Намунаи Шартномаи Ичораи (Аренда) хона- квартира

Шартномаи иҷораи бино

 

«26» октябри соли 2017                                                                                ш.Душанбе

ҶСП «Бонки Алиф» дар шахси И.в Раиси Бонк  Сафаров О.Р., ки дар асоси ваколатномаи таҳти №01/36-17 аз 24.10.2017с. амал мекунад ва минбаъд «Иҷорагир» номида мешавад, аз як тараф  ва ҶДММ «Обидҷон 2010» дар симои Роҳбар – Меликов Фируз Азизович, ки дар асоси «Шаҳодатнома» аз 19.12.2012с. таҳти № 0232417 ёамал мекунад ва минбаъд «Иҷорадеҳ» номида мешавад, аз тарафи дигар, дар якҷояги “Тарафҳо” номида мешаванд, шартномаи мазкурро оид ба масъалаи зерин бастем. 

1.Мавзӯи шартнома

1.1. Мувофиқи шартҳои шартномаи мазкур «Иҷорадеҳ» ба «Иҷорагир» барои истифодабарии муваққатӣ қисми бино, ки дар суроғаи ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати М.Турсунзода, кӯчаи И.Ҳамзаев – 5 ҷойгир аст, бо масоҳати умумии 83,4 м.м ба иҷора медиҳад ва “Иҷорагир” онро ба иҷора мегирад.

ijora

  1. Маблағи иҷора ва тартиби ҳисоббаробаркунӣ

2.1. Маблағи иҷора аз рӯи шартномаи мазкур 3000 (се ҳазор) сомонӣ бо назардошти андоз барои як моҳ ташкил медиҳад. Маблағи иҷора танҳо арзиши истифодабарии биноро дар бар мегирад.

2.2. Маблағи иҷора то таърихи 10-уми моҳи ҳисоботӣ пардохт карда мешавад.

2.3. Маблағи истифодабарии об, қубурҳои партовгузар (канализатсия), барориши партовҳо аз тарафи «Иҷорадеҳ» пардохт карда мешавад.

2.4. Маблағи истифодабарии қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ аз ҷониби «Иҷорагир» пардохт карда мешаванд.

2.5. Маблағи иҷора на зиёда аз як маротиба дар як сол тағйир дода мешавад.                                             

  1. Мӯҳлати амали шартнома

3.1. Мӯҳлати амали шартномаи мазкур аз санаи 01-уми ноябри соли 2017 ба ҳисоб гирифта шуда, то санаи 31-уми декабри соли 2018  мавриди амал қарор  мегирад.

3.2. Агар дар мӯҳлати 30 рӯз то ба охир расидани мӯҳлати амали шартномаи мазкур, яке аз “Тарафҳо” оиди қатъ намудани муносибатҳои шартномавӣ тарафи дигарро ба таври хаттӣ огоҳ накунад, шартнома бо шартҳои мазкур ба мӯҳлати  нав баста шуда эътироф мегардад.

  1. Ҳуқуқ ва вазифаҳои тарафҳо

4.1.1. «Иҷорадеҳ» ҳуқуқ дорад:

а) дар ҳар вақт омада, оиди аз тарафи «Иҷорагир» дуруст истифодабарии биноро мувофиқи шартҳои шартномаи мазкур санҷад;

б) дар ҳолати аз тарафи «Иҷорагир» ва ё мизоҷони ӯ расонидани зарар ба бино, бартараф намудани онро ё ҷуброни зарари расонидашударо талаб кунад;

в) дар асоси шартҳои дар шартномаи мазкур пешбинишуда яктарафа шартномаро пеш аз мӯҳлат бекор кунад;

4.1.2. «Иҷорадеҳ» ӯҳдадор аст:

а) бо санади қабулу супоридан ба «Иҷорагир» биноеро, ки дар банди 1.1. шартномаи мазкур нишон дода шудааст дар ҳолати хуб, супорад.

б) дар ҳолати як тарафа бекор кардани шартномаи мазкур «Иҷорагир»-ро на камтар аз 30 рӯз пештар огоҳ намояд.

