Соли нав

Соли Нави мелодӣ — идест, ки дар вақти гузариш аз рӯзи охирини сол ба рӯзи аввалини соли оянда меояд. Аз ҷониби халқҳои гуногун вобаста ба тақвими қабул намудаашон ҷашн гирифта мешавад. Оғози сол аз 1-уми январ аз ҷониби фармонфармои римӣ Юлий Тсезар дар соли 46 пеш аз мелод  ҷорӣ карда шуда буд. Дар Руми Қадим ин ид ба Янус– худои интихоби дарҳо ва ҳамаи оғозҳо бахшида шуда буд. Моҳи Январ номи худро ба ифтихори худои Янус гирифта аст, онро бо ду симо тасвир менамуданд, ки якеаш ба пеш ва дигараш ба— пушт нигоҳ мекард.

соли нав

­Рӯзи соли Нав

Бисёрии кишварҳо соли Навро рӯзи 1-уми январ, дар рӯзи аввали соли нав бо тақвими Григорий ҷашн мегиранд. Ҷашнгирии соли Нав бо назардошти вақти минтақавӣ ҳамеша дар уқёнуси Ором, дар ҷазираҳои Кирибати оғоз мешаванд. Соли куҳнаро бошад, сокинони ҷазираҳои Мидуэй дар уқёнусми Ором гусел менамоянд. Баъзе кишварҳо соли Навро аз рӯи тақвими қамарӣ ҷашн мегиранд.

1 январ — соли Нав аз рӯи тақвими Григорий мебошад (ба таври расмӣ).

Яке аз рӯзҳо байни 21 январ ва 21 феврал — соли Нави Чинӣ мебошад (Чин).

21 ё ин ки 22 март — соли Нави Эронӣ (Эрон).

14 апрел — соли Нави банголӣ (Бангладеш).

163 рӯз пас аз Песаха (на барвақттар аз 5 сентябр ва на дертар аз 5 октябр) — ҷашни Яҳудии Рош ха-Шана мебошад (Исроил).

Соли Нави Русӣ

Арчаи Солинавӣ, ки дар майдони Сурхи шаҳри Маскав пеш аз соли Нави 2008 сол гузошта шудааст.

Мақолаи асосӣ: Соли Нав дар Русия

Таърихи пайдошавии соли нав

То асри XV дар Руси қадим соли нав  на аз моҳи январ, мисли ҳозира, балки, аз 1 март (ба мисли Рими Қадим) (дар баъзе тақвимҳои гуногун дар наздикии ҳамин рӯз вақти пуррагии моҳ мерасад), ҷашн мегирифтанд, ё ин ки аз 1 сентябр чихеле, ки дар Византия, аз рӯи тақвими Юлий ҷашн мегирифтанд.

Аз соли 1492 санаи расмӣ барои ҷашнгирии соли Нав, мувофиқи тақвими калисо  1-ми сентябр муайян карда шуд.

Soli-nav-muborak-2018_09

Маълумот оиди ҷашнгирии соли Нав аз охири асри XV пайдо мешаванд. «Луғати Парижи московитҳо» (асри XVI) номи русии ҷашни солинавиро ҳамчун Рӯзи аввали сол нигоҳ доштааст.

Аз соли 1700 дар асоси фармони Петри I соли Навро дар Русия, ба мисли дигар кишварҳои Аврупо, рӯзи 1 январ ҷашн мегирифтанд. (вале, баръакси кишварҳои аврупоӣ онҳо аз рӯи тақвими Юлий).[сарчашма нишон дода нашудааст 1086 рӯз]

Дар асоси Қонун аз 2 июн соли 1897 «Оиди тақсимкунии давомнокии рӯзҳои корӣ дар муасисаҳои фабрикаву заводҳо ва саноати куҳӣ» рӯзи 1 январ рӯзи истироҳатӣ эълон карда шуд. Аз соли 1919 сар карда соли навро дар Русия мувофиқи тақвими григорий ҷашн гирифтанд. Аз соли 1930 то соли 1947, 1 январ дар СССР рӯзи оддии корӣ буд. 23 декабри соли 1947 бо супориши Президиуми ВС СССР 1 январ рӯзи ҷашнӣ ва истироҳатӣ шуд. Аз рӯи қонуни аз 25 сентябри соли 1992 дар ФР 2 январ инчунин рӯзи истироҳатӣ эълон карда шуд.

Аз соли 2013 мувофиқи тағйиру иловаҳо ба моддаи 112 КМ ФР аз 23.04.2012, ба таътили соли навӣ инчунин рӯзҳои 6 ва 8 январ низ илова карда шуданд.

Арчаи Соли Навӣ

Пешвози Соли Нав дар қисми зиёди кишварҳо яке аз ҷашнҳои асосӣ ба шумор меравад. Ва онро бо маъракаҳои гуногуни эстрадавӣ, дастархони идона ва идгардакҳо мегузарониданд. Мувофиқи анъанаҳо дар хона арчаи соли навӣ гузошта мешавад. Дар бисёр кишварҳо онро дар Мавлуди Исо мегузоранд ва номашро низ арчаи мавлудӣ меноманд. Арчаро бо бозичаҳои гуногу орову торо медиҳанд.

Бобои барфи

Дастархони соли навӣ

Ҳангоми пешвози соли Нав наздикони дар гириди дастархон ҷамъ мешаванд. Хӯрокҳои гуногун, аз ҷумла: хӯриши оливе, моҳи дар зери шуба, мурғбирён, голубтсы, тушбеварра ва дигарро омода месозанд.

Яке аз усули ҷашнгирии соли Нав ин аст, ки ҷамъомадагон аввал соли куҳнаро «гусел мекунанд» — хотираҳои дар он сол ва хушиҳои соли гузаштаро ба ёд меоранд. Соати 0: 0 дақиқа 00 сонияи рӯзи 1 январ соати бурҷҳо мезанад. Аз оғози бурҷи соатҳо (он ҳамагӣ 20 сония давом мекунад, баъд задани соати бурҷҳо оғоз мешавад), ҳангоми даромадни соли нав, қабул шудааст, ки шахс барои ояндааш орзуву нияти нек кунад. Инчуин дар соли Нав одамон ба якдигар туҳфаҳо тақдим менамоянд.

Комментарии