Сугурта чист?

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУГУРТА 

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1994, № 14, мод. 207; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1997, № 9, мод. 117; соли 1997, № 23-24, мод. 333; соли 1999, № 5, мод. 73; соли 2001, № 4, мод.179; соли 2005, № 12, мод. 635 ; соли 2008, № 3, мод. 197)

Боби I. Коидахои умуми 

Моддаи 1. Муносибатхое, ки хамин Конун танзим мекунад.

Хамин Конун муносибатхои оиди сугуртаро дар байни ташкилотхои сугурта ва шахрвандон, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо ва байни ташкилотхои сугурта танзим инчунин принципхои асосии назорати давлатиро ба фаъолияти сугуртави мукаррар мекунад.

Муносибатхои оиди сугуртаро дигар санадхои конунгузори ва меъёрии Чумхурии Точикистон низ, ки дар асоси хамин Конун кабул мешаванд танзим менамоянд. Амали хамин Конун ба сугуртаи ичтимоии давлати татбик намешавад. 

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

  • полиси сугурта – хуччате, ки аз чониби сугуртакунанда дода мешавад ва бастани шартномаи сугуртаро тасдик мекунад;
  • сугуртакуни – фаъолиятест, ки ба таъмини химояи манфиатхои шахсони вокеи ва хукуки аз окибатхои ходисахои муаяйн, гайричашмдошт (холатхои сугуртави) аз хисоби фондхои пулии аз пардохтхои (хакки аъзоги) ташкилёфтаи онхо равона гардидааст;
  • сугуртакунанда – шахси хукукие, ки шакли ташкилию хукукии он бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шуда, барои амалигардонии фаъолияти сугуртакуни ташкил ёфта, ичозатнома гирифтааст;
  • сугурташаванда – шахси вокеи ё хукуки, ки дар шартномаи сугурта яке аз тарафхо буда, сахмхои сугуртавиро мепардозад ва мувофики конун ё тибки шартнома хангоми фаро расидани ходисаи сугуртави дар доираи масъулияти сугурташуда ё маблаги сугуртавии дар шартнома зикргардида хукуки гирифтани чубронро дорад;
  • фоидагиранда – шахси дар шартномаи сугурта зикргардида, ки шартномаи мазкур ба фоидаи у баста шудааст. 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугурта

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугурта ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки онхоро Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 20.03.08 №378) 

Моддаи 3. Шаклхои сугурта

Сугурта дар шаклхои ихтиёри ва хатми сурат мегирад.

Сугуртаи ихтиёри дар асоси шартномаи байни сугурташавандаю сугуртакунанда сурат мегирад. Коидахои сугуртаи ихтиёриро, ки шартхои умуми ва тартиби ба амал баровардани онро муайян мекунанд, сугуртакунанда мустакилона мувофики хамин Конун мукаррар мекунад. Шартхои мушаххаси сугурта хангоми бастани шартномаи сугурта муайян карда мешаванд. Сугуртае, ки дар асоси санадхои конунгузори ва меъёрии Чумхурии Точикистон сурат гирифта, намудхо, шартхо ва тартиби ба амал баровардани онро муайян мекунад, сугуртаи хатми мебошад. Амалиёти оиди сугуртаи хатмии давлатиро ширкатхои сугуртаи давлатии Точикистон ба чо меоварад. 

Моддаи 4. Объектхо ва субъектхои муносибатхои сугуртави

Манфиатхои молумулкие, ки бо:

хаёт, саломати, кобилияти кории сугурташаванда ё шахси сугурташуда (сугуртаи шахси);

сохиби, истифода, ихтиёрдории молу мулк (сугуртаи молу мулк);

талофии зарари ба шахсият ё молу мулки шахси вокеи, инчунин зарари ба шахси хукуки расонидаи сугурташаванда (сугуртаи масъулият) алокаманданд, объектхои сугурта мебошанд.

Сугурташавандагон ва сугуртакунандагон субъектхои муносибатхои сугуртави мебошанд.

Сугурташавандагон хукук доранд, ки бо сугуртакунандагон барои сугурта кардани шахсони сеюм ба манфиати онхо (шахсони сугурташуда) шартнома банданд.

Сугурташавандагон хукук доранд, ки хангоми бастани шартномаи сугуртаи шахсони вокеи ё хукукиро (фоидагирандагонро) барои гирифтани маблагхои сугурта аз руи шартномахои сугурта таъин кунанд, инчунин онхоро бо салохдиди худ то вакти фаро расидани ходисаи сугуртави иваз намоянд.

Барои ташкилотхои сугурта фаъолияти сугуртави бояд кори асоси бошад.

Шахсони хукукие, ки ба талаботи пешбининамудаи хамин модда чавобгуй намебошанд, хак надоранд, бо фаъолияти сугуртави машгул шаванд.

Моддаи 5. Хавфи сугуртави, ходисаи сугуртави, пардохти сугуртави

Хавфи сугуртави ходисаи эхтимолие мебошад, ки бо назардошти ба амал омадани он сугурта карда мешавад.

Ходисае, ки хамчун, хавфи сугуртави дониста мешавад, бояд нишонахои эхтимолан ва тасодуфан ба амал омадани онро дошта бошад.

