Саволҳо аз География барои дохилшавӣ

1. Аввалин бор ҷуғрофияи Тоҷикистонро ба тарзи илмӣ кадом олимони рус омӯхта буданд?
A) И.А.Хаников, Г.Е, Грум-Гржимайло, В.Ф. Ошанин; B) П.П.Семенов, Н.П.Прежвальский; C) М. Лазарев, Ф.Беллинсгаузен; D) А.Никитин, Е.Д. Хабаров; E) С.Дежнев, В.Д.Поярков;

2. Тадқиқоти нахустини геологиро дар ҳудуди Тоҷикситон кадом олимони рус гузаронидаанд?
A) Мушкетов И.В., Аргангелский А.И., Налифкин Д.В.; B) Олденбург С.Ф., Павловский Е.Н., Шмидт О.Ю.; C) Ферсман Н.Е., Корженевский Н.Л.; D) Обручев В.А., Козлов П.К.; E) Юнкер А, Гумбольт В.;

3. Кадом сол ва бо роҳбарии кадом олимони намоёни шуравӣ Академияи илмҳои собиқ СССР ба Помир экспедитсияи калонро равон кард?
A) Соли 1993 бо роҳбарии Н.И.Вавилов, Комаров Л.; B) Соли 1928 бо роҳбарии Щербаков Д.И., Шмидт О.Ю.; C) Соли 1946 бо роҳбарии Берг А.С., Северцов Н.А; D) Соли 1949 бо роҳбарии Воейков А.И., Федченко А.Н; E) Соли 1950 бо роҳбарии Мушкетов И.В., Налифкин Д.В;

4. Ҷамъияти географии Рус кадом сол ташкил ёфтааст?
A) Соли 1800; B) Соли 1845; C) Соли 1907; D) Соли 1916; E) Соли 1795;

5. Кадом сол Академияи улуми Тоҷикистон ташкил ёфт ва аввалин президенти он кӣ буд?
A) Соли 1961 Б.Ғафуров; B) Соли 1951 С.Айнӣ; C) Соли 1968 М.Турсунзода; D) Соли 1965 М.Осимӣ; E) Соли 1948 А.Лоҳутӣ;

6. Бо мақсади таҳқиқи васеъи сарзамини Тоҷикистон кадом сол ва бо сарварии кадом академики намоён экспедитсияи нави комплексии тоҷику Помир ташкил карда шуд?
A) Соли 1932 бо сарварии И.П.Горбунов; B) Соли 1936 бо сарварии Н.И.Вавилов; C) Соли 1930 бо сарварии Е.Н.Павловский; D) Соли 1938 бо сарварии Н.ЕФерсман; E) Соли 1929 бо сарварии С.Ф.Олденбург;

7. Кадом сол ва аз тарафи кадом кӯҳнаварди шӯравӣ қуллаи Исмоили Сомонӣ фатҳ шудааст?
A) Соли 1933 Ё.Абалаков; B) Соли 1926 И.П.Горбунов; C) Соли 1939 А.Н.Федченко; D) Соли 1946 А.С.Берг; E) Соли 1940 И.В.Мушкетов;

8. Сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон кадом сол муқаррар карда шудааст?
A) Соли 1924; B) Соли1929; C) Соли 1885; D) Соли 1896; E) Соли 1906;

9. Фонди умумии заминҳои Тоҷикистон чӣ қадар аст?
A) 14,5 млн га; B) 10,3 млн га; C) 24,5 млн га; D) 8,5 млн га; E) 31,2 млн га;

10. Дар Тоҷикистон чанд намуди растанӣ мавҷуд мебошад?
A) 5 ҳазор намуд; B) 10 ҳазор намуд; C) 6 ҳазор намуд; D) 15 ҳазор намуд; E) 3,5 ҳазор намуд;

11. Дар Тоҷикистон чанд ноҳияи табииро ҷудо мекунанд?
A) 5-то; B) 10-то; C) 8-то; D) 12-то; E) 3-то;

12. Дар айни замон чанд фоизи сарзамини Тоҷикистонро ҷангалзорҳо ташкил медиҳанд?
A) 10%; B) 12%; C) 8%; D) 2%; E) 4%;

13. Мамнӯъгоҳи «Бешаи Палангон» кадом сол ташкил карда шудааст?
A) Соли 1928; B) Соли 1958; C) Соли 1938; D) Соли 1961; E) Соли 1966;

