Шабнами Сураё

Шабнам

Шабнами Сураё на фото

Шабнами Сураё — Сарояндаи номдори Тоҷикистон, барандаи миллионҳо қалбҳои халқҳои форс ва туркзабон буда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ машҳур аст. Шабнами Сураё яке аз сарояндаҳои ҷавони эстрадии тоҷик ба ҳисоб рафта, бо суруду рақс ва овози дилрабои худ саҳми босазое дар пешбурди фарҳанги тоҷик гузоштааст.

Шарҳи ҳоли Шабнами Сураё

Шабнами Сураё 14-уми октябри соли 1981 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Падараш Хуршед Рабиев (1964-2013) ва модараш Сурайё Қосимова (сароянда), ки бо ин ном ба худ тахаллус гирифтааст.

Шабнами Сурайё бори аввал дар саҳна дар синии 13-солагиаш бо суруди Аҳмад Зоир «Хоб аз чашмонам рабудӣ» дар консерти бахшидашуда ба рўзи таввалуди модараш дар шаҳри Кўлоб, ҳамчун тўҳфа баромад кардааст. Аз чунин ҳадяи ногаҳонӣ ашки шодӣ ва ифтихор аз духтари хеш дар чашмони Сурайё Қосимова ҷорӣ шуд. Пас аз он Шабнам баромадҳои худро давом дода, дар якчанд мусобиқаҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон амалӣ гардиданд, иштирок намуда доим сазоворӣ ҷои аввал мегардид.

Видео – Шабнами Сураё 2016 – 2015 (пешам биё)

 

Баъд аз ба шавҳар баромадан ба Чолов, дар сини 18 солагӣ ў фаолияти эҷодии худро ба муддате қатъ кард, то соли 2005, ки онҳо ҷудо шуданд. Шабнам маъруфияти худро соли 2006, баъд аз яке аз сурудҳояш, ки дар сархати мусиқиҳои тоҷики қарор гирифт, ба даст овард.

Айни ҳол, ў қариб дар тамоми олами форсизабон, махсусан дар Тоҷикистон ва Афғонистон машҳур мебошад. Консертҳои Шабанами Сураё дар Канада (соли 2014), Олмон (соли 2012),  ИМА (соли 2012) – 10 консерт, Австралия ва Афғонистон баргузор гардиданд, ки дорои 6 албом мебошанд.

Суратхои Шабнами Сураё:

Сурати Шабнами Сурайё

Сурати Шабнами Сурайё

Расми Шабнами Сураё

Расми Шабнами Сураё

Хочибиби Шабнам

Хочи

Бо Анди

Бо Анди

Чонибеку Шабнам

Чонибек

Наздикони Шабнами Сураё

Мардум

Таблиг

Таблиг

 

Таблики Самсунг

Таблики Самсунг

Fantastic

Fantastic

 


Оилаи Шабнами Сураё:

Шабнами Сурайё яке аз камтарин сарояндаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад, ки худро иҷрокунандаи сурудҳо дар миқёси фарҳанги попи замона эълон кардааст. Соли 2014 ў ҷоизадори мукофоти «Big Apple Award», ҳамчун беҳтарин сароянда дар миқёси давлатҳои форсзабон дар шаҳри Ню-Йорк гардид.

oilai_shabnam_surayo

 

MP3 суруд ва тарона аз албомхои Шабнами Сураё аз хама бехтарину навтарин

1 Макун фандам (2015)
2 Биханд бар ман биханд (2014);
3 Реп: Эй Ошики (2013)
4 Дар кунчи дилам
5 Биё бирем бог
6 Маджнунчон
7 Наравад буйи ту (2011)
8 Намедонам ки аз дарёи
9 Эй тоза нихол
10 Тумтаралай (2006)

Оилаи Шабнами Сураё:

Шабнами Сураё айни ҳол бо соҳибкор Холид Зохир оиладор буда, онҳо соҳиби як духтар бо номи Шарифа мебошанд. Шабнам хоҳари сароянда бо номи Фарзонаи Хуршед, ва боз як хоҳар Бибирузигул ва як бародар дорад ки онҳо дар зиндагӣ самти дигарро интихоб кардаанд.

Маълумотҳои ҷолиб дар бораи ҳаёт:

Ба хонаи ин сарояндаи машҳур дар шаҳри Кўлоб соли 2014 дуздон даромаданд. Модари Шабнам, Сурайё Қосимова дар бораи дуздӣ ва сўхтор дар хонааш ба амал омадаро шарҳ дод. Хадамоти оташнишонии шаҳри Кўлоб шаби аз 24-ум ба 25-уми июл хабари оташ гирифтани хонаи сароянда Сурайё Қосимоваро қабул карданд. Тафтишотҳои пешакӣ нишон доданд, ки оташ тасодуфӣ набуда, қасдан содир карда шудааст.  Тафтишотчиён боварӣ доранд, ки ин ҷиноят аз тарафи онҳое, ки мехостанд нишонаҳои дуздии дар хонаи сароянда ба амал омадаро аз байн баранд, содир карда шудааст.

Он шаб, аз рўи гуфтаҳои Сурайё Қосимова, вай ва наздиконаш дар ошёнаи якуми бино хоб карданд. Сўхтор дар ошёнаи дуюм ба амал омад. Аз рўи гуфтаҳояш, аввалин шоҳидони сўхтор ҳамсоягон буданд, ки онҳо ҳамаро бохабар карданд. «Мошинҳои оташхомўшкнӣ дар вақташ омаданд, ва ман боварӣ дорам, ки агар кўшишҳои онҳо намебуд, зарар бо ҳам зиёдтар мешуд, зеро алангаи оташ метавонист ба қабати поёнӣ низ гузарад».

Сароянда гуфт, ки зарари моддӣ аз сўхтори ба амал омада калон буд, вале миқдори муайяни онро баён накард. Аз рўи гуфтаҳои ў, ғоратгарон сандуқашро (сейф), ки дар он ҳуҷҷатҳо, ҷавоҳирот ва пул мавҷуд буд, дуздидаанд.

 Дар натиҷа парвандаи ҷиноятӣ аз рўи банди 222 (дуздӣ, ба миқдори махсусан калон)ва банди 255 (аз байн бурдан ва зарари ќасдан расонидан ба молу мулк бо роҳи сўхтор, таркиш ва ё дигар роҳҳои хатарнок) – и Кодекси Ҷиноии ҶТ кушода шуд.

Дар натиҷа, бо гумони содир кардани ин ҷиноят 4 нафар сокинони Кўлоб – Муҳайё Қосимоваи 29 сола,  Матлуба Аҳророваи 32 сола, Музаян Бекназароваи 44 сола ва Ҷумахон Аҳророви 27 сола дастгир карда шуданд. Аз боздоштшудагон як қисми ҷавохиротҳои дуздишуда, ки натавонистанд аз байн баранд гирифта шуд. http://media.ansor.info/tag/shabnam

Комментарии