Соли нав 2018

Соли Нав ин яке аз идҳои қадимтарини дунё буда таърихи зиёда аз 5 ҳазор соларо дорад ва дар ҳар як давлат ӯ ҳаргуна буда дар санаҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Масалан дар Тоҷикистон Соли Нав 2-маротиба ҷашн гирифта мешавад ва ин ҳам бошад 1-уми январ аст ва ҳам иди Навруз, ки санаҳои 21-24-уми март ҷашн гирифта мешавад. Дар Хитой бошад онҳо ҷашнгирии иди Соли навро мисли Тоҷикистон ҳам 2-маротиба аз ҷумла соли навии Хитоӣ ки моҳи феврал аст ва соли навии ҷаҳонӣ доранд.

Вале аз ҳама маъмултарин ҷашнгирии Соли Нав ин мувофиқи солшумори Григорӣ, қариб дар тамоми ҷаҳон (ғайр аз чанде аз давлатҳои мусалмонӣ) ҷашн гирфта мешавад ва мутобиқи ин солшумори тамоми вақт (соат) ҳисоботҳои молиявию оморӣ, ҳаракати ҷирмоҳои осмониву заминӣ ба қайд гирифта мешаванд. Имрузҳо мутобиқи солшумории Григорӣ нисфи зиёди адабиётҳои ҷаҳон ба ҳисбу китоби вақт такя менамоянд.

Дар саҳифаи зер як қатор мавод аз ҷумла сухану шеърҳои табрикотӣ, таърихи соли нави меълодӣ ва суратҳои солинавиро гузошта омад омади онро ба Шумо муборакбод гуфта беҳтарин таманиётро бароятон таманно дорем!

Худ таҷлилгирии соли нав, таърихи зиёда аз панҷ ҳазор солро дар худ соҳиб буда дар адабиётҳои таърихӣ оиди он як қатор маълумот сабт шудааст. Дар замонҳои қадим, ки тақрибан солҳои 3000-ум пеш аз мелодро дар назар дорад дар сарзаминҳои Байнаннаҳрайн, ки қисми ғарбии мулки мардуми форсизабонро он замонҳо ташкил мекард ин чорабинӣ тантанавор ҷашн гирифта мешуд. Оғози Соли нав он давраҳо охири моҳи март – аввали баҳор, дар давраи оғози мавсими кишту кор, давоми 12 руз ҷашн гирифта мешуд. Он рузҳо мардум либосҳои деҳқониро ба бар карда дар даст олотҳои кишоварзӣ ва санъаткориро гирифта ба соҳилҳои дарёи Ефрот ва Тигри баргашта бо об пуршаванда мебаромаданду хурсандӣ мекарданд.

Видеои сурудхо дар бораи Соли Нав аз Баха 84 (клип)

 

Чи хеле ки мебинед маҳз мардуми форсзабону араб дар пайдоиши соли нав асосгузоранд. Баъдан мардуми Аврупо ин идро ба фарханги худ қабул карданд. Дар давраи ҳукмронии шоҳи румӣ Юлий Сезар (2050 сол пеш) солшумори нав таҳия шуда то андозае такомул ёфт ва аз ҳамон давра бо номи ҳамон шоҳ гузошта шуда, ки ҷашнгириаш ба 1-уми январ баробар буд. Яъне солшуморие, ки имруз дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст маҳз ба ин шоҳ таалуқ дошта бо номи солшумории Юлианӣ маъруф аст. Сошумории Юлиани бар ивази солшумории Румӣ ворид карда шуд ки он ҳам дар навбати худ сарчашмааш аз солшумории Мисриҳо сарчашма мегирифт.

Соли нав муборакБарои мувофиқ кардани солшуморӣ бо гардиши замин дар гирди офтоб, аз ҷониби пешвои динии Католикҳо – Григорий XIII, соли 1582 ба солшумории Юлианӣ тағйиротҳо ворид карда шуда ислоҳот аввал байни 4 мамолик барои солшумории нав ворид карда шуд ки он баробари 365,24 руз ба 1 сол баробар карда шуд. Баъдан ин солшумории ислоҳшуда бо номи солшумори Григорӣ байни дигар давлатҳои дунё паҳн шудан гирифт.

Солшумории Григорӣ пас аз оне ки сарзамини тоҷикон ба империяи Руссҳо ворид гадид ба оғози ҷашнгирии ин намуди солшуморӣ шуруъ карда шуд, чун ки маҳз ин намуди солшумори дар фарҳанги русҳо пештар ворид шуда буд. То ин дам солшумории мусалмонӣ (моҳтобӣ) ва солшумории форсизабониҳо (Навруз), ки аз ҳиҷрати офтоб вобаста аст дар сарзамини тоҷикон таҷлил карда мешуд.