14. Мамнӯъгоҳи «Ромит» кадом сол ташкил карда шудааст?
A) Соли 1959; B) Соли 1939; C) Соли 1948; D) Соли 1950; E) Соли 1966;

15. Мамнӯъгоҳи «Дашти ҷум» кадом сол ташкил карда шудааст?
A) Соли 1983; B) Соли 1974; C) Соли 1955; D) Соли 1931; E) Соли 1946;

16. Дар Помир чанд қуллаи баландиашон зиёда аз 7000 м вуҷуд дорад?
A) 1-то; B) 3-то; C) 2-то; D) 4-то; E) 5-то;

17. Кули баландтарини Осиёи Марказӣ кадом аст?
A) Иссиқкӯл (Қирғизистон); B) Қарокӯл (Тоҷикистон); C) Балхаш (Қазоқистон); D) Сурхони Ҷан (ӯзбекистон); E) Таҷан (Туркманистон);

18. Ҳаҷми оби кӯли Сарез чанд км3-ро ташкил медиҳад ?
A) 17 км3; B) 22 км3; C) 10 км3; D) 35 км3; E) 40 км3;

19. Ҳар сол аҳолии Тоҷикистон тақрибан чанд ҳазор нафар зиёд мешавад?
A) 50 ҳазор; B) 250 ҳазор; C) 100 ҳазор; D) 300 ҳазор; E) 20 ҳазор;

20. Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриятҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷои чандумро ишғол мекунад?
A) 12-ум; B) 8-ум; C) 4-ум; D) 11-ум; E) 6-ум;

21. Дар Тоҷикистон чанд фоизи пахтаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсол карда мешуд?
A) 50%; B) 30%; C) 11%; D) 9%; E) 21%;

22. Дар таркиби саноати Тоҷикистон вазни хоси кадом саноат бештар аст?
A) Саноати сӯзишворию энергетикӣ; B) Саноати металлургию мошинасозӣ; C) Саноати сабуку хӯрокворӣ; D) Саноати маъдани кӯҳию химиявӣ; E) Саноати коркарди чӯб ва маснуоти сохтмон;

23. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло соҳаҳои саноат чанд фоизи даромади миллиро медиҳад?
A) 50%; B) 100%; C) 46%; D) 36%; E) 22%;

24. Кадом корхонаи номбурда ба саноати мошинасозӣ тааллуқ дорад?
A) Корхонаи насоҷҷӣ; B) Корхонаи Гидроагрегат; C) Корхонаи қаннодӣ; D) Корхонаи нуриҳои минералӣ; E) Корхонаи сементбарорӣ;

25. Дар Тоҷикистон соле тақрибан чӣ қадар қувваи барқ истеҳсол мешавад?
A) 10 млрд Квт/соат; B) 18 млрд Квт/соат; C) 30 млрд Квт/соат; D) 100 млрд Квт/соат; E) 24 млрд Квт/соат;

26. Корхонаи аллюминии ш.Турсунзода кадом сол сохта ба истифода дода шудааст?
A) Соли 1966; B) Соли 1975; C) Соли 1985; D) Соли 1955; E) Соли 1948;

27. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзии Тоҷикистон чанд млн гектар мебошад?
A) 3,2 млн гектар; B) 4,2 млн гектар; C) 5,6 млн гектар; D) 6 млн гектар; E) 8,5 млн гектар;

28. Аз ҷиҳати истеҳсоли пахтаи маҳиннах Тоҷикистон дар ИДМ (СНГ) ҷои чандумро ишғол менамояд?
A) Ҷои 1-ум; B) Ҷои 2-ум; C) Ҷои 5-ум; D) Ҷои 4-ум; E) Ҷои 3-ум;

29. Аз ҷиҳати истеҳсоли лиму кадом ҷумҳурӣ дар миқёси ИДМ ҷои 1-умро ишғол менамояд?
A) Гурҷистон; B) Озарбойҷон; C) Тоҷикистон; D) Узбекистон; E) Туркманистон;

30. Аз ҷиҳати ҳосили умумии пилла дар ИДМ Тоҷикистон ҷои чандумро ишғол менамояд?
A) Ҷои 1-ум; B) Ҷои 4-ум; C) Ҷои 2-ум; D) Ҷои 3-ум; E) Ҷои 5-ум;

