Саволу чавоб – Ислом ва фикхи мазхаби Ханафи
Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ (бо шакли савол ва Посух (чавоб))
Бахши аввал:Қисмати аввал: Аҳком
Пурсиши (савол) 1: Ту кистӣ?
Посух (чавоб): Ман мусалмонам.
Пурсиши (савол) 2: Номи дини мусалмонон чист?
Посух (чавоб): Ислом.
Пурсиши (савол) 3: Ислом ба мо чӣ меомӯзад?
Посух (чавоб): Ислом инро меомӯзад, ки Аллоҳ ягона аст ва фақат Ӯ шоиста ва сазовори бандагӣ аст; Ҳазрати Муҳаммад (с) бандаи Худо ва фиристодаи Ӯст; Қуръони маҷид китоб ва қонуни илоҳӣ аст; Ислом дини барҳақ ва рост аст. Ислом тамоми хубиҳои дину дунёро ба мо меомӯзад.
Пурсиши (савол) 4: Калимаи «Тайиба» чист?
Посух (чавоб): «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадун Расулуллоҳ».
Тарҷума: «Ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Худованд сазовори ибодат нест. Муҳаммад (с) фиристодаи «Аллоҳ» аст». Инро калимаи тавҳид низ гӯянд.
Пурсиши (савол) 5: Калимаи «Шаҳодат» кадом аст?
Посух (чавоб): «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу».
Тарҷума: «Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ каси дигаре шоистаи ибодат нества гувоҳӣ медиҳам, ки Ҳазрати Муҳаммад бандаи Худо ва расули Ӯст».
Пурсиши (савол) 6: Имони муҷмал кадом аст?
Посух (чавоб): «Оманту биллоҳи камо ҳува биасмоиҳи ва сифотиҳи ва қабилту ҷамиъа аҳкомиҳи».
Тарҷума: «Ба зоти ягонаи Худованд имон овардам, чунонки бо номҳо ва сифоти хеш мавсум аст ва тамоми аҳкому дастурҳои Ӯро пазируфтам».
Пурсиши (савол) 7: Имони муфассал кадом аст?
Посух (чавоб): «Оманту биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи ва-л-явми-л-охири ва-л-қадари хайриҳи ва шарриҳи миналлоҳи таъоло ва-л-баъси баъда-л-мавт».
Тарҷума: «Ба Худо ва фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва паёмбарон ва рӯзи қиёмат имон овардам. Ба он чи дар тақдир аз хубиҳо ва бадиҳо навишта шудааст ва ба зиндагии пас аз марг низ имон овардам».
Пурсиши (савол) 8: Шуморо кӣ офарида ва ба вуҷуд овардааст?
Посух (чавоб): Моро ва падарону аҷдоди моро, замину осмон ва тамоми махлуқотро Худованди мутаъол офаридааст.
Пурсиши (савол) 9: Худованд дунёро аз чӣ чизе халқ кардааст?
Посух (чавоб): Бо қудрат ва дастури хеш офаридааст.
Пурсиши (савол) 10: Касонеро, ки Худоро қабул надоранд, чӣ мегӯянд?
Посух (чавоб): Онҳоро «кофир» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 11: Касонеро, ки ба ҷуз Худованд дигар чизҳоеро мепарастанд, чӣ мегӯянд?
Посух (чавоб): Онҳоро «кофир» ва «мушрик» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 12: Касоне, ки муътақид ба ду ё се худо ҳастанд, монанди масеҳиён, онҳоро чӣ мегӯянд?
Посух (чавоб): Ононро низ «мушрик» ва «кофир» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 13: Инсони «мушрик» бахшида мешавад ё на?
Посух (чавоб): Инсони «мушрик» ҳаргиз бахшида намешавад, балки ҳамеша дар дӮзах ва азоби илоҳӣ қарор мегирад, агар дар дунё аз ширк тавба накунад.
Пурсиши (савол) 14: Ҳазрати Муҳаммад (с) чӣ касе будаанд?
Посух (чавоб): Эшон бандаи баргузида ва Паёмбари Худо буда ва мо уммати Ӯ ҳастем.
Пурсиши (савол) 15: Паёмбари мо (с) дар куҷо таваллуд шудааст?
Посух (чавоб): Дар сарзамини Арабистон, дар шаҳри Маккаи мукаррама.
Пурсиши (савол) 16: Номи падар ва ном ҷадди он Ҳазрат чӣ будааст?
Посух (чавоб): Номи падари он Ҳазрат Абдуллоҳ ва ном ҷаддаш Абдулмутталиб аст.
Пурсиши (савол) 17: Оё мақоми Паёмбари мо аз дигар паёмбарон болотар аст?
Посух (чавоб): Оре, мақоми Паёмбари мо аз тамоми паёмбарон болотар аст ва Паёмбари мо аз тамоми махлуқот афзал аст.
Пурсиши (савол) 18: Ҳазрати Муҳаммад (с) дар куҷо зиндагӣ мекардааст?
Посух (чавоб): Панҷоҳу се сол дар Макка буданд, пас аз он ба дастури Худованд ба Мадина рафта ва даҳ соли тамом дар онҷо зиндагӣ карданд ва дар синни шасту сесолагӣ вафот намуданд.
Пурсиши (савол)19: Касе, ки Паёмбарро қабул надошта бошад, чӣ ҳукме дорад?
Посух (чавоб): Чунин касе кофир аст?
Пурсиши (савол) 20: Манзур аз қабул доштани Паёмбар чист?
Посух (чавоб): Манзур ин аст, ки он Ҳазратро банда ва расули Худо ва баъд аз Худо аз тамоми махлуқот болотар ва афзал донист ва аз дастурҳо ва аҳкоми Ӯ пайравӣ ва иттибоъ намуда, бо эшон муҳаббати комил дошт.
Пурсиши (савол) 21: Далели ин ки Ҳазрати Муҳаммад (с) Паёмбар ва фиристодаи Худост, чист?
Посух (чавоб): Тавассути он Ҳазрат чунон корҳо ва умур шоистае анҷом гирифтааст, ки ба ҷуз Паёмбар аз дигар касе имкони анҷом ва вуқуъи онҳо вуҷуд надорад.
Пурсиши (савол) 22: Чӣ далеле вуҷуд дорад, ки Қуръон китоби илоҳӣ аст?
Посух (чавоб): Ин гуфтори Паёмбар (с), ки фармудааст: «Қуръон китоби Худо аст ва онро бар ман нозил кардааст».
Пурсиши (савол) 23: Қуръони маҷид дар як бор бар он Ҳазрат нозил гардида ё дар чандин бор?
Посух (чавоб): Қуръон дар замонҳои мухталиф тадриҷан ва мутобиқи хосту ниёзи замон бар он Ҳазрат нозил шудааст.
Пурсиши (савол) 24: Қуръон дар муддати чанд сол нозил шудааст?
Посух (чавоб): Дар муддати бисту се сол.
Пурсиши (савол)25: Қуръони маҷид чӣ гуна нозил шудааст?
Посух (чавоб): Ҳазрати Ҷабарил алайҳссалом, ки маъмури расондани ваҳй ба паёмбарон аст, гоҳе як оят ва гоҳе як сураро аз сӯи Худованд меовард ва барои он Ҳазрат (с) тиловат мекард. Паёмбари акрам пас аз шунидани он котибон ва нависандагони ваҳйро ҳозир мекард ва дастур медод, то Қуръонро ёддошт кунанд ва бинависанд.
Пурсиши (савол) 26: Чаро худи Паёмбар ваҳйро наменавишт?
Посух (чавоб): Чунки он Ҳазрат «уммӣ» буданд.
Пурсиши (савол)27: «Уммӣ» чӣ касеро мегӯянд?
Посух (чавоб): Касе, ки саводи хондан ва навиштанро аз касе наомӮхта бошад, онро уммӣ меноманд. Гарчи он Ҳазрат илму донишро аз касе фаро нагирифта буд, вале тибқи омӮзиш ва лутфи Худованд аз тамоми махлуқот олитар буданд ва Худованд илмҳои бисёреро ба эшон иноят фармуда буд.
Пурсиши (савол) 28: Ҷабарил алайҳиссалом чикора аст?
Посух (чавоб): Фариштаест, ки ваҳй ва амри Худовандро ба паёмбарон мерасонад.
Пурсиши (савол) 29: Мусулмон Худовандро чӣ гуна ибодат ва бандагӣ мекунад?
Посух (чавоб): Намоз мехонад, рӯза мегирад, закот медиҳад ва ҳаҷ мекунад.
Пурсиши (савол) 30: Намоз чист?
Посух (чавоб): Намоз ибодат ва равиши махсусе аст, ки бо он Худовандро бандагӣ мекунем ва чигунагии он дар Қуръон ва аҳодиси Паёмбари акрам ба мусулмонон омӮзиш дода шудааст.