в) то ба итмом расидани мӯҳлати шартномаи мазкур аз «Иҷорагир» холӣ кардани биноро талаб накунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар банди 7.3. шартномаи мазкур нишон дода шудаанд.

4.2.1. «Иҷорагир» ҳуқуқ дорад:

а) баъд аз ба итмом расидани муҳлати амали шартномаи мазкур, нисбат ба дигарон барои ба муҳлати нав бастани шартнома ҳуқуқи бартариятнок дорад.

б) бо розигии хаттии «Иҷорадеҳ» биноро пурра ё қисман ба зериҷора диҳад;

в) дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи мазкур, пеш аз мӯҳлат яктарафа шартномаро бекор кунад;

4.2.2. «Иҷорагир» уҳдадор аст:

а) мувофиқи бандҳои 2.1. ва 2.2.-и шартномаи мазкур маблағи иҷораро саривақт ҳисобӣ намояд;

б) биноро дар асоси санади қабулу супоридан аз «Иҷорадеҳ» қабул намояд.

в) биноро мувофиқи талаботҳои санитари-эпидемиологӣ ва қоидаҳои зиддисӯхтор  нигоҳ дорад.

г) баъди ба итмом расидани мӯҳлати амал ё дар ҳолати пеш аз мӯҳлат як тарафа бекор кардани шартномаи мазкур ё ин ки ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст биноро холӣ намояд ва бо санади қабулу супоридан ба «Иҷорадеҳ» супорад.

д) дар ҳолати пеш аз мӯҳлат як тарафа бекор кардани шартномаи мазкур «Иҷорадеҳ»-ро на камтар аз 30 рӯз пештар огоҳ намояд.

е) фақат бо розигии хаттии «Иҷорадеҳ» биноро таъмир ё азнавсозӣ намояд.

  1. Беҳтарсозии амвол

5.1. Корҳои беҳтарсозии ҷудошавандае, ки «Иҷорагир» анҷом додааст, моликияти ӯ мебошад. Корҳои беҳтарсозии ҷудошавандае, ки «Иҷорагир» бо розигии «Иҷорадеҳ» анҷом додааст моликияти «Иҷорадеҳ» ба ҳисоб рафта баъд аз итмом расидани мӯҳлати амали шартномаи мазкур «Иҷорагир» ҳуқуқи талаб кардани ҷуброни чунин беҳтарсозиҳоро надорад. Вале дар ҳолати аз тарафи «Иҷорадеҳ» беасос бекор кардани шартнома, «Иҷорагир» ҳуқуқи талаб кардани ҷуброни беҳтарсозиҳои ҷудонашавандаро дорад.

5.2. Агар «Иҷорагир» бе розигии хаттии «Иҷорадеҳ» беҳтарсозӣ ё азнавсозии биноро гузаронад, дар ин ҳолат «Иҷорагир» ӯҳдадор  мешавад, ки аз ҳисоби худаш биноро  ба ҳолати  пешина гардонад ё ба «Иҷорадеҳ» маблағи зарарро ҷуброн намояд.

5.3. Дар ҳолате, ки беҳтарсозиҳои ҷудонашавандаи бино бо розигии «Иҷорадеҳ» ё бо ҳамроҳии ӯ гузаронида шавад, маблағхои сарф кардаи «Иҷорагир» аз ҳисоби маблағи иҷора ҳисоб карда мешавад.

  1. Ҷавобгарии тарафҳо

6.1. Дар ҳолати гузаштани зиёда аз 5 рӯз аз вақти нишондодаи дар банди 2.1. шартнома, ки «Иҷорагир» мебоист маблағ ҳисоб намояд, ё ин ки саривақт холӣ накардани бино баъди ба итмом расидани мӯҳлати амали шартномаи мазкур «Иҷорагир» ӯҳдадор мешавад, ки ба «Иҷорадеҳ» ноустуворона бо андозаи 0,3% аз маблағи моҳонаи шартномаи мазкур, барои ҳар рӯзи гузаронидани мӯҳлати пардохт, супорад.