31. Аввалин роҳи оҳан дар қаламрави Тоҷикистон кадом роҳ буд?
A) Тирмиз-Душанбе; B) Хавос-Хуҷанд; C) Тирмиз-Қурғонтеппа; D) Қурғонтеппа-Кӯлоб; E) Москва-Душанбе;

32. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон чанд ҳазор км мебошад?
A) 25,2 ҳазор км; B) 30,1 ҳазор км; C) 13,6 ҳазор км; D) 10,5 ҳазор км; E) 18,2 ҳазор км;

33. Аввалин роҳи нақлиёти ҳавои дар Тоҷикистон кадом сол ба вуҷуд омад?
A) Соли 1924; B) Соли 1929; C) Соли 1930; D) Соли 1932; E) Соли 1920;

34. Комплекси территориявию истеҳсоли Тоҷикистони Ҷанубӣ (КТИТҶ) дар қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон буда, масоҳаташ чанд ҳазор км2 мебошад?
A) 65,5 ҳазор км2; B) 73,2 ҳазор км2; C) 53,2 ҳазор км2; D) 50 ҳазор км2; E) 26,1 ҳазор км2;

35. Дар қаламрави Комплекси территориявию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷануби (КТИТҶ) чанд фоизи аҳолии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад?
A) 41%; B) 60%; C) 50%; D) 85%; E) 30%;

36. Дар асоси ба назар гирифтани қонуниятҳои ноҳиябандии иқтисодӣ ва самти тахассуси хоҷагӣ дар Тоҷикистон чанд ноҳияи иқтисодиро ҷудо кардан мумкин аст?
A) 8 ноҳияи иқтисодӣ; B) 2 ноҳияи иқтисодӣ; C) 6 ноҳияи иқтисодӣ; D) 10 ноҳияи иқтисодӣ; E) 3 ноҳияи иқтисодӣ;

37. Муҳити географӣ чист?
A) Ҳифзи муҳити атроф; B) Паҳншавии олами набототу ҳайвонот; C) Муҳите, ки аз тарафи инсон тағйир дода шудааст; D) Ифлосшавии атроф; E) Тағйирёбии релеф;

38. Пардаи борики озонӣ ё қабати озонӣ дар кадом қабати замин ҷойгир шудааст?
A) Атмосфера; B) Гидросфера; C) Литосфера; D) Биосфера; E) Ноосфера;

39. Фишори ҳаворо бо кадом асбоб чен карда мешавад?
A) Ҳароратсанҷ; B) Амперметр; C) Барометр; D) Флюгер; E) Телескоп;

40. Ҷараёни уқёнусӣ чист?
A) Ҷойивазкунии анбуҳи ҳаво; B) Ҷойивазкунии уфуқии бод дар масофаи хурд; C) Нуқтаи заминларза ва таъсири он дар масофаи калон; D) Ҷойивазкунии уфуқии об дар масофаи калон; E) Боришоти зиёд дар сатҳи уқёнус

41. Шӯрии оби баҳру уқёнусро бо чӣ ифода мекунад?
A) Фоиз; B) Грамм; C) промилл; D) Ҳарорат; E) Куб;

42. Архипелаг гуфта чиро меноманд?
A) Гуруҳи кӯлҳои бо ҳамдигар наздикро; B) Якчанд конҳои канданиҳои фоиданокро; C) Анбӯҳи ҷангалзорҳои алоҳидаро; D) Гуруҳи ҷазираҳои бо ҳамдигар наздикро; E) Таъсири мутақобилаи инсон ба табиатро;

43. Координатаҳои географӣ гуфта чиро меноманд?
A) Қуллаҳои қӯҳиро; B) Ҷойгиршавии баҳру уқёнусро; C) Арзу тӯли нуқтаи сатҳи заминро; D) Қутбҳои сатҳи заминро; E) Бухоршавии обҳои сатҳи заминро;

44. Фишори мӯътадили атмосферӣ чанд мм сутунчаи симобӣ мебошад?
A) 850 мм; B) 655 мм; C) 760 мм; D) 960 мм; E) 560 мм;

45. Қабати ҳаётии заминро чӣ меноманд?
A) Литосфера; B) Гидросфера; C) Биосфера; D) Атмосфера; E) Ионосфера;

