Шахри бехатар

Шаҳри бехатар – ин низоми барномаи видеои назоратӣ аз болои нақлиёт ва шаҳрвандони кишвар мебошад ки аз ноябри соли 2013 инҷониб ба кор андохта шудаасту зери роҳбари Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Шахри бехатар

Шахри бехатар

Таърих: Шаҳри бехатар бо сармоягузории бонки Хитоии ЭксимБонк ба маблағи 20 млн. доллори ИМА ба муҳлати 20-сола гирифта шуда сохтмони он аз соли 2011 шуру шудааст ва дар худ таҷасумгари ҳазорҳо камераҳо, ноқилҳо, компютерҳо, столбаҳо ва дигар таҷҳизотҳоро дорад.

Маркази асосии Шаҳри бехатар дар бинои асоси Бозрасии Автомобилии шаҳри Душанбе воқеъ дар маҳалаи 33-и пойтахти кишвар мебошад ки он ҷо кормандони масъул фаъолияти меҳнатӣ менамоянд.

Сабаб: Мақсади асосии ба роҳ андохтани низоми Шаҳри бехатар ин боз ҳам беҳтар кардани тартиботи ҳаракати нақлиёт ва шаҳрвандони шаҳри Душанбе ва инчунин назорат бурадани дигар ҷабаҳаҳои ҷамъиятӣ ба роҳ андохта шудааст. Дар ҳақиқатан ҳам ин низом таъсири худро мусбат расонидааст ва алакай тартиботи ҳаракати мошинҳо дар пойтахти кишвар баръало маълум ас тки нисбатан ботартибона ҳаракат менамоянду шумораи зарадидагон аз садамаҳо кам шудаанд.

Видео аз камераҳои Шахри бехатар

 

Бар иловаи ин акнун барои баҳс кардани қоидавайронкуниҳо ҳуҷҷати видеоӣ пайдо шудааст, ки ин барои боинсофона баҳогузорӣ кардани воқеаҳо судман аст. Бо пайдо шудани Шаҳри бехатар шумораи кормандони Бозрасии автомобили ки онҳоро дар ҷамъият худ Гаишник мегуянд хело кам шудаанд ва онҳо акнун барои аз ҷой нишаста сабт кардану таҳрири видеоҳои қоидавайронкунӣ машғуланд

Ба ҳисоби миёна аз тарафи Шаҳри бехатар дар як руз 500 то 1000 қоидавайронкуниҳо сабт карда мешавад, ки асосан иборат аз гузаштан дар чароғаки сурх, зер кардани хатҳои сафед, ҳаракат ба суи муқобил ва гузоштани техника дар ҷойҳои номувофиқ мебошад.

Андозаи ҷаримаҳо дар Шахри бехатар

Ҳамин тавр агар бори аввал қоида вайрон кардед, 40 сомонӣ месупоред, бори дуюм ҳамон далел аммо алакай 80 сомонӣ мешавад, гузаштан ба чароғаки сурх аз 120 то 240 сомонӣ аст ва ин ба инсофи ҳамон корманди БДА вобаста аст. Агар дар як рӯз 3 бор қоидашиканӣ кардед, 120 сомонӣ месупоред.

Камера запись Авто Душанбе

Камера запись Авто Душанбе

Чи хел ҷаримаҳоро муайяну пардохт кардан мумкин аст?

Шумораи қоидавайронкуниҳоро мардум тавассути он терминалҳои пулсупораке ки дар шаҳри Душанбе ҳастанду ба воситаи он пардохти ҳаққи хизматрасониҳоро ба роҳ андохта мешавад санҷидан мумкин ки барои ин хизматрасонӣ 5-7 сомонӣ гирифта мешвавд. Вале ба гуфтаи бархеи соҳибони нақлиёт гуё ин намуди тафтиш бисёр вақт хатост ва ҳодисаҳое ҳасантд, ки ҳангоми терминал мавўд будани қоидавайронкунӣ дар Шаҳри бехатар ин иттилоот тасдиқи мавҷудияти худро намеёбад.

Ҳодисаҳои аҷоиб ва проблемаҳо мавҷуда:

Дар байни соҳибоне автомобил шахсоне ҳастанд, ки қоидавайронкуниҳои зиёдеро содир карданд ки андозаи ҷаримаашон зиёда аз 10 –ҳо ва ҳатто 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд ва онҳо на танҳо раису писарони раисонанд, балки намояндаҳои санъати мардумианд. Масалан Афзалшо Шодиев, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Мехрнигори Рустам, Шахроми Абубакр, Сарвиноз Юсуфи, Гулру Табарова ва Зулайхо Махмадшоева.

Яъне камбудии асосии ҷаримабандиҳо ин аз он иборат аст, ки Шаҳри бехатар ҳангоми содир кардани қоидавайронкуниҳо дарҳол шахсони дахлдорро хабардор намекунанд ва ин қоидавайронкуниҳо такрору ба такрор содир шуда ҳам пеши роҳи садамаҳои эҳтимолӣ пешгирӣ кардани намешаванду ва ҳам ҷаримаҳо бо андозаҳои баланд ҳисоб шуда ба ронандаҳо бори гаронро бор менамоянд.

Комментарии