Ходисаи сугуртави ходисаи руйдодаи пешбининамудаи шартномаи сугурта ё Конун мебошад, ки бо рух додани он ухдадории сугуртакунанда оиди ба сугурташаванда, шахси сугурта шуда, фоидагиранда ё шахси дигар (шахси сеюм) пардохтани сугуртапули ба миён меояд.

Дар мавриди бо молу мулк руй додани ходисаи сугуртави сугуртапули дар шакли талофии сугуртави, дар мавриди бо шахси сугурташаванда ё шахси дигар руй додани ходисаи сугуртави бошад, дар шакли маблаги сугурта пардохта мешавад. 

Моддаи 6. Маблаги сугурта ва талофии сугуртави

Маблаги сугурта ин маблаги муайянкардаи шартномаи сугурта ё мукаррарнамудаи Конун мебошад, ки тибки он андозаи сугуртапули (хакки сугурта) ва пардохтхои сугуртави мукаррар карда мешаванд, агар дар шартнома ё санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон шартхои дигар пешбини нашуда бошад.

Хангоми сугурта кардани молу мулк маблаги сугурта аз арзиши хакикии он дар лахзаи бастани шартнома (арзиши сугуртави) зиёд шуда наметавонад. Тарафхо наметавонанд арзиши сугуртавии молу мулкро, ки дар шартномаи сугурта муайян шудааст, мавриди бахс карор диханд, ба истиснои мавридхое, ки сугуртакунанда исбот намояд, ки сугурташаванда уро касдан ба иштибох андохтааст.

Дар сурати тагйир ёфтани арзиши молу мулк дар давраи амали шартномаи сугурта (то вакти ходисаи сугуртави), сугурташаванда хак дорад бо назардошти тагйироти арзиш шартномаи сугуртаро аз нав бандад.

Агар маблаги сугуртави, ки шартномаи сугурта муайян кардааст, аз арзиши сугуртавии молу мулк зиёд бошад, он мувофики конун нисбати хамон маблаги сурурта, ки аз арзиши хакккии молу мулк дар лахзаи бастани шартнома зиёд аст, эътибор надорад.

Талофии сугуртави аз андозаи зарари бевоситаи молу мулки сугурташудаи сугурташаванда ё шахси сеюм дар холати ходисаи сугуртави зиёд шуда наметавонад, агар дар шартномаи сугурта шарту шароити дигар пешбини нашуда бошад.

Дар мавриде, ки маблаги сугурта аз арзиши сугуртавии молу мулк камтар бошад, андозаи талофии сугурта мутаносибан нисбати маблаги сугурта ба арзиши сугуртаи молу мулк кам мешавад, агар дар шартномаи сугурта шарту шароити дигар пешбини нашуда бошад.

Дар сурате, ки сугурташаванда бо якчанд сугуртакунанда ба маблаги зиёда аз мачмуи арзиши сугуртавии молу мулк шартномаи сугуртаи молу мулк баста бошад, (сугуртаи дукарата), он гох талофии сугуртае, ки вай аз хамаи сугуртакунандагон аз руи сугуртаи ин молу мулк мегирад, набояд аз арзиши сугуртавии он зиёд бошад. Дар айни хол хар як сугуртакунанда талофии сугуртаро ба андозаи мутаносиб нисбати маблаги сугурта аз руи, шартномаи бастаи онхо ба маблаги умумии хамаи шартномахои сугуртаи молу мулки мазкур, ки ин сугурташаванда бастааст, мепардозад.

Дар шартхои шартномаи сугурта дар доираи маблаги талофии сугуртави ба шакли натурави иваз кардани пардохти талофии сугуртавиро пешбини кардан мумкин аст.

Дар сугуртаи шахси маблаги сугурта маблагхои пулие мебошанд, ки дар доираи онхо сугуртакунанда вазифадор аст хангоми ба вукуъ пайвастани ходисаи сугуртави пул дихад. Маблаги сугуртаро сугурташаванда ва сугуртакунанда хангоми бастани шартномаи сугурта мукаррар мекунанд.

Маблаги сугурта ба сугурташавандагон ё шахси сеюм новобаста аз маблаге, ки ба онхо бояд аз руи дигар шартномахои сугурта, инчунин аз руи ичтимои, таъминоти ичтимои ва мувофики талофии зарар пардохта шавад, дода мешавад.

Сугурташаванда хангоми бастани шартномаи сугурта хак дорад барои гирифтани маблаги сугурта баъди вафоташ касеро, ки хохад, муайян кунад. Маблаги сугуртавии гирифтаи ин шахс ба таркиби молу мулки мероси дохил намешавад. 

Моддаи 7. Пардохти (хакки) сугурта ва тарифи сугуртави

Пардохти (хакки) сугурта маблаги сугурта мебошад, ки сугурташаванда вазифадор аст мувофики шартномаи сугурта ё Конун онро ба сугуртакунанда супорад.

Тарифхои сугуртави ставкахои пардохтхои (хакки) сугурта мебошанд, ки андозаашон баъди дар ташкилоти сугурта чамъ шудани маблагхои кофии молияви, ки худтаъминшавии харочоти баамаломадаро таъмин мекунанд, мукаррар карда мешавад.

