Пули точики (Асъор)

Пули тоҷикӣ  имрузҳо «Сомонӣ» мебошад, ки бо забони адабӣ онро асъор низ меноманд. Сомонӣ 30-юми октябри соли 2000 –ум ба муомила бароварда шудааст ва номи он ба асосгузори давлати аввалини тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузоштаа шудааст.

Сомонӣ иборат аз 100 дирам мебошад, ки дар шакли қоғаз ва танга мебошад. Дар ҷаҳон Сомониро бо рамзи рақамии «972» ва номи кутоҳи «TJS» (дар стандарти ISO 4217) ишора менамоянд. Бояд гуфт, калимаи Пул ин ҳамон асъор аст вале дар шакли ғайриадабиётӣ мебошад. Дар китобу маҷалаҳо шумо асосан калимаи асъорро вомехуред.

Сурати асъори Точики

Сурати асъори Точики

Таърих: Тибқи кашфиётҳои таърихӣ пулҳои қадимтаринро дар сарзамини Тоҷикистони имрўза соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён ёфта шудааст, ки онро ба замони шоҳаншоҳи  ҳахоманишиҳо таалуқ медонанд (асрҳои VI и V пеш аз милод).

Дар замони шоҳигарии Сомониён, ки солҳои 875—999–ум буд ба сифати пули он замон «Дирам» баромад мекард  ва маҳз тангаҳои имрузаи Тоҷикистонро ба ҳамон пули қадимаи тоҷикон номгузорӣ кардаанд.

Баъди ташкили ҶШС Тоҷикистон дар соли 1924 то 8-уми январи соли 1994 дар сарзамини Тоҷикистон чун дар мамоликҳои дигари шуъравӣ пули советӣ бо номи Рубл дар гардиш буд.

Баъди соҳиб шудан ба мустақилият дар соли 1991, Тоҷикистон бо сабаби дар кишвар низоҳои ҷангӣ будан, имконияти мустақилона ҷорӣ кардани пули миллиро надошт. Бинобар ин то як давраи муайян дар Тоҷикистон барои хариду фуши молу хадамот пулҳои советии пештра дар муомила боқӣ монд.

Пули совети (3 рубль)

Пули совети (3 рубль)

Бо назардошти омилҳои манфие, ки аз сабаби набудани пули миллӣ дар Тоҷикистон ҳукумати кишвар ба қарор омад, ки мкваққатан пули русиро ба муомила барорад (08.01.1994 то 10.09.1995).

Яке аз омилҳои манфитарин он буд, ки пулҳои пештараи советриро, ки аз дигар кишварҳои собиқ шуравӣ аз муомила бароварда буданд ба Тоҷикистон оварда молу амволро ба дигар давлатҳо мебурданд ва бо ин роҳ андозаи таваррумро чандин карат боло мегардониданд.

Ғайр аз ин пулҳои шуравӣ аз назари сохакорӣ кардан ниҳоят нозуку ҳасос буданд, чунки алакай сарҳадҳо барои тиҷорати озодона кушода буданд ва ба кишвар технологияи замонавии чопкунандаи маводҳо, бе ягон мамоният ворид мешуд.

Таджикский Рубл

Таджикский Рубл (Деньги)

Асъори миллии худро ниҳоятан Тоҷикистон 10-уми майи соли 1995 ба муомила бароварда тавонист, ки то 29-уми октябри соли 2000 дар гардиш буд. Он замон пули тоҷики номи «Рубл»-ро дошт ва дар Руссия ба чоп расонида мешуд ва ин имконият медод ки Тоҷикистон худ мустақилона сиёсати пулии худро ба роҳ андозад.

Бо назардошти он ки пули тоҷикӣ ниҳоят ба беқурб шуда буду сифати пул ба талаботи замона ҷавоб намедод роҳбарияти давлат ба қароре омаданд, ки асъори замонавиро ба муомила бароранд ки дорои ҳифзи баланд аз сохтакорӣ ва тасвири нишонаҳои миллӣ бошанд. Бинобар ин соли 1999 дар олмон пулҳои нави тоҷикӣ бо номи Сомонӣ интишор (чоп) шуданд.

Ҳамин тавр бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 415 аз 30 –юми октябри соли  2000 ум,  банкнотаҳои  1, 5, 20, 50 дирама ва 1, 5, 10, 20, 50 ва 100 сомона ба муомила бароварда шуданд. Ҳамон давра пули «Сомонӣ» бар ивази пули «Рубл» дар гардиш даромад ва бо наносуби  1 сомонӣ = 1000 рубл иваз шуд. Қурби доллари ИМА бошад ба 1 ба 3, яъне 3 сомонӣ = 1$ буд.