Пурсиши (савол) 31: Равиши махсуси бандагӣ, ки онро «намоз» меноманд, чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Дар хона ё дар масҷид даст баста меистанд ва аз Қуръон мехонанд, ҳамду сано ва бузургии Худоро ба ҷой меоваранд, гоҳе дар боргоҳи Ӯ хам мешаванд ва гоҳе пешонии хешро ба қасди тазарруъ ва изҳори аҷзу нотавонии хеш бар замин мениҳанд.
Пурсиши (савол) 32: Шахси намозгузор дар масҷид ба Худо наздик мешавад ё дар хона?
Посух (чавоб): Инсон ҳамеша дар маҳзари Худованд қарор дорад, чӣ дар масҷид ва чӣ дар хона, вале хондани намоз дар масҷид савоби бештаре дорад.
Пурсиши (савол) 33: Ба шустани дасту рӯ ва пойҳо, ки пеш аз намоз анҷом мегирад, чӣ мегӯянд?
Посух (чавоб): Онро «вузӯ» мегӯянд, ки бидуни он намоз саҳеҳ нахоҳад шуд.
Пурсиши (савол) 34: Ҳангоми намоз рӮйи одамӣ ба кадом тараф бояд бошад?
Посух (чавоб): Ба тарафи қибла, ки дар кишвари мо дар қисмати офтобнишин қарор дорад.
Пурсиши (савол)35: Чаро бояд рухи хешро ба тараф қибла кунем?
Посух (чавоб): Дар Маккаи мукаррама хонае аст, ки онро «Каъба» (Хонаи Худо) меноманд, ҳангоми намоз зарур аст, ки рӯйи мо ба сӮи он бошад ва чун он шаҳр аз сарзамини мо тақрибан дар ҷониби ғуруби офтоб қарор дорад, мо рӮйи худро ба сӮи мағриб мекунем.
Пурсиши (савол) 36: Он тарафе, ки рӯ ба сӯйи он мекунанд ва намоз мехонанд, чӣ ном дорад?
Посух (чавоб): «Қибла» ном дорад.
Пурсиши (савол) 37: Дар як шабонарӯз чанд бор намоз хонда мешавад?
Посух (чавоб): Панҷ бор.
Пурсиши (савол) 38: Номи панҷ вақт намоз чист?
Посух (чавоб): Аввал – «Намози бомдод», ки пеш аз тулуъи офтоб хонда мешавад.
Дувум – «Намози пешин», ки баъд аз завол офтоб хонда мешавад.
Севум – «Намози аср», ки дар ҳудуди ду ё якуним соат пеш аз ғуруби офтоб хонда мешавад.
Чаҳорум – «Намози шом», ки баъд аз ғуруби офтоб хонда мешавад.
Панҷум – «Намози хуфтан», ки дар ҳудуди якуним соат пас аз ғуруби офтоб хонда мешавад.
Азон
Пурсиши (савол) 39: «Азон» чист?
Посух (чавоб): Ҳангоме ки вақти намоз фаро мерасад, чанд лаҳза пеш аз хондани намоз рӮ ба қибла истода ва бо садои баланд калимоти зайл гуфта мешаванд, ки дар истилоҳи шариат онро «азон» меноманд.
Равиши азон:
«Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар.
Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ, Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ.
Ашҳаду анна Муҳаммадар-Расулуллоҳ, Ашҳаду анна Муҳаммадар-Расулуллоҳ.
Ҳайя алас-салоҳ, Ҳайя алас-салоҳ.
Ҳайя алал-фалоҳ, Ҳайя алал-фалоҳ.
Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар. Ло илоҳа иллаллоҳ».
Тарҷума:
«Худо бузург аст, Худо бузург аст, Худо бузург аст, Худо бузург аст.
Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Худо дигар маъбуде нест.
Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Худо дигар маъбуде нест.
Гувоҳӣ медиҳам, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) фиристодаи Худованд аст. Гувоҳӣ медиҳам, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) фиристодаи Худованд аст.
Бишитобед ба сӮйи намоз, бишитобед ба сӮйи намоз.
Бишитобед ба сӮйи растагорӣ, бишитобед ба сӮйи растагорӣ.
Худо бузург аст, Худо бузург аст. Ба ҷуз Худо дигар маъбуде нест».
Дар намози бомдод, баъд аз гуфтани «Ҳайя ала-л- фалоҳ» ду бор «Ас-салоту хайрун мина-н-навм» гуфта мешавад, ки маънояш чунин аст: «Намоз аз хоб беҳтар аст».
Пурсиши (савол) 40: «Такбир» чиро мегӯянд?
Посух (чавоб): Пеш аз ин ки мардум омодаи намоз мешаванд, шахсе пушти сар имом истода ва ҳамон калимоти азонро эълом медорад ва баъд аз «Ҳайя ала-л-фалоҳ» ду бор «Қад қомати-с-салоҳ» изофа мекунад.
Пурсиши (савол) 41: Азон ва такбиргӯяндаро чӣ мегӯянд?
Посух (чавоб): Азонгӯяндаро «муаззин» ва такбиргӮяндаро «мукаббир» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 42: Намозе, ки ба сурати дастаҷамъӣ хонда мешавад, ба ин намоз ва ба касе, ки аз ҳама пештар меистад ва ба бақияи мардум чӣ мегӯянд?
Посух (чавоб): Ба ин намоз «намози ҷамоат» ва ба касе, ки пештар аз дигарон меистад «имом» ва ба касоне, ки пушти сари «имом» намоз мехонанд, «муқтадӣ» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 43: Касеро, ки танҳо намоз мехонад, чӣ мегӯянд?
Посух (чавоб): Ба Ӯ «мунфарид» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 44: Ба маҳалле, ки барои хондани намоз омода мешавад ва фақат дар он ҷо намоз мехонанд, чӣ мегӯянд?
Посух (чавоб): Онро «масҷид» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 45: Дар масҷид чӣ аъмоле ба ҷо оварда мешавад?
Посух (чавоб): Дар масҷид бояд хомӯш буд, намоз хонд ё Қуръони маҷид тиловат кард ё машғули зикр ва ибодати илоҳӣ шуд. Бемаврид ҳарф задан, ғавғо ва ошӮб барпо кардан дар масҷид дуруст нест.
Пурсиши (савол) 46: Намоз чӣ фоидаҳое дорад?
Посух (чавоб): Намоз фоидаҳои бешуморе дорад, ки бархе аз он ба шарҳи зер мебошад:
- Бадан ва либоси одами намозгузор ҳамеша пок ва тоза аст.
- Худованд аз одами намозгузор хушнуд ва розӣ аст.
- Ҳазрати Расули акрам (с) аз одами намозгузор розӣ ва хушнуд хоҳад шуд.
- Одами намозгузор назди Худованд маҳбуб аст.
- Шахси намозгузор дар ин дунё ҳам мавриди эҳтиром ва ситоиши одамҳои хуб қарор мегирад.
- Намозгузор аз бисёр гуноҳон маҳфуз ва эмин мемонад.
- Худованд намозгузорро пас аз марг дар осоиш ва итминон қарор медиҳад.
Пурсиши (савол) 47: Дар намоз чӣ чизе хонда мешавад ва иборати он чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Аз оғози намоз то анҷоми он он чи хонда мешавад, ба шарҳи зер аст:
Такбир: Аллоҳ Акбар (Худованд аз ҳар чиз бузургтар аст).
Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука».
«Бор Илоҳо! Ба азамат ва тақаддусат эътироф мекунем ва ҳамду санои Туро мегӯям. Номи гиромии Ту бисёр бобаракат аст ва азамату ҷалоли Ту бисёр воло ва ба ҷуз зоти покат ҳеҷ маъбуде шоистаи парастиш нест».
Тааввуз: «Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим».
«Ба Аллоҳ аз шарри шайтони мардуд ва лаъин паноҳ мебарам».
Тасмия: «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим».
«Ба номи Аллоҳ, ки бисёр бахшоянда ва меҳрубон аст, оғоз мекунам».
Тарҷума: «Бигӯ! Ба Парвардигори одамиён паноҳ мебарам, подшоҳи одамиён, маъбуди одамиён, аз шарри васваса кунанда, ки дар дилҳои одамиён васваса мекунад, аз ҷинҳо бошад ё аз одамиён».
Рукуъ: Яъне дар ҳоли хам шудан ин тасбеҳро гӮяд: «Субҳона Раббиял-Азим».
«Парвардигори бузурги хешро ба покӣ ёд мекунам».
Қавма: Яъне ҳангоми бархостан аз рукӯъ ин тасбеҳро гӮяд: «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ».
«Худованд ҳамди касеро шунид, ки Ӯро ситоиш мекунад».
Ҳамди қавма:
«Раббано лакал-ҳамд». «Тамоми хубиҳо махсуси Ту ва барои Ту аст».
Саҷда: Яъне дар ҳоли сар бар замин гузоштан тасбеҳ гӮяд:
«Субҳона Раббиял-Аъло». «Парвардигори волои хешро ба покӣ ёд мекунам».
Ташаҳҳуд ё аттаҳийёт:
«Аттаҳийёту лиллоҳи вас-салавоту ват-таййибот, ассалому алайка айюҳан-Набийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, ассалому алайно ва ало ибодиллоҳис-солиҳин, ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу».
