Шеърхо дар бораи – васфи Ватан (Точикистон)

Бошад садои хуштарин бар гӯши дил сози Ватан,
Субҳонаи худ мекунам ашки саҳарнози Ватан.
Гоҳе ба савдо мебрад ганҷи Ватанро зумрае,
Бон архи ҷонам мехарам ҳар санги пардози ватан.
Гӯши фалак озурда шуд аз широни ёвагӯ,
Шеъри вафо хонад ҳаме Муъмини Дарвози Ватан.
Оне зи дарди миллаташ бо сад наво бигристааст,
Одинаи Ҳошим бувад хушсозу мумтози ватан.
Дар рӯзи сахташ як қадам аз он нарафтам ман бурун.
Буйи муҳаббат мерасад чун аз дари бози Ватан.
Пайки мубарро оварам бо шеъри худ ба ҳар диле,
Хизри сухан, бинмо назар, ҳастам сухансози Ватан.

Муаллиф: Шахрия 

oramament_cvetok_polosa

Тоҷикистон- мазҳари ман,
Cарзамини камзамин,
Ту саросар куҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷуи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Ҳар куҷо рафтанд махҷуру ғариб
Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андуҳ шуд.
Ҷумла дар кӯи ғарибӣ хок гаштанд эй дареғ,
Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.
Ҳар куҷо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба ғурбат, ё тиҷорат,
Ё гуреза аз ҳама тазвину кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.
То агар рӯзе бимиранд аз қазо,
Дар ғарибӣ бекасу беошно
Хоки ту бошад нишони охирин.

oramament_cvetok_polosa

Зикри дили ман ҳамеша номи ватан аст,
Авроди забони ман каломи ватан аст.
Ман восифи ишқи ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми ватан аст.

oramament_cvetok_polosa

Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,
Ба ҷуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,
Тамоми ҳастииям пайваста бо ту эй Ватан – ҷонам.

oramament_cvetok_polosa
Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи “майдо”-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хурдем аз хони падарҳо.
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.
Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.
oramament_cvetok_polosa
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост.

oramament_cvetok_polosa

Тоҷикистон – рӯшонистони дилам,
Аз таҷлили пур намоӣ манзилам.
Гавҳари чашми маро бахшоӣ нур,
З-офтобат ҷони ман созад ҳузур.
Дар сукути ту садоям, эй Ватан.
Бо таби ту ошноям, эй Ватан.
Дар заминат бо таманоҳои хеш,
Базри умедам ҳамесозам пареш.
Ояти меҳри туро орам ба ёд.
Ҷонамозам сабзаи хоки ту бод.
Вопасин аксе ки аз олам барам,
Акси ишқи бувад чашми сарам.
Эй Ватан, пайғамбару Мавлои ман,
Сураи меҳри ту дар лабҳои ман.
Қарз бошад ҳифзи ному нанги ту.
Бар ватандор ба рӯзи танги ту.
Тоҷикистон – файзи Яздонии ман.
Ман пур аз сарводаи рози туям,
Камтарин шоир зи Дарвозаи туям.

oramament_cvetok_polosa

Гимни Тоҷикистон – Суруди миллӣ

Диёри арҷиманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонахо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷахони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

oramament_cvetok_polosa

Эҳтиром ба Ватан

Чи буи форам, эй дӯст, мерасад андар машоми мо,
Мароми табрикоти наврӯзи, дар ҳар каломи мо.

Ҳама андар Ватан, доранд ҷашни иди наврӯзӣ,
Вале афсус, дар ғурбад, бувад имрӯз мақоми мо.

Дар “интарнет” ки мо бо ҳамдигар табрик мегуем,
Аз оне, ки Ватан бошад умеди мо, мароми мо.

Ғариби куи дигар гаштаем имруз мо ёрон!
Тамасхур мекунанд, инҳо, ба ному эҳтироми мо.

Агар чанде, ки “Гастарбайтр”-он гуянд, чун моро!
Валекин дар Ватан, донанд қадру эҳтироми мо.

Ту, ки “Гастарбайтр”-он мегуиву “Ҷамшуду-Равшан” ҳам,
Аз он, ки зиндагӣ талх гаштааст, имрӯз ба коми мо.?!

Ту, эй аблаҳ намедонӣ, ки Тоҷик кисту, қадраш чист?!
Ҷахон бин, фахр дорад бо Синову бо Хайёми мо.

Ғарибӣ ё, ки ғурбат ин гуноҳе нест, эй дӯстон!
Чаро, пас мекунанд бад аблаҳон имрӯз номи мо.

oramament_cvetok_polosa

ВАТАН

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гўшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тўфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рўдҳои ту.
Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Муаллиф: Мирзо Турсунзода (1965)

oramament_cvetok_polosa

Комментарии