Пул чист? – мавхум, таърих ва намудхои он

Реферат – кори курси дар мавзуи “Заминаҳои пайдоиши пул ва хосиятҳои зарурии он”

Пул ин молҳои махусуси буда ба сифати миёнарав барои хариду фуруш кардани дигар молу хизматрасониҳо лозим аст. Ба сифати пул қоғазҳои махсуси давлатӣ (банкнота) ва тангаҳо дар солҳои охир баромад мекунанд. Солҳои пеш бошад ба сифати «Пул» тилло, нуқра ва баъзеи намудҳои сангҳои қимматбаҳо баромад мекарданд. Аз ин ҳам пеш бошад ба сифати Пул мол аз ҷумла чорво, ҳосили зироативу меваҷотӣ ва ё олотҳои оҳанӣ ба мисли табар, корд, дег, шамшер, кӯза ва ғайраҳо баромад мекарданд.

Арзиши вобаста ба каму зиёд шудани талабот ва ё пешниҳоди молу хадамот метавонад тағйир ёбад ва дар танзим кардани нархҳо имрузҳо сохторҳои махсуси давлатӣ масъул мебошанд. Вобаста ба ин ва дигар маълумотҳо дар саҳифаи мазкур маълумоти васеъ дар бораи пул дода шудааст.

Пул ин моли махсусест, ки бо мурури замон аз молхои дигар чудо шуда, хамчун ченаки арзиш ва воситаи хариду фурӯш амал мекунад. Таърихи тамаддун аз пайдоиши одам, оила, қабилаҳо, халқиятҳо оғоз меёбад. Тараққиёти ҷамъият, маданият, истеҳсолот, гуногунии шароити зист, муносибу манфиатовар будани мавзеъҳои алоҳида барои истеҳсоли молҳои ҷудогона, пайдоишу пешрафти касби ҳунармандӣ зарурати тақсимоти ҷамъиятии меҳнатро ба миён овард.

Пул - точики

Тангахои точики (Пул)

 

Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар навбати худ зарурати мубодилаи маҳсули меҳнат, яъне молро талаб кард, зеро сарфи назар аз истеҳсоли як ё якчанд намуди маҳсулот аз тарафи шахси алоҳида Ҳар як фард ба садҳо намуди маҳсулот эҳтиёҷ дорад ва он пурра ё кисман бояд қонеъ гардонида шавад. Ҳамин тариқ, зарурати мубодилаи мол байни шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, мавзеъҳо ба миён омад. Ин мубодилот аз шакли одӣ ивази як намуди маҳсулот ба дигар намуди он то ба дараҷаи олии муомилот истифодаи пул омада расид.

Дар зинаи аввали муомилот як мол ба моли дигар иваз карда мешуд. Масалан, мӯзадӯз мӯзаашро ба микдори муайяни гандум иваз мекард. Бо мурури замон аз байни молҳо моли барои муомилот мувофиктаре ҷудо шуда, чанд муддате ба сифати воситаи муомилот истифода шуд. Барои мисол дар баъзе аз мамлакатҳо ба сифати воситаи муомилот дар марҳалаҳои аввали тараққиёти ҷамъият табар истифода шудааст, дар дигаре биринҷ, дар сеюмй пашм ва ғайра.

Мардум бо мақсади ёфтани моли муносиб аз истифодаи як намуди мол ҳамчун воситаи муомилот ба истифодаи моли дигар мегузашт.Барои мардум зарур буд, ки ин моли махсус хосиятҳои зеринро доро бошад аз тарафи ҷамъият эътироф шавад. Эътирофи моли дилхоҳ аз тарафи ҳама шарти асосии истифодаи он ҳамчун пул мебошад. Қарори як гурӯҳи алоҳида дар бораи ҳамчун пул истифода шудани ягон моле, ки хосиятҳои заруриро доро нест, барои ҷамъият аҳамияте надорад.

