Рамазон

Рамазон – моҳи шарифи мусалмонони дунё буда дар олами Ислом ҳамчун муқаддастарин моҳ ба ҳисоб меравад ва он барои гирифтани руза бо мақсади шустани гуноҳҳо бо роҳи наошомидани хуроку нушока аз субҳи содиқ то шом, худдорӣ кардан аз амалҳои мавқуфгузошташуда ва иҷро кардани ҳаммаи талаботҳои имконпазири исломӣ мебошад. Давомнокии моҳи Рамазон 29 ё 30 рузи тақвимии солшумории исломиро ташкил менамояд.
Рамазон ин 9-умин моҳи исломӣ буда маънои гудохтанро дорад ва дар ҳамин моҳ замин аз ҷониби офтоб чунин тасфонида шудааст, ки ҳаммаи растаниҳоро сузонидааст.

Дар забони аслии арабӣ Рамазон чунин (رمضان) навишта шуда ҳамчун «Саум» зикр карда шудааст. Дар ҷаҳони муосир моҳи шарифи Рамазонро ҳамчун «Ramadan» байни давлатҳои англисзабон, «Рамадан» байни русзабонҳо ва «Рамазан» байни туркзабонҳо номгирӣ карда мешвад.

Гирифтани руза дар моҳи шарифи Рамазон ин яке аз 5-ҳукми ҳатмии дини Ислом мебошад ва шахси мусулмон агар ягон сабаби узрнок набошад пас ба у зарур аст, ки ҳатман дар доираи қоидаҳои диннӣ дар давоми моҳ, рузаро нигоҳ дорад.

Аввали Рамазон ва руза 

Мувофиқи тақвими қамарӣ моҳи Рамазон баъди моҳи Шавол оғоз меёбад. Саршавии моҳи Рамазон аз шом баъди фуруъ рафтани офтоб бо дидани моҳи нав дар осмон сар мешавад. Моҳи нав баъди моҳи куҳна одатан бо гузашти 1-3 руз маълум мешавад ва он ҳам бошад агар осмон соф муҳаё гардад.

Чи тавре ки маълум аст, давмоникии соли қамарӣ 354 ё 355 рўзро дар бар мегирад ва бинобар ин давомнокии он нисбати солшумори Григорӣ 10-11 руз кутоҳтар аст. Аз ин сабаб ҳар сол моҳи Рамазон 10-11 руз пештар мекучад. Масалан агар соли 2015 моҳи Рамазон дар тобистон бошад пас баъди 10 сол алакай вай дар баҳор мешвад.

Таърихи Рамазон 

Дар моҳи Рамазон ба Муҳаммад паёмбар (САВ) тавассути фаришта Ҷабраил аввалин оятҳои Қуръони каримро равона шудаанд, ки ин соли 610 –уми мелоди буд.

Дар китоби Қуръон гуфта шудааст: «Барои шумо навишта шудааст ва он барои пеш аз шумоён ҳам буд – шояд, ки Худотарс мешавед». Маҳз дар сураи Бақара дар бораи моҳи Рамазон баръало фаҳмо навишта шудааст.

Зарурияти рӯзадорӣ дар моҳи Шарфи Рамазон

Ба пуррагӣ қариб, ки даст кашидан аз ҳаммаи он нозу неъмати дунё, ки дар моҳи шарфи Рамазон  амалӣ карда мешавад, дараҷаи мустаҳакамии имони мусалмонро иникос менамояд ва мефаҳмонад, ки ӯ то чи дараҷа нисбати нафси худ истодагарӣ карда метавонад.

Дар моҳи Рамазон инсони боимони мусалмон бояд тозагии бадан ва ботинро дошта бошад ва аз ҳар гуна кинаву амали нопоке, ки шахсро разил менамояд худро дур намояд.  Дар моҳи шарифи Рамазон мавқуф бар содир намудани амалҳои нопоке, ки Худованд онҳоро  писанд намедонад, гузошта шудааст ва дар ҳолати иҷро накардани ин талабот, чунин Рӯзаи нопок ба инобат гирифта намешавад.

Мусалмонон боварӣ доранд, кӣ тозагии ҷисмӣ ва ботинӣ дар моҳи шарифи Рамазон ба кас таъсири мусбии рӯҳонӣ медиҳад.

Маҳз дар моҳи шарифи Рамазон мусалмонон ба ибодат кардан ва хусусан хондани намоз масъулиятноктар рафтор намуда вақти бештарашонро сарф менамоянд, аз ҷумла дар қироати Қуръон.  Инчунин дар мавриди амалҳои хайр аз ҷумлаи додани хайриёт ва садақа аз амалҳои неки ҳатмии мусалмонон дар моҳи Рамазон ба ҳисоб меравад.  Баъзеи мусалмононе, ки бо сабабҳои гуногун хондани намози доимии панҷвақтаро тарк кардаанд дар моҳи шарифи рамазон баргашта иҷрои онро барқарор мекунанд ва ин аст, яке аз қудратҳои Рамазон, ки аз он мардум бархурдоранду  мехоҳанд аз фурсати муносиби  ин моҳи шариф истифода бубаранду ҳарчи зиёдтар гуноҳҳои худро биормузанд. Ана барои чи мусалмонон инқадар моҳи бузурги Рамазонро интизор мешаванд.

