоянд ва барои онҳост азобе хоркунанда!

179. Худо бар он нест, ки шумо мӯъминонро ба ин ҳол, ки акнун ҳастед, раҳо кунад. Меозмояд, то нопокро аз пок ҷудо созад. Ва Худо бар он нест, ки шуморо аз ғайб биогоҳонад, вале  бархе аз паёмбаронашро, ки худ бихоҳад, бармегузинад. Пас ба Худо ва паёмбаронаш имон биёваред. Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед,  аҷре азим ёбед!

180. Онон, ки дар неъмате, ки Худо ба онҳо ато кардааст, бахилӣ мекунанд, мепиндоранд, ки дар бухл варзидан барояшон хайр аст. На, шарр аст! Дар рӯзи қиёмат он чиро, ки дар бахшидан бухл меварзиданд, чун тавқе ба гарданашон  хоҳанд овехт. Ва аз они Худост мероси (марҷаъ, бозгашти ) осмонҳову замин ва ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!

181. Ҳар ойна Худо шунид сухани он касонро, ки мегуфтанд:  «Худо бенавост ва мо тавонгарем». Гуфторашонро ва низ ин ки паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд, хоҳем навишт ва гӯем:  «Бичашед азоби оташи сӯзонро!»

182. Ин подоши аъмолест, ки пешопеш ба ҷой овардед, вагарна Худованд ба бандагонаш ситам раво намедорад.

183. Касоне гуфтанд:  «Моро бо Худо аҳдест, ки ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, магар барои мо қурбоние биёварад, ки оташ онро бихӯрад». Бигӯ: «Пеш аз ман паёмбароне бо мӯъҷизаҳо ва он чӣ акнун мехоҳед, омадаанд, агар рост мегӯед, чаро онҳоро куштед?»

184. Агар туро дурӯғгӯ бароварданд, паёмбароне ҳам, ки пеш аз ту  бо мӯъҷизаҳо ва навиштаҳо ва китоби равшангар омада буданд,такзиб шудаанд.

185. Ҳама кас маргро мечашад ва дар ҳақиқат дар рӯзи қиёмат музди аъмоли шуморо ба камол хоҳанд дод. Ва ҳар касро аз оташ дур созанд ва ба биҳишт дароваранд, ба пирӯзӣ расидааст. Ва ин зиндагии дунё ҷуз матоъе фиребанда нест.

186. Шуморо ба молу ҷон озмоиш хоҳанд кард. Ва аз забони аҳли китоб ва мушрикон озори фаровон хоҳед шунид. Агар сабр кунед ва парҳезгор бошед, нишони қудрати иродаи шумост.

187. Худо аз аҳли Китоб паймон гирифт, ки китоби Худоро барои мардум ошкор созанд ва пинҳонаш макунанд, вале онҳо онро пушти сар афканданд ва дар муқобил баҳои андаке гирифтанд. Чӣ бад мӯъомалае карданд!

188. Ононро, ки аз корҳое, ки кардаанд, шодмон шудаанд ва дӯст доранд ба сабаби корҳои нокардаи хеш ҳам мавриди ситоиш қарор гиранд, мапиндор, ки дар паноҳгоҳе дур аз азоби Худо бошанд. Барояшон азобе дардовар муҳайёст!

189. Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин ва Худо бар ҳар чизе тавоност!

190. Ҳар ойна дар офариниши осмонҳову замин ва омаду шуди шабу рӯз хирадмандонро ибратҳост,

191. онҳо, ки Худоро истодаву нишаста ва ба паҳлӯ хуфта, ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳову замин меандешанд:  «Эй Парвардигори мо, ин ҷаҳонро ба беҳуда наёфаридаӣ, ту покӣ, моро аз азоби оташ боздор!

192. Эй Парвардигори мо, ҳар касро, ки ба оташ афканӣ, расвояш кардаӣ ва золимонро ҳеҷ  ёваре нест!

193. Эй Парвардигори мо, шунидем, ки нидокунандае ба имон фаро мехонд, ки ба Парвардигоратон имон биёваред! Ва мо имон овардем. Пас, эй Парвардигори мо, гуноҳони моро биёмурз ва бадиҳои моро аз мо дур кун ва моро бо некон бимирон!

194. Эй Парвардигори мо, ато кун ба мо он чиро, ки ба забони паёмбаронат ба мо ваъда додаӣ ва моро дар рӯзи қиёмат расво макун, ки Ту ваъдаи хеш хилоф намекунӣ».

195. Парвардигорашон дуъояшонро иҷобат фармуд, ки ман кори ҳеҷ коргузореро аз шумо, чи зан ва чи мард, ҳама аз якдигаред, ночиз намесозам. Пас гуноҳони касонеро, ки муҳоҷират кардаанд ва аз хонаҳояшон ронда шудаанд ва дар роҳи Ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, мағфират мекунам ва ононро дар биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил мекунам. Ин подошест аз ҷониби Худо ва подоши некӯ назди Худост.

196. Омаду рафти кофирон дар шаҳрҳо туро нафиребад!

197. Ин бархурдории андакест. Пас аз он ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва ҷаҳаннам бад ҷойгоҳест!

198. Аммо барои онон, ки аз Парвардигорашон метарсанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ҳамеша дар он ҷо меҳмони Худо ҳастанд. Ва он чӣ назди Худост, барои некон беҳтар аст!

199.  Баъзе аз аҳли Китоб ба Худо ва китобе, ки бар шумо нозил шуда ва китобе, ки бар худашон нозил шудааст, имон доранд. Мутеъи  фармони Худоянд. Оёти Худоро ба баҳои андак намефурӯшанд. Музди онҳо  назди Парвардигорашон аст. Албатта, Худо ҳисобҳоро зуд хоҳад расид.

200.  Эй касоне, ки имон овардаед, бурдбор бошед ва дигаронро ба бурдборӣ фаро хонед ва дар ҷангҳо пойдорӣ кунед ва аз Худо битарсед, шояд, ки растагор шавед!

Комментарии