Шеърхо дар бораи зиндаги

Нишоти умр бошад то ба 30 сол.
Ба 40 ои фурун резад пару бол.
Ба 50 гар равви ёби ту сустӣ.
Ба 60 оина ёбӣ тандурустӣ.
Ба 70 аст маргӣ мард зебо.
Ба 80 чун равӣ афти аз по.
90-навмедии умр аст эй ёр.
Ба 100 ои шавӣ аз умр безор.

zindagi

 

Ё Раб ту маро саркашу мастам накунӣ.
Дар кори худат кутоҳдастам накунӣ.
Сабру тоқатам деҳ дар рузӣ сахтӣ.
Муҳтоҷ ба мардумони пастам накунӣ.

 

Беранҷу ҷафо соҳиби унвон нашавӣ,
Бар тахт расӣ, вале Сулаймон нашавӣ.
Дар асл агар нест, Худо дар дили ту,
Сад бор ба Ҳаҷ равӣ, мусалмон нашавӣ!

 

САРИ МАН ХОКИ ПОЯТ Ё МУҲАММАД.
МЕМИРАМ МАН БАРОЯТ Ё МУҲАММАД.
БА ДАРДИ МАНИ БЕ БЕЧОРА ДАВО КУН.
КИ ТАНҲО ТУИ ДАРМОНАМ Ё МУҲАММАД.
БА МИСЛИ ТУ КАСЕ НЕСТ НОЗАНИНТАР.
НОЗАНИНИ РӮИ ДУНЁ ТУИ Ё МУҲАММАД.
СУХАНИ ҲАКТАРИН БАЪДИ ХУДОВАНД.
ТАНҲО БАРОИ МО ТУ ГУФТИ Ё МУҲАММАД.
ДАР ИН ДУНЁ КАСЕ НЕСТ МОРО ДАСТГИРӢ.
ДАСТГИРИ МО ТАНҲО ТУИ Ё МУҲАММАД.
КАСЕ ДАР ИН ДУНЁ ТУРО ФАРОМУШ КАРД.
ҶОИ САРКАШОН ДУЗАХ АСТ Ё МУҲАММАД.
КАСЕ НЕСТ ШАФОАТХОҲИ МО.
ШАФОАТХОҲИ РӮЗИ ҶАЗО ТУИ Ё МУҲАММАД.

 

Зиндагиро роҳ гуфтам чоҳ будаст во дареғ.
Ҳосили буду набудаш оҳ будаст во дареғ.
Орзу кардам ки ман бо ханда созам зиндагӣ.
Хандаамро гиряҳо ҳам роҳ будаст во дареғ.

 

Эй Худо, умрам ба пирӣ мерасад хорам макун,
Ризқу рӯзиям бидеҳ пеши кассе зорам макун.
Навҷавонӣ рафт, омад давраи қоматхамӣ,
Пирӣ худ афгор бошад, ҳеҷ афгорам макун.
Дар ҷавонӣ давлати манн кам набуд аз дигарон,
Бо асои пириям дар кӯчаҳо зорам макун.
Хони манн пур буд зи нону неъмати рӯи замин,
Пеши дӯсту душманон акнун нодорам макун.

 

Ҳайфи он умр, ки дар ғафлату исён гузарад,
Ҳайфи он рӯз, ки бе лаззати имон гузарад.
Ҳар ки ҳам ҷону ҳам амвол ба дунё бифурӯхт,
Охир аз олами серӯза пушаймон гузарад.

 

Пеши иблис ҳама мардони ҷаҳон номарданд,
Мард он аст, ки аз ин даҳр ба имон гузарад.
Назди мардум ҳама даъвои ғуломӣ доранд,
Банда он аст, ки дар роҳи Ҳақ аз ҷонгузарад.

 

Аз гумони ба ду ғайбатчи муроде ҳосил,
Ҳайфи он умр, ки бо ғайбати ёрон гузарад.
Шайхи олам бикушо, васфи Худованд намо,
То ки ин лаҳза ба хушнудии Раҳмон гузарад.

 

Маро шайдои ишқи пур вафо кардӣ,
Дилам бетобиши рузи ҷазо кардӣ.
Худоё зора дорам кун иҷобат ҳардуъоямро,
Мусофирам дар ин дунё бубахшо ҳар гуноҳамро.
Надонам аз чи бошад душманони дустнамо дорам,
Ба ҳар ҷое равам гуё ба худ сузу садо дорам.
Ба ин дунёду-рузам лек ғамҳоям зиёд аз он,
Расад бар ман садои абрхобонолаи борон.
Бигу эй дун _ чи мехоҳӣ аз ин холи табохи ман,
Ба наздат як нафас меҳмонам бишнав садои ман.
Расон ин гуфтаҳоямро ба  ҳар он душманони ман,
Ки дунё мақсади ин нест бишнав чун мароми ман.
Сиёвуш оқибат қисмат чу пастиву баланд дорад,
Ҳамон дарде, ки дармон нест, ваям бар худ сабаб дорад.

 

Шудам ошиқ ба Қурьонат Худоё.
Шудам ошиқ ба Гуфторат Худоё.
Шудам ошиқ ба он Дунё Худоё.
Шудам ошиқ ба Дидорат Худоё.

Комментарии