Намунаи шарномаи ичораи Бино (Нусха)

ШАРТНОМАИ ИЧОРАИ № 15

аз « 10»декабри 2019с.

Шахрванди Чумхурии Точикистон, Оламов Олим Одилович, дорандаи шиносномаи № А 4027300, ки аз тарафи ШВКД нохияи Шохмансури шахри Душанбе, дар санаи «20» январи 2006 с. дода шудааст, РМА 015164522, кучаи Шаропов гузаргохи 40 хонаи 45,Ки дар оянда «Иҷорадеҳ» номида мешавад ва Шахрванди Чумхурии Точикистон Солеов Комил Одилович, ( РМА – 184617904 ), минбаъд «Иҷорагир» номида мешавад, шартномаи мазкурро бо мазмуни зерин ба имзо расониданд:

  1. Муқаррароти умуми
  • Ичорадеҳ ба Иҷорагир кисми бинои гайриманқулро дар ошёнаи 3- юм бо масоҳати умумии 300,45 м2 ( сию аз сад чилу паич метри мураббаъ), воқеь дар суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Ф.Ниёзи 55, ошёнаи дуюм (минбаъд «Объекти иҷора»), барои ташкил намудани Дафтари кори ба иҷора месупорад.).
  • Супоридани амвол тибқи санади қабулу супоридан, бо зикри ҳолати техникӣ ва тасиифоти навъи амвол анҷом дода мешавад. Саиади супоридану қабул замима карда шуда, қисми ҷудонашавандаи шартномаи мазкур мебошад (Замимаи №1).
20191114_113602

Нусхаи намунаи шартномаи ичораи бино

 

  1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадории тарафҳо
    • Иҷорадеҳ ҳуқуқ дорад:
  • аз Иҷорагир ҷуброни зарареро, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидориаш ба амволи гайриманкул расонида шудааст, талаб намояд;
  • ҳангоми ба миён омадани сабабхои асоснок, дар шартнома тагйироту иловаҳо ва ислоҳоти дахлдор ворид намояд;
  • корҳоеро, ки Иҷорагир хилофи шартҳои ҳамин Шартнома анҷом медихад боздорад;
  • бо мақсади санҷиши ичрои шартхои шаргномаи мазкур, ба ҳудуди объекти иҷора бе мамоният ворид шавад ва ё намояндаи ваколатдори худро сафарбар памояд.
    • Иҷорагир хуқуқ дорад:
  • фаъолияти хочагидории худро дар объекти иҷора тибқи шаргҳои пешбининамудаи ҳамин Шартнома, мувофики максад анҷом диҳад;
  • баъди имзои санади қабулу супоридан амалан ба истифодаи объекти ичора шурӯъ намояд.
    • Ичорадеҳ вазифадор аст:
  • ба Иҷорагир Объекти ичораро аз лаҳзаи имзои санад, супорад;
  • риояи шартхои пешбининамудаи Шартномаро таҳти назорат қарор диҳад;
    • Иҷорагир вазифадор аст:
  • Объекги ичораро мутобиқи шартҳои ҳамин Шартнома, барои истифода қабул иамояд;
  • Объекги ичораро мутобиқи таъиноте, ки дар банди 1.1. ҳамин Шартнома зикр гардидааст, самарабахш истифода барад;
  • дар Объекти иҷора қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, зидди сӯхтор, меъёр ва қоидаҳои соҳавие, ки барои корхонаю ташкилотхои машғули чунин навъи фаъолият муқаррар шудаанд, риоя намояд;
  • Объекти ичораро дар ҳолати коршоямй нигоҳ дорад, аз ҳисоби худ гаъмири ҷории онро анҷом дпҳад;
  • азнавсозӣ ва азнавтаҷҳизонии Объекти иҷораро танхо бо иҷозати хаттии Иҷорадеҳ анҷом диҳад;
  • нигахдории таҷҳизотҳои мухандисӣ ва шабакаҳои барқиро дар Объекти иҷора таъмин намояд;
  • пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, барк, андозҳои хатми ва дигар пардохтҳоро аз ҳисоби худ, сари вақт амалӣ созад;
  • хангоми ба амал омадани :арурият, бо талаби Иҷорадеҳ Объекти иҷораро озод намояд, дар ин маврид Иҷорадеҳ бояд Иҷорагирро як моҳ пештар огоҳ намояд;
  • маблағи иҷораро дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Шартномаи мазктр пардохт намояд;
  • аз ҳисоби худ Объекти иҷораро мувофиқи тартиби

муқаррарнамудаи қонунгузорӣ суғурта намояд;

  • Объекти иҷораро ҳам дар маҷмӯъ ва ҳам қисман бе иҷозагп хаттии Иҷорадеҳба иҷораи фаръи надиҳад;

Объекти иҷораро оа гарав намонад ва ба тарзи дигар ба оп гаронй наорад;

  • оаъди ба охир расидани мӯҳлаги шаргнома Обьекти иҷораро дар ҳолати коршоямӣ баргардонад.
  1. Мухлати амал ва хисоббаробаркунихо
  • Мӯҳлати амали шартнома аз лахзаи имзои он огоз гардида то 31 декабри соли 2020 амал менамояд.
  • Хачми маблағи иҷора бо назардошти талаботи моддаи 1.1. хамин Шартнома, дар умум 1500 ( як хазору панчсад ) сомониро дар як мох ташкил медихад . Дар холати тагйир ёфтани курби расмпп арзи мили нисбат ба доллари ИМА, тарафхо масъалаи тагйир додани хачми мабдагп ичораро мавриди тачдид карор хоханд дод.
  • Пардохти маблаги ичора аз лахзаи имзои Санади супоридаиу – кабул (Замимаи № 1) огоз карда мешавад.
  • Маблағи иҷора аз ҷониби Иҷорагир то санаи 5-уми моҳи ҳисоботи ба Иҷорадех пешпардохт карда мешавад. Иҷорагир метавонад барои якчанд моҳ (давра) маблағи иҷораро пешпардохт намояд.
  • Дигар гуна хисоббаробаркунихо, аз чумла барои истифодабарии кувваи барк, коммуникатсияхои умуми, обу корези, ташкили посбони, рекламаи беруна ( банер ), нигохдории холати санитарию эпидемиологи ва гайраро, Ичорагир мустакилона ба танзим дароварда, пардохт менамояд.
  • Дар ҳолати аз ҷониби Иҷорагир дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома иапардохтани маблағи иҷора, Иҷорадеҳ ҳуқуқ дорад дар ҳаҷми 0,01% фоизи аммо на бештар аз 5% фоизи барои маблағи аз мӯҳлаташ гузашта, барои ҳар рӯзи он муҷозоти молиявӣ (пеня) ҳисоб намояд.
  • Иҷорагир ӯҳдадор асг, ки то охири давраи ҳисоботй, нисбати пардохти маблағи иҷора бо Иҷорадеҳ санади мутақобила тартиб диҳад.
  1. Масъулияти тарафҳо
    • Тарафҳо барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби шартҳои ҳамин шартнома ва ӯҳдадориҳои ба зимма гирифта, мутобиқп қонушлзорип Чумхурии Точикистон масьулият доранд.
    • Пардохти ҷарима ва пеня тарафҳоро аз иҷрои ӯҳдадорпхои ба , зиммаашон гузошташуда ё рафъи шартхои шартнома, ки вайрон шудаанд, озод намекунад.
  2. Қатъи амади шартнома
    • Шартнома баъди гузаштани мӯҳлат ва ё мувофиқи созишномаи иловагии тарафхо дар ҳама гуна холагхо қать мегардад.
    • Шартнома метавонад дар ҳодатҳои зайд якгарафа бекор кардг шавад:
  • тибқи таъинот истифода набурдани Объекти ичора, ки дар банди 1.1. ҳамин Шартнома зикр шудааст;
  • дидаю дониста ё беэҳтиёрона бад кардани ҳолати Обьекти иҷора;
  • зиёда аз 2 маротиба напардохтани маблағи иҷора;
  • пурра ё қисман иҷро накардани шартҳои ҳамин Шартнома.
    • Дар хама гуна ходати катъ шудани амади Шартнома, Ичорагир хукуки чуброн намудани харочоти мабдаги таъмиру тачдиди Объекти Ичораро надорад.

5-4. Дар асоси банди 5.2. қатъ кардани амали Шартнома ё бастанп Шартнома ба мӯҳлати нав, тарафи гашаббускор дар мӯҳлати на ка.мтар а > 1 (як ) моҳ ба тарафи дигар маъдумотномаи хаттӣ мефиристад.

  1. Шартҳои дигар
    • Муносибатҳое, ки ҳамин Шартнома танзим накардааст, тибқи қонунгузории Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.
    • Тағйироту идоваҳо ба ҳамин Шартнома агар дар шакди хаттй таҳия гардида, ҳарду тараф имзо гузошта бошанд, дорои эътибор мегарданд.
    • Ичорадех барои нигохубии кардани молу ашёи Ичорагир, кп дар худуди объекти ичора ва худуди мавзеъхои истифодабарии умум нигох дошта мешаванд, хеч гуна масъулият надорад.
    • Шартномаи мазкур дар 2 (ду) нусха таҳия гардида, дорои эътибори ”лль-хгкии баробар мебошанд.

 

Маълумотхо ва имзохои гарафҳо.

 

 

 

Иҷорадеҳ

Лолаев Одил ш.Душанбе, кучаи 2-юм гузаргохи Шаропов 65

РМА 015164300

 

Иҷорагир Рустами Камолш. Кулоб, кучаи Ш. Шохин хонаи 78, утоки 14.

РМА-186213589

Шиносномаи № А489678

Комментарии