Дар санадхои конунгузори ё меъёри дар бораи сугуртаи хатми ба сугуртакунанда мумкин аст хукук дода шавад, ки бо ризояти вазорату идорахои манфиатдор тарифхоро мустакилона мукаррар намояд.

Тарифхои сугуртавиро аз руи сугуртаи ихтиёри метавонанд сугуртакунандагон мустакилона хисоб ва мукаррар кунанд.

Андозаи мушаххаси тарифи сугуртави дар шартномаи сугурта муайян карда мешавад.

Шахрвандон ва шахсони хукукии хоричи, корхонахои муштараке, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон амал мекунанд, мувофики шартномаи сугурта ба ташкилоти сугурта пардохтхои (хакки) сугуртавиро бо асъори табодули озод ё асъори дигар месупоранд.

Аз пардохтхои (маблагхои) сугуртави, ки дар давраи амали шартномаи сугурта супорида шудаанд, чарима ситонида намешавад, ба истиснои холатхои мусодираи маблагхои пули мувофики хукм ё карори суд, ки эътибор пайдо кардааст, дар чунин холатхо чарима аз маблаги пардохташудаи сугуртави дар хачми маблаги харид ситонида мешавад.

Корхонахо, муассисахо, ташкилотхо (новобаста аз шакли моликият) вазифадоранд, ки супоришхои хаттии кормандонашонро дар бораи аз музди корашон (даромадашон) дошта гирифтани пули (хакки) сугурта ва ба хисоби ташкилоти сугурта гузарондани он ичро намоянд.

Маъмурияти корхонахо, муассисахо, ташкилотхо (новобаста аз шакли моликият) метавонад якчоя бо шурои коллективи мехнати ва кумитаи иттифоки касаба дар бораи аз хисоби маблагхои худи пардохт кардани пули (хакки) сугуртаи шахси ва молу мулки кормандонаш аз руи шартнома карор кабул кунад. 

Моддаи 8. Окибатхои напардохтани хакки сугуртаи хатми

Дар сурати напардохтани хакки сугуртаи хатми он аз тарафи ташкилотхои сугурта мувофики тартиби барои руёнидани пардохтхои андози ва гайриандози ба бучет мукарраршуда ситонида мешавад. 

Моддаи 9. Сугуртаи муштарак ва сугуртаи такрори

Сугуртаи муштарак аз тарафи ду ё зиёда аз он сугуртакунанда сугурта кардани як объекти сугурта мебошад. Дар айни хол дар шартнома бояд шартхое мавчуд бошанд, ки хукуку вазифахои хар як сугуртакунандаро муайян намоянд.

Сугуртаи такрори аз тарафи сугуртакунанда (сугуртакунандаи такрори) бо шартхои муайянкардаи шартнома ба ташкилоти махсуси такроран сугуртакунанда ё дигар сугуртакунанда (сугуртакунандаи такрори), додани хамаи ё як кисми ухдадорихои худ дар назди сугурташаванда мебошад.

Хангоми фаро расидани ходисаи сугуртави сугуртакунандаи такрори ба андозаи ухдадорихои кабулкардааш оид ба сугуртаи такрори масъул мебошад. Дар айни хол сугуртакунанда дар назди сугурташаванда комилан масъул мебошад. 

Моддаи 10. Иттиходияи сугуртакунандагон

Сугуртакунандагон метавонанд барои мутобикгардонии фаъолияташон, химояи манфиатхои аъзои худ ва татбики барномахои муштарак иттифокхо, ассоциацияхо ва дигар иттиходияхо ташкил кунанд,

агар таъсиси онхо хилофи талаботи

конунгузории Чумхурии Точикистон набошад. Ин иттиходияхо хак надоранд, ки бевосита бо фаъолияти сугуртави машгул шаванд.

Иттиходияхои сугуртакунандагон мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки» ба кайди давлати гирифта шуда, дар асоси оинномахояшон фаъолият мекунанд. (КЧТ аз 20.03.08 №378)

Боби П. Шартномаи сугурта 

Моддаи 11. Мафхуми шартномаи сугурта

Шартномаи сугурта созишномаи хаттии байни сугурташаванда ва сугуртакунанда мебошад, ки мувофики он сугуртакунанда ухдадор мешавад дар вакти руй додани ходисахои сугуртави ба сугурташаванда ё шахси дигаре, ки шартномаи сугурта ба манфиати у баста шудааст, мабгаги сугуртаро пардозад, сугурташаванда бошад, ухдадор мешавад, ки пули (хакки) сугуртаро дар мухлатхои мукарраршуда супорад.

Шартномаи сугурта метавонад дигар шартхоеро низ, ки бо розигии тарафайн муайян мешаванд, дар бар гирад ва бояд ба шартхои умумии боэътибории созиш, ки дар конунгузории шахрвандии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, чавоб дихад. 

Моддаи 12. Тартиби бастани шартномаи сугурта

Барои бастани шартномаи сугурта сугурташаванда ба ташкилоти сугуртакунанда ариза менависад ё дар бораи бастани шартномаи сугурта хохиш доштанаш шифохи арз мекунад.

Сугуртакунандагон метавонанд фаъолияти сугуртавиро тавассути намояндагони сугурта ба амал бароранд, инчунин барои ин кор шахсони дигари вокеи ва хукукиро ваколатдор намоянд.