46. Сиёсати демографӣ чист?
A) Ин маҷмӯи чорабиниҳои давлатие, ки барои кам ё зиёд кардани шумораи аҳолӣ; B) Ин маҷмӯи зиёд кардани корхонаҳои хусусӣ; C) Ин маҷмӯи ба ҳам пайвастагии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ; D) Ин маҷмӯи чорабиниҳои давлатие, ки барои гузаронидани ислоҳоти аграрӣ; E) Ин маҷмӯи чорабиниҳои давлатие, ки барои иваз накардани ҷои зисти аҳолӣ;

47. Дар кадом шаҳрҳои Тоҷикистон корхонаҳои калони коркарди нафту газ мавҷуд мебошад?
A) ш,Душанбе; B) ш.Хуҷанд; C) ш.Исфара; D) ш.Кӯлоб; E) дар ягон шаҳр нест;

48. Серобтарин кӯли Тоҷикистон кадом кӯл аст?
A) Зоркӯл; B) Искандаркӯл; C) Сарез; D) Шӯркӯл; E) Рангкӯл;

49. Нимҷазираи Калифорния ба кадом давлат тааллуқ дорад?
A) Канада; B) ШМА; C) Мексика; D) Бразилия; E) Куба;

50. Ба гуруҳи давлатҳои «бабрҳои ҷавон» кадом мамлакатҳо дохил мешаванд?
A) ШМА, Англия, Япония; B) Россия, Украина, Белорусия; C) Эрон, Туркия, Ироқ; D) Сингапур, Малайзия, Филиппин; E) Италия, Германия, Франсия;

51. Ҳайвони ояндаи калонтарини ҷаҳон кадом аст?
A) Тимсоз; B) Паланг; C) Гург; D) Хирс; E) Капибара;

52. Ҳайвонҳои халтадор дар кадом қитъа зиндагӣ мекунанд?
A) Австралия; B) Африка; C) Осиё; D) Европа; E) Америка;

53. Калонтарин ҳавзаи ангишти ҷаҳон кадом аст?
A) Донбасс; B) Печора; C) Караганда; D) Тунгуска; E) Кузбасс;

54. Нимҷазираи Сомалӣ дар кадом қитъа ҷойгир аст?
A) Осиё; B) Европа; C) Африка; D) Австралия; E) Антрактида;

55. Ҳудуди кадоме аз ин давлатҳо дар ду қитъа воқеъ аст?
A) Ҳиндустон; B) Арабистони Саудӣ; C) Хитой; D) Миср; E) Ироқ;

56. Ҳудуди кадоми аз ин давлатҳо танҳо дар як қитъа воқеъ аст?
A) Россия; B) Миср; C) Туркия; D) Покистон; E) Панама;

57. Ҷануби Африкаро аввалин маротиба кадом баҳрнавард кашф намудааст?
A) Марко Поло; B) Васка да Гама; C) Давид Левингстон; D) Роберт Скотт; E) Афанасий Никитин;

58. Моҳи сентябри соли 2004 ба ш.Душанбе чӣ гуна ном гузошта шуд?
A) шаҳри туристӣ; B) шаҳри исломӣ; C) шаҳри индустриалӣ; D) шаҳри сулҳ; E) шаҳри илму техника;

59. Материкҳои қадимтарин кадомҳоянд?
A) Осиё, Африка; B) Австралия, Осиё; C) Гондвана, Лавразия; D) Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ; E) Африка, Антрактида;

60.Кадоме аз ин материкҳо дорои захираи бузурги алмос мебошад?
A)  Америкаи Шимолӣ; B) Африка; C) Австралия; D) Америкаи Ҷанубӣ; E) Антрактида;

61. Илме, ки аҳолӣ афзоишу камшавии онро меомӯзад кадом аст?
A) География; B) Экология; C) Демография; D) Ҳуқуқ; E) Таърих;

62. Миёни ин давлатҳо кадомаш сотсиалистӣ мебошад?
A) Хитой; B) Россия; C) Полша; D) Югославия; E) Қазоқистон;

63. Рӯзи дарозтарин кадом аст?
A) 21 июн; B) 21 март; C) 21 сентябр; D) 21 декабр; E) 21 феврал;

64. Шаби дарозтарин кадом аст?
A) 21-22 сентябр; B) 21-22 декабр; C) 21-22 март; D) 21-22 июн; E) 21-22 феврал;

