Сафарова Зебогул Хотамовна – Шоира

Сафарова Зебогул Ҳотамовна – шираи навҷавони Тоҷикистони навистиқлол. Санаи 22-юми январи соли 1967 дар шаҳри Кӯлоби Вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1983 мактаби миёнаи рақами 4-и шаҳри Кӯлобро хатм карда ба донишгоҳи олӣ дохил мешавад ва боммувафақият онро низ хатм менамояд.

Сурати шоира - Зебои Хатлони

Сурати шоира

Фаъолияти меҳнатии ӯ соли 1983 аз Китобхонаи Вилоятӣ оғоз ёфта, минбаъд дар корхонаи (Завод) таҷрибавии таҷҳизоти технологии шаҳри Кӯлоб, раёсати хоҷагии манзили комуналии Ҳукумати шаҳри Душанбе, Корпоратсияи «Хӯрокворӣ» дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Вақтҳои фориғ аз кори давлатӣ ва ташвишҳои оилавӣ ба мутолиаи асарҳои бадеъи шуғл меварзад. Назмро дӯст медорад, худ низ шеър эҷод менамояд, ки онҳо борҳо аз тариқи радио садо додаанд, дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Оиладор ва мурабии хуби фарзандон мебошад. Онҳо чаҳор нафаранд: Шукрона, Парвона, Даврон ва Файзиддин. Нигаред ба шеърхои шоира дар сахифаи >>>

ДАРЁФТ

Ишқи худро оқибат дарёфтам
Чун умед аз ноумеди ҷаҳон.
Ишқ дар боғи дилам пажмурда буд,
Руст аз доғи дилам ӯ ногаҳон.

Ишқи худро оқибат дарёфтам
Аз раҳи тақдир чун ангуштарин.
Ӯ магар афтода аз ангушти моҳ
Дар раҳи бахти ман аз чархи барин?
Ишқи худро оқибат дарёфтам
Бебаҳо чу гавҳар аз дарёи дил.
Оҳ, ӯ ашки арӯсии ман аст
Рехта дар домани дунёи дил.

Ишқи худро оқибат даёфтам
Бар сарам чун осмони беканор.
Дидамаш чун ахтари рахшони худ
Раҳнамоям сӯи рӯз аз шоми тор.

Ишқи худро оқибат дарёфтам
Аз раҳи пурпечу тоби зиндаги.
Дар дилу дар дидагони ман дамид
Рӯшании офтоби зиндаги.

Комментарии