Имрузҳо ҳам соли навро бисёрии диндорони тоҷик, соли нави мелодиро (григорӣ ё юлианиро) ба Ислом ягон алоқае надорад гуфта ҷашнгирии онро ҳаром мешуморанд. Баъзеи мардум бошад соли нави мелодиро ба рузи таваллуди паёмбар Исо таалуқ дониста инро ҳам ба фарҳангу дини ислом бегона дониста ҷашнгирии онро нолозим медонанд. Лек онҳо иштибоҳ менамоянд, чун ки рузи таваллуди Исои Масеҳ асосан ба 25-уми декабр буда онро “Рождество” гуфта ҷашн мегиранд. Паёмбар Исо соли 12-4 пеш аз мелод таваллуд шуда соли 26-36 соли мелоди вафот кардааст.

Умуман дар Тоҷикистони демократӣ ҷашнгирии иди Соли нави мелодӣ дар қатори ҷашнгирии соли нави миллӣ аз ҷумла «Навруз» мақоми хоса дошта дар қонуни махсуси соли 2012 қабулшуда вобаста бар он сабт карда шудааст. Ҳамин тавр ҳар сол Соли навро ҳамасола 1-ум январ эълон шуда рузӣ истироҳатӣ қабул карда шудааст. Як руз пеш – яъне 31-уми декабр дар шаҳрҳои калонтарин маҳфилҳои фарҳангӣ – сурду таронахонӣ, рақсу бозӣ ва дигар намудҳои хурсандиҳо ташкилу баргузор мегаранд. Албата дар шаҳр арчаи солинавӣ оро дода шуда дар назди он Бобои Барфӣ ва Барфак гузошта мешаванд.

Таронаи Сол нав (Мархабо)

Модаҳои таркандаро шабона тарконида осмони торикро зебо мегардонанд. Лек гуфт ки фуруши модаҳои тарканда ва хусусан хлопушкаву салютро кормандони қудрати назорат менамоянд, ки фурухта нашавад.

Бо мақсади ҳарчи оромтар баргузор гардидани маҳфили солинавӣ дар Тоҷикистон ҷамъомадҳои фарҳангиро мисли солҳои пеш ҳоло то нисфишаб неву балки то соати 9-10 рақсу сурудхонӣ карда ҷамъбаст менамоянд. Дар ноҳияҳо бошанд бахшида ба ин ид чорабиниҳои солинавӣ рўзона ва ё бегоҳӣ баргузор карда мешаванд ки ин ҳам бошад тақрибан дар 50%-и ноҳияҳо ташкил карда мешавад. Ба гуфтаи баъзе маълимон бошад маҳфили солинавӣ дар қисме аз мактабҳо баргузор карда намешаванд ва инро бо фармони гуё роҳбарияти кишвар асоснок мекунанд.

Шаби 31-уми декабр худи роҳбари кишвар тавассути телевизион ва радиои давлатӣ баромад карда шаҳрвандони Тоҷикистонро бо соли нави мелоди табрик гуфта як қатор мувафақиятҳоро таманно менамояд.

Дар ҷаҳон инчунин соли нави солшумории Қамарӣ (Мусулмонӣ), Шамсӣ, Хитоӣ, Навруз ва ғайраҳо хело маълум аст. Бисёри мардум фикр мекунанд, ки маҳз 1-уми январ соли нави Хитоӣ кии борат аз номи 12-ҳайвон аст маҳз аз ҳамин сана оғоз меёбад, вале онҳо каме иштибоҳ мекунанд, чунки ин намуди солшумори дар моҳи охири январ ва оғози феврал сар мешвавад.

Тақвими соли нав ба Хитоӣ

2010 сол (14-уми феврал) – Паланг
2011 сол (3 феврал) – Харгуш
2012 сол (23 янввар) – Наҳанг
2013 сол (10 феврал) – Мор
2014 сол (31 январ) – Асп
2015 сол (19 феврал) Буз
2016 сол (8 феврал) Маймун -(Хамдуна)
2017 сол (28 январ) Хурус
2018 сол (16 феврал) Саг
2019 сол (5 феврал) Хук
2020 сол (25 январ) Муш
1925 сол ( 24 январ) Буқа

