Калъаи Ямчун

Дар Тоҷикистон, на дуртар аз шаҳри Хоруғ – Маркази маъмурии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон – деҳаи Ишкошим ҷойгир шудааст. Дар яке аз маҳалҳои ноҳияи Ишкошим Қалъаи Ячмун ва Кааҳа ҷойгиранд.

Калъаи Ячмун

Калъаи Ячмун

Дар охири ҳазорсолаи якуми то мелод бо сабаби ҷанг аз тарафи ҳамсоякишварҳо ҳамчунин бо мақсади назорати ҳаракати одамону молу мулк аз тарафи Помир ба сӯи Бохтар, Ҳинд ва Эрон ва баракс сохтмони ин қалъаҳо оғоз ёфта буданд. Яке аз онҳо ин қалъаи Ямчун (ҳамчун бо номи Кофир қалъа) маъмул аст дар асри III-и пеш аз мелод дар болои теппа назди дарёи Ямчун сохта шуда буд.

Аз баланди хело назаррас аст шакли секунҷаи қалъа кии борат аз се қисм аст. Такягоҳи якум кии борат аз қалъа ва артишхона. Онҳо бо девори баланди ки ғафсиаш то 1,5 метр буданд сохта шудаанд. Ду тои дигар такягоҳҳо барои масъалаҳои ҷангӣ махсус гардонида шуда буданд. Гирдогирди девори ин ҷой иборат аз 36 қалъа буданд ки ниҳоят дар он замон устувор ба шумор мерафтанд.  Дарозии девори қалъа 950 метр ва бараш то 400 метр буд.

Чойгиршави Ямчун дар Харита

Деворҳои қалъа дуқабата буда хело муракаб мебошанд ва дар сохтмони он устоҳои болаёқат ҷалб шудаанд. Қисмати берунии девори қалъа то 2 метр ғафсӣ дошта аз сангҳои ҳамвори тахташакл бо олудаи хоки қумшакл, сохта шудаанд. Қисмати даруни девори қалъа ҳам сангин аст вале иборат аз сангҳои хурдшакл мебошанд (50 -60 см.).

Қалъа ҳамин хел сохта шуда буд, ки барои ҷанговарон аз болои ва аз даруни девори сутуншакли қалъа парондан мувофиқ бошад. Чунин қалъаи кӯҳан шаҳодати тамадуни қадими мардуми тоҷикзаминро иникос менамояд. Худ бубинед, ки ин қалъа муҳорибаҳои зидди Искандар, Арабҳо, Муғулҳо, Узбекон, Русҳо ва ғайраҳоро дидааст.

Видеои Калъаи Ямчун

Комментарии