Тарҷума:
«Тамоми ибодоти қавлию баданӣ ва молӣ махсуси Аллоҳанд. Салом бар Ту эй Паёмбар ва раҳмату баракати Аллоҳ бар Ту бод, салом бар мо ва бар бандагони неки Аллоҳ. Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва расули Аллоҳ аст».
Дуруди шариф:
«Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум Маҷид».
«Аллоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум Маҷид».
Тарҷума:
«Худовандо! Бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад раҳмат нозил кун, ҳамон гуна ки бар Иброҳим ва ол Иброҳим раҳмат нозил фармудӣ, ҳамоно Ту ситудашуда ва боазамат ҳастӣ. Худовандо! Бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад баракат нозил кун, ҳамон гуна ки бар Иброҳим ва оли Иброҳим баракат нозил фармудӣ, ҳамоно Ту ситудашуда ва боазамат ҳастӣ».
Дуои баъд аз дуруд:
«Аллоҳуммағфир лӣ ва ливолидайя ва лиҷамиъил-муъминина вал-муъминот, вал-муслимина вал-муслимот, ал-аҳёи минҳум вал-амвот».
Тарҷума:
«Худовандо! Маро ва падару модарамро, тамоми мардону занони муъмин ва мардону занони мусулмонро, зиндагону мурдагони онҳоро биомурз».
Салом:
«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ».
Тарҷума:
«Салом ва раҳмати илоҳӣ бар шумо бод».
Дуои баъд аз намоз:
«Аллоҳумма Антас-Салому ва минкас-салом, таборакта ё Зал-ҷалоли ва-л-икром».
Тарҷума:
«Худоё! Ту саломатидиҳанда ҳастӣ ва саломатӣ аз тарафи Ту хоҳад расид, бобаракат ҳастӣ эй зоти бузургвор ва боазамат!».
Дуои қунут:
«Аллоҳумма инно настаъинука ва настағфирука ва нуъмину бика ва натаваккалу алайка ва нуснӣ алайкал-хайр, нашкурука ва ло накфурука ва нахлаъу ва натруку май-яфҷурук. Аллоҳумма ийёка наъбуду ва лака нусаллӣ ва насҷуду ва илайка насъо ва наҳфиду ва нарҷу раҳматака ва нахшо азобака инна азобака бил-куффори мулҳиқ».
Тарҷума:
«Худовандо! Ҳамоно аз Ту кӯмак ва омурзиш металабем ва ба Ту имон меорем, бар Ту таваккул ва эътимод мекунем ва Туро бо хубӣ ситоиш мекунем, аз Ту сипосгузорӣ намуда, носипосият намекунем, Туро мепарастем ва барои Ту намоз мехонем ва саҷда мекунем ва ба сӯи Ту меойем, аз раҳматат умедвор ва аз азобат бимнокем, ҳамоно азоби Ту домангири куффор аст».
Равиши вузӯ:
Пурсиши (савол) 48: Чӣ гуна бояд вузӯ кард?
Посух (чавоб): Дар зарфи поке об гирифта, дар ҷои пок нишаста, остинҳоро то болои оринҷҳо боло мекунад. Сипас «Бисмиллоҳ» гуфта, се бор ҳар ду дастро то мафсил (банди даст) мешӮяд. Се бор об дар даҳон карда, аз мисвок истифода мекунад. Он гоҳ се бор об дар бинӣ карда, онро меафшонад ва бо ангушти кӯчаки дасти чап биниро тоза мекунад. Сипас се бор рӯйи хешро мешӯяд, чеҳраашро хуб мемолад ва онро аз болои пешонӣ, яъне ҳамон ҷое, ки мӯй рӯидааст, то зери занах (мана) ва аз ин гӮш то он гӯш мешӯяд. Сипас дастҳоро бо оринҷҳо мешӯяд, нахуст дасти рост ва сипас дасти чап шуста мешавад. Баъдан дастҳоро бо об тар карда, сарро масҳ мекунад. Сипас гӯшҳо ва баъд гарданро як бор масҳ менамояд. Сипас се бор ҳар ду поро, нахуст пои рост ва сипас пои чапро бо шитолинги по мешуст.
Равиши адои намоз:
Пурсиши (савол) 49: Равиши хондани намоз чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Равиши хондани намоз ба шарҳи зайл аст:
Нахуст вузӯ кун, либоси покиза бипӯш, дар ҷои поке рӯ ба қибла биист ва нийяти намозро бикун. Ҳар ду дастҳоро то гӯшҳо баланд карда, «Аллоҳу Акбар» бигӯ, дастҳоро дар зери ноф бибанд, дасти ростро болои дасти чап бигузор, бо адабу эҳтироми комил биист, ба ин тараф ва он тараф нигоҳ макун, комилан ба сӯи Худованд мутаваҷҷеҳ бош ва нахуст ин саноро бихон:
«Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука».
Сипас «Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим» ва «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» бигӮ, он гоҳ сураи «Фотиҳа»-ро то охир хонда оҳиста омин бигӮ, сипас сураи «Ихлос» ё дигар сурае хонда, такбир бигӮ ва ба рукӯъ бирав. Дар рукӯъ ҳар ду зонуи хешро бо ҳар ду даст муҳкам бигир ва тасбеҳи рукӯъ «Субҳона Раббиял-Азим»-ро се ё панҷ бор бихон. Сипас «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ» гуфта рост шав ва «Раббано лакал-ҳамд» бигӮ, сипас такбир гуфта, ба саҷда бирав, нахуст ҳар ду зону ва сипас ҳар ду дастро бар замин бигузор, сипас миёни ҳар ду даст, аввал бинӣ ва баъд пешониро бар замин бигузор. Дар саҷда «Субҳона Раббиял-Аъло»-ро се ё панҷ бор бихон. Сипас такбир гуфта сарро аз саҷда бардор ва рост бинишин, боз такбир гуфта, саҷдаи дувумро монанди саҷдаи аввал ба ҷо овар, он гоҳ такбир гуфта, бидуни гузоштани дастҳо бар замин бархез ва рост биист. Дар ракъати дувум «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» гуфта, сураи «Фотиҳа»-ро бо сурае бихон ва ба рукӯъ бирав, қавма ва ҳар ду саҷдаро ба ҷо оварда, сипас бинишин, ташаҳҳуд, дуруд ва дуо бихон, он гоҳ аввал ба самти рост ва баъдан ба самти чап салом бигӮ. То ин ҷо ду ракъат намоз ба поён мерасад. Пас аз салом ин дуоро бихон:
«Аллоҳумма Антас-Салому ва минкас-салом, таборакта ё Зал-ҷалоли вал-икром».
Дастҳоро баланд карда, дуо бикун, вақте ки аз дуо фориғ шудӣ, ҳар ду дастро бар чеҳраи хеш бимол.
Пурсиши (савол) 50: Дар миёни ҳар ду саҷда ба ҳангоми хондани ташаҳҳуд чӣ гуна бояд нишаст?
Посух (чавоб): Пои ростро рост кунад ва пои чапро густаронида, рӮи он бинишинад, бояд, ки ангуштони пои ростро ба тараф қибла бигардонад, дар ҳоли нишастан ҳар ду дастро бар зонуҳо бигузорад.
Пурсиши (савол) 51: Оё дар намозҳои имом, танҳогузор ва муқтадӣ фарқе вуҷуд дорад?
Посух (чавоб): Оре, ин тафовут вуҷуд дорад, ки имом ва танҳогузор дар ракъати аввал пас аз хондани сано, таъаввуз («Аъузу биллоҳ») ва тасмия («Бисмиллоҳ»), «Фотиҳа» ва сурае мехонанд ва дар ракъати дувум низ тасмия, «Фотиҳа» ва сура мехонанд. Муқтадӣ фақат дар ракъати аввал сано мехонад ва баъдан хомӯш мешавад. Фарқи дувум ин аст, ки дар вақти бархостан аз рукуъ имом ва танҳогузор «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ» мегӯянд, танҳогузор илова бар ин «Раббано лакал-ҳамд» низ мегӮяд. Албатта муқтадӣ фақат «Раббано лакал-ҳамд» мегӮяд.
Пурсиши (савол) 52: Агар намоз серакаъатӣ ё чаҳорракаъатӣ бошад, чӣ гуна хонда мешавад?
Посух (чавоб): Ду ракъат ҳамон гуна хонда мешавад, ки қаблан баён шуд. Албатта дар қаъда пас аз ташаҳҳуд дуруд нахонад, балки такбир гуфта бархезад. Агар намози воҷиб ё нафл ё суннат аст, ду ракъати охирро ҳамонанди ду ракъати аввал бихонад ва агар намози фарз аст, дар ракъати севум ва чаҳорум ҳамроҳи «Фотиҳа» сурае нахонад ва бақияи афъоли намозро ҳамонанди ду ракъати аввал анҷом диҳад.
Пурсиши (савол) 53: Намози суннат ё нафл се ракъат ҳам хонда мешавад ё на?