Ҳатто қарори сохтори олии давлат шахси алохидаро маҷбур карда наметавонад, ки молеро ҳамчун пул эътироф кунад, зеро шахс дар аввал он молро ба ивази меҳнаташ гирад ҳам, баъдан дар кадом шакле, ки хоҳад, дар ҳамон шакл онро нигоҳ медорад. Сарфи назар аз сахтии қонунҳо дар баъзе аз мамлакатҳо имрӯзҳо мардум ҳаракат мекунанд пулҳои ёфтаашонро дарҳол ба доллару евро ё молҳои қиматбаҳо иваз кунанд, зеро пастшавии курби пули миллии ин мамлакатҳо ба мардум зарар меорад. Барои истифода дар хариду фурӯш одию боварибахш бошад.

Пули 500 сомонаи точики

Пули 500 сомонаи точики

Моҳияти ин хосият аз он иборат аст, ки мардум воҳиди пулии ба шакл-стандарти муайян надаровардаро ба ивази мол қабул намекунад. Масалан, агар чорворо ба сифати пул истифода кунем, азбаски вобаста ба гузаштани вақт вазнаш дигар мешавад, истифодаи он мувофиқи мақсад нест. Илова бар он, фурӯшанда бовар дорад, ки харидор ба ӯ ба сифати воситаи пардохт чорвои солимро медихад, вале харидор барои дода-ни чунин чорво ба ивази мол ҳавасманд нест, бинобар ин ҳаракат мекунад, аз ҳисоби ба фурӯшанда додани чорвои носолиму хароб бурд кунад. Сабуку камхаҷм бошад. Зарур аст, ки моли ҳамчун пул истифодашаванда сабуку камҳаҷм бошад, то одамон тавонанд бо осонӣ онро бо худ гардонанд ё дар хона нигоҳ доранд.

Масалан, ба сифати пул истифода кардани ангишт номуносиб аст, зеро барои хариди як гов чандин тоннаи онро бо харҷи зиёд ба бозор баровардан лозим меояд.  Устувории арзиши моли ба сифати пул интихобшуда яке аз омилҳои асосии кобили қабул шуморидани он аз тарафи ҷамъият аст.

Сарфи назар аз сабабҳои дигари мавҷуда мардум аз истифодаи пуле, ки арзишашро пайваста гум мекунад, даст мекашад. Одамон кӯшиш мекунанд, ки пулҳояшонро ба молҳои пурарзиш, киматбаҳо ва ғайра иваз кунанд. Масалан, дар давраи аввали ворид кардани пули миллии тоҷикӣ (соли 1995) нобоварии мардум ба устувории курби он боиси дарҳол ба доллар ё молҳои дигар иваз кардани он гардид.

Дар қисме аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳамин сабаб мардум пули русиро васеъ истифода мекард, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зарари калон дошт. Имкон бошад, ки аслӣ будани он дар % санҷида шавад. Пулҳои имрӯза аломату нишонҳои гуногуни кимиёвӣ доранд,ки аз тарафи мардум ба осонӣ санҷида мешаванд.

Дар давраи истифодаи тилло ҳамчун пул аслй будани он аз рӯи аломати мулоимиаш* санҷида мешуд, масалан, бо дандон. *Тилло то дараҷае мулоим аст, ки аз як грамми он ресмони дарозиаш 3 километрро танидан мумкин аст (7, 211). таксимшаванда бошад.

Моли ба сифати пул истифодашаванда бояд тақсимшаванда бошад, то одамон тавонанд андозаи пули ба арзиши мол баробарро пардохт намуда, бақияи онро пас бигранд.

Сабаби истифода нашудани қисми зиёди молҳо ба сифати пул хосияти тақсимнашавандагии онҳо буд. Баъзе аз онҳо таксимшаванда бошанд ҳам, баъди ба кисмҳо чудо шудан арзиши умумии қисмҳои алоҳида аз арзиши онҳо дар ҳоли якҷоягӣ камтар буд. Масалан, агар табар ба сифати пул истифода шавад, дар ҳолати ба кисмҳо ҷудо кардани он арзишашро гум мекунад.  имконияти истифодаи он дарозмуддат бошад.