Намояндагони сугурта – шахсони вокеи ва ё хукуки аз номи сугуртакунанда ва бо супориши у мувофики ваколатхои додашуда амал мекунад.

Шартномаи сугурта аз лахэаи аз тарафи шахси сугурташаванда пардохтани маблаги (хакки) аввалаи сугурта эътибор пайдо мекунад, агар дар шартнома ё Конун шарту шароити дигар пешбини нашуда бошад 

Моддаи 13. Мундаричаи шартномаи сугурта

Хангоми бастани шартномаи сугурта сугуртакунанда вазифадор аст ба сугурташаванда шаходатномаи (полиси) сугурта ё хуччати ивазкунандаи онро дихад, ки ба он истинод аз коидахои сугурта замима мегардад.

Дар он бояд чунин маълумот нишон дода шавад:

1) номи хуччат;

2) ном, нишонии конунии сугуртакунанда;

3) номи хонаводаги, ном, номи падар ё номи сугурташаванда ва нишонии вай;

4) аломатхои объекти сугурта;

5) аломатхори хавфи сугурта, ки ба сабаби он шартномаи сугурта баста мешавад, хамчунин ходисаи сугуртави, ки хангоми ба амал омадани он сугуртакунанда вазифадор аст ба сугурташаванда маблаги сугурта ва талофии сугуртавиро дихад;

6) андозаи маблаги сугурта;

7) андозаи пардохти (хакки) сугурта;

8) мухлат ва тартиби пардохти он;

9) ибтидо ва интихои шартномаи сугурта;

10) дигар шартхо аз руи созиши тарафайн, аз чумла замимахо ба коидахои сугурта ё истиснои онхо;

11) имзои (факсимилеи) сугуртакунанда. 

Моддаи 14. Eхдадорихои сугуртакунанда

Сугуртакунанда ухдадор аст, ки;

1) сугурташавандаро бо коидахои сугурта шинос кунад;

2) дар сурати аз тарафи сугурташаванда андешидани тадбирхое, ки хавфи ба амал омадани ходисаи сугуртави ва андозаи зарари имконпазири молу мулки сугурташударо кам мекунад ё дар мавриди зиёд шудани арзиши хакккии он бо аризаи сугурташаванда шартномаи сугуртаро бо назардошти ин холатхо аз нав бандад;

3) хангоми ба амал омадани ходисаи сугуртави дар мухлати мукарраркардаи шартнома ба сугурташаванда маблаги сугурта (талофии сугуртави)-ро дихад.

Сугуртакунанда барои сари вакт напардохтани маблаги сугурта (талофии сугуртави) аз руи шартномаи сугуртаи ихтиёри ва хатми, инчунин барои пеш аз мухлат бо айби коркунони ташкилоти сугурта бо рохи ба сугурташаванда додани чаримаи ахдшикани катъ гардидани шартнома масъулияти модди дорад, ки андозаи онро шартхои сугурта муайян мекунад;

4) харочоти сугурташавандаро, ки хангоми ходисаи сугуртави барои пешгири ё кам кардани зарари молу мулки сугурташуда сарф кардааст, баргардонад, агар талофии ин харочот дар коидахои сугурта пешбини шуда бошад. Дар ин маврид харочоти зиёда аз андозаи зарари расонидашуда талофи намешавад;

5) маълумотро дар бораи сугурташаванда ва вазъи молу мулки он ошкор насозад, ба истиснои мавридхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст

Дар шартномаи сугурта инчунин дигар ухдадорихои сугуртакунанда пешбини шуданаш мумкин аст.

Моддаи 15. Eхдадорихои сугурташаванда

Сугурташаванда ухдадор аст, ки:

1) сари вакт сугуртапулиро пардозад;

2) хангоми бастани шартномаи сугурта ба сугуртакунанда дар бораи хамаи холатхои ба у маълум, ки барои баходихии хавфи сугуртави ахамият доранд, хамчунин нисбати хамаи шартномахои сугуртавии басташуда ё басташавандаи объекти сугурта хабар дихад;

3) барои пешгирии зарар ва хаддалимкон кам шудани зарари молу мулки сугурташуда хангоми ба амал омадани ходисаи сугуртави тадбирхои зарури андешад ва дар мухлати дар шартнома нишондодашуда ба сугуртакунанда оиди ба амал омадани ходисаи сугуртави хабар расонад.

Дар шартномаи сугурта дигар ухдадорихои сугурташаванда низ пешбини шуданаш мумкин аст. 

Моддаи 16. Иваз шудани сугурташаванда дар шартномаи сугурта

Дар мавриди фавти сугурташаванда, ки шартномаи сугуртаи молу мулкро бастааст, хукук ва ухдадорихои сугурташаванда метавонад ба шахсе, ки ин молу мулкро бо тартиби меросгири кабул намудааст, гузарад.

Хангоми фавти сугурташаванда, ки шартномаи сугуртаи шахсиро ба фоидаи шахси сеюм бастааст, хукуку ухpдадорихои муайянкардаи хамин шартнома бо розигиаш ба шахси сеюм мегузарад. Хангоми аз тарафи ин шахс имконнопазир будани ичрои ухдадорихои шартномаи сугурта хукуку ухдадорихояш метавонад ба шахсоне гузарад, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон хифзи хукук ва манфиатхои конунии шахси сугурташударо таъмин мекунанд.