Суханҳои табрикоти дар бораи Соли нав 

  1. Шуморо бо Соли нави мелодӣ самимона табрик гуфта бароятон аз даргохи Илоҳӣ пеш аз ҳама танисиҳатӣ, хонаободӣ, сарбаландӣ, ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таммано дорам. Инчунин таманно менамоям, ки бо қадами мубораки Соли нав, орзуҳои неки ки дар дил мепарваридаатон ҷомаи амал пушад ва ханда ҳеҷ вақт аз лабони Шумову наздиконатон дур нагардад. Худо ёру мададгоратон бод.
  2. Азизон ва хусусан падарон, модарон, дустон, ҳамкорон, бародарон, хоҳарон ва мардуми аз дуру наздик ба Шумо Соли навро муборакбодӣ гуфта бароятон саломатӣ, фаровонӣ, бурдборӣ, амонӣ ва муҳаббати беандозаро таманно менамоям ва хоҳишмандам ки орзуҳои неки доштаатон амалӣ шавад.
  3. Бо ибрози ҳамин орзуҳои нек ҳамаи сокинони некбину некандеш, босабру таҳаммул ва сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави мелоди, сидқан табрик гуфта, барои ҳар яки шумо хонаи обод, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту ободӣ орзумандам.Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!
  1. Мо ҳамватанони гиромӣ омадани Соли навро ба кулли мардуми Тоҷикистон муборак гуфта, хоҳони саломатӣ, сарбаландӣ ва иқболу бахти нек ҳастем!

Соқи, ту бидеҳ бодаву мутриб ту бизан рӯд,
То май хурам имрӯз, ки вақти тараби мост.
Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларухон ҳаст,
Ғам нест в-агар ҳаст, насиби дили аъдост.

Рӯзи Нав, Соли Нав муборак, дустони азиз!                                                                  

Шеърҳои солинави (Шеърхои соли нав)

Соли нав омад, шоду ғазалхон!
Табрик созем, онро рафиқон!
Имрӯз-рӯзи якуми январ,
Рӯзи муборак, рӯзи мунаввар!…

Шеърхои нави соли нав

Соли нав бар мо дар мактаб иншо шуд,
Бар сари талабахои мактаб ифшо шуд,
Шуду нашуд ки соли нав шуд,
Мардум хама аз бода сармаст шуд.

Бобои барфӣ, аз куҳ гузаштӣ?
Бобома дидӣ, бобом саломат?
Хаташ наомад?
Индаъфа бинӣ,
Бо вай нишинӣ,
У хат супорат,
Ба ман расонӣ.

Соли 2018 рафту ормони дилҳо нарафт,
Соли нав омаду свети барқҷон наомад,
Муҳоҷирӣ ба Расияравӣ аз байн нарафт,
Дунёи камбағали бо кризиси печида ҳеҷ нарафт.

Имсол 2018  дар тамоми дунё бо буҳронӣ навбати оғоз ёфту то ҳол идома ёфта истодааст. Олимон мегуянд, ки соли  Маймун ё худ ҳамдуна ки аст бо як қатор навгониҳои куллӣ метавонад бошад. Ба ҳар ҳол ба ҳаммаи Шумо дар соли нав танҳо мувафақиятро орзумандем.

Табрикоти солинави

Ҳамкорони гиромӣ, апаҳо ва бародарони азиз! Роҳбарияти Бонк ҳамаи Шуморо бо Соли нави мелодӣ самимона табрик гуфта, бароятон аз даргоҳи Илоҳӣ пеш аз ҳама тансиҳатӣ, хонаободӣ, сарбаландӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро хоҳонанд. Инчунин таманнои онро доранд, ки бо қадами мубораки Соли нав, орзуҳои неки дар дил мепарваридаатон ҷомаи амал пӯшад ва ханда ҳеҷ вақт аз лабони Шумову наздиконатон дур нагардад. Худо ёру мададгоратон бод.

Ҳамкорони гиромиқадр ба Шумо Соли навро муборакбодӣ гуфта, бароятон саломатӣ, фаровонӣ, бурдборӣ, амонӣ ва муҳаббати беандозаро таманно менамоям ва хоҳишмандам ки орзуҳои неки доштаатон амалӣ шавад.

Бо ибрози ҳамин орзуҳои нек ҳамаи сокинони некбину некандеш, босабру таҳаммул ва сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави мелоди, сидқан табрик гуфта, барои ҳар яки шумо хонаи обод, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту ободӣ орзумандам.Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Соли Сагро соли вафодорӣ, садоқат ва қаноат гуфтаанд! Аз ин рӯ Соли садоқату вафодорӣ муборак, Дустони азиз!

Комментарии