Посух (чавоб): Намози нафл ё суннат чаҳор ракъат ё ду ракъат бояд хонда шавад, ба сурат серакъатӣ дуруст нест.
Пурсиши (савол) 54: Равиши дурусти рукуъ чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Рукуъ бад-ин сурат аст, ки камар ва сар бояд дар рукуъ бо ҳам баробар бошанд, яъне сар аз камар на болотар ва на поёнтар бошад ва зонуҳо бо дастҳо муҳкам нигаҳ дошта шаванд.
Пурсиши (савол) 55: Равиши дурусти саҷда чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Саҷда бад-ин тариқ сурат гирад, ки панҷаи дастҳо бар замин қарор дошта бошад ва бақияи қисмати даст аз замин боло бошад, шикам аз ронҳо ва ҳар ду даст аз паҳлуҳо дур бошанд.
Пурсиши (савол) 56: Пас аз анҷоми намоз бо ангуштҳо чӣ чизе шумурда ва хонда мешавад?
Посух (чавоб): Сию се бор «Субҳоналлоҳ», сию се бор «Алҳамду лилоҳ», сию чаҳор бор «Аллоҳу Акбар» гуфтан суннат аст ва ин тасбеҳот савоби бисёр дорад.
«Эй онон ки имон овардаед, худ ва хонаводаатонро аз оташи ҷаҳаннам бираҳонед!».
Бахши аввал
Қисмати дувум: Ақоид
Пурсиши (савол) 57: Асос ва пояи Ислом бар чанд чиз устувор аст?
Посух (чавоб): Пояи Ислом бар панҷ чиз устувор аст.
Аввал: Калима «Тайиба» ё калимаи «Шаҳодат» гуфтан, яъне мафҳум ва маънои онро бо дил пазируфтан ва бо забон иқрор кардан.
Дувум: Хондани намоз.
Севум: Додани закот.
Чаҳорум: Гирифтани рӮзаи моҳи мубораки Рамазон.
Панҷум: Ҳаҷҷи хонаи Каъба.
Пурсиши (савол) 58: Калимаи «Тайиба» чист ва чӣ мафҳуме дорад?
Посух (чавоб): Калимаи «Тайиба» ин аст: «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур-Расулуллоҳ», яъне ба ҷуз Худованд касе шоистаи ибодат нест, ҳазрати Муҳаммад (с) фиристода ва Пайғамбари Худост.
Пурсиши (савол) 59: Калимаи «Шаҳодат» чист ва чӣ мафҳуме дорад?
Посух (чавоб): Калимаи «Шаҳодат» ин аст: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу».
Яъне: «Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) банда ва расули Аллоҳ аст».
Пурсиши (савол) 60: Оё бидуни фаҳмидани маъно ва мафҳуми ин калима фақат бо хондани он бо забон, одамӣ мусулмон мешавад?
Посух (чавоб): На, балки мафҳумашро фаҳмида бо дил яқин намудан ва бо забон иқрор кардан лозим аст.
Пурсиши (савол) 61: Бо дил яқин намудан ва бо забон иқрор карданро чӣ мегӯянд?
Посух (чавоб): Имон овардан мегӯянд.
Пурсиши (савол) 62: Касе, ки гунг аст ва бо забон наметавонад иқрор кунад, чӣ гуна имон оварданаш маълум мешавад?
Посух (чавоб): Дар мавриди гунг ин қадар кофӣ аст, ки бо ишора ягонагии Худованд ва пайғамбарии Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро эълом дорад.
Пурсиши (савол) 63: Барои мусулмон ба чанд чиз имон овардан лозим аст?
Посух (чавоб): Ба ҳафт чиз, ки баёни онҳо дар имони муфассал ба шарҳи зер аст:
«Оманту биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи вал-явмил-охири вал-қадари хайриҳи ва шарриҳи миналлоҳи таъоло вал-баъси баъдал-мавт».
Пурсиши (савол) 64: Мусулмонон нисбат ба Худованд чӣ ақидае бояд дошта бошанд?
Посух (чавоб): Бояд чунин ақида дошта бошанд ки:
- Худованд ягона аст.
- Фақат Ӯ шоистаи бандагӣ ва ибодат аст ва ба ҷуз Ӯ каси дигаре лоиқи бандагӣ нест.
- Ӯро ҳеҷ шарик ва ҳамтое нест.
- Ӯ ҳар суханро медонад, ҳеҷ чизе бар Ӯ пӮшида нест.
- Ӯ тавоно ва боқудрат аст.
- Ӯ замину осмон, офтобу моҳ, фариштагон, ситорагон, ҷинну инсон ва тамом ҷаҳонро офаридааст ва фақат Ӯ молики ҷаҳон аст.
- Ӯ мемиронад ва зинда мекунад, яъне мирондан ва зинда кардани махлуқот тибқи амри Ӯ анҷом мегирад.
- Ӯ тамоми махлуқотро ризқу рӮзӣ медиҳад.
- Ӯ на чизе мехӮрад, наменӮшад ва намехобад.
- Ӯ ба худии худ ҳамеша буд ва ҳамеша хоҳад буд.
- Касе Ӯро наофаридааст, балки Ӯ офаринандаи ҳама чиз аст.
- Барои Ӯ на падаре ҳаст ва на зан ва фарзанде, аз тамоми ин умур пок ва мубарро аст.
- Ҳама ниёзманд ва муҳтоҷи Ӯ ҳастанд ва Ӯ ба касе ва ё ба чизе муҳтоҷ нест.
- Ӯ бемонанд аст, ҳеҷ чизе монанд ва мушобеҳи Ӯ нест.
- Ӯ аз тамоми айбҳо ва нақсҳо пок аст.
- Ӯ аз дасту по, гӮшу бинӣ, шаклу сурат ва дигар чизҳое, ки барои махлуқот собитанд, пок ва мубарро аст.
- Ӯ фариштагонро офарида ва бар назму тадбири корҳои олам муваззаф кардааст.
- Ӯ барои ҳидоят ва роҳнамоии махлуқи хеш, пайғамбаронро фиристодааст, то дину мазҳаби ҳақро ба онҳо нишон диҳанд, ононро аз суханони зишту нодуруст дур кунанд ва суханони хуб ба онҳо биёмӮзанд.
Фариштагон
Пурсиш 65: Фариштагон чикораанд?
Посух (чавоб): Фариштагон махлуқи Худованд ҳастанд, ки аз нур офарида шудаанд, аз чашмони мо пинҳонанд, на мард ҳастанд ва на зан, нофармонии Худо ва гуноҳ намекунанд, ба корҳое, ки Худованд онҳоро муқаррар кардааст, маъмур ва машғуланд.
Пурсиши (савол) 66: Теъдоди фариштагон чӣ қадар аст?
Посух (чавоб): Теъдоди фариштагонро ба ҷуз Худованд каси дигаре намедонад. Албатта ин қадар маълум аст, ки бисёр ҳастанд ва аз миёни онон чаҳор фаришта муқарраб ва маъруфанд.
Пурсиши (савол) 67: Чаҳор фариштаи машҳур кадомҳо ҳастанд?
Посух (чавоб): Аввал: Ҳазрати Ҷабарил, ки паёмҳо, дастурот ва китобҳои илоҳиро назди пайғамбарон меорад.
Дувум: Ҳазрати Исрофил, ки ҳангоми қиёмат дар сур медамад.
Севум: Ҳазрати Микоил, ки бар амри борон ва рӮзӣ расондан ба махлуқот муваззаф аст.
Чаҳорум: Ҳазрати Азроил, ки бар гирифтани ҷони махлуқот муваззаф аст.
Китобҳои осмонӣ
Пурсиши (савол) 68: Китобҳои илоҳӣ чанд то ҳастанд?
Посух (чавоб): Теъдоди бисёре аз китобҳои бузург ва кӮчак аз сӮи Худованд бар паёмбарон нозил шудааст. Ба китобҳои бузург «Китоб» ва ба китобҳои кӮчак «Саҳифа» гуфта мешавад. Аз миёни онҳо чаҳор китоб машҳур аст.
Пурсиши (савол) 69: Чаҳор китоб, ки маъруфанд, чӣ ном доранд ва бар кадом паёмбарон нозил шудаанд?
Посух (чавоб):
1 – «Таврот» бар ҳазрати МӮсо (а).
2 – «Забур» бар ҳазрати Довуд (а).
3 – «Инҷил» бар ҳазрати Исо (а).
4 – «Қуръон» бар Пайғамбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шудааст.
Пурсиши (савол) 70: Саҳифаҳо чандто ҳастанд ва бар кадом паёмбарон нозил шудаанд?
Посух (чавоб): Теъдоди саҳифаҳо маълум нест, албатта баъзе аз саҳифаҳо бар ҳазрати Одам (а), баъзе бар ҳазрати Шис (а), ва баъзе бар Иброҳим (а) нозил шуда аст. Илова бар инҳо саҳифаҳои дигаре ҳам будааст, ки бар баъзе пайғамбарон нозил шудааст.