Дар мавриди фурухтан, иваз намудан, тухфа кардан, ба ичора мондани моликияти сугурташуда хукук ва ухдадорихои сугурташаванда ба шахси ин моликиятро кабулкарда гузашта метавонад.

Агар дар давраи амали шартномаи сугурта сугурташаванда аз тарафи суд гайри кобили амал ё кобилияти амалаш махдуд хисобида шавад хукук ва ухдадорихои чунин сугурташавандаро парастор ё нигохбони у амали мегардонад. Дар ин холат аз лахзаи катъ ё махдуд шудани фаъолияти сугурташаванда сугуртаи масъулият ба итмом мерасад.

Дар мавриди аз нав ташкил ёфтан ё бархам хурдани сугурташаванда, ки шахси хукуки мебошад, дар давраи амали шартномаи сугурта хукуку ухдадорихои вай аз руи ин шартнома бо розигии сугуртакунанда мувофики тартиби мукарраркардаи санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ба вориси дахлдори вай мегузарад. 

Моддаи 17. Тартиб ва шартхои пардохти пулии сугурта

Пули сугуртавиро сугуртакунанда мувофики шартномаи сугурта ё Конун дар асоси аризаи сугурташаванда ва санади сугуртави мепардозад.

Санади сугуртаро сугуртакунанда ё шахси ба ин ваколатдор тартиб медихад. Дар сурати зарурат сугуртакунанда метавонад вобаста ба ходисаи сугуртави аз макомоти хифзи хукук, бонкхо муассисахои тибби ва дигар корхонахою муассисахо ва ташкилотхое, ки оиди ходисаи суггуртави иттилоот доранд, маълумот гирад, хамчунин хукук дорад сабабу холатхои ходисаи сугуртавиро мустакилона муайян намояд.

Корхона, муассисаю ташкилотхо (сарфи назар аз шакли моликияташон) вазифадоранд, ки ба сугуртакунандагон мувофики дархости онхо маълумоти вобаста ба ходисаи сугуртавиро, аз чумла маълумоти сирри тичорати доштаро диханд. Дар ин холат сугуртакунандагон барои дар кадом шакле набошад, фош шудани сирри тичорати, ба истиснои холатхои дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинишуда, масъул мебошад. 

Моддаи 18. Беэътибор шудани шартномаи сугурта

Шартномаи сугурта дар холатхои пешбининамудаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ва хамин Конун беэътбор дониста мешавад.

Мувофики хамин Конун шартномаи сугурта инчунин дар холатхои зерин беэътибор дониста мешавад:

  1. агар объекти сугурта молу мулке бошад, ки дар асоси карори дахлдори эътибор пайдокардаи суд мусодира карда мешавад;
  2. дар холатхое, ки агар сугурташаванда максади гайриконуни ба даст овардани фоидаро дошта бошад, инчунин бо хамин максад баъди руй додани ходисаи сугуртави шартнома бандад.
  3. Шартномаи сугуртаро суд беэътибор мекунанд. 

Моддаи 19. Надодани пули сугурта

Сугуртакунандахукук дорад, ки дар мавридхои зайли ба амал омадани ходисаи сугуртави пули сугуртаро пурра ё кисман надихад:

1) дар сурати амали баркасдонаи сугурташаванда, шахси сугурташуда ё фоидагиранда, ки барои руй додани ходисаи сугуртави равона шудааст;

2) аз тарафи сугурташаванда ё шахсе, ки ба фоидаи у шартномаи сугурта баста шудааст, дидаю дониста содир кардани чинояте ки бевосита бо ходисаи сугуртави алокаманд мебошад;

3) аз тарафи сугурташаванда ба сугуртакунанда дар бораи объекти сугурта маълумоти бардуруг додан;

4) аз шахси гунахкори ба молу мулки сугурташуда зараррасонида товони зарарро гирифтани сугурташаванда;

5) дар дигар мавридхои пешбининамудаи санадхои конунгузори.

Дар шартномаи сугурта боз дигар асосхои надодани маблаги сугурта пешбини шуданаш мумкин аст, агар онхо ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф набошанд.

Карор дар бораи надодани маблаги сугурта аз тарафи сугуртакунанда кабул мешавад ва он ба сугурташаванда дар шакли хатти бо нишон додани сабабхои напардохтани маблаг расонда мешавад.

Сугурташаванда, шахси сугурташуда, фоидагиранда ё дигар шахси вокеи ва хукуки метавонанд ба суд, суди иктисоди, аз хусуси маблаги сугуртаро надодани сугуртакунанда шикоят кунанд. 

Моддаи 20. Катъ гардидани шартномаи сугурта

Шартномаи сугурта дар мавридхои зайл катъ мегардад:

1) дар сурати ба охир расидани мухлати шартнома;

2) аз тарафи сугуртакунанда оиди шартнома пурра ичрр шуда ухдадорихояш дар назди сугурташаванда;

3) дар мухлати нишондодаи шартнома сугуртапулиро напардохтани сугурташаванда;

4) бархам хурдани сугурташаванда, ки шахси хукуки мебошад ё вафот кардани сугурташаванда, ки шахси вокеи аст, гайр аз мавридхое, ки дар моддаи 16-уми хамин Конун нишон дода шудаанд;

5) дар сурати бархам хурдани сугуртакунанда мувофики тартибе, ки дар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар гардидааст;

6) аз тарафи суд кабул шудани карор дар бораи беэътибор донистани шартномаи сугурта;

7) дар дигар мавридхое, ки санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардаанд.