Руихатти амалҳое, ки рузаро мешикананд ва рузона  амалӣ кардани онҳо мавқуф аст:

  1. Ният накардан;
  2. Нушидан ё хурдан аз даҳон, бинӣ ё дигар ҷойҳои кушода;
  3. Тамокукашӣ, нушокиҳои мадҳушкунандаро истифода бурдан;
  4. Дидавву дониста ба хориҷ кардани тухмҳои ҷинсӣ (алоқаи ҷинсӣ, тамошои филмҳои порноӣ ва ғ);
  5. Қабули дору аз даромадгоҳи пеш ё қафои бадан.
  6. Қул кардани қатраҳои обдор (махсусан).
  7. Қайкунй (истифроғ – партофтан аз даҳон). Муфассалтар >>>

АМАЛҲОИ ИҶОЗАТШУДА

  1. Нофаҳмида – нохост хурдан ё нӯшидан
  2. Сузандорӯ гирифтан;
  3. Додани хун;
  4. Обозӣ кардан;
  5. Бусса кардан;
  6. Молидан (ғайри шаҳватӣ);
  7. Қурт кардани намнокии даҳони худ;
  8. Шустушуи дандон (лек намнокӣ ба гулӯъ наафтад);
  9. Ғайри қасдан қай кардан;
  10. Намоз нахондан.

Гуруҳи шахсоне, ки аз рӯзадорӣ озод ҳастанд

  1. Нафарони ғайри мусалмон;
  2. Кудакони ба балоғат нарасида ва шахсони рӯҳонӣ камбудӣ дошта;
  3. Пирон ва бемороне, ки гуруснагии рӯзадориро дошта наметавонанд ва боварӣ ба беҳбудии саломатии худро надоранд. Дар ин ҳол барои подоши рӯзадории худ онҳо бояд камбағалонро хуронанд;
  4. Занони ҳомиладор ё занонӣ кӯдаки пистонгир доранд ки оқибати рӯзадриашон метавон ба саломатиашон (аҷ ҷумла кӯдак) зарар мерасонад. Чунин нафарон баъди гузашти давраи муайян рӯзаи худро метавон гиранд ки ҳамчун подош ҳисоб мешавад;
  5. Шахсони дар сафар буда.
  6. Заноне, ки давраи ҳайзашон аст ва ё давраи пас тавалуд доранд;

Шахсоне, ки рӯзадорӣ наменамоянд, тавсия карда мешавад, ки аз пурхурӣ, туйкунӣ, арақхурӣ, тамокукашӣ, нашазанӣ машуқабозӣ, фиребгарӣ, дуздӣ ва дигар амалҳои бадро амалӣ намудан худдорӣ кунанд.

ШАРТҲОИ ҲАТМӢ

Шарти ҳатмии рӯзаи рамазон ин «Ният» кардан мебошад. Ният аз таҳти қалб баён шуда бо овози шахси ва бо забони дилхоҳ талафуз карда мешавад. Намунаи нияти рӯза ба забони тоҷикӣ:

«Ният кардам, рӯза гирифтам, рӯзаи моҳи шарифи рамазон, аз субҳи содиқ то фуруъ рафтани офтоб»

Вақти кушодани рӯза, нияти субҳидам бо нияти ифторӣ кушода мешавад ва матни тоҷикии он чунин аст: Парвардигоро! Барои ризогии Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту такя дорам ва ба ризқи додаи Ту ифтор кардам..

Ният бояд ҳар рӯз дар давоми моҳи шарифи Рамазон, талафуз карда мешавад. Танҳо дар мазҳаби Маликӣ дар оғозӣ моҳи Рамазон як бор ният гуфта мешавад.

ҶАРИМА – УҲДАДОРИҲО:

Вайроншавии рӯзадорӣ дар давоми моҳи шарифи Рамазон бе сабабҳои узрнок гуноҳ ҳисобида мешавад. Тибқи талаботҳои дини Ислом ба шахсони рӯзашикан чунин ҷарима (товон) пешбинӣ шудааст:

  • Барои бепарвоёна вайрон кардани рӯза бо сабабҳои узрнок (бемории вазнин масъалан) ҳар як рӯзи рӯзанагирифта аз ҳисоби рӯзи дигаре, ки пас аз моҳи рамазон меояд рӯпӯш карда мешавад ва ё бо роҳи пардохт кардани маблағ бо ҳамарзиши 1 са ғалла ва ё харидани ғизо ба маблағи ҳамарзиши ин миқдор ғалла.
  • Барои алоқаи ҷинсӣ кардан дар вақти рӯзадорӣ (рӯзона) бо роҳи 60 рӯзӣ дигар рӯзадорӣ кардан пас аз моҳи шарифи рамазон то моҳи рамазони дигар подош карда мешавад. Ва ё 60 камбағалро хӯрок додан низ ба сифати товон ҳисобидан мумкин аст.
  • Дар ҳолати бо сабабҳои узрноки дар шариат муқаррашуда рӯза гирифта натавонистан, бояд пушаймонӣ кард.

Комментарии