Пайғамбарон
Пурсиши (савол) 71: Пайғамбарон чӣ гуна шахсон ҳастанд?
Посух (чавоб): Пайғамбарон бандагони Худо ва аз ҷинси башар ҳастанд, ки Худованд ононро барои расондани паёмҳои хеш ба бандагон таъйин намудааст. Онон ростгӯ ҳастанд, ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯянд, гуноҳ намекунанд. Аҳком ва фармонҳои илоҳиро пинҳон намедоранд ва онҳоро бидуни камӣ ва бешӣ комилан ба мардум мерасонанд.
Пурсиши (савол) 72: Набӣ киро мегӯянд?
Посух (чавоб): Набӣ низ бандаи Худо ва аз ҷинси башар аст, ки аҳком ва дастуроти илоҳиро ба бандагон таблиғ мекунад. Ростгӯ ва дурусткор аст, дурӯғ намегӯяд, гуноҳ намекунад ва дар дастуроти илоҳӣ каму костӣ намекунад ва ҳеч дастуреро пинҳон намедорад.
Пурсиши (савол) 73: Оё набӣ ва расул бо ҳам фарқе доранд?
Посух (чавоб): Андаке бо ҳам фарқ доранд, яъне расул он паёмбареро мегӯянд, ки Худованд ба Ӯ дину шариат ва китоби наве дода, Ӯро ба сӯи мардум равона кардааст, аммо набӣ ҳар паёмбареро мегӯянд, хоҳ дин ва китоби нав ба вай дода шудааст ё ин ки пайрави дин ва китоби пеш аз худ бошад.
Пурсиши (савол) 74: Оё ҳеҷ инсоне ба саъйу талош ва ибодати хеш метавонад, ки ба мақоми паёмбарӣ бирасад?
Посух (чавоб): На, нубувват мақоме нест, ки бо касбу талош ҳосил шавад, балки Худованд ин неъматро насиби касоне мегардонад, ки шоистагӣ ва истеъдоди онро дошта бошанд.
Пурсиши (савол) 75: Шумори паёмбарон ва расулон чӣ қадар аст?
Посух (чавоб): Дар дунё паёмбарон ва расулони зиёде мабъус шудаанд, шумори дақиқи онҳо маълум нест, Худованд теъдодашонро беҳтар медонад. Мо бояд имон дошта бошем, ки Худованд ҷумла паёмбаронеро, ки фиристодааст, тамоми онон барҳақ ҳастанд.
Пурсиши (савол) 76: Аввалин паёмбар кист?
Посух (чавоб): Ҳазрати Одам (а).
Пурсиши (савол) 77: Охирин паёмбар кист?
Посух (чавоб): Охирин паёмбар Ҳазрати Муҳаммад (с) аст.
Пурсиши (савол) 78: Оё пас аз Ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари дигаре ҳам мабъус мешавад?
Посух (чавоб): На, чунки мақоми нубувват бар Ҳазрати Муҳаммад (с) хатм гардидааст ва то қиёмат ҳеҷ пайғамбари дигаре мабъус нахоҳад шуд. Ӯ паёмбари охируззамон аст, ҳар кас пас аз вай даъвои паёмбарӣ кунад, даъвояш дуруғ аст ва пазируфта намешавад.
Пурсиши (савол) 79: Аз тамоми паёмбарон чӣ касе афзал аст?
Посух (чавоб): Аз тамоми паёмбарон Паёмбари мо Ҳазрати Муҳаммад (с) афзал аст, бандаи Худо ва фармонбурдори Ӯст ва пас аз Худованд мақому мартабааш аз тамоми махлуқот болотар ва гиромитар аст.
Қиёмат
Пурсиши (савол) 80: Рӯзи қиёмат чӣ гуна рӮзе аст?
Посух (чавоб): Қиёмат он рӮзеро мегӯянд, ки тамоми инсонҳо ва ҷондорон дар он рӮз мемиранд ва тамоми дунё дар коми нестӣ фурӯ меравад, кӯҳҳо монанд пашми задашуда ба ҳар тараф мераванд, ситораҳо пора-пора шуда ва меафтанд, хулоса, ҳама чиз нобуд мешавад ва аз байн меравад.
Пурсиши (савол) 81: Тамоми инсонҳо ва ҷондорон чӣ гуна мемиранд?
Посух (чавоб): Ҳазрати Исрофил алайҳиссалом дар сур медамад. Садои сур он қадар сахт ва ваҳшатнок аст, ки аз шиддат ва сахтии он тамоми ҷондорон мемиранд ва ҳам чиз дар ҳам кӮбида шуда ва нобуд мешаванд.
Пурсиши (савол) 82: Қиёмат кай меояд?
Посух (чавоб): Қиёмат хоҳад омад, вале таърихи дақиқи онро ба ҷуз Худованд каси дигаре намедонад. Ҳамин қадар маълум аст, ки дар рӯзи ҷумъа қиёмат барпо мешавад. Албатта Ҳазрати Расули акрам (с) нишонаҳои қиёматро баён доштаанд, ки аз мушоҳида ва вуқӮи онҳо қиёмат наздик ба назар мерасад.
Пурсиши (савол) 83: Нишонаҳои қиёмат кадом аст?
Посух (чавоб): Он Ҳазрат фармудаанд: «Ҳангоме ки дар дунё гуноҳ бисёр шавад, фарзандон падару модарро нофармонӣ кунанд ва ононро озор диҳанд, дар амонатҳо хиёнат шавад, рақсу суруд ва мусиқӣ рӮз ба рӯз афзун шавад, ояндагон дар ҳаққи инсонҳои хуб ва солеҳи гузашта бадгӯӣ кунанд, одамҳои бедониш ва камсавод раҳбарони ҷомеа шаванд, чӮпонҳо ва инсонҳои пасти ҷомеа кохҳо бино кунанд, афроди нолоиқ ба мақомҳои воло ва баланд қарор гиранд, пас бидонед, ки қиёмат наздик аст».
Тақдир
Пурсиши (савол) 84: Тақдир чиро мегӯянд?
Посух (чавоб): Барои ҳар сухан ва ҳар кори хубу бад, дар илми Худованд, андоза ва миқёсе муқаррар аст ва Худованд ба ҳар чизе қабл аз офариниши он огоҳ аст. Ҳамин илму андозаи илоҳиро «тақдир» мегӯянд. Ҳеҷ сухани хуб ва ё баде аз илму андозаи Худованд хориҷ нест.
Зиндагии пас аз марг
Пурсиши (савол) 85: Ҳадаф аз зиндагии пас аз марг чист?
Посух (чавоб): Дар рӯзи қиёмат тамоми чизҳо фано ва нобуд мешаванд. Онгоҳ ҳазрати Исрофил дубора дар сур медаманд ва тамоми ҷондорон зинда мешаванд. Инсонҳо низ зинда гашта ва ба боргоҳи илоҳӣ дар майдони маҳшар ҳозир мешаванд ва мавриди ҳисобу китоб қарор мегиранд. Подош ва кайфари аъмол хубу бад ба онҳо дода мешавад. РӮзе, ки ин таҳаввулот ба вуқӮъ мепайвандад, онро «явмул-ҳашр», яъне рӯзи гирд омадан ва «явмул-ҷазо» ва «явмуд-дин», яъне рӯзи подошу ҷазо ва «явмул-ҳисоб», яъне рӯзи ҳисоб мегӯянд.
Пурсиши (савол) 86: Ҳафт мавриде, ки дар имони муфассал мазкур аст, агар касе яке аз онро қабул надошта бошад, оё Ӯ мусулмон гуфта мешавад?
Посух (чавоб): На, то вақте ки ба ваҳдонияти Худованд, рисолати пайғамбарон, китобҳои осмонӣ, фариштагон, тақдир, рӯзи қиёмат ва зиндагии пас аз марг имон надошта бошад, мусулмон нахоҳад буд.
Пурсиши (савол) 87: Ҳазрати Расули акрам (с) асос ва пояи Исломро бар панҷ чиз баён доштанд, вале дар онҳо зикре аз фариштагон, китобҳои осмонӣ, тақдир ва рӯзи қиёмат нест?
Посух (чавоб): Яке аз он мавридҳо имон овардан ба Ҳазрати Расули акрам (с) мебошад ва чун касе ба он Ҳазрат имон оварад, лозим аст, ки ба тамоми гуфтаҳояш ҳам имон дошта бошад, китоберо, ки он Ҳазрат аз сӮи Худо овардаанд, ба он ҳам бояд имон оварад. Тамоми ин мавридҳое, ки зикрашон дар баҳси имони муфассал ба миён омад, аз Қуръони маҷид ва аз дастуроти Ҳазрати Расули акрам (с) собитанд, пас бояд ба ҳамаи онҳо имон дошт.
Пурсиши (савол) 88: Агар касе ба тамоми ин мавридҳо имон дошта бошад, вале намоз намехонад, закот намедиҳад, рӮза намегирад, ҳаҷ намекунад, оё мусулмон хоҳад буд?
