Шеърхо дар васфи Истиклол

ВАСФИ ИСТИҚЛОЛ

Месароям маснади волои истиқлол,
Медамат хуршед аз фардои истиқлол.
Зери бари минати ғайре будан талх аст,
Коми мо ширин шуд аз ҳавлои истиқлол.
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашту лек,
Аз ҷаҳони ишқ буд ҷуёи истиқлол.
Пири Тусӣ кард эҳё то Хурусонам
Шоҳнома худ бувад эҳёои истиқлол.
Миллати мо зист бо фарҳанги андеша,
То музаффар гашт ба дунёи истиқлол.
Қисса шуд шеъру забони шакарӣ моро,
Шеъри мо дорад ҳама маънои истиқлол.
Сураҳои ишқ орам ман ба номаш беш,
Оят-оят мекунам ифшои истиқлол,
Ҳамватан ! Ай ҷони ман, дастобадаст имрӯз,
Саҷда бояд кард хоки пои истиқлол.

НИЁИШИ ИСТИҚЛОЛ

Ба Истиқлоли меҳан саҷда орам,
Намозамро ба даргоҳаш гузорам.
Бихонам ояти шукронааш беш,
Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам.
Бибӯсам парчами сабзи Ватанро,
Хазони дил равад, ояд баҳорам.
Шабонгаҳ бодаи моҳаш бинӯшам,
Сабоҳаш бод доруи хуморам.
Агарчи баргу борам борҳо рехт,
Ҳамоно такдарахти устуворам.
Зи шеъри ноби илҳоми Худованд,
Маонии накӯро Интизорам.
Шаҳодатномаи ман «Шоҳнома»-ст,
Ватан оғози сабзи рӯзгорам.
Хуросони суханро шоире бод,
Чу Фирдавсӣ бигӯяд з-ифтихорам:
Ки оре, ориёиям ба олам,
Ва бошад Зардуҳишту Ҷам таборам.

Комментарии