65. Гармтарин қитъаи ҷаҳон кадом аст?
A) Австралия; B) Америка; C) Африка; D) Осиё; E) Европа;

66. Маймунҳои горилла танҳо дар кадом материк зиндагӣ мекунанд?
A) Африка; B) Америкаи Шимолӣ; C) Австралия; D) Евроосиё; E) Америкаи Ҷанубӣ;

67. Кадом сол саёҳатчии голландӣ Абел Тасман Австралияро кашф кардааст?
A) 1642; B) 1713; C) 1325; D) 1921; E) 1811;

68. Кадом ҷазираи атрофии Австралия ба номи кашфкунандааш гузошта шудааст?
A) Баунти; B) Зонди калон; C) Ява; D) Тасман; E) Тимор;

69. Масоҳати кадом материк ба 7,7 млн км2 баробар аст?
A) Африка; B) Антрактида; C) Америкаи Шимолӣ; D) Америкаи Ҷанубӣ; E) Австралия;

70. Пойтахти Австралия кадом шаҳ аст?
A) Синдней; B) Канберра; C) Перт; D) Мелбурн; E) Брисбен;

71. Яроқи миллии аҳолии таҳҷоии Австралия чӣ ном дорад?
A) Дудкамон; B) Найза; C) Бумеранг; D) Сипар; E) Камон;

72. Номи уқёнуси Ором-ро кадом саёҳатчӣ гузоштааст?
A) Ҷ.Кук; B) Р.Скотт; C) Х.Колумб; D) Ф.Магеллан; E) Р.Амундсен;

73. Кадом гулӯгоҳ уқёнуси Ором-ро аз яхбастаи Шимолӣ ҷудо мекунад?
A) Ла-манш; B) Гибралтар; C) Па-де Кале; D) Беринг; E) Баб-Эль Мандеб;

74. Кадом материкро материки илм ва сулҳ меноманд?
A) Африка; B) Австралия; C) Антрактида; D) Америкаи Шимолӣ; E) Америкаи Ҷанубӣ;

75.  Қадимтарин уқёнуси ҷаҳонӣ кадом аст?
A) Ором; B) Яхбастаи Шимолӣ; C) Тетис; D) Атлантика; E) Ҳинд;

76. Галаҷазираҳои Замини Оташин дар кадом қитъа воқеанд?
A) Европа; B) Осиё; C) Африка; D) Америка; E) Австралия;

77.  Калонтарин кӯли баландкӯҳи ҷаҳон кадом аст?
A) Мичиган; B) Титикака; C) Эйр; D) Онтарно; E) Байкал;

78. Патагония дар кадом қисми Америкаи Ҷанубӣ ҷойгир шудааст?
A) Шимолӣ; B) Шарқӣ; C) Марказӣ; D) Ҷанубӣ; E) Ғарбӣ;

79. Калонтарин паррандаи соҳибчанголи дунё кадом аст?
A) Калхот; B) Шоҳин; C) Кондор; D) Колибри; E) Лирадум;

80. Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи кадом баҳр тааллуқ доранд?
A) Каспий; B) Арал; C) Азов; D) Сиёҳ; E) Сурх;

81. Бинои конгресси ШМА чӣ ном дорад?
A) Пентагон; B) Капитолий; C) Эйфел; D) Кентуки; E) Озодӣ;

82. Аз рӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ кадом давлат дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) Япония; B) Англия; C) Франсия; D) ШМА; E) Германия;

83. Кадом давлат дар қитъаи Америка ягона давлати сотсиалистӣ мебошад?
A) Куба; B) Мексика; C) Бразилия; D) Никарагуа; E) Панама;

84. Ҷазираи калонтарини ҷаҳон Гренландия ба кадом давлат тааллуқ дорад?
A) Канада; B) Норвегия; C) ШМА; D) Дания; E) Ба ягон давлат;

85. Кадом уқёнус Европаро бо Америка мепайвандад?
A) Ором; B) Ҳинд; C) Атлантика; D) Яхбастаи Шимолӣ; E) Миёназамин;

86. Баҳрҳои тунукобаро чӣ гуна баҳр меноманд?
A) Эпиконтиненталӣ; B) Шӯр; C) Сармозада; D) Шелф; E) Терраса;