Мӯҳлати истифодаи мол ҳамчун пул ба устувории арзиши он таъсир мерасонад. Агар мол дар натиҷаи истифода ба зудй хурда шавад ё шиканад, арзиши худро гум мекунад. Бинобар ин, истифодаи чунин мол ба сифати пул ба мақсад мувофик нест. Масалан, агар нонро ҳамчун пул* истифода барем, бешак ба зудй шикаста, майда мешавад ва агар роҳи пешгирй кардани ин нуқсонро ёбем ҳам, бо гузаштани вақг он хушк шуда пӯпанак мезанад ва маҷбур мешавем аз истифодаи он ҳамчун пул даст кашем.

 *Дар аввалҳои асри XI дар Бағдод нони чапотӣ чанд муддате ба сифати пул истифода шудааст. Доштани ҳамаи хосиятҳои дар боло зикршуда шарти асосии истифодаи моли муайян ҳамчун пул буд. Ин аст, ки молҳои гуногуни як ё якчанд хосиятҳои дар боло зикршударо дошта паси ҳам хамчун воситаи хариду фурӯш истифода мешуданд ва ҳар бор моли нави истифодашаванда ба талабот мардум бештар мувофиқат мекард. Зарурати ёфтани моле, ки дорои хосиятҳои дар боло зикршуда бошад, мамлакатҳоро маҷбур сохт паси ҳам ба истифодаи тангаҳои мисин, нуқрагй ва баъдан тиллоӣ ҳамчун воситаи муомилот гузаранд.

Таърихи пайдоиши пулҳои филиззӣ ва коғазӣ 

То ҷое ки маълум аст, аввалин бор дар Осиёи Марказӣ тангаҳои тиллоии Ҳахоманишиён (асри VI пеш аз милод) ба муомилот бароварда шудаанд. Истилои Искандари Макдунӣ ва арабҳо боиси аз номи онҳо ба муомилот баровардани тангахои тиллоӣ, нуқрагӣ ва мисин гардид. Дар давраи ҳукмронии Сомониён тангаҳо бо номҳои динору дирам ва фулус (шакли танҳои он фалс, яъне тангаи мисин) дар муомилот истифода мешуданд. Набудани сиёсати ягонаи пулӣ ва идораи мутамаркази он боиси аз тарафи ҳокимони Хатлон, Бадахшон, Хуҷанд, Истаравшану Рашт баровардани тангаҳои худӣ гардида буд (39).

Истифодаи тангаҳо ҳамчун воситаи муомилот дар Осиёи Марказӣ то аввали асри XX давом кард (36, 239-257). Ғалабаи Инқилоби Октябр дар Бухорою қисмҳои дигари Осиёи Марказӣ боиси ба сохтори нави муомилоти пулӣ ворид гаштани ин минтақа гардид. Русия ва кишварҳои дигари аврупоию осиёӣ вобаста ба пешрафти иқтисодиёташон чанд аср пештар ба сатҳи баланди ташкили муомилоти пулй  истифодаи пулҳои коғазӣ гузашта буданд. Асоси истифодаи тангаҳои мисин, нуқрагию тиллоӣ ҳамчун пул мувофиқ будани онҳо ба талаботи мардум то як давраи муайян буд.

Вале, баъдан маълум шуд, ки ин се филизи қиматбаҳо низ ҷиҳати истифода ҳамчун воситаи муомилот аз камбудиҳо холӣ набудаанд. Тангаҳои нуқрагию тиллоӣ бо қиматҳои гуногун аз тарафи давлатҳо бароварда мешуданд. Аз сабаби он, ки нуқраю тилло филизҳои мулоиманд, оҳиста-оҳиста набаҳрасозоне* пайдо шуданд, ки бо роҳи кам карДани вазни онҳо даромади иловагӣ ба даст меоварданд.

Набаҳрасозон инчунин бо роҳи барориши тангаҳо аз тиллои пастсифат (масалан, ба ҷои истифодаи маҳаки** 995 истеҳсоли тангаҳо аз тиллои маҳаки 585) даромади зиёд мегирифтанд. Ҳатто гоҳҳо баъзе аз ҳукуматҳо низ ба ин гуна амалҳо даст задаанд. Бинобар ин, вазни тангаҳо ба қимати дар онҳо сабтшуда мувофиқат намекард ва ин раванд боиси паст шудани боварии мардум ба тангаҳои тиллоӣ ҳамчун воситаи муомилот гардид. *Набаҳрасоз – касе, ки тангаҳои қалбакӣ месозад **Маҳак дар миёни мардуми Тоҷикистон бештар ба номи русии он  «проба» маъруф аст.