Шартномаи сугурта бо талаби сугурташаванда ё муассисаи сугурта агар дар шартномаи сугурта пешбини шуда бошад, метавонад пеш аз мухлат катъ гардад, хамчунин бо созиши тарафхо катъ шуданаш мумкин аст.

Дар бораи нияти пеш аз мухлат катъ намудани шартномаи сугурта тарафхо бояд на камтар аз 30 рузи пеш аз санаи дар назар дошта катъи шартнома якдигарро огох намоянд, агар дар шартнома дигар шарту шароит пешбини нашуда бошад.

Хисобу китоби байнихамдигарии сугуртапули аз руи шартномаи сугуртаи пеш аз мухлат катъгардида мувофики тартиби (шартхои) сугуртави халлу фасл мешавад. 

Моддаи 21. Гузаштани хукуки сугурташаванда ба сугуртакунанда дар бобати сугуртаи молу мулк нисбати шахсе, ки масъули зарари расид мебошад

Ба ташкилоти сугурта, ки дар асоси сугуртаи молу мулк маблаги сугутаро пардохт намудааст, дар доираи маблаг хукуки талаб намудан, ки сугурташаванда (ё шахси дигари пардохти сугуртавиро гирифта) нисбати шахси масъули зарари расондашуда дорад, мегузарад. 

Боби III. Таъмини заминаи молиявии сугуртакунандахо 

Моддаи 22. Асосхои заминаи молиявии сугуртакунандахо

Асоси заминаи молиявии сугуртакунандахо аз инхо аборат аст:

1) маблаги пардохташудаи – фонди оинномави, дар сурати сугурта кардан ба асъори хоричи – фонди асъори;

2) захирахои сугуртави;

3) системаи азнавсугуртакуни. 

Моддаи 23. Захирахои сугуртави ва фондхои сугуртакунандагон

Барои таъмини ичрои ухдадорихои сугуртави ва таъмини фаъолияти худ сугуртакунандагон аз хисоби маблагхои гирифташудаи сугуртви (сугуртапули) ва даромадхои дигар захирахои (фондхои) зарур сугурта ташкил медиханд. Зимнан аз руи намудхои сугуртаи ихтиёри захирахо (фондхо) мустакилона ва аз руи намудхои хатмии сугурта мувофики тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи санадхои конунгузори ё меъёрии Чумхурии Точикистон ташкил карда мешаванд.

Ба хамин тартиб сугуртакунандагон хукук доранд, ки захирахои маблаггузориро барои тадбирхои пешгирии ходисахои нохуш, нобудшави ё зарар дидани моликияти сугурташуда ташкил диханд. Маблагхои ба ин максадхо сарфшаванда ба таркиби арзиши аслии харочоти муомилоти сугуртави дохил мешавад.

Фехристи ин тадбирхо аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Захирахои сугуртавие, ки сугуртакунандагон ташкил медиханд, ба бучети чумхури ва дигар бучетхо гузаронда намешаванд.

Сугуртакунандагон хукук доранд маблаггузори кунанд ва ё ба тарики дигар захирахои сугуртави ва дигар маблагхоро чойгир намоянд, ба сугурташавандагоне, ки шартномаи сугуртаи шахси бастаанд, дар доираи хачми маблаги сугуртавии ин шартномахо карз диханд, хамчунин дигар фаъолияти истехолиро, ки Конун ичозат додааст, ба чо оранд.

Гузоштани захирахои сугуртави ва дигар маблагхо аз тарафи сугуртакунандагон бояд бо шартхои бозгардони ва фоидаовари ба рох монда шавад.

Моддаи 24. Кафолатхои кобилияти пардохтии сугуртакунандагон

Барои таъмини кобилияти пардохтиашон сугуртакунандагон вазифадоранд, ки таносуби меъёрии байни активхо ва ухдадории сугуртавии кабулкардаашонро риоя кунанд. Тартиби хисобу, китоби ин туносуб ва хачми меъёрии онхо аз тарафи Назорати сугуртаи давлатии назди Вазорати молияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Сугуртакунандагон, ки ба зимма чунин ухдадори гирифтаанд ва иирои он аз хисоби маблагхои худи ва захирахои сугуртави имконнопазир аст, вазифадоранд, ки хавфи ичрои ухдадории дахлдорро бо азнавсугурташавандахо сугурта намоянд. 

Моддаи 25. Хисобкуни ва хисоботдихии сугуртакунандагон

Накшаи хисобу китоб ва коидахои хисоботи мухосибави, нишондихандахо ва шаклхои муомилоти сугуртави ва хисоботдихии сугуртакунандагон аз тарафи Назорати сугуртаи давлатии назди Вазорати молияи Чумхурии Точикистон бо мувофикаи Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ва хизмати омории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад. Муомилоти сугуртаи шахсиро сугуртакунандагон дар нисбати муомилоти сугуртаи молу мулк ва сугуртаи масъулият алохида хисобу китоб менамоянд.  