87. Европаро аз Осиё кадом қаторкуҳҳо ҷудо мекунанд?
A) Байкал; B) Карпат; C) Кавказ; D) Урал; E) Помир;

88. Кадом метерикро ҳамаи чор уқёнус иҳота кардааст?
A) Африка; B) Евроосиё; C) Австралия; D) Антрактида; E) Америкаи Шимолӣ;

89. Кадом шаҳр дар Италия аз зери хокистари вулқонӣ ёфт шудааст?
A) Рим; B) Венесия; C) Помпей; D) Турин; E) Флоренсия;

90. Аз рӯи захираи умумии ангишт кадом давлат дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) Хитой; B) Австралия; C) Россия; D) Полша; E) Германия;

91. Сатҳи калони обие, ки ба дохили материк даромадааст чӣ ном дорад?
A) гулӯгоҳ; B) баҳр; C) халиҷ; D) обанбор; E) кӯл;

92. Хунуктарин шаҳри ҷаҳон кадом аст?
A) Осло (Норвегия); B) Мурманск (Россия); C) Оймякон (Россия); D) Верхоянск (Россия); E) Хелсинки (Финландия);

93. Баландтарин қуллаи куҳҳои Алп кадом аст?
A) Монблан; B) Эверест; C) Мак-Кинли; D) Фудзияма; E) Везувий;

94. Дар кадом давлат қариб 7000 гейзер вуҷуд дорад?
A) Россия; B) Финландия; C) Индонезия; D) Исландия; E) Мексика;

95. Кадом давлат аз рӯи захираи гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) Бразилия; B) Канада; C) ШМА; D) Хитой; E) Россия;

96. Ифлостарин дарёи Евроосиё кадом аст?
A) Янсзы; B) Лена; C) Дунай; D) Волга; E) Ганг;

97. Калонтарин шаҳри ҷаҳон кадом аст?
A) Токио; B) Шанхай; C) Лондон; D) Ню-Деҳли; E) Ню-Йорк;

98. Калонтарин ГЭС-и ҷаҳон кадом аст?
A) Итайпу (Бразилия); B) Гури (Венесуэла); C) Гранд-кули (ШМА); D) Красноярск (Россия); E) Тукуруи (Бразилия);

99. Аз рӯи истеҳсоли аллюминий кадом давлат дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) Россия; B) Тоҷикистон; C) Канада; D) ШМА; E) Хитой;

100. Аз рӯи истеҳсоли қувваи барқ кадом давлат дар ҷои аввал меистад?
A) ШМА; B) Россия; C) Франсия; D) Норвегия; E) Хитой;

101. Хурдтарин давлати дунё кадом аст?
A) Тоҷикистон; B) Андорра; C) Ватикан; D) Панама; E) Люксембург;

102. Камаҳолитарин давлати дунё кадом аст?
A) Сан-Марино; B) Лихтенштейн; C) Дания; D) Ватикин; E) Гибралтар;

103. Аз рӯи захираи газ кадом давлат дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) Ироқ; B) Эрон; C) Россия; D) Қувайт; E) Сурия;

104. Аз рӯи захираи нефт кадом давлат дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) Ироқ; B) Эрон; C) Россия; D) Арабистони Саудӣ; E) Индонезия;

105. Дар кадом давлати дунё аз ҳама зиёд мусулмонон зиндагӣ мекунанд?
A) Покистон; B) Арабистони Саудӣ; C) Эрон; D) Ҳиндустон; E) Индонезия;

106. Ягона давлати монархистӣ-теократӣ кадом аст?
A) Англия; B) Дания; C) Испания; D) Италия; E) Ватикан;

107. Давлати Куба дар кадом қитъа ҷойгир шудааст?
A) Америка; B) Африка; C) Европа; D) Оси ё; E) Австралия;

108. Дар парчами кадом давлат чунин навиштаҷот «Оrdem e Progresso» дида мешавад ?
A) Испания; B) Аргентина; C) Колумбия; D) Бразилия; E) Уругвай;

109. Созмони давлатҳои содиркунандаи нефт чӣ ном дорад?
A) НАТО; B) АНЗЮС; C) ОПЭК; D) СБА; E) СММ;

110.Блоки ҳарбии Атлантикаи Шимолӣ кадом аст?
A) АНЗЮС; B) Евразэс; C) СНГ (ИДМ); D) ЮНИСЭФ; E) НАТО;

111. Аз рӯи саршумори умумии гусфанд кадом давлат дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) Австралия; B) Муғулистон; C) Арабистони Саудӣ; D) Ҳиндустон; E) Қазоқистон;

112. Аз рӯи саршумори хук кадом давлат дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) Германия; B) Россия; C) ШМА; D) Канада; E) Хитой;

113. Аз рӯи саршумори гов кадом давлат дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?

