Шеъри эй Сорбон

Матни шеъри эй Сорбон ки аз чониби Зафар Нозим хонда шудааст, хело ва хеле суруди машхури точики ки солхои шуърави 1970-1990 байни мардум дилписанд буд.
Сорбон

 

Эй Сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам бо дилситонам меравад.

Ман мондаам маҷчур аз-у, бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯи, ки неше дур аз-у, дар устухонам меравад.

Гуфтам ба найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.

Маҳмил бидор, эй сорбон, тунди макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯи, равонам меравад.

Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳои чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.

Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам
Чун мичмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад.

Бо он ҳама бедоди ӯ в-ин аҳди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди у ё бар забонам меравад.

Боз ой дар чашмам нишин, эй дилситони нозанин,
К-ошубу фарёд аз замин бар осмонам меравад.

Шаб то саҳар менағнавам в-андарзи кас мешнавам,
В-ин раҳ на қосид меравам, к-аз каф инонам меравад.

Гуфтам: бигирям, то ибил чун ҳар фуру монад ба гил,
В-ин низ натўвонам, ки дил бо корвонам меравад.

Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчи набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.

Дар рафтани ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

Саъди, фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд эй бевафо,
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.

Комментарии