6.2. Дар холати вайрон кардани зербанди «б» банди 4.1.2.-и шартномаи мазкур «Иҷорадеҳ» ӯҳдадор мешавад, ки ба «Иҷорагир» ноустуворона ба андозаи 0,3% аз маблағи моҳонаи шартномаи мазкур аз рӯзи пеш аз мӯҳлат холӣ кардани бино то рӯзи ба итмом расидани мӯҳлати шартнома, пардохт намояд.

6.3. «Иҷорадеҳ» ҳамчунин ӯҳдадор мешавад, ки дар ҳолати насупоридани ҳаққи хизмати барқ, телефон ё набастани шартномаҳо бо ташкилоту муассисаҳои дахлдор барои таъмини барқу телефон,  агар ба «Иҷорагир» зиён (зарар) расонида шавад, чунин зиёнро пурра ҷуброн намояд.

6.4. Барои иҷро накардан ё ин ки иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ аз рӯи шартномаи мазкур “Тарафҳо” мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

  1. Тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ва бекор кардани шартнома

7.1. Созишнома дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ё қатъ кардани шартнома бо розигии ҳардуи тарафҳо ба таври хаттӣ анҷом дода мешавад.

7.2. Шартномаи мазкурро мумкин аст бо розигии тарафҳо дар ҳама вақт, ё ин ки тибқи бандҳои 7.3 ва 7.4 бекор намуд:

7.3. Шартномаи иҷораро «Иҷорадеҳ» метавонад дар ҳолатҳои зерин пеш аз мӯҳлат бекор намояд:

а) Дар ҳолати аз тарафи «Иҷорагир» гузаронидани азнавсозӣ ё ин ки нав кардани тарҳи бино бе розигии «Иҷорадеҳ».

в) Агар «Иҷорагир» биноро ё ин ки қисми онро бархилофи шартҳои дар шартномаи мазкур пешбинӣ гардида, ғайри мақсад истифода барад.

7.4. Бо талаби «Иҷорагир» шартномаи иҷора дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад:

а) Агар «Иҷорадеҳ» биноро аз рӯи шартҳои шартномаи зерин барои истифодабарӣ ба «Иҷорагир» пешкаш накунад, ё ин ки барои истифодабарии он монеагӣ кунад.

б) Агар бинои ба иҷора додашуда, чунин камбудиҳое дошта бошад, ки истифодабарии онро номумкин месозад.

в) Агар «Иҷорадеҳ» яктарафа маблағи шартномаро зиёд кунад.

7.5. Тарафҳо ҳуқуқи даъво кардан ба судро, барои талаб кардани ворид намудани тағйирот ба шартнома, ё ин ки бекор кардани он дар ҳолате, ки агар дигар тараф дар вақти муайян кардаи шартномаи мазкур, яъне 30 рӯз ҷавоб нагардонад, пайдо мекунанд.

  1. Шартҳои дигар

8.1. Ҳамаи баҳсҳоро аз рӯи шартномаи мазкур тарафҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал менамоянд. Дар ҳолати бо роҳи гуфтушунид ҳал нашудани баҳсҳо, онҳо аз рӯи тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи судӣ ҳал карда мешаванд.

8.2. Аз рӯи дигар шартҳое, ки дар шартномаи мазкур қайд карда нашудаанд тарафҳо мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.

8.3. Шартномаи мазкур дар ду нусха баста шудааст, ки ҳардуи нусхаҳо дорои қувваи якхелаи ҳуқуқӣ мебошанд.

9.Суроғаи ҳуқуқӣ ва имзои тарафҳо:

Иҷорагир: Иҷорадеҳ:
ҶСП «Бонки алиф»шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи М. Турсунзода-50 

И.в. Раиси Бонк _____________ Сафаро О.Р.

                                  Ҷ.М.

ҶДММ «Обидҷон 2010» Суроға: н.Ҳисор. ҷ.ОктябрРЯМ:1610003650

РМА:160006702

Тел: _____________

 

Роҳбар _____________  Меликова Ф.А.

 

Комментарии