A) Бразилия; B) Голландия; C) Аргентина; D) Ҳиндустон; E) Хитой;

114. Аз рӯи истеҳсоли пахта кадом давлат дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) ШМА; B) ӯзбекистон; C) Хитой; D) Миср; E) Покистон;

115. Кадом давлат аз рӯи истеҳсоли қаҳва дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) Бразилия; B) Куба; C) Аргентин; D) Нигерия; E) Либерия;

116. Пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон соли 1945 дар кадом шаҳрҳои Япония аз тарафи ШМА бомбаҳои атомӣ партофта шуда буд?
A) Токио-Киото; B) Хиросима-Нагасаки; C) Иокогама-Нагоя; D) Токио-Нагоя; E) Киото-Иокогама;

117. Ин кадом давлат аст, ки аз рӯи истеҳсоли чой, лаблабуи қанд ва шолӣ дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) Ҳиндустон; B) Шри-Ланка; C) Япония; D) Гурҷистон; E) Хитой;

118. Қисми муайяни давлат, ки ба худ равияи хоси хоҷагӣ дорад чист?
A) Шаҳр; B) Ноҳия; C) ноҳияи иқтисодӣ; D) хоҷагии иҷоравӣ; E) вилоят;

119. Ватани картошка кадом давлат аст?

A) Мексика; B) Канада; C) Перу; D) Чили; E) Аргентина;

120. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ миёни ҷумҳуриҳои аъзо кадом иттиҳод ташкил карда шуд?
A) ИДМ; B) Иттиҳоди Аврупо; C) СММ; D) БМА; E) БОР;

121. Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон кадом сол ташкил ёфтааст?
A) 1931; B) 1975; C) 1991; D) 1948; E) 1924;

122. Калонтарин шаршараи бисёрзинаи ҷаҳон кадом аст?
A) Ниагара; B) Игуасу; C) Виктория; D) Анхел; E) Левингстон;

123. Пайравони кадом дин дар дунё бештаранд?
A) Ислом; B) Христианӣ; C) Буддоӣ; D) Ҳиндуизм; E) Яҳудия;

124. Аз шираи кадом дарахт резини табиӣ каучук истеҳсол мешавад?
A) Пампа; B) Баобаб C) Аракуарий; D) Гевея; E) Дуб;

125. Аз рӯи дарозии роҳи автомобилгард (5640 ҳазор км) кадом давлат дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад?
A) ШМА; B) Франсия; C) Россия; D) Япония; E) Хитой;

126. Ин чӣ гуна харита аст, ки дар он давлатҳо бо рангҳои гуногун ишора шуда сарҳадҳояшон ҷудо карда шудааст ва пойтахташон нишон дода шудааст.
A) Харитаи табиӣ; B) Харитаи сиёсӣ; C) Харитаи Топографӣ; D) Харитаи геологӣ; E) Харитаи иқлим;

127. Ягона давлати мусулмонӣ, ки ба блоки НАТО дохил шудааст кадом аст?
A) Ироқ; B) Эрон; C) Арабистони Саудӣ; D) Туркия; E) Индонезия;

128. Кадом давлат аст, ки зиёда аз чор ҳазор ҷазира иборат мебошад?
A) Канада; B) Индонези; D) Филиппин; D) Россия; E) ШМА;

129. Ширхӯри калонтарини ҷаҳон кадом аст?
A) Уштур; B) Фил; C) Кити кабуд; D) Асп; E) Баҳмут;

130. Калонтарин ноҳияи Тоҷикистон кадом аст?
A) Мурғоб; B) Айнӣ; C) Рӯдакӣ; D) Ванҷ; E) Дарвоз;

131. Кадом илм заминларзаро меомӯзад?
A) Климатология; B) Глясиология; C) Минералогия; D) Зоология; E) Сейсмология;

Комментарии