Курби сомони – руси (Пули точики)

Қурби пул – ин наррхи пули як давлат бо ифодаи нархи пули дигар кишварҳо ё бо ифодаи мол нишондодашуда мебошад.

Масалан:

  • Нархи 1 сомонӣ = 7 доллари ИМА;
  • Нархи 10 доллар = 1,5 грам тилло;
  • Нархи 200 рубли русси = 3 литр бензин;

Дар замони қадим қурби пулро бо ифодаи мол аз ҷумла бо гандум, биринҷ, сар-гусфанд, тилло ва ғайраҳо бештар ҳисобу наргузорӣ менамуданд, вале бо зиёд шудани аҳолии дунё ва тараққӣ ёфтани иқтисодиёту тиҷорат, қурби пулро алакай бо ифодаи дигар пулҳо низ бар мекашидагӣ шуданд.

Битва за ДолларДар дунёи имрӯза қурби пул гуфта ин ба як воҳиди муайяни ченаки пулии як давлат чанд пули дигар давлатро харидан (мубодила) имконпазир аст, дар назар дошта мешавад. Ҳоло аз ҳама қурби баландро дар ҷаҳон динори Қувайт ва ё динори Баҳрайн доранд.

Бояд омехта накард, ки қурби пул ин устуворӣ ва ё маъруфии ӯро иникос менамояд. Устувории пул асосан аз устувории иқтисоди ҳамон давлат назар ба дигар давлатҳоро нишон медиҳад. Аз ҳама устувортарин пулҳои ҷаҳон ин пули Амрико (доллари ИМА), Евро (пули Аврупо), Фунт стерлини Британия кабир, Юани Ҷопонӣ, Юани Хитой мебошанд, ки дар сабади асъории ҷаҳонӣ шомил мебошанд.

Қурби пули тоҷикӣ (сомонӣ), ки асъори миллии Точикистон мебошад, дар ҷаҳон чандон паст ё баланд нест, вале дар ноустоворӣ хело паст мебошад ва сабаби асосии он ин пеш аз ҳама мавҷуд набудани истеҳсолоти тараққиёфтаи  дохилии Тоҷикистон ва вобастагӣ аз пули нафте, ки Руссия ба даст меораду ба муҳоҷирони тоҷик ба сифати маош медиҳад, мебошад.

Барои муайян кардани қурби расмии сомонӣ бо рубли руссӣ, доллари ИМА ва ё дигар асъорҳои маъруфи дунявӣ метавонед аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дарёфит намоед. Лек агар зарур бошад, ки қурби сомони бо нархи бозориаш истифода шавад пас аз сомонаи ҶСК «Агроинвестбонк» истифода метавонед баред.

Комментарии