Моддаи 26. Нашри тавозуни солона аз тарафи муассисахои сугурта

Сугуртакунандагон тавозуни солона ва хисобхои фоидаю зарарро дар мухлати мукаррарнамудаи Назорати сугуртаи давлатии назди Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, баъди тасдики аудитории дурустии маълумотхои овардашуда нашр мекунанд.

Боби IV. Назорати давлати ба фаъолияти сугуртави дар Чумхурии Точикистон 

Моддаи 27. Назорати давлати ба фаъолияти сугуртави дар Чумхурии Точикистон

Назорати давлати ба фаъолияти сугуртави бо максади риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон оиди сугурта, самаранок инкишоф додани хизмати сугуртави, хифзи хукуку-манфиатхои сугурташавандаю сугуртакунанда ва дигар шахсони манфиатдор ва давлат сурат мегирад.

Назорати давлати ба фаъолияти сугуртави дар худуди Чумхурии Точикистон аз тарафи Назорати сугуртаи давлатии назди Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, ки дар асоси Низомномаи тасдиккардаи Хукумати Чумхурии Точикистон амал мекунад, амали мегардад.

Моддаи 28. Бакайдгирии ташкилотхои сугурта ва литсензиядихи барои фаъолияти сугуртави

Хамаи ташкилотхое, ки новобаста аз шакли ташкили-хукукиашон ба фаъолияти сугуртави машгуланд, бояд мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шаванд ва ичозатнома (литсензия) гиранд.

Ичозатнома (литсензия) барои фаъолияти сугуртави мувофики тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» дода мешавад.

Дар бораи тагйироте, ки ба хуччатхои таъсиси дохил мешаванд, сугуртакунанда вазифадор аст ба Назорати сугуртаи давлатии назди Вазорати молияи Чумхурии Точикистон дар мухлати як мохи баъди кабул шудану карор оиди ин тагйиротхо хабар дихад. Бакайдгирии ташкилотхои азнавсугуртакуни ва литсензиядихи барои фаъолияти онхо мувофики тартиби дар ин модда нишондодашуда сурат мегирад.

 Моддаи 29. Риояи сирри тичоратии сугуртакунанда

Мансабдорони Назорати сугуртаи давлатии назди Вазорати молияи Чумхурии Точикистон хак надоранд, ки бо максадхои гаразнок ба хар шакле ки бошад, сирри тичоратии сугуртакунандаро ошкор намоянд. Дар акси хoл онхо ба чавобгарии интизоми кашида мешаванд.

Боби V. Коидахои нихои

Моддаи 30. Хифзи хукук ва манфиатхои сугурташаванда, ки бо маълумотхои дар шартномахо ва хуччатхои дигар дар бораи сугурта чойдошта иртибот доранд ва боздоштани хисоби муассисахои сугурта

Сугуртакунанда ва миёнаравхои сугурта бояд маълумотеро, ки дар шартномахо ва хуччатхои дигар дар бораи сугурта мавчуданд, махфи нигох доранд. Ин маълумотхо факат ба сугурташаванда ва намояндахои конунии вай, инчунин судхо, макомоти тафтиш ва тахкики пешаки аз руи парвандахои чинои, ки тахти кор мебошанд, ё ба судхо аз руи парвандахои граждани ва иктисоди, ки дар ихтиёри онхоанд, рочеъ ба сугурташаванда ё шахси сугурташуда ё ташкилоти сугуртадода шуда метавонанд.

Кормандони ташкилотхои сугурта, миёнаравхои сугурта, инчунин шахсони мансабдори дар банди якуми ин модда зикршуда, ки сирри маълумотхои дар шартнома ва хуччатхои дигар дар бораи сугурта чойдоштаро ошкор месозанд, ба тартиби мукарраркардаи Конун мавриди масъулият карор мегиранд.

Боздоштани воситахои пулие, ки аз тарафи муассисаи сугурта дар шакли пардохтхои (хакки) сугуртави гирифта шудаанд, инчунин хилофи шартхои ухдадории бо сугурташаванда вучуддошта ситонидани онхо, дар сурати аз руи асосхо ва тартиби мукарраркардаи Конун беэътибор донистани у хдадории сугурта амали шуда метавонад. 

Моддаи 31. Сугуртаи шахрвандони хоричи, шахсони бетабаа, шахсони хоричи, ки дар Чумхурии Точикистон мебошанд

Шахрвандони хоричи, шахсони бетабаа, шахсони хукукии хоричи, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон мебошанд, ба химояи сугуртави баробари шахрвандону шахсони хукукии Чумхурии Точикистон хукук доранд.

Моддаи 32. Сугуртаи молу мулк ва манфиатхои молу мулкии корхонахо, муассисаю ташкилотхои дар хорича будаи Чумхурии Точикистон

Молу мулк ва манфиатхои молу мулкии корхонахо, муассисаю ташкилотхои дар хорича будаи Чумхурии Точикистон (сарфи назар аз шакли моликият) мувофики тартиби мукарраркардаи ин Конун сугурта мешаванд, агар ин хилофи конунгузории он мамлакат набошад. 

