Дараи Ромит

Дар масофаи 45 км. дар шимолу шарқии шаҳри Душанбе дараи Ромит бо мавзеъҳои истироҳати сершумор, ки дар қисмати поёнии дара ҷойгиранд, сарчашмаҳои оби гарм, ҷангалзор-мамнӯъгоҳ ва дарёҳои зебои кӯҳӣ оғоз меёбад. Мамнӯъгоҳи Ромит тибқи Қарори ҳукумати ҶШС Тоҷикистон дар соли 1959 дар масоҳати 16,2 ҳаз. га. ташкил карда шудааст.

Ромит Вахдат

Аз шаҳри Душанбе ба дараи Ромит ба воситаи роҳ ба сӯи шаҳраки ваҳдат (собиқ Янги Бозор, Орҷоникидзеобод, Кофарниҳон) рафтан мумкин аст. Дарёи Кофарниҳон 387 км. дарозӣ дорад. Болои  чапи он, дарёи Сарбо аз пиряхҳо ва барфҳои қаторкӯҳҳои Қаротегин, болооби рости он, дарёи Сардаи Миёна аз қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегиранд. Дарё то шаҳрамаки Шаҳритус, ки дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ аст, ҷорӣ мешавад ва ба Амударё мерезад. Обҳои дарёҳои Сарбо ва Сардаи Миёна аз пиряхҳо ва барфҳои хобида пайдо гардида, асосан моҳҳои май-июл дарёҳо сероб мешаванд. Маҷрои дарё, ки васеъгиаш 40-60 метрро ташкил медиҳад, пур аз харсангҳои лунда ва шағалзор аст.

Ҷойгиршавии Дараи Ромит дар Харита

Мавҷудияти ратаниҳои зиёд ва ҳайвоноти дараи Ромит бо ин обҳо алоқаманд аст.

Пастиву баландии зиёд ва ба воситаи дараҳо ба чандин қисмат ҷудо шуда, аз сатҳи баҳр дар баландии гуногун гардидани он боиси гуногунии муҳити обу ҳаво, олами набототу таркиби хоки ин дара гардидааст. Инчунин дар қуллаҳое, ки баландии якхела доранд, гуногунии обу ҳавои минтақагӣ мушоҳида мешавад.

Горы Вахдат (Куххо)Масалан, баҳорон, вақте, ки ҷойҳои сояи нишебиҳои кӯҳ барфпӯш аст, қуллаҳо ва дарахтон яхча бастаан, дар нишебиҳои офтобруя, дар баландии якхела алакай аз заминҳои гармшуда алафҳо ва ҷафарони заб зард сар зада баромадаанд.

Баҳор ба дара аз поён аз водии Ҳисор, ки ҳаво тезтар гарм мешавад, меояд. Баробари ба боло, ба талу теппа ва нишебиҳои кӯҳҳо ҳаракат карданӣ баҳор ва сабзапӯш шудани табиат, рустаниҳои аз хоби зимстон бархеста, аз паси онҳо ба минтақаи болотари баландкӯҳҳо ҳайвоноту паррандаҳо ҳаракат мекунад.

Бо саршавии хунукиҳои аввалин ва боридани барф равиши  кӯчидани бошандагонӣ дара баръакс сурат мегиранд. Аввалин тӯдаҳои паррандаҳои эҳтиёткор – кабкҳои дарӣ ба поён парида мефароянд, сипас хукҳои ваҳшӣ, бузи кӯҳӣ, аз паси онҳо гургу шағалҳо ба поёни дара мефуроянд. Ин амал ҳар сол мисли раққосаки соати гузашти умри табиат такрор мешаванд.

romit_vahdat-2Дар масофаи 50 км. дуртар аз шаҳри Душанбе ва 25 км. шимолтар аз маркази шаҳри Ваҳдат дар дараи Ромит истироҳатгоҳи Явроз дар баландии 1150 мтр аз сатҳи баҳр ҷойгир ва фаъолият менамояд.

Оби чашма ки 2 километр дуртар аз осоишгоҳ воқеъ аст, шифобахш буда, аброи табобати касалиҳои пӯст, сутунмуҳра, дасту пой, низоми ғайримарказии асаб истифода мешавад.

Дар болотари дараи Ромит дар ҷойи якшавии дарёҳои Сардаи Миёна ва Сорбо, дар баландии 1,2 км. аз сатҳи баҳр деҳаи Ромит ҷойгир аст ва ҳампаҳлӯи он мамнъгоҳи Ромит қарор дорад. Дар ин ҷо табиати зебо пур аз растаниву дарахтҳои нотакрор мавҷуданд. Нишебиҳоро бодомзор, тӯсзор, бедзор, ҷигдазор, зарангзор ва тутзор пӯшонидааст.

Ҳамчунин дарахтони худрӯйи себ, нок, олуча, гелос, чормағз, биҳӣ, бодом, арча ва ҳатто дарахтони алоҳидаи нодири худрӯй сарв, бттаҳои дӯлона писта, ангат, зирк, настаран, ва ҳаргуна гиёҳои шифобахшу муқаррарӣ ҳастанд.

Аз ҷангал боло марғзорҳои баландкӯҳ мавҷуданд, ки дар он ҷо лолаву заъфарон, бунафшаи кӯҳӣ, гули шақоиқ (лолаи нӯъмон), мехчагул, лоласурхак, савсан анҷибар мерӯянд.

Дар дарёву наҳрҳо яке аз моҳиҳои пурқиммат- гулмоҳӣ (вазнаш о 3кг), лаққамоҳии туркистонӣ зиндагонӣ менамоянд. Дар аввали тирамоҳ гулмоҳӣ ба саргаҳӣ об то баландиҳои барфпӯш барои тухммонӣ меравад.

Баъзан мушоҳида кардан мумкин аст, ки чи тавр гулмоҳӣ болои об тез мепарад, то шаршараҳоро парида гузарад ва ё чун морҳо болои санге к ибо қабати тунуки об пӯшонида шудааст, мебарояд, то ба боло равад, ки ин манзараи хотирмон аст.

Дар мамнӯъгоҳ зиёда аз 100 навъи парандандаҳо  маҷуданд. Бо нишебиҳои қаҷу килеб ва кӯталҳои он ба баландии кӯҳ баромада дар байни шахҳо яке аз парандагони ҷолиби диққати дара-уқои ришу думи минқаршакл доробударо дидан мумкин аст.

Уқоб  қанотҳои васеъву калони худро кушода, дар баландиҳои  болашро ноҷумбонда парвоз менамояд ва гӯё қуллаҳои кӯҳҳоро давр зада, бо чашмҳои дурбинаш тӯъмаи худро меҷӯяд.

Боз парандаи аҷиб мурғи марҷони кӯҳӣ аст. Раги кабуди хокистарӣ хаолчаҳои қаҳваранг дошта мӯйҳои қад-қади танаш аз ду тараф овезон, ки қариб дар байни пораҳои шах ноаён аст.

Дар мамнӯъгоҳ навҳои зиёди ҳаёвонот, ки баъхе онҳо ба китоби сурхи ҳайвоноти нодир ворид шудааст мавҷуданд. Солҳои 1960 аз мамнӯъгоҳи «Полвонтуғай»-и гарми Вахш анд сар гавазни бухорӣ-хонгул оварда шуд, ки ба шароити маҳал хуб мутобиқ шудааст. Гавазнҳои бухорӣ заминаи маъмул шудани ин навъи нодири ҳавон дар шароити кӯҳистон гашт.

Бузи кӯҳии сибирӣ ва ё бузҳои Осиёи Марказӣ низ сокини дараанд. Бузҳои нари пир шахҳои шамшермонанди калон доранд, ки барои ҳимоя аз ҳайвоноти даранда ба онҳо хидмат намоянд.  Аз рӯи ҳалқаҳои шохҳо сину соли бузи кӯҳиро муайян кардан мумкин аст. Ҳамчунин роҳбарони ин минтақа дарандаҳои азимҷуса аз ҷумла Хирси малла ва Шерпаланг (ирбис) зиндагонӣ менамоянд.

Дараи ромит то имрӯз як маҳали тадқиқнашуда дар харитаи саёҳии Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале ин дара хеле аҷоиб ва бой аст, бахусус барои ташкили саёҳати пиёдаи кӯҳӣ. Ҳукумати Тоҷикистон дараро бо мақсади рушди саёҳат дар ин мавзеӣ ботакрору пурнеъмат ва хушманзара минтақаи истироҳат ва саёҳӣ эълон кардааст.

Комментарии