Илова бар ин, азбаски тангаҳо аз филизи қиматбаҳо буданд, аз як тараф, бо худ доштани онҳо хатарнок буд ва аз тарафи дигар, шароити махсуси нигоҳдориро талаб мекард. Бинобар ин, мардум дар ҳолати ногувор монда, роҳҳои беҳтари нигаҳдошти филизҳои киматбаҳои худро меҷустанд. Ин буд, ки рафта-рафта ба ҳунармандони ҷавоҳирсоз, ки барои нигоҳ доштани тилло ва маҳсулоти тиллогиашон сандуқҳои оҳанини махсус (сейф) доштанд, муроҷиат мекардагӣ шуданд.

Мардум тилловориҳои худро ба ин ҳунармандон барои нигоҳдорӣ супурда, ба ивазашон забонхат мегирифтанд. Ва ҳар бор вақти хариди маҳсулот забонхатро ба ҳунарманд дода, тиллояшонро гирифта ба фурӯшанда медоданд, ки он дар навбати худ тиллоро барои нигоҳдошт боз ба назди ҳунармандони сейфдор меовард. Бо мурури замон тарзи навишти ин забонхатҳо ба он мувофиқат кард, ки мардум онҳоро ба ҷои микдори тиллои дар он нишондодашуда ҳамчун воситаи муомилот пул қабул мекардагӣ шуданд. Албатта, ин амал дар сурате ба вуқӯъ мепайваст, ки агар ҳунарманди ин тиллоро нигоҳ медоштагӣ шахси номдору боварибахш мебуд.

Ҳамин тариқ, оҳиста-оҳиста ҷои нуқраю тиллоро забонхатҳо ё шаҳодатномаҳои ба таври муайян чопшуда гирифтанд ва азбаски нигоҳ доштани тиллою дигар филизҳои қиматнок фоидаи зиёд меовардагӣ шуд, шахсоне пайдо шуданд, ки ин корро касби худ ихтиёр намуданд ва бо ҳам пайваста бунёди бонкҳои аввалинро гузоштанд. Минбаъд забонхатҳои аз ҷониби бонкҳо баровардашуда вексел ном гирифтанд.

Вексел ба гурӯҳи коғазҳои киматноке дохил мешавад, ки бо роҳи навишт дар пушти он соҳибаш ҳуқуқи гирифтани пулашро ба каси дигар медиҳад. Векселҳо асосан барои ҳисобу китоби байниҳамдигарии одамон дар ҳолати хариди маҳсулоти нисбатан арзишашон баланд истифода мешаванд. Пешрафти муомилоти молӣ зарурати барориши пулҳои арзиши номиналиашон гуногунро ба миён овард.

Дар баробари векселҳо бонкҳо ба баровардани шаҳодатномаҳое шурӯъ карданд, ки мардум ба онҳо «бонкнота» ном гузошт. Бонкнотаҳо коғазҳои қиматноки аз тарафи бонк баровардашудае буданд, ки бо талаби аввалин ба микдори муайяни тилло иваз карда мешуданд. Аввалин бор пулҳои коғазӣ (бонкнотаҳо) дар мамлакати Чин (соли 1273)*, баъдан дар сарзамини тоҷикон (охири асри XIII)** ва сипас дар Аврупою Амрико (асрҳои ХУП-ХУШ) ба чоп расиданд. *Дар хусуси чоп ва истифодаи пулҳои коғазӣ дар мамлакати Чин сайёҳи номдори итолиёвӣ Марко Поло, ки дар он ҷо 17 сол умр ба сар бурда буд, маълумот медиҳад.