Банкнотҳои асъори тоҷикӣ “Сомонӣ

Пули тоҷикӣ (асъор) 500 сомона

Пули тоҷикӣ (асъор) 500 сомона

500 Сомона. Дар руи пул сурати асосгузори сардафтари адабиёти тоҷик Абу Абдаллои Рўдакиӣ (858—941)  ва дар пушташ Қасри миллат. Ҳаҷми асъор (банкнота) 162×71 мм. Дар муомила аз  10-уми сентябри соли 2010 мебошад. Ранг: кабту зард.


Пули тоҷикӣ (асъор) 200 сомона

Пули тоҷикӣ (асъор) 200 сомона

200 Сомона. Дар руи пул сурати Қаҳрамони халқи тоҷик ва корманди давлатӣ –
Нусратулло Махсум (1881—1937), ва дар пушташ бошад сурати Бинои  Китобхонаи Миллӣ. Ҳаҷм 159×68 мм. Дар муомила аз 10 сентябри соли 2010. Рангҳо: малла, зард, ва кабут


Пули тоҷикӣ (асъор) 100 сомона

Пули тоҷикӣ (асъор) 100 сомона

100 Сомона. Дар тарафи руи пул сурати асосгузори давлати Сомониён, Исмоили Сомонӣ (849—907), ва дар тарафи бараксаш сурати Бинои Дарстгоҳи Президент. Ҳаҷм 156×65 мм. Дар момила аз 2000-ум сол. Рангҳо: малла ва кабут.


Пули тоҷикӣ (асъор) 50 сомона

Пули тоҷикӣ (асъор) 50 сомона

50 Сомона. Дар руи пул сурати мутафакир ва корманди давлатӣ – Бобоҷон Ғаффуров (1908—1977) ва дар пушташ бошад сурати чойхонаи «Сино»-и шаҳри Исфара. Ҳаҷм 153×65 мм. Дар муомила аз 2000 сол. Рангҳо: кабут ва зард.


Пули тоҷикӣ (асъор) 20 сомона

Пули тоҷикӣ (асъор) 20 сомона

20 Сомона. Дар руяш сурати файласуф, духтур ва мутафакил, Абу  Али Сино (980—1037) ва дар пушташ сурати Қалъаи Ҳисор. Ҳаҷм (банкнота) 150×65 мм. Дар муомила аз 10-уми сентябри соли 2000-ум. Ранҳо: Малла ва кабут.


Пули тоҷикӣ (асъор) 10 сомона

Пули тоҷикӣ (асъор) 10 сомона

10 Сомони. На лицевом стороне изображено картина таджикского мыслителя и поэта Мир Саид Али Хамадони (1314—1384) и на обратном стороне Мавзолей Мир Саида Али Хамадони в городе Куляб. Габариты банкноты 147×65 мм. В обращении с 10 сентября 2000 г. Цвета: оранжевый и пурпурный.


Пули тоҷикӣ (асъор) 5 сомона

Пули тоҷикӣ (асъор) 5 сомона

5 Сомона. Дар руи пул сурати асосгузори адабиёти замонавии тоҷик Садриддин Айнӣ (1878—1954) ва дар пушташ мақбараи Абу Абдаллои Рўдакӣ. Ҳаҷм 144×65 мм. Дар муомила аз 10 сентябри соли 2000 -ум. Рангаш: кабут.


Пули тоҷикӣ (асъор) 3 сомона

Пули тоҷикӣ (асъор) 3 сомона

3 Сомона. Дар тарафи руи пул сурати қаҳрамони тоҷиқистон, корманди давлатӣ
Шириншо Шотемор (1899—1937)  ва дар пушташ сурати бинои Парлумони Тоҷикистон.  Ҳаҷм 141×65 мм. Дар муомила аз сои 2010.  Ранг : ҷигарӣ.


Пули тоҷикӣ (асъор) 1 сомона

Пули тоҷикӣ (асъор) 1 сомона

1 Сомона. Дар руяш сурати шоир ва сиёсатмадори тоҷик – Мирзо турсунзода  (1911—1977)  ва дар пушташ бинои Бонки миллии Тоҷикистон. Ҳаҷм 141×65 мм. Дар муомила аз соли 2000 –ум. Рангаш: сабз.


Барои маълумоти муфассал оиди Пули точики сахифаи руссии ин маводро хонед

http://life.ansor.info/valuta_tajikistana-dengi/

 

Комментарии