Шеърхо дар бораи Истиклолият

ШЕЪРИ ИСТИККЛОЛ 

Бод истиклол човид
Дар фазои Точикистон.
Дар дили ман дар дили ту,
Хамватан, чун ишку дармон.

Сози Истиклол эъчод аст,
Миллати мо бас сарфароз аст.
Кафтари умеди зебояш,
Дар фазои сабзи парвоз аст.

Хандаи хуршеди Истиклол,
Файз мерезад ба чони мо.
Зиндаву поянда медорад,
Парчами сабзу забони мо.

Илму фарханг аст Истиклол,
Тахти авранг аст Истиклол.
Хамватан, бахри ману ту,
Парчами нанг аст истиклол

НИЁИШИ ИСТИКЛОЛ

Ба Истиклоли механ сачда орам,
Намозамро ба даргохаш гузорам.
Бихонам ояти шукронааш беш,
Ки хаст он хадяи Парвардигорам.

Бибусам парчами сабзи Ватанро,
Хазони дил равад, ояд бахорам.
Шабонгах бодаи мохаш бинушам,
Сабохаш бод доруи хуморам.

Агарчи баргу борам борхо рехт,
Хамоно такдарахти устуворам.
Зи шеъри ноби илхоми Худованд,
Маонии накуро Интизорам.

Шаходатномаи ман «Шохнома»-ст,
Ватан огози сабзи рузгорам.
Хуросони суханро шоире бод,
Чу Фирдавси бигуяд з-ифтихорам:

Ки оре, ориёиям ба олам,
Ва бошад Зардухишту Чам таборам.

ВАСФИ ИСТИКЛОЛ

Месароям маснади волои истиклол,
Медамат хуршед аз фардои истиклол.
Зери бари минати гайре будан талх аст,
Коми мо ширин шуд аз хавлои истиклол.
Хафт шахри ишкро Аттор гашту лек,
Аз чахони ишк буд чуёи истиклол.
Пири Туси кард эхё то Хурусонам

Шохнома худ бувад эхёои истиклол.
Миллати мо зист бо фарханги андеша,
То музаффар гашт ба дунёи истиклол.
Кисса шуд шеъру забони шакари моро,
Шеъри мо дорад хама маънои истиклол.
Сурахои ишк орам ман ба номаш беш,
Оят-оят мекунам ифшои истиклол,
Хамватан ! Ай чони ман, дастобадаст имруз,
Сачда бояд кард хоки пои истиклол.

ДАР БОРАИ ИСТИКЛОЛ

Нурест ба дидагони мо Истиклол,
Зуре ба тану равони мо Истиклол.
Як миллати пошхурдаро чамъ овард,
Пайвандгарди чахони мо Истиклол.

Бо пайки хушаш хама Ватансоз шудем,
Ному насабу забони мо Истиклол.
Сохибватанему сохиби кисмати хеш,
Муъчизаи шаъну шони мо Истиклол.

Равшан шуда аз чароги чашмаш рохи мо,
Мохест дар осмони мо Истиклол.
Эй хамклами азиз, васфаш бисаро,
Зебоии достони мо Истиклол.

Шукрона, ки дар канори у масрурем,
Ободии хонадони мо Истиклол.
Шахномаву Шахриёру Шахрия турост,
Точи шарафу нишони мо. Истиклол.

Комментарии