Шоирони точик

Шоирони тоҷик – ин мутафакирони халқиятҳои гуногуне, ки дар Осиёи миёна зистаанду ба забони тоҷикӣ ва ё фарсӣ суханҳои адабиётиро ба шакли назм навишта мебошанд. То ба имруз зиёда аз 10-ҳо шоирони пиру ҷавон ва класикии таърихӣ аз мардуми тоҷик маълуманд ва дар байни онҳо ҳамчун ахтар Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Умари Хаём, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолидини Румӣ, Абуалии Сино,  Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки шуҳарти онҳо дар тамоми дунё маълуму маъруф гаштааст.

Шоирони ТочикЧи тавре ки маъмул аст, истеъдоди шоирон дар давраи омнияту озодӣ авҷу тараққиёт намуда мақоми забони насру назм ба қуллаҳои баланд мерасад. Аз гуфтаҳо қайд карданием, ки дар замони ҳукумронии шоҳигарии Сомониҳо  ки яке аз давраҳои давлатдории осудаи таърихии тоҷикон  буд ва шароити хуб дар он замон барои шоирони тоҷик дар омодасозии шеъру, ҳикоя, сарнавишт, назму наср, достон ва дигар маҳсулотҳои адабиётӣ буд ки онҳо тавонистанд саҳмгузор шаванд барои насли оянда дар боқӣ гузоштани илми барҷаста ва ба ин васила мақоми забону манзалати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ бардоранд.

Бо сабаби дар асрҳои пеш ки тули ҳазорсола қариб дигарбора тоҷикон давлати худро дар Осиёи Миёна надоштанд натвонистанд забони тоҷикиро дар сатҳи давлат ва умуман озодона  истифода баранд, пас сабаб гардид ки шоирон низ тули ин солҳои дароз ба навиштани маҳсулотҳои назмиву насри дар забони тоҷикӣ машғул шаванд. Дар ин замон фақат шеъру дигар адабиётҳои тоҷикӣ фақат дар деҳаву маконҳои камаҳолӣ байни мардум истифода мешуду асосан шерҳои кучак ва ё зарбулмасалҳо халқӣ, эҷод мешуданд.

Фақат дар ин ҳазорсолаи гузашта Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, Сайдои Насафӣ, Низоми Ганҷавӣ  ва баъзеи дигар шоирони ангуштшуморе буданд, ки дар давраи ҳукумронии мардуми араб, муғулу-туркнажод ва хусусан узбекҳо ба сиёсати муқовиматкунандаи онҳо нигоҳ накарда мақоми назму насри тоҷикиро бардоранду як қатор адабиётҳои барҷастаро ба наврасони оянда гузоранд.

Дар поён руихатти шоирони тоҷик оварда шудааст.

Абуабдулло Рудаки

Абуабдулллоҳи Рӯдакӣ (858-951) – Сардафтари адабиёти тоҷик. Шоир дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти имрӯза таввалуд шуда. Вай аз шоъирони замони Сомониён буд ва беш аз 1 млн. байт шеър гуфта, вале аз он шумор то кунун танҳо камобеш 1000 байт расидааст, ки мазумуни онро ҳатто мардумӣ оддии имруза мефаҳманд.

Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё буд. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ «Калила ва Димнаро» дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Ҳоло аз он қариб сад байт боқист. Муфассал >>>

Абулкосими Фирдавси

Абулқосим Фирдавсӣ  (935-1020) – Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсӣ Тӯсӣ. Муаллифи бузургии иборат аз 60-ҳазораи  «Шоҳнома», ки бо забони форсӣ навишта шудааст.

Макони таввалуд деҳаи Божи нохияи Табарони наздикии шаҳри Тус дар оилаи заминдор. Давраи ҷавонии шоир нисбатан орому тинҷ буд ва Фирдавсӣ аз ин имконият истифода бурда, ба таҳсили илм машғул шуд ва забонҳои арабиву паҳлавиро хеле хуб медонист.

Фирдавсӣ ҳангоми таълифи асари эҷодии худ «Шоҳнома» аз амири Сомони Нуҳ бинни Мансур ёрии моддӣ мегирифт. Роҳбарони Сомониён ба асари «Шоҳнома» таваҷҷӯҳи хоса доштанд ва онро асари эҳёкунандаи таърихи гузаштагон ва анъанаҳои бостони меҳисобиданд.  Муфассал >>>

Абуалии Сино

Расми Абуалии Сино

Абуалии Ибни Сино - (980-1037) –  шоир, шайх ва мутафакири барҷастаи таърихии тоҷик дар соҳаи тиб, фалсафа, нуҷум ва ғайра буда дорандаи шуҳрати беҳамто дар тамоми дунё аст ва ӯро Аристотели шарқӣ меноманд. Шумораи умумии корҳои илмиаш ибоарт аз 450 адад буда ба 29 бахш алоқманд аст. Замоне ҳам корманди давлати шуда ба сифати вазир фаъолият кардааст.

Абуалӣ дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Муфассал >>>

abdurahmoni_jomi

Абдураҳмони Ҷомӣ (1414- 1492) – олим, мутафаққир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст. Ҷомӣ адабиёти зиёда аз 500-солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст.

Номи асосии ӯ Абдураҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст. Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ 18-уми августи соли 1414 дар деҳаи Ҳаргарди вилояти Ҷом (Сарзамини Ирон) ба дунё омадааст.Аз Ҷоми се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо омадааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетикӣ мебошанд.  Муфассал >>> 

zayniddin_mahmudi_vosiviЗайнуддин Маҳмуд ибни Абдуҷалил – Шоир ва таърихчии халқи тоҷику форс, мутахаллис ба Восифӣ соли 1485 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Волидайн ва хешу ақрабои ӯ, ки мутааллиқ ба табақаи миёнаҳол буданд, қариб ҳама таҳсилкарда ва аз ҷумлаи ашхоси бомарифати замон маҳсуб мешуданд. Бад-ин восита буд, ки баъзеашон дар хидмати давлат қарор доштанд. Дар шаҳри Ҳирот мадориси муътабаре мавҷуд буданд, ки дар онҳо донишмандони бузурги огоҳ аз улуми ақлию нақлӣ дарс медоданд. Восифӣ дар мадрасаҳои Ҳирот дарс хонда, аз илмҳои гуногун – сарфу наҳви арабӣ ва форсӣ, таърих, мантиқ, маонию баён, арӯзу қофия, риёзиёт, улуми динӣ – фиқҳ, тафсир, ҳадис ва ғайра дониши комил андухта буд. Дар замони Восифӣ яке аз машғулиятҳои дустдошта дар миёни аҳли адаби дарбор ва дар доираҳои адабии пешаварон муаммогуйӣ ва шикофтани он буд. Восифӣ дар синни наврасӣ ин ҳунарро ба хуби соҳиб  гардид ва ба ҳидояти хеши волидааш Соҳиб Доро, ки бо Алишери Навоӣ ҳамнишин буд, дар шикофтаии муаммо аз имтиҳони Алишери Навоӣ гузашт. Муфассал >>> 

Сурати шоира - Зебои Хатлони

Сурати шоира

Сафарова Зебогул Ҳотамовна – шираи навҷавони Тоҷикистони навистиқлол. Санаи 22-юми январи соли 1967 дар шаҳри Кӯлоби Вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1983 мактаби миёнаи рақами 4-и шаҳри Кӯлобро хатм карда ба донишгоҳи олӣ дохил мешавад ва боммувафақият онро низ хатм менамояд.

Фаъолияти меҳнатии ӯ соли 1983 аз Китобхонаи Вилоятӣ оғоз ёфта, минбаъд дар корхонаи (Завод) таҷрибавии таҷҳизоти технологии шаҳри Кӯлоб, раёсати хоҷагии манзили комуналии Ҳукумати шаҳри Душанбе, Корпоратсияи «Хӯрокворӣ» дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.   Муфассал >>> 

Комментарии