Моддаи 33. Баррасии бахсхое, ки аз шартномаи сугурта бармеоянд

Бахсхои вобаста ба сугурта дар суд, суди иктисоди мувофики салохияти онхо халлу фасл мешаванд. Дар ин маврид муассисахои сугурта ва сугурташавандахо аз руи ин гуна парвандахо аз пардохти бочи давлати озоданд.

Моддаи 34. Шартномахои байналмилали

Агар дар шартномаи байналмилалии Чумхурии Точикистон назар ба конунгузории Чумхурии Точикистон коидахои дигари сугурта мукаррар шуда бошанд, коидахои шартномаи байналмилали истифода мешаванд. 

Моддаи 35. Дар бораи тартиби фаъолияти сугуртави

Сугуртакунанда аз хамаи воситахои дастрасбудаи иттилооти омма (радио, телевизион, матбуот ва гайра) истифода бурда, хукук дорад он, хизматхои сугуртавиро, ки барои онхо лицензия дорад, таргиб намояд.

Сугуртакунанда фаъолияти таргиботиашро ба мукобили дигар ташкилоти сугуртави равона карда наметавонад.

Моддаи 36. Катъ гардидани фаъолияти ташкилоти сугурта

Фаъолияти ташкилоти сугурта мувофики тартиби мукаррарнамудаи Конун катъ мегардад. Барои бархам додани ташкилоти сугурта бо иштироки Назорати сугуртаи давлатии назди Вазорати молияи Чумхурии Точикистон комиссияи бархамдихи ташкил дода мешавад.

Комиссияи бархамдихи шикояти пешниходнамудаи ташкилоти сугуртаро дида мебарояд, хачми сугуртапулиро, ки ба сугурташаванда бояд дода шавад ва ё якчоя бо ухдадорию хукуки муассисаи сугурта ба дигар ташкилоти сугурта гузаронда шавад, муайян менамояд. Зимнан ухдадорихои дар назди сугурташаванда гирифташуда _И_И_назар ба дигар карздихандагону фоидагирандагон дар навбати аввал ичро карда мешаванд.

 

Раиси Шурои Олии

Чумхурии Точикистон Э. РАХМОНОВ

шахри Душанбе 20 июли соли 1994

№981

 

КАРОРИ ШEРОИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Дар хусуси ба мавкеи ичро гузоштани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи сугурта»

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1994, №14, мод. 208)

Шурои Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сугурта» аз лахзаи нашр шудан ба мавкеи ичро гузошта шавад.
  2. Муассисахои сугуртае, ки аз кайд гузашта то ба мавкеи ичро гузошта шудани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сугурта» лицензия гирифтаанд, бояд мувофики талаботи Конуни мазкур то 1 январи соли 1995 аз нав аз кайд гузашта, лицензия гиранд. Онхое, ки таносуби меъёрии байни активхо ва ухдадорихои кабулкардаи сугуртавиро таъмин намекунанд, бояд дар мухлатхои бо Назорати давлатии сугуртаи назди Вазорати молияи Чумхурии Точикистон муфовик кунонидашуда андозаи фонди ибтидоии пардохташударо зиёд карда, як кисмхои хавфи ичрои ухдадорихояшонро аз нав сугурта кунанд, ё дигар усулхои нигох доштани кобилияти пардохтии худро, ки хилофи конунхои Чумхурии Точикистон нестанд, татбик намоянд.
  3. Бо максади химояи бозори ташаккулёбандаи сугуртаи Чумхурии Точикистон мувофики моддаи 4-и Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сугурта» мукаррар карда шавад, ки шахсони хукукии хоричи ва шахрвандони хоричи хукук доранд дар каламрави Чумхурии Точикистон факат дар шакли ширкатхои масъулияташон махдуд ё чамъиятхои сахомии ташкилотхои сугуртави таъсис диханд. Дар айни хол сахми инвесторхои хоричи дар фонди ибтидоии чунин ташкилот дар мачмуъ аз 49 фоиз зиёд буда наметавонад.
  4. Шурои Вазирони Чумхурии Точикистон дар мухлати се мох:

дар хусуси ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сугурта» мутобик гардондани санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ба Раёсати Шурои Олии Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход кунад;

аз нав дида баромадан ва бекор кардани санадхои меъёрии вазорату идорахои Чумхурии Точикистонро, ки хилофи хамин Конун мебошанд, таъмин намояд;

бо назардошти бекурбшавии пул андозаи хадди акали фонди ибтидоии пардохташудаи ташкилотхои сугуртаро, ки барои лицензия гирифтани онхо бахри амали гардондани фаъолияти сугуртави ва аз нав сугурта кардан зарур аст, муайян намояд;

андозаи пардохтро барои додани лицензия бахри амали гардондани фаъолияти сугуртави ва аз нав сугурта кардан мукаррар намояд.

  1. Мукаррар карда шавад, ки муносибатхои сугуртавии то замони эътибор пайдо кардани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сугурта» бамиёномада мувофики Шартномахои басташуда амал мекунанд.

 

Раиси Шурои Олии

Чумхурии Точикистон Э. РАХМОНОВ

шахри Душанбе 20 июли соли 1994

№982__

Комментарии