Ҳангоми ҳукмронии сулолаи Юан (1271-1368) пулҳои коғазй ба миқҷори зиёд чоп ва ҳамчун воситаи асосии муомилоти пулӣ дар мамлакати Чин истифода шудаанд. (7,111.) **Бинобар хабари Рашидуддини Фазлуллоҳ дар сарзамини тоҷикон пас, аз он, ки Гайхоту – хони муғулии Элхонй (охири асри XIII) тамоми дороии хазинаҳои мамлакатро ба боди фано дод, Садруддини Занҷонӣ мулаккаб ба ^ адриҷаҳони тоҷикро сарвазири мамлакат эълон кард. Ба ӯ ҳукуқу имтиёзҳоеро дод, ки то ин дам дар ҳукуматҳои муғу-лии Осиёи Марказӣ ба ягон сарвазири тоҷик надода буданд ва аз ӯ дархост, то чорае чӯяд ва хазинаи мамлакатро аз харобшавии минбаъда нигоҳ дорад. Пас, Садриҷаҳон пули коғазиро, ки дар Чин бо номи «чов» маъруф буд, ҷорӣ кард. Вале ба сабаби ниҳоят харобу холӣ будани хазинаи мамла-кат муомилоти пули коғазӣ дер давом накард (39,1197).

Дар Русия аввалин пулҳои коғазиро соли 1769 дар давраи подшоҳии Екатеринаи II аз чоп баровардаанд. Қадимтарин пули коғазии то имрӯз расида дар давраи ҳукмронии сулолаи Минг (солҳои 1368-1399) аз чоп бароварда шудааст. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза пулҳои қоғазй соли 1920 дар Бухорои шариф аз чоп баромадаанд, ки дар рӯяшон бо забони тоҷикӣ ибораҳои зарурӣ навишта шуда буд. Доллари ИМА, ки дар аксари ҳолатҳо ба сифати пули ҷаҳонии имрӯза истифода мешавад, таърихи пайдоиши аҷибе дорад.

Дар давраи аввал пулҳои коғазй аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ бароварда мешуданд ва он бонкҳо кафолати таъмин будани ин пулҳоро бо тилло ва дигар филизҳои қиматбаҳо медоданд. Вале баъдан дар натиҷаи муфлисшавй баъзе аз ин бонкҳо қобилияти пардохтпазирии худро гум карданд ва пулҳои аз тарафи онҳо ба муомилот бароварда беқурб пгуданд, ки боиси зарар дидани қисме аз мардум ва паст шудани боварии он ба ҳукумату бонкҳо гардид. Бинобар ин, зарурати мутамарказонидани барориши пулҳои коғазӣ ва таъмини арзиши онҳо бо филизҳои қиматбаҳо, назорати гардиши пул ва таъмини устувории курби он ба миён омад.

Вобаста ба ин, мамлакатҳо пай дар пай ба ташкили бонкҳои эмиссионӣ гузаштанд, ки онҳо бо мурури замон номи «бонки марказӣ» ё «бонки миллӣ»*ро гирифтанд. Дар Иттиҳоди Аврупо баъди ташкили Бонки марказии Аврупо (соли 1998) бонкҳои миллии мамлакатҳои аъзои он «бонкҳои марказии миллӣ» номида шуданд. *Дар таҷрибаи ҷаҳонй мафҳуми «бонки марказӣ» бештар истифода мешавад, зеро мафҳуми «бонки миллӣ» маънои бонки давлатиро дорад.

Ин мафҳум метавонад нисбати ҳама бонкҳои давлатй истифода шавад, чунки онҳо моликияти миллианд, вале нисбати онҳо истифода кардани мафҳуми «бонки марказӣ» ғайриимкон аст, зеро бонки марказй ягона буда, ба он чунин хукук аз ҷониби парламент дода мешавад. 1.3. Зарурат ва моҳияти пул Асоси пайдоиш ва зарурати пул тараққиёти истеҳсолоти молй ва вобаста ба он муомилоти молй мебошад. Ташкили дурусту одилонаи муомилоти молӣ бе моли махсус пул, ки ифодакунандаи меҳнати барои моли муайян сарфшуда мебошад, имконнопазир аст.

