Шаҳри Душанбе

Душанбе – ин шаҳрест, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1924-ум инҷониб ба шумор рафта яке аз ободтарину сераҳолитарин шаҳри кишвар ба ҳисоб меравад ва дар он корхонаву ташкилотҳои калонтарин ва вазорату сохторҳои давлатӣ ҷойгир мебошанд.

Дар шаҳри Душанбе сохторҳои маъмурии кишвар аз ҷумла Бошишгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар, Парлумон, Вазорати иқтисод, Вазорати мудофиа, Вазорати Молия, Бонки миллӣ-марказӣ, сафоратхонаҳо, Донишгоҳҳо, Марказҳои Савдо, Боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайраҳо мавҷуданд.

dushanbe_novostroka_khona

АҲОЛӢ:

Аҳолии Шаҳри Душанбе ба аввали соли  2017- иборат аз 902 ҳазор нафар ва бо меҳмононе ки аз дуру наздик омада истиқомати муваққатӣ доранд иборат аз 1,3 млн нафар мебошанд. Аҳолии шаҳри Душанбе аз миллатҳои гуногун иборат мебошад ва асоси онҳоро тоҷикон ташкил мекунанд. Дар ҷойи 2-юм узбекон дар Душанбе бештар зиндагӣ мекунанд ва савумин халқи калонтарин ин руссҳо мебошанд ки ҳамагӣ 0,3%-и аҳолии пойтахт мебошанд.

Солҳои шӯъравӣ (1970-1990) дар Душанбе халқи русс зиёда за 50%-и (нисф) аҳолиро ташкил мекард вале бинобар сабаби аз даст додани сиёсати Руссия дар Осиёи Миёна ба ҳиҷррати ин халқият боис гаштааст.

ҶУҒРОФИЯ:

Шаҳри Душанбе аз нигоҳи ҷуғрофӣ 38° паҳнои шимолӣ ва 68° дарозии шарқӣ дар водии Ҳисор дар ду паҳлуи дарёи Душанбе (Варзоб),дар баландии 750-800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Масоҳати умумии шаҳри Душанбе 127 км².  ташкил медиҳад.

Дарозии шаҳр ба 14 километр баробар буда паҳноияш ба 15

Шаҳри Душанбе ба чаҳор ноҳияи Маъмурӣ тақсим шудааст, аз ҷумла: Ноҳияи Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур. Аз тарафи шимоли шаҳри душанбе ноҳияи Варзоб, аз ҷануб, ғарб ва шарқ ноҳии Рӯдакӣ воқеъ мебошад. Қисми шимолии шаҳр баландар ва қисми ҷанубиаш пастар мебошад. Аз тарафи шимолии шаҳри Душанбе кӯҳҳои Ҳисор воқеъ мебошад ва онҳо сарчашмаи оби тозаи барфу пиряхҳо ва пешгирандаи шамолҳои, шиддатнок мебошанд.

Сатҳи тобоварии биноҳои манзилию кории шаҳри Душанбе ба сатҳи тектоникӣ (заминҷӯнбӣ) ба 7-8 балл баробар мебошад. Дар минтақаи шаҳр соле 3-4 маротиба ба ҳисоби миёна ҳар сол заминҷунбӣ нисбатан шадиднок ба вуқуъ мепайвандад, ки  давомнокии ҳар яки он тақрибан 10-15 сония давом дода бо қудрати 3-4,5 балл баробар мебошад. Сатҳи зилзиларо дар шаҳри Душанбе «Маркази зилзиласанҷӣ» ба қайд мегирад.

ИҚЛИМ:

Иқлими шаҳри Душанбе дохиликонтиненталии субтропикӣ мебошад. Тобистони Душанбе тӯлонӣ ва тасфон мебошад ва гоҳ-ногоҳ борон меборад. Зимистонаш чандон тӯлонӣ нест ва ҳарорати ҳаво низ он қадар ҳам хунук намешавад вале ҳаҷми боришот хело зиёд буда ба иқлими наздибаҳрӣ монандӣ дорад.

Баҳори Душанбе хеле форам мебоашд, чунки ҳарорати ҳаво чандон на сарду на тасфон ва боришоти мунтазам ҳаворо тоза карда барои инкишофи растаниҳо хело хуб аст. Боришот дар баҳорон хеле зиёду дурудароз мешавад ва гоҳҳо раъду-барқ низ ба вуқуъ мепайвандад.

Иқлими шаҳри Душанбе

Тирамоҳ ассосан серчангу ғубордор ва гоҳ-гоҳ борон меборад ва охирҳои ин мавсим мешавад, ки низ барф борад ва ҳарорати ҳаво сард шавад. Хуллас моҳҳои июн – октябр давраи хушк ва моҳҳои декабр-май давраи боришоту намнок ҳисоб меёбад. Ҳарорати миёнаи моҳи январ  – 1 °С, июл + 28 °С қайд карда шудааст. Маълумоти муфассал дар нақши зерин.

ТАЪРИХ:

Дар соҳили дарёи Душанбе дар асрҳои 3 ва ё шяд асрҳои 4-и пеш аз мелод шаҳри кӯҳнаи кӯшонӣ пайдо шудааст. Зарфҳои аниқӣ шаҳодати онанд, ки  дар минтақаи шаҳри ҳозираи Душанбе дар замонҳои қадим мардуми кишоварздор зиндагӣ мекарданд ва зиндагиашон дар шаҳр мегузашт.

Аввалин қайдҳои таърихӣ оиди мавҷудияти деҳаи Душанбе солҳои 1676 ба амал бароварда шудааст. Мутобиқи ин қайдҳо Душанбе сари ду роҳи бо ҳам мегузашта ҷойгир будааст, ки дар наздаш бозоре мавҷуд будааст ва он ҳар ҳафта як маротиба фаъолият менамудаст.  Аҳолии Душанбе асрҳои 17-ум ҳамагӣ иборат аз 7-8 ҳазор нафар буда дар он 500-600 хоҷагӣ мавҷуд будааст.

Солҳои 1825 деҳа номи Душанбе – Қӯрғон, доштааст ва аввалин харитае, ки дар он Душанбе нишон дода шудааст ин соли 1875 –ум мебошад.  Аҳолии Душанбе тақрибан аз 10 ҳазор нафар дар қалъаи соҳили ҷар воқеъбуда мавҷудият доштааст. Яке аз боигарии ин макон корвонсарой ба ҳисоб мерафтаст, ва тавассути Душанбе ба Самарқанд, Хӯҷанд, Кӯлобу Помир роҳҳои пиёдагарду савора мавҷуд будааст. Дар Душанбе охири асри 19-ум 14- масҷид ва 2- мадраса будааст.

Мутобиқи тақсимоти маъмурии таърихи асрҳои 18-19-ум Душанбе тоъбеи Амири Бухоро буд. Охирин амири Бухоро (Амир Олимхон) соли 1920 омада дар Душанбе зистааст ва баъдан гурехта ба Афғонистон рафтааст.

Дар авали соли 1922 –ум Душанбе аз ҷониби босмачии турк «Анвар Подшоҳ» запт карда шуд, лек санаи 14-уми июли соли 1922 аз ҷониби артиши болшевикон шаҳр боз баргашта ба дасти мардуми шӯъравӣ баргашт. Ҳамон сол Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Шӯъравии Советӣ эълон шуд ва дар тоати Узбекистони шӯъравӣ то соли 1929-ум буд.

Абдукарим розиков

Сурати Абдукарим Розиқов

Солҳои 1924-1929 расман бо номи «Дюшамбе» аз ҷониби мардуми руссзабон номгирӣ карда шуда буд. Лек бадтар  аз соли 1929 то 1961 шаҳр номи Сталинободро гирифт. Санаи 10-уми ноябри соли 1961 ба шаҳр номи қаблиаш баргардонида шуд.

Аввалин Раиси шӯрои шаҳри Душанбе Абдукарим Розиқов буд ва бо роҳбарии ӯ дар Душанбе хеле ободониҳо гузаронида шуд, ки асоси онро сохтани роҳҳои замонавӣ, биноҳои баланошёна, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ғайраҳо ташкил карда буданд. Дар солҳои роҳбарии Розиқов (1925-1932), масъалаи аксгирии топографӣ ба роҳ монда шуда нақшаи шаҳри оянда таҳия шуда дар он роҳҳу хиёбонҳои аввалин дарҷ гардиданд.

Соли 1929 ба Душанбе аввалин поэзд омад ва роҳи оҳани Душанбею шаҳри Тошканд ва шаҳри Москва, пайваст шуд, ки заминаи басо зиёд дар рушди саноат ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт гузошт.

Аввалин алоқаи радиоӣ соли 1931 ташкил карда шуд ва барои муҳаё сохтани ин намуди алоқа аз ҷониби Мосрадиострой дар Душанбешаҳр пойгоҳи мавҷи кӯтоҳ ташкил карда шуд.

Баъди соҳиб шудани истиқлолият дар соли 1991 шаҳри Душанбе боз ҳам зеботар гашт ва дар он як қатор биноҳои баланошёнаи ҳозиразамон, ки иборат аз 22 ошёна, осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ,  Парчами ва Нишони давлатаӣ дар боғи Рӯдакӣ, Масҷиди зебо бо сармояи Қатар, меҳмонхонаҳои 5-ситора аз ҷумла Ҳаян Реҷенсӣ, Сирена, Шератон, Маркази савдои Ашан (2017 сол), бинои нави Парлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Почтаи асосӣ (Главпочтамт), сохта шуданд.

ТАҚСИМОТИ  МАЪМУРӢ

Шаҳри Душанбе ягона шаҳри Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳудуди он ноҳияҳо мавҷуданд ва ба ин васила масъалаи идоракуниро ба Шӯрои депутатҳои халқӣ, вогузор шудааст. Ҳукумати иҷроияи ноҳияҳо ба раисони ноҳияҳо дода шудааст.

Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷистон оид ба «Мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва иҷрои дигар корҳои шаҳрдорӣ (пойтахт), зикр ёфтаанд.   Санаи 18-уми июли соли 2013 ҳудуди Шаҳри Душанберо аз ҳисоби ноҳияҳои ҳамсарҳад васеъ намудан, қарори дахлдор қабул карда шуда буд.

Душанбе ба 4-ноҳияи маъмурӣ тақсим шудааст, ки ҳар яки он соҳиби раис ва дастгоҳи идоракунӣ буда ба Раиси шаҳри Душанбе тобеъ мебошад.

Мутобиқи иттиллоотӣ Оҷонсии омори давлатӣ дар шаҳри Душанбе соли 2016-ум 802 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ менамуданд, ки рушди солонааш ба 3,5 % баробар буд. Ба ҳисоби миёна зичии аҳолии пойтахти Тоҷикистон дар соли 2017-ум баробари 6,4 ҳазор нафар дар як киломтери мураббаъ ташкил кард. Масъалаи чорабинии баҳисобгирии шаҳрвандоне ки ҳамчун истиқоматкунандагонии пойтахт мебошад дар 10-сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ шумораи аҳолии Душанбе ба 9%-и аҳолии Тоҷикистон баробар мебошад ва аз ҳама сераҳолитарин ҷойҳои пойтахт, ин маҳаллаи Зарафшон, 33, 82, Гулистон, Профсоюз ва дигарон мебошанд.