Посух (чавоб): Оре, мусулмон аст, вале сахт гунаҳкор мешавад, зеро ки нофармонии Худо ва Расулро кардааст, чунин шахсеро дар истилоҳи шариат «фосиқ» мегӯянд. Ин гуна инсонҳо кайфар ва азоби гуноҳони хешро хоҳанд чашид ва дар ниҳоят бар сабаби имон доштанашон ба биҳишт бурда мешаванд.
Бахши дувум
Қисмати аввал: Аҳком
ОмӮзиши аҳкоми исломӣ
Пурсиши (савол) 89: Ҳадаф аз аҳкоми исломӣ чист?
Посух (чавоб): Он панҷ мавриде, ки поя ва асоси Ислом ба шумор меравад, мавриди аввали онро имон гӮянд, ки шарҳи он дар бахши аввал баён шуд. Чаҳор мавриди боқимонда, яъне намоз, закот, рӮзаи Рамазон ва ҳаҷҷи хонаи Худоро аҳкоми исломӣ мегӯянд. Дар ин бахш аз намоз баҳс хоҳад шуд.
Пурсиши (савол) 90: Намоз чист?
Посух (чавоб): Намоз равиши хоссе аз ибодат ва бандагӣ аст, ки Худованд ва Расулаш ба бандагон омӯзиш додаанд.
Пурсиши (савол) 91: Пеш аз оғози намоз кадом чизҳоро риоя кардан лозим аст?
Посух (чавоб): Пеш аз оғози намоз риояи ҳафт чиз лозим аст, ки онҳоро «шароит ва фароизи намоз» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 92: Он ҳафт чизро тавзеҳ диҳед?
Посух (чавоб): Аввал: Пок будани бадан.
Дувум: Пок будани либос.
Севум: Пок будани ҷойи намоз.
Чаҳорум: ПӮшидани аврат.
Панҷум: Вақти намоз.
Шашум: РӮ ба сӮи қибла кардан.
Ҳафтум: Ният кардан.
Шарти аввали намоз
Пурсиши (савол) 93: Ҳадаф аз пок будани бадан чист?
Посух (чавоб): Ҳадаф ин аст, ки дар бадани намозгузор ҳеҷ гуна палидӣ мавҷуд набошад.
Пурсиши (савол) 94: Наҷосат ва палидӣ чанд қисм аст?
Посух (чавоб): Наҷосат ба ду қисм аст: 1. Ҳақиқӣ. 2. Ҳукмӣ
Пурсиши (савол) 95: Наҷосати ҳақиқиро таъриф кунед?
Посух (чавоб): Палидӣ ва наҷосате, ки зоҳир ва намоён бошад, онро наҷосати ҳақиқӣ гӮянд.
Пурсиши (савол) 96: Наҷосати ҳукмиро таъриф кунед?
Посух (чавоб): Палидӣ ва наҷосате, ки бо ҳукм ва дастури шариат собит шуда, зоҳиру намоён нест, онро наҷосати ҳукмӣ гӮянд. Монанди бевузӮ шудан ё ниёз пайдо кардан ба ғусл.
Пурсиши (савол) 97: Барои намоз пок будани бадан аз кадом навъи наҷосат лозим аст?
Посух (чавоб): Пок будани бадан аз ҳар ду навъи наҷосат лозимӣ аст.
Пурсиши (савол) 98: Наҷосати ҳукмӣ бар чанд қисм аст?
Посух (чавоб): Ба ду қисм аст: 1. Наҷосати ҳукмии хурд. 2. Наҷосати ҳукмии бузург. Аввалиро «ҳадаси асғар» ва дувумиро «ҳадаси акбар» ва «ҷанобат» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 99: Равиши пок кардани бадан аз наҷосати хурд чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Бадан аз наҷосати ҳукмии хурд бо вузӯ ва таҳорат кардан пок мешавад.
Баёни вузӯ
Пурсиши (савол) 100: Вузӯ чист?
Посух (чавоб): Вузӯ инро мегӯянд, ки ҳангоме инсон қасди хондани намозро бикунад, нахуст ҳар ду дасти хешро то банди даст бо оби пок бишӯяд, сипас се бор мазмаза ва истиншоқ намуда, аз мисвоки шаръӣ низ истифода кунад. Онгоҳ се бор рӯи худро шуста, сипас се бор ҳар ду дастро бо оринҷҳо бишӯяд, баъдан сар ва гӯшҳои хешро масҳ кунад, онгоҳ ҳар ду поро то буҷулак се бор бишӯяд.
Пурсиши (савол) 101: Оё дар вузӯ тамоми мавридҳои ёдшуда заруриянд?
Посух (чавоб): Баъзе чизҳо заруриянд, ки аз тарки онҳо вузӯ саҳеҳ намешавад ва онҳоро «фарзҳои вузӯ» мегӯянд. Баъзе чизҳое ҳастанд, ки аз тарки онҳо вузӯ саҳеҳ мешавад, вале ба таври ноқис ва онҳоро «суннатҳои вузӯ» меноманд, баъзе чизҳо ҳастанд, ки аз анҷоми он подош ва савоб мерасад ва аз тарки онҳо нуқсон ва халал дар вузӯ пеш намеояд, ки онҳоро «мустаҳабҳои вузӯ» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 102: Дар вузӯ чанд чиз фарз аст?
Посух (чавоб): Дар вузӯ чаҳор чиз фарз аст:
- Шустани рӯ аз ҷои рӯидани мӯи пешонӣ то зери мана ва аз як гӯш то гӯши дигар.
- Шустани ҳар ду даст то оринҷҳо.
- Масҳи чаҳоряки сар.
- Шустани ҳар ду по то буҷулак.
Пурсиши (савол) 103: Дар вузӯ чанд чиз суннат аст?
Посух (чавоб): Дар вузӯ сездаҳ чиз суннат аст:
- Нияти таҳорат ва покӣ кардан.
- «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» гуфтан.
- Шустани ҳар ду даст то банди даст.
- Истифода аз мисвоки шаръӣ.
- Се бор мазмаза кардан.
- Се бор истиншоқ (об дар бинӣ) кардан.
- Хилол кардани риш.
- Хилол кардани ангуштони дасту по.
- Ҳар узвро се бор шустан.
- Як бор тамом сарро масҳ кардан.
- Ҳар ду гӯшро масҳ кардан.
- Ботартиб шустани аъзои вузӯ.
- Паёпай вузӯ гирифтан ба тавре ки пеш аз хушкидани як узв, узви дигар шуста шавад.
Пурсиши (савол) 104: Дар вузӯ чанд чиз мустаҳаб аст?
Посух (чавоб): Дар вузӯ панҷ чиз мустаҳаб аст:
- Таёмун (аз ҷониб рост оғоз кардан). Албатта баъзе аз уламо ин мавридро ҷузви суннатҳои вузӮ шумурдаанд ва қавли роҷеҳ ҳам ҳамин аст.
- Масҳи гардан.
- Безарурат дар ҳолати вузӯ аз дигарон кӯмак нахостан.
- Рӯ ба қибла нишастан ва вузӯ кардан.
- Дар макони баланд ва пок нишастан.
Пурсиши (савол) 105: Дар вузӯ чанд чиз макрӯҳ ва нокарданӣ аст?
Посух (чавоб): Дар вузӮ чаҳор чиз макрӯҳ аст:
- Дар маҳалли нопок нишастан ва вузӯ кардан.
- Пок кардани бинӣ бо дасти рост.
- Ба ҳангоми вузӯаз умури дунявӣ суҳбат кардан.
- Хилофи равиши Пайғамбари акрам (с) вузӯ кардан.
Пурсиши (савол) 106: Вузӯ аз кадом чизҳо ботил мешавад?
Посух (чавоб): Вузӯ аз ҳашт чиз ботил мешавад, ки ба онҳо «навоқизи вузӯ» (яъне ботилкунанда вузӯ) мегӯянд.
- Баромадани бод аз мақъад.
- Берун омадан ва ҷорӣ шудани хун ва чирк аз бадан.
- Қай кардан ба андозаи пур шудани даҳон.
- Хоб ба ҳолати дарозкашида ва ё такязада ба чизе.
- Беҳушӣ ба ҳар тариқе, ки бошад.
- Девонагӣ.
- Бо садои баланд дар намоз хандидан.
- Мубоширати фоҳиш.
Баёни ғусл
Пурсиши (савол) 107: Равиши пок кардани бадан аз ҳайз, нифос ва эҳтилом чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Бадани одамӣ аз мавридҳои ёдшуда фақат бо ғусл пок мешавад.
Пурсиши (савол) 108: Ғусл чист?
Посух (чавоб): Яъне тамоми баданро аз сар то по шустан.
Пурсиши (савол) 109: Равиши ғусл кардан чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Равиши ғусл ба ин шарҳ аст: Нахуст ҳар ду дастро то банди даст бишӯяд, сипас истинҷо карда ва баданро аз наҷосат пок кунад, онгоҳ вузӯи комил карда, ба тамоми бадан об биризад ва онро бимолад. Дар ғусл мазмаза ва истиншоқ (шустани даҳону бинӣ) ҳам фарз аст.
Пурсиши (савол) 110: Дар ғусл чанд чиз фарз аст?
Посух (чавоб): Дар ғусл се чиз фарз аст:
- Мазмаза.
- Истиншоқ.
- Як бор тамоми баданро шустан.
Пурсиши (савол) 111: Дар ғусл чанд чиз суннат аст?
Посух (чавоб): Дар ғусл панҷ чиз суннат аст:
- Шустани ҳар ду даст то банди даст.
- Истинҷо ва шустани он қисмати бадан, ки наҷосат ба он ҷо расидааст.
- Нияти покӣ ва рафъи наҷосат кардан.
- Нахуст вузӮ кардан ҳамон гуна ки барои намоз вузӮ карда мешавад.
- Се бор ба тамоми бадан об рехтан.
Баёни масҳ бар мӮзаҳо
Пурсиши (савол) 112: Ба кадом навъ аз мӮзаҳо масҳ кардан ҷоиз аст?
Посух (чавоб): Масҳ бар се навъ мӮза ҷоиз аст:
- МӮзае, ки аз чарм бошад ва то буҷулаки пойҳо дар он пинҳон шаванд.
- ҶӮробе, ки қисмати зерини он аз чарм бошад.
- Ҷӯробе, ки бисёр ситабр ва ғафс бошад, то ки ба масофаи ду-се километр бо он пиёда роҳ рафта шавад.
Пурсиши (савол) 113: Дар кадом сурат масҳ бар мӮзаҳо ҷоиз аст?
Посух (чавоб): Ҳангоме ки мӮзаҳо пас аз вузӮи комил пӮшида шаванд, онгоҳ агар бевузӮ шуд, аз ҳамон лаҳза ки вузӮ маесозад, бар мӮзаҳо масҳ кашад.
Пурсиши (савол) 114: То чанд рӮзе паёпай метавон бар мӮзаҳо масҳ кард?
Посух (чавоб): Барои шахси муқим то як шабонарӮз ва барои мусофир то се шабонарӮз масҳ ҷоиз аст.
Пурсиши (савол) 115: Равиши масҳ бар мӮзаҳо чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Қисмати пушти по ба ин сурат масҳ шавад, ки бо ангуштони даст аз сари ангкштони по ба сӮи қисмати болои по масҳ кунад.
Пурсиш 116: Оё дар ҳолати вузӮ ва ғусл масҳ бар мӮзаҳо ҷоиз аст?
Посух (чавоб): На! Фақат дар ҳоли вузӮ масҳ ҷоиз аст ва дар ҳолати ғусл масҳ ҷоиз нест.
Пурсиши (савол) 117: Масҳ бар мӮзаҳое, ки дарида ҳастанд, ҷоиз аст ё на?
Посух (чавоб): Агар мӮза он қадар дарида шуда бошад, ки дар вақти роҳ рафтан се ангушти по зоҳир мешавад, масҳ ҷоиз нест ва агар камтар аз он бошад, ҷоиз аст.
Ҳукми масҳ бар ҷабира:
Пурсиши (савол) 118: «Ҷабира» чиро мегӯянд?
Посух (чавоб): Ҷабира дар асл он чӮбе аст, ки баъд аз шикаста шудани устухон барои беҳбудӣ рӮи захм баста мешавад. Вале ҳадаф аз ҷабира ин ҷо ом аст, ки чӮб, гач, захмбанд ва ғайраро, ки рӮи захм баста мешавад, дар бар мегирад.
Пурсиши (савол) 119: Масҳ бар захмбанд ё гач ва ғайра ҷоиз аст ё на?
Посух (чавоб): Оре, дар сурате, ки боз кардани он барои захм зарар дошта бошад, ҷоиз аст ва агар ба осонӣ боз шавад ва шустани захм зараре надошта бошад, шустани он лозим аст.
Пурсиши (савол) 120: Оё фақат болои захм ва баробари он масҳ шавад ё масҳ кулли ҷабира ҳатмӣ аст?
Посух (чавоб): Бояд тамоми ҷабира масҳ шавад, захм хоҳ дар зери қисмате аз ҷабира бошад ё дар зери ҳамаи он.
Баёни ҳукми наҷосати ҳақиқӣ:
Пурсиши (савол) 121: Наҷосати ҳақиқӣ бар чанд қисм аст?
Посух (чавоб): Бар ду қисм аст:
- Наҷосати ғализа (вазнин)
- Наҷосати хафифа (сабук)
Пурсиши (савол) 122: Таърифи наҷосати ғализа ва хафифа чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Он палидӣ ва наҷосате, ки сахт буда, палидияш ғализ бошад, онро «ғализа» мегӯянд ва онро, ки чунин набошад, «хафифа» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 123: Наҷосати ғализа бар чанд навъ аст?
Посух (чавоб): Наҷосати ғализа иборат аст аз: пешоб ва ғоити инсонҳо, пешоб ва саргини ҷонварони ҳаромгӮшт, хуни ҷории одамиён ва ҷонварон, шароб, саргини мурғобӣ ва мурғи хонагӣ.
Пурсиши (савол) 124: Наҷосати хафифа бар чанд навъ аст?
Посух (чавоб): Пешоби ҷонварони ҳалолгӮшт ва саргини парандагони ҳаромгӮшт.
Пурсиши (савол) 125: Чӣ миқдор аз наҷосати ғализа агар дар либос ва ё бадан бирасад, муоф (бахшида) аст ва чӣ миқдори он монеи намоз аст?
Посух (чавоб): Наҷосати ғализа ба андозаи кафи даст муоф аст ва агар ҷирмдор набошад, монанди пешоб, шароб ва ғайра, ба андозаи сиккаи якдирҳамӣ муоф аст ва агар беш аз он бошад, монеи намоз хоҳад буд.
Пурсиши (савол) 126: Чӣ миқдор аз наҷосати хафифа муоф аст?
Посух (чавоб): Агар камтар аз миқдори чаҳоряк аз ҳар қисмати пероҳан бошад, муоф аст.
Пурсиши (савол) 127: Порча ё баданро чӣ гуна аз наҷосат ғализа бояд пок ва тоза кард?
Посух (чавоб): Бояд се бор бо об шуста шавад ва порча дар зимни шустан, ҳар бор бояд фишурда шавад, он гоҳ пок ва тоза мешавад.
Пурсиши (савол) 128: Илова бар об, бо чизи дигаре ҳам шайъи наҷис ва палид, пок мешавад ё на?
Посух (чавоб): Оре, илова бар об бо моеъоте, ки равон ва рақиқ бошанд, дур кардани наҷосат дуруст аст. Монанди чой, нӮшоба, оби гулоб, анвои оби мева ва ғайра.
Баёни истинҷо
Пурсиши (савол) 129: Истинҷо чист?
Посух (чавоб): Пас аз ин ки одамӣ барои қазои ҳоҷат (халоҷо) биравад, он миқдор аз палидиро, ки дар бадан боқӣ мемонад, бо об, санг, кулӯх ва ғайра пок ва тоза кунад, чунин покизагиро дар истилоҳи шаръ «истинҷо» мегӯянд.
Пурсиши (савол) 130: Равиши истинҷо пас аз пешоб кардан чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Пас аз идрор кардан бо кулӮх ё хок (агар мавҷуд бошад) истинҷо гирифта ва сипас бо об бишӮяд.
Пурсиши (савол) 131: Равиши истинҷо пас аз ғоит ва рафтан ба халоҷо чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Пас аз рафтан ба халоҷо ва қазои ҳоҷат, мақъадро бо се санг ё кулӯх (дар сурате, ки мавҷуд бошад ва ё бо дастмоли коғазӣ) пок бояд карда, сипас бо об онро шуст.
Пурсиши (савол) 132: Ҳукми шаръии истинҷо чист?
Посух (чавоб): Дар сурате, ки пешоб ва ғоит аз маҳалли берун омадани худ ба атрофи он таҷовуз накарда бошад, истинҷо мустаҳаб аст, агар наҷосат ба атроф таҷовуз карда бошад ва ба андозаи масоҳати як дарҳам ё камтар аз он бошад, истинҷо суннат аст, агар аз масоҳати як дарҳам изофа шавад, онгоҳ истинҷо фарз аст.
Пурсиши (савол) 133: Истинҷо бо кадом чизҳо ҷоиз аст?
Посух (чавоб): Бо санг, кулӮх, дастмоли коғазӣ ва ғайра.
Пурсиши (савол) 134: Истинҷо бо кадом чизҳо макрӮҳ аст?
Посух (чавоб): Бо устухон, саргини ҳайвонот, чизҳои хӮрданӣ, ангишт, шиша, коғази маъмулӣ ва дигар навъҳои сабзавот.
Пурсиши (савол) 135: Истинҷо бо кадом даст бояд анҷом дода шавад?
Посух (чавоб): Истинҷо бо дасти чап бояд сурат гирад, бо дасти рост макрӮҳ аст.
Баёни ҳукми обҳо
Пурсиши (савол) 136: Бо кадом об вузӮ кардан ҷоиз аст?
Посух (чавоб): Бо обҳои зерин вузӮ ва таҳорат ҷоиз аст:
- Оби борон.
- Оби чашмаҳо ва дарёҳо.
- Оби чоҳҳо.
- Оби баҳр.
- Оби барф, жола ва ях.
- Оби ҳавзҳои калон.
Пурсиши (савол) 137: Бо кадом об вузӮ кардан ҷоиз нест?
Посух (чавоб):
- Бо навъҳои оби меваҳо.
- ОбгӮшт (шӮрбо).
- Обе, ки аз дарахт ва ё барги он гирифта шуда бошад.
- Обе, ки дар он чизи поке омехта шуда, маза ва бӮи он тағйир ёфтааст.
- Обе, ки чизи наҷас ва нопоке дар он афтодааст.
- Обе, ки ҳайвон ва ё инсоне дар он афтода ва мурдааст.
- Обе, ки як бор бо он вузӮ ва ё ғусл сурат гирифтааст.
- Обе, ки асари наҷосат дар он зоҳир ва намоён аст.
- Обе, ки пас хӮрда ҳайвон наҷас бошад.
- Оби гулоб ва арақ (фишурда)-и соири гулҳо ва гиёҳҳо.
Пурсиши (савол) 138: Обе, ки бо он вузӮ ва ё ғусл шудааст, ҳукми он чист ва онро чӣ мегӯянд?
Посух (чавоб): Чунин обро «оби мустаъмал» мегӯянд ва ҳукмаш ин аст, ки пок буда, вале поккунанда нест, яъне қудрат ва тавоноии пок карданро надорад, вузӮ ва ғусл бо он ҷоиз нест, вале худаш пок аст.
Пурсиши (савол) 139: Оби пасхӮрдаи кадом ҷонварон пок нест?
Посух (чавоб): Обе, ки пасхӯрдаи саг, хук, гург, рӯбоҳ ва дигар дарандагон бошад, наҷис аст. Инчунин гурбае, ки мушро бихӮрад ва фавран аз об нӯшад, он об низ наҷис аст.
Пурсиши (савол) 140: Пасхӯрдаи кадом ҷонварон макрӯҳ аст?
Посух (чавоб): ПасхӮрдаи гурба, муш, мурғҳои хонагии кӮчагард ва наҷосатхӯр, гов ё ҳайвони ҳалолгӯште, ки ба хӯрдани наҷосат одат кардааст ва пасхӯрдаи тамоми ҷонварони ҳаромгӮшт макрӮҳ аст.
Пурсиши (савол) 141: Пасхӯрдаи кадом ҷонварон пок аст?
Посух (чавоб): Пасхӯрдаи одамиён ва ҷонварони ҳалолгӯшт монанди гов, гӯсфанд ва ғайра.
Пурсиши (савол) 142: Кадом об бо афтодани наҷосат дар он палид намешавад?
Посух (чавоб): Оби наҳрҳо, ҷӯйҳо ва обе, ки равон бошад ё оби истодае, ки бисёр бошад, бо афтодани наҷосат дар он палид намешавад.
Пурсиши (савол) 143: Чӣ гуна метавон маълум кард, ки кадом об бисёр ва кадом об андак аст?
Посух (чавоб): Обе, ки маҳалли ҷамъ шудани он ба масоҳати 21 метри мураббаъ бошад, бисёр аст ва агар камтар аз ин миқдор бошад, андак аст. Ҳавзе, ки ба ин андоза бошад, онро, ҳавзи бузург ва камтар аз онро ҳавзи хурд мегӯянд.
Пурсиши (савол) 144: Агар дар оби андак ҳайвон хурде монанди муш, гурба, мурғ ва ғайра афтода бимирад, оё он об наҷис аст?
Посух (чавоб): Оре! Чунин об наҷис аст.
Пурсиши (савол) 145: Оби ҳавзҳои бузург кадом вақте наҷис мешавад?
Посух (чавоб): Ҳангоме ки пас аз афтодани палидӣ дар он маза ё ранг ва ё бӮи он тағйир ёбад.
Пурсиши (савол) 146: Аз мурдани кадом ҷонвароне дар об он об наҷис намешавад?
Посух (чавоб): Аз ҷонварони обӣ, яъне онҳое, ки дар об зиндагӣ мекунанд, монанд моҳӣ, қурбоқаи обӣ ва ё ҷонвароне, ки хуни равон надоранд, монанди магас, пашша ва ғайра.
Ҳукми оби чоҳҳо
Пурсиши (савол) 147: Оби чоҳҳо аз кадом наҷосат палид мешавад?
Посух (чавоб): Агар наҷосати ғализа ё хафифа дар чоҳ афтод ва ё ҷонваре, ки хуни равон дорад, афтод ва мурд, оби чоҳ наҷис мешавад.
Пурсиши (савол) 148: Агар дар чоҳ ҳайвоне афтод ва зинда аз чоҳ берун кашида шуд, оё оби чоҳ наҷис мешавад ё пок аст?
Посух (чавоб): Агар ҳайвоне бошад, ки пасхӮрдаи он наҷис аст ё дар баданаш палидӣ вуҷуд дошта бошад, оби он чоҳ нопок аст, агар ҷонваре бувад, ки пасхӮрдаи он наҷис набувад ва ё дар баданаш наҷосате часпида набувад, дар он сурат оби чоҳ пок аст, ба шарти ин ки дар чоҳ пешоб ва мадфуъ накарда бошад, агар пешоб ва мадфуъ кардааст, об наҷис аст.
Пурсиши (савол) 149: Равиши пок кардани чоҳе, ки палид шудааст, чӣ гуна аст?
Посух (чавоб): Барои пок кардани чоҳ панҷ равиш вуҷуд дорад:
- Ҳангоме ки дар чоҳ наҷосате афтод, бо кашидани тамоми оби он пок мешавад.
- Агар дар чоҳ инсон, гов, саг ва ё дигари ҷонвари бузурге афтод ва мурд, кашидани тамоми оби чоҳ ҳатмӣ аст.
- Агар ҷонвари хурде ва ё бузурге дар чоҳ афтода мурд ва пӮсид ё пора-пора шуд, боз ҳам кашидани тамоми оби чоҳ ҳатмӣ аст.
- Агар ҳайвони хурде монанди гурба, кабӮтар, мурғ ё ба андозаи он дар чоҳ афтоду мурд, вале варам накард ва пора-пора нашуд, чиҳил далв (сатил) об аз чоҳ кашидан лозим аст, онгоҳ оби чоҳ пок мешавад.
- Агар муш ё гунҷишк ва ё ҷонваре ба андозаи он дар чоҳ афтоду мурд, бист далв об кашидан лозим аст. Албатта ба ҷои бист далв сӣ далв ва ба ҷои чиҳил далв шаст далв кашидан мустаҳаб аст.
Пурсиши (савол) 150: Агар ҷондори мурдае дар чоҳ афтод, ҳукми он чист?
Посух (чавоб): Ҳукмаш монанди ҳукми ҷондори зиндаест, ки биафтад ва бимирад. Яъне агар гӯсфанди мурда афтод, тамоми оби чоҳ бояд кашида шавад, агар гурбаи мурдае афтод, чиҳил ё шаст далв ва агар муши мурдае афтод, бист то сӣ далв кашида шавад.
Пурсиши (савол) 151: Агар ҷонвари мурдае дар ҳоле ки варам карда ё пора-пора шуда бошад, дар чоҳ афтод, ҳукми он чист?
Посух (чавоб): Кашидани тамоми оби чоҳ ҳатмӣ аст.
Пурсиши (савол) 152: Агар ҳайвоне дар чоҳ афтоду мард ва маълум нест, ки кай афтодааст, ҳукми он чист?
Посух (чавоб): Аз вақте ки дар чоҳ дида шудааст, аз он лаҳза ба баъд, оби чоҳ нопок шумурда мешавад ва агар бо он об таҳорат карда ё чизеро шуста бошад, бояд аз нав таҳорат кунад ва он чизро такроран бишӯяд.
Пурсиши (савол) 153: Оби чоҳ бо кадом навъ далве бояд кашида шавад?
Посух (чавоб): Ҳар далве, ки дар ҳар чоҳе қарор дорад, ҳамон далв муътабар аст.
Пурсиши (савол) 154: Оё кашидани об дар як вақт ҳатмӣ аст?
Посух (чавоб): На, агар бист далв ҳангоми субҳ кашида шавад, бист далв ҳангоми пешин ва ё вақти ғуруб ҳам кашида шавад, ҷоиз аст.
Пурсиши (савол) 155: Сатилу ресмоне, ки бо он оби чоҳ кашида шудааст, пок аст ё наҷис?
Посух (чавоб): Агар миқдори обе, ки кашидани он лозим аст, кашида шавад, он гоҳ чоҳ, сатил ва ресмон ҳамагӣ пок шудаанд.