Шеърхои ошики барои чавонон

Ошики ва ишк - дустдори

РАНЧУР

Туро ранчур мебинам,
Фигон аз ранчи дунёи!
Дилат аз ишк менола.
Шаби торики танхои.

Зи бахти худ пушаймони,
Пушаймони надорад суд.
Нихон дар хеш месузи,
Алови дил надорад дуд.

Зи такдир гурезони,
Рахои нест аз кисмат.
Надорад зиндагони парво,
На аз чисмат, на аз кисмат.

Шикасти бахт душвор аст,
Азоби ишкиосон нест.
Вале аз сахтии баташ,
Бидон ошик харосон нест.

Туро ранчур мебинам,
Чаро аз гам парешони?
Гирехи бахти худ бикшо,
Ба мисли чини пешони.

_____________*** ______________

ОШИКАМ МАН

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Ошики афсуни чашмони сиёхат,
Ошики лоли нигохи бусахоят.

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Ошики масти навозишхои нармат,
Ошики зори хамогушии гармат.

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Ошикат, эй хамдилу хам кисмати ман,
Аз ту бодо ишки поку кисмати ман!

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Кош, умре сар нихам бар шонаи ту,
Аз мухаббат бишнавам афсонаи ту.

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Нозанинат мешавам бо ноз ширин,
Дар дил аз ишки ту дорам рози дерин.

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Ошики ту, ошики ту, ошики ту,
То киёмат содики ту, мушфики ту.

_____________*** ______________

ДАРЁФТ

Ишки худро окибат дарёфтам
Чун умед аз ноумеди чахон.
Ишк дар боги дилам пажмурда буд,
Руст аз доги дилам у ногахон.

Ишки худро окибат дарёфтам
Аз рахи такдир чун ангуштарин.
У магар афтода аз ангушти мох
Дар рахи бахти ман аз чархи барин?
Ишки худро окибат дарёфтам
Бебахо чу гавхар аз дарёи дил.
Ох, у ашки арусии ман аст
Рехта дар домани дунёи дил.

Ишки худро окибат даёфтам
Бар сарам чун осмони беканор.
Дидамаш чун ахтари рахшони худ
Рахнамоям суи руз аз шоми тор.

Ишки худро окибат дарёфтам
Аз рахи пурпечу тоби зиндаги.
Дар дилу дар дидагони ман дамид
Рушании офтоби зиндаги.

_____________*** ______________

БЕВАФО

Диле дорам, ки дилдоре надорад,
Гаме дорам, ки гамхоре надорад,
Мухаббат чони ман дар оташ афканд,
Ба оби дидаам коре надорад.

Дигар аз ишк ошуфтан нахохам,
Гами дилро ба кас гуфтан нахохад.
Дигар монанди гул дар навбахорон
Барои ёр бишкуфтан нахохад.

Барояш рози дерин кардам иншо,
Барояш рози ширин кардам ифшо.
Вале у бевафои кард охир,
Дареги ишки поки ман, дарего!

_____________*** ______________

РОЗИ ДИЛ

Туром ман дуст медорам,
Туро хохам, туро чуям,
Ки то шоми махтоби
Бароят рози дил гуям

Туро дар хоб мебинам
Шаби торики танхои,
Ки суям як нафас аз дур
Пур аз ишку хавас ои.

Ту дар хобу хаёли ман
Саропо гаркаи нури,
Валекин аз висоли ман
Чаро дури, чаро дури?

Кучои? Бе ту парвардам
Ба дил ишки фирбоят.
Биё охир ба чашми дил
Бубин Зебои зебоят

_____________*** ______________

ИШКИ АВВАЛ

Кучоиву кучои, ишки аввал?
Намеои, намеои чаро ту?
Дигар як лахза, дарего,
Ба ёди худ намеори маро ту.

Кучоиву кучои, ишки аввал?
Ки аз ту киссахо дорам панохи.
Дигар ман дар дили армонии худ
Ба ёдат гуссахо дорам панохи

Кучоиву кучои, ишки аввал?
Кучои ишки поки навчавони,
Ки аз чашмони шахлои ман акнун
Сиришки хасратамро меравони.

Кучоиву кучои, ишки аввал?
Маро пазмони худ карди, дарего!
Дигар чун навбахори навчавони
Ба суям барнамегарди, дарег!

_____________*** ______________

БИЁ ЁРАМ

Биё, ёрам,
Биёву гул бибуй аз навбахорон.
Биё, ёрам,
Биё, мастат кунад атри бахорам.

Биё, ёрам,
Биёву бин гули ишку умедам,
Биёву чин гули сурху сафедам.
Биё, ёрам,
Ки чун боди гулафшон бигзарад зуд
Бахори гулнисорам.
Биё, ёрам,
Ки дар дил аз чудои гусса дора,
Бароят дар лабонам бусса дорам.

Биё, ёрам,
Ки месузад ба ёди тобнокат.
Бидузам сузан бо ризтаи нур
Ба номи ишки покат.

Биё, Ёрам,
Ки чун шабнам ба руи баргаки гул
Дурахшон ашк дар рухсори ман.
Биё, ёрам,
Шунав овози калби пораи ман.
Биё, ёрам,
Кучои ошики овораи ман?!

_____________*** ______________

ИШКИ МАН

Ишки ман ин турна не , к-ояд факат рузи бахор,
Нест ё чун кучаи сарбас дар шахри кадим.
Вай наметарсад зи фасли гаму сарди рузгор,
Вай бувад пуррафтуо, пуркор чун рохи азим

Дар замине сабз шуд ин ишк , к-андар руи он
Медавидам дар чавони сарбарахна пойлуч.
Рузхоро мефикандам пушти сар осон чунон,
Хар яки он буд гуё халтаи бодоми пуч,

Ишк омад. Гуфт шабхои ту аз сузу гудоз
Аз хисоби руз мегардад дарозу тиратар.
Русхоро ман вале кардам ба худ аз шаб дароз
Ёфтам аз чехраи шоми сияхруи сахар.

_____________*** ______________

ИШК ВА МУХАББАТ ЧИСТ

Хуршеди сипехри лоязоли, ишк аст,
Мурги чамани хучастафоли ишк аст.
Ишк он набувад, ки хамчу булбул ноли,
Хар гах, ки бимириву наноли — ишк аст.

_____________*** ______________

ШАББОДА

Дар гушаи мохтобшаб
Овои дил дорам ба лаб.
Аз ёди дурам мевазад
Шаббодаи пуртобу таб.

Хайронтнигохи зори ман
Дар осмони беканор.
Аз он шаби ишки нахуст
Махтоб монда ёдгор.

Афсус, ишки содаам
Осемасар бигзаштааст.
Ёди гариби ман дигар
Шаббодаи саргаштааст.

_____________*** ______________

БАХРОН ГУЗАРОН

Навбахори навчавони бигзарад,
Гулафшони зиндагони бигзарад.
Аз баду неки чахон огох бош,
Неку бад хам ногахони бигзарад.

Мехрварзии чавони хуш бувад,
Чун хаёлт осмони хуш бувад.
Ишкро дар хастии худ зинда дор,
Талху ширин комрони бигзарад.

Дар чавони гул бичину гул бибуй,
Ба хама дилчуии худ дил бичуй!
Нобу дар банди гесу зан, ки зуд,
Нохову дилситони бигзарад.

Дар умеди худ бисазон боги дил,
То намонад аз чавони доги дил.
Орзуи ишки аввал чун насим
Аз рахи дил ормони бигзарад.

_____________*** ______________

ТУРКИ ДИЛРАБО

Дил ошики чашми масту турконаи туст,
Ту шамъиву олам хама парвонаи туст.
Чону дили мо ошику девонаи туст,
Ту хонаи дил шудиву дил хонаи туст.

_____________*** ______________

ХАМИН ИШК АСТ

Хамин ишк аст, ки месузад сару пои вучуди ман
Сару пои вучуди ман, тамоми тору пуди ман,
На дилам дар канор ояд, На сабру ихтиёр ояд,
Намеои азизи ман, ки бо ту навбахор ояд.

Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,
Чи созам бо дили тангам, сукути шеру охангам.
Ту рафти бо хама олам, Мани шурида мечангам,
Мани шурида мечангам,

Хама шабхо бо танхои,
Хама рузам ба рахпои,
Нафсхо бо ухда мепечам,

Ки шояд бе садо ойи, Ки шояд бе садо ойи
Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,
Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,

Надори боварам афсус, нагарди ёварам афсус,
Сурогам мекуни рузе, Ки дигар, дигарам афсус,
Ки дигар, дигарам афсус,

Бубухш, девонаи ишкам, ба косанои ишкам
Ба даври шаби хичронам,
Масуз парвонаи ишкам.
Масуз парвонаи ишкам.

Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,
Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст.

 

Комментарии