ИҚТИСОДИЁТ (САНОАТ)

Аз ҷиҳати иқтисодӣ пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикиситон – шаҳри Душанбе дар байни дигар шаҳрҳои кишвар ҷойи якумро мегирад ва дар он зиёда аз 230 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамоянд, ки дар он атрофии 19 ҳазор нафар коркар фаъолияти меҳнатӣ менамоянд. Корхонаҳои саноатии Душанбе зиёда аз 300 намуди маҳсулотҳоро истеҳсол менамоянд ки ин 30%-и умумии истеҳсолоти кишварро ташкил мекунанд. Молу маҳсулоти асосии истеҳсолмешуда дар шаҳри Душанбе ин маҳсулоти пахтагӣ, ноқилҳо, семент, барқ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти нонӣ ва нӯшока мебошад.

Рӯйхатти корхонаҳои калонтарин:

  • АООТ «Носоҷи-Тоҷик»
  • Тоҷиксемент
  • ҶСП «Гулистон»
  • ҶСК «Нафиса»
  • Барқи Тоҷик
  • Неъругоҳи гармӣ-электрикии «Душанбе»
  • Корхонаи «Фонон»
  • ҶСК «Ҳумо» (собиқ «ТоҷикГидроАгрегат»)

Экология

Ифлосшавии боду ҳавои шаҳр аз ҳисоби автомобилҳо (70%), баъдан аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ (25%) ва ниҳоят аз ҳисоби чангӣ афғонӣ (4%)  ва ғайра (1%), ба вуқуъ мепайвандад.

Савдо ва хизматрасонӣ

Дар шаҳри Душанбе марказҳои савдо хеле зиёданд ва бахусус солҳои рушди сохтмон (2010-2015) шумораи супермаркетҳо хеле зиёд шуданд, ки ҷумлаи онҳои ин «Душанбе Мол – Ашан», «Пойтахт 90», «Супермаркет Пайкар». Вале ба ин ҳам нигоҳ накарда аҳолии пойтахт чун солҳои қабли хариду фурӯши молу хадамотро дар бозорҳо ба амал мебароранд.

Рӯйхатти бозору марказҳои савдо:

  1. Деҳқон Бозор, дар маҳалаи шаҳраки Гипрозем ба фурӯшӣ яклухти меваю сабзавот махсусгардонидашуда.
  2. Бозори «Шоҳмансур» дар маркази пойтахт ки ба забони руссӣ (Зелёный базар») мегӯянд ва дар савдои чаканаи меваҷоту сабзавот махсус гардонида шудааст.
  3. Бозори «Корвон» – бозори аз ҳама калонтарини кишвар ки дар савдои либосиву палоси хона махсус гардонида шудааст;
  4. Султони Кабир – дар савдои чакана ва яклухти қисмҳои эҳтиётии техника ва молҳои электронӣ махсус гардонида шудааст;
  5. Саховат – дар фуруши молҳои мевагию сабзавотӣ махсус гардонида шудааст;
  6. Ҷал-ҷам – Дар фуруши молҳои сохтмонӣ махсус гардонида шудааст;
  7. Фаровон – дар фуруши яклухти молҳои хӯрока машғул мебошад;
  8. Хитой бозор – дар фурӯши молҳои либоса ва палоси хона тариқи яклухт ва чакана машғул мебошад;
  9. Пойтахт 90 – бозори замонавӣ дар бинои пӯшида ва дар фурӯши чаканаи молҳои ниёзи мардум махсусгардонидашуда
  10. Ашан (Душанбе мол) – Дар савдои молҳои арзони хӯрока ва рӯзғор дар бинои ҳозиразамон фаъолияткунанда;
  11. Пайкар – дар фуруши чаканаи молҳои беҳтарини хӯрока дар бинои ҳозиразамон;
  12. Юск (JYSK) – дар фӯрӯши мебел ва дигар лавозимотҳои хонагӣ, ки истеҳсолӣ кишварҳои аврупо мебошанд;

Комментарии