Шеърхои Наврузи

Навруз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои даъфу чанг баромад,
Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

oramament_cvetok_polosa

Навруза ба навбаҳор кай мебинам
Гулҳора ба шаш қатор кай мебинам
Гулҳора ба шаш қатор дар фасли баҳор
Дунёра ба як қарор кай мебинам

oramament_cvetok_polosa

Муборак бод Наврӯз бар тоҷику бар тоҷикистонӣ,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнӣ,
Расидем боз бар Навруз, ба соли нав, ба рӯзи нав,
Дар ин дунёи бераҳму дар ин дунёи сарсонӣ,
Илоҳо Иди Навруз чун сарҳаде бошад ба самти нек,
Орову тор бахшад бар ҳаёти ҳар яки Шумо,
Руҳи болидаву ҳам шодӣ бахшад иди осмонӣ.
Намо бахшад, наво бахшад, ба ҳар қалбе даво бахшад,
Озодиву адолат бишкуфад дар хоки Сомонӣ.
Муборак Рузи Нав ай тоҷику, ай тоҷикистонӣ,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнӣ!

oramament_cvetok_polosa

Навруз ки бар замин бувад ҳуснфизо,
Рафтанд чи асрҳову урост бақо.
Хоҳи ту агар бақои умрат бошад,
Бар руи замин ба мисли Навруз биё!

oramament_cvetok_polosa

Зимистон рафтаву Навруз ояд
Башорат ҳаркуҷо: Хушруз ояд!
Нидо омад зи пушти куҳи фарёд
Ки имшаб назди мо Фируз ояд

Биё гулҳои ишқу меҳрубонӣ
Барои дустони ҷонӣ чинем
Дар ин айёми Наврузи хуҷаста
Ғаму шодии ҳамдигар набинем

Биё бо ҳам суруди ишқ хонем
Ва аз ҷоми муҳаббат комронем
Кунун гар мавсими бусу канор аст
Ба ҳам то иди дигар шод монем

Тамоми дашт дорад буи Навруз
Чи зебо ҳасту барно руи Навруз
Гулу булбул газалхону , табиат
Ҳаменушад фарах аз чуи Навруз

Биё гарду губори сина гирем
Баҳор омад, биё то кина гирем
Дар ин фасли шукуфонии дилҳо
Биё мо ҳам ғами дерина гирем

Биё Навруз омад, шод бошем
Раҳо аз ғуссаву фарёд бошем
Дар ин дунёи танги бемуруват
Барои ҳамдигар озод бошем

Зиндагӣ дар ҷараён аст ҳануз
Олами пир ҷавон аст ҳануз
Пас биё мову ту бо ҳам бошем
Чун ба ҳар ҳол замон аст, ҳануз

Бубин ишқи ману ту кур гашта
Ба сони орзуҳо дур гашта
Дигар ҳарфе барои гуфтанам нест
Тамоми орзуҳо гур гашта

oramament_cvetok_polosa

Навруз расид ёри дирузии ман
Як руз биё барои дилсузии ман
Ғамхои ту куҳнаанд, аммо имруз
Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии ман

Дар гирди хони Навруз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.

Дар рўи хони Навруз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.

Дар рўи хони Навруз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим рўи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Дар базми иди Навруз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми даҳр
Рўи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!

Бародар иди Наврузат муборак
Баробар шуд шабуруз, муборак
Муборак бодат имсолу ҳама сол
Ҳумоюн бодат имрузу ҳама рузат !!!

oramament_cvetok_polosa

Шеъри Абуабдуллоҳи Рӯдаки дар бораи Наврӯз

Омад баҳори хуррам, бо рангу рӯи тийб,
Бо сад ҳазор накҳадту ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир ба-д-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гети ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкараш абри тирраву боди сабо нақиб.
Наффот барқи равшану тундараш таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин муҳиб.
Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор,
В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб.
Хуршедро зи абр диҳад рӯй гоҳ-гоҳ,
Чун он ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дарманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯй борид нав ба нав,
Ваз барф баркашид яке ҳуллаи қасиб.
Кунҷе, ки барф пеш ҳамедошт, гул гирифт,
Ҳар ҷӯяке, ки хушк ҳаме буд, шуд ратиб.
Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,
Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.
Лола миёни кишт биханданд ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯс ба ҳино шуда ҳазиб.
Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,
Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб.
Сулсул ба сарвбун-бар бо нағмаи кӯҳан
Булбул ба шохи гул-бар ба лаҳнаки ғариб

oramament_cvetok_polosa

Шеъри Абулқосими Фирдавсӣ дар бораи Наврӯз

Кунун хӯрд бояд майи хушгувор,
Ки май бӯи мушк ояд аз ҷӯйбор.
Ҳаво пурхурушу замин пур зи ҷӯш.
Хунак он ки дил шод дорад ба нӯш.
Ҳама бӯстон зи баргу гул аст,
Ҳама кӯҳ пурполаву сунбул аст.
Ба полиз бупбул бинолад ҳаме,
Гул аз нолаи ӯ биболад ҳаме.

Зи иблис девон чу барбаст роҳ,
Биёмад зи шодй аз он ҷойгоҳ.
Биёрост он рӯз тахти шаҳӣ,
Ба сар барниҳод он кӯлоҳи меҳӣ.
Бари тахти у гирд шуд меҳтарон,
Зи дастуру в-аз мубадону сарон.
Ҳама кас фишонданд бар вай нисор,
Бар он тоҷу тахту нигин шаҳрёр.
Мар он рӯзро ном Навруз кард.
Яке ҷашни бас дилафруз кард.

Чу ин пеша аз вай омад падид,
Ту гуфтӣ чуз аз хештанҳо надид.
Ба фарри каёнй яке тахт сохт,
Чу моя ба-д-у гавҳар андар шинохт.
Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба Гардун барафроштӣ.
Ну Хуршеди тобон миёни ҳаво.

Комментарии

Наборы для воды Оптовикам стройматериалы оптом url Наборы для ванной комнаты