Шеърҳои Бозор Собир

Шеъри шоир Бозор Собир чандин ҷанба дорад, аз ҷумла:

  1. Аз нахустин шеърҳояш, ки солҳои 1960 гуфта шудаанд, то ашъори тобистони ҳамин сол бӯи дард меояд. Дар бедории миллии тоҷикон саҳми бузургро доро мебошад.
  2. Солҳои мадид ба режими ҷумҳурӣ дар опозится қарор дошт, ки дар ин мавқеъ каси дигаре набуд.
  3. 53 соли умри худро дар Шӯравӣ гузаронд, аммо ҳаргиз шеъре дар васфи коммунист, инқилоби Октябр ва Ленин нагуфт. Он замон имкон надошт, ки соҳибқалам дар мавзӯъоти мазкур чизе нанависад.
  4. Асолати қаламро ҳеҷ гоҳ аз даст надодааст.
  5. Осори ӯ оинаи қаднамои миллат ва кишвар мебошад.

Раҳим Мусулмониён. 

 

Аз тамоми шоирон як шоири зиндонӣ ман будам,
Дигарон буданд шоирҳои зиндонбон.

 

Майдони шаҳидон 

Майдони шаҳидон, ки бувад ҷои муборак,
Оҳиста ниҳад халқ, ба он пои муборак.
Ёрон, ки дар ин ҷо ба азо гирди ҳам оянд,
Арвоҳи шаҳидон ба ҳаво гирди ҳам оянд.

Майдони шаҳидон, ки бувад ҷои зиёрат,
Ин ҷо сухане нест маро бартар аз оят.
Садҳо алам орад алами сабзу кабӯдаш,
Санги дили иоро шиканад санги сукуташ.

Майдони шаҳидон ба миёнҷои Душанбе,
Чун ҷойнамозе ба таги пои Душанбе.
Зеро, ки дар ин ҷо ҳама ҷо ҷои намоз аст,
Яъне, ки дар ин ҷо ҳама ҷо ҷои сипос аст.

Мардум ҳама ин ҷо ба заминбӯсӣ биояд,
Аз баҳри худо саҷдаву дилсӯзӣ биояд.
Аз баҳри худо саҷдаву дилсӯзӣ савоб аст,
Дилсӯзӣ савоб асту заминбӯсӣ савоб аст.

Аз хотри ман шуста нашуд он шама рахте,
Олудаи хун буд ба ҳар зери дарахте.
Дар хотири ман хуни нахушкида ба фарше,
Аз баҳмани перор бимонд аз пайи кафше.

Баҳмани 1990

 

Ҳайкали Фирдавсӣ

 

Ҳайкали Фирдавсӣ дар майдони Озодӣ,
Қиблаи меҳанпарастон,
Қутби меҳан,
Ҷойгоҳи тавбаву савганди мардон…

Баски ӯ аз мармари шеър,
Баски ӯ аз хорасанги маҳками назм
Ҳамчу Рустам,
Ҳамчу Суҳробу Сиёвуш,
Бо қалам дар ин қаламрав шоҳҳайкалҳо гузорида,
То гузорад номи зинда, номи зинда, номи зинда…

Осмонро мехарошад номи Фирдавсӣ,
Чун ливои ковиёнӣ,
Чун шиори ориёнӣ.
Номи ӯ фотеҳаи майдон,
Номи ӯ омину бисмиллоҳи користон,
Номи ӯ номи худои паҳлавию паҳлавонӣ.

Баста шуд занҷири номаш
То абад дар гардани Тӯрон,
То ҳанӯз аз дасти Фирдавсӣ
Тозиёна мехӯрад тозӣ.

Хӯрда ӯ ҳам тозиёна,
Лекин аз бегонаҳо на,
Лекин аз бегонаҳо камтар,
Бештар аз тӯдаи ҳаммилати хеш,
Бештар аз ҳамватанҳои ватанбезор,
Бештар аз ноҷавонмардони меҳан.

Дар баҳои меҳрубонӣ,
Вой аз номеҳрубонӣ!
Гарчи умре бар сараш санге нахӯрда,
Сангҳое бар дилаш хурда.

Ҳайкали ӯ – ҳайкали як устуворй,
Пофишорӣ.
Кундааш ёдовар аз як кундаи пире,
Кундаи садсолаҳо сабзидаи халқ,
Кундаи садсолаҳо ғафсидаи халқ,
Кундаи номи сафеди Ориёно,
Кундаи куҳна,
Ҳамчу Фирдавсӣ ба умри як ҳазора…

Эй зиҳӣ, Мақсуди Икром,
Шаҳрдори соҳибикром,
Ҷои Ленинро ба Фирдавсӣ ту додӣ,
Ончуноне маснади Заҳҳоки моронро
Пири Тусӣ бар Фаридун дод…

Ҳайкали сангини шоир
Сангари Майдони Озодист,
Сангари Майдони Озодӣ намеҷунбад
Намеҷунбад, намеҷунбад, намеҷунбад!

Тирамоҳи 1992  

Майдони Озодӣ

(Ба мухолифони демократия)

Шумо ҷазираед,
Ки хуни шаҳидони баҳманмоҳ,
Ҷазираатон карда,
Ҷазираи нафрат,
Ҷазираатон карда.

Шумо сазоворед
Ба сангсори ҳақорат,
Ба мушти “истеъфо”.

Шумо ҷазираед,
Ҷудо зи қитъаи миллат,
Ҷудо  зи қисмати миллат.
Шумо куҷову қораи тоҷик
Шумо куҷову қавораи тоҷик.

Хушо, ки халқ мекӯчад
Ба чониби майдони Озодӣ.
Ба шеъри Ҳазрати Иқбол
Мезанад фол,
Мезанад чодар,
Шояд барои чандин рӯз,
Шояд барои чандин моҳ.

Майдони Озодӣ
Ҷои дуову омин аст.
Ҷои таҳорати зоҳир.
Ҷои таҳорати ботин.
Ба ашки очаи Рустам – шаҳиди баҳманмоҳ,
Ҳазор бор қасам!
Ба ашки модари Аҳмад – шаҳиди баҳманмоҳ,
Ҳазор бор қасам!
Ба хуни Аъзами наврас – шаҳиди баҳманмоҳ,
Ҳазор бор қасам!
Ба хуни Абдусалим,
Ба хуни Маҳмадҷон,
Ба хуни Қобилҷон,
Ба хуни бистучаҳорум шаҳиди баҳманмоҳ,
Ҳазор бор қасам!

Ки Майдони Озодӣ
Намешавад баста,
Намешавад хаста,
Намешавад пароканда!

1992

Комментарии