Ҳамин тариқ, дар баробари тарақикардани истеҳсолоти молй ва пешрафти додугилифти айнй молистеҳсолкунандагон зарурати истифодаи моли махсус – пул ва ташкили муомилоти пулй пайдо шуд. Минтақаҳои гуногун ба сифати пул молҳои гуногунро истифода мебурданд. Бо мурури замон дар натиҷаи болоравии махсусгардонии истеҳсолот зарурати додугирифти байни минтақаҳо пайдо шуд. Шакли кӯҳнаи додугирифт, ки ба ивазкунии як мол ба моли дигар (бартер) асос ёфта буд, талаботи тоҷиронро қонеъ гардонида наметавонист, зеро, аз як тараф, ёфт шудани мизоҷоне, ки моли онҳо ба якдигар лозим бошад, мушкил буда, аз тарафи дигар, ҳангоми иваз намудани молҳо бо сабаби вуҷуд надоштани ченаки умумй яке аз тарафҳо зарар медид. Ташкили одилонаи хариду фурӯш талаб мекунад, ки андозаи харҷи меҳнати барои истеҳсоли мол сарфшуда дуруст ба ҳисоб гирифта шавад. Чунин баҳисобгирӣ бо ду роҳ мумкин аст: вақти корӣ ва пул.

Истифодаи вақти корӣ ҳамчун ченаки арзиш имконнопазир аст, зеро барои истеҳсоли молҳои якхела вобаста ба гуногунии таҷҳизоти истифодашаванда, малакаи коргарон, арзиши ашёи хом ва коркарди он вақти кории гуногун сарф мешавад. Бинобар ин, зарурати истифодаи роҳи дуюм, яъне истифодаи пул барои дуруст ба ҳисоб гирифтани харҷи меҳнат ба миён омад. Пул ин моли махсуси дорои хусусиятҳои хосест, ки бо мурури замон аз молҳои дигар ҷудо шуда ҳамчун ҳамарзиш (эквивалент)-и умумй эътибор пайдо кардаасМоҳияти пул дар ягонагии 3 хусусияти он зо-ҳир мешавад: пул ҳамчун олоти бевоситаи мубодилаи умумӣ (П-М); пул орамчун олоти мустакили мубодила (П-П); пул уамчун олоти берунии ченаки меҳнат.

Муайянкунии арзиши мол ба воситаи пул шароити ивазшавии онро ба ҳамаи молҳои дигар фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки пул ҳамчун олоти бевоситаи мубодилаи умумӣ истифода шавад. Дар вақти иҷрои ин хусусияти худ пул бевосита ба хариду фурӯши маҳсулот алоқаманд аст, яъне амали пул – мол (П-М) ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳамин тариқ, пул ҳамчун воситаи баҳамоӣ ё пайвасткунандаи истеҳсолкунандагону истеъмол-кунандагон баромад мекунад. Дар ҳолати дуюм (пул ҳамчун олоти мустақили мубодила) он ба фурӯши мол алоқаманд набуда, аз як даст ба дасти дигар (П-П) барои истифодаи мақсаднок мегузарад. Масалан, аз тарафи бонк додани қарз ба мизоҷон, додани андоз аз тарафи аҳолӣ ва корхонаҳо ба буҷет, иҷрои ӯҳдадориҳои мизоҷон дар назди бонк ва ғайра.

Хусусияти сеюми ифодагари моҳияти пул ин ҳамчун олоти берунии ченаки меҳнат зуҳур кардани он аст. Тавре ки зикр гардид, ченаки дохилии меҳнат вақти корӣ буда, барои истифода дар шароити истеҳсолоти молӣ мувофиқ нест. Маълум аст, ки ҳамаи молҳо дар бозор аз рӯи арзишашон фурӯхта мешаванд, бинобар ин муқоисашавии арзиши онҳо ба арзиши моли махсус зарур аст.

Агар шахси алоҳида барои қонеъ гардонидани талаботаш аз дигарон молеро гирифтанӣ бошад, пас ӯ бояд ба ивазаш моли махсус ҳамарзиши умумиро пешниҳод кунад. Моли махсус – пул ба ивази меҳнат дода мешавад, аз ин рӯ, зарур аст, ки арзиши меҳнати ин шахс ба воситаи ҳамин моли махсