Карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон

Савол: Аз кучо Карорхои Хукумати Чумхурии Точикистонро дарёфтан мумкин аст?

Чавоб: Барои ёфтани хаммаи карорхои Чумхурии Точикистон 4 (чахор) рох хаст:

aparat_prezident_tajik_prav

  1. Вазорати Адлияи Чумхурии Точикистон: Дар ин сохтори давлати тамоми карорхое, ки хукумати кишвар кабл ва ба таъб расонидааст дарёфтн мумкин, вале барои на хаммаи шахрвандон дастрасии онхо муяссар аст. Бар иловаи ин дар Вазорати адлия карорхои Точикистон барои кофтану ёфтан чандон осону куллай нест ва шахси беруна барои гирифтани ин ё он конун, санад (акт) ва гайрахо хело мушкил аст;
  2. Магозахои китобфуруши:  Дар бозор ё магозахо хам карорхову конунхои Точикистонро китоб карда хам барои ахоли пешниход мекунанд, аз чумла Конституцияи кишварро, Сарконун, Кодексхои андоз, кодекси мурофияи чинояти, кодекси оила, санадхои танзимкунандаи марсимхои чамъияти ва гайрахо. Лек харидории чунин маводхои чопи чандон арзон нестанд ва на хаммаи карору конунхоро дарёфтан мумкин аст.
  3. Барномаи “Адлия” –  Ин барномаи компютерист ва истифодааш пуласкист ки арзишаш такрибан 100 сомони мебошад. Дар ин барнома тамоми карорхои чумхурии Точикистон ва конун, ва дигар санадхои меъёриву хукукии кишвар хастанд. Маълумоти муфассал дар бораи ин барнома дар сомонаи www.adlia.tj
  4. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ин сохтори давлати буда дар он хаммаи карорхо ва конунхои чумхурии Точикистон хастанд ва дастрасиашон бепул мебошад. Барои дарёфти ин ё он конун кифоя аст ки ба сомонаи онхо даромада ин ё он карор ва ё дигар санадхои меъёриву хукукии кишварро ройгон гирифта шавад. маълумоти муфассал дар сахифаи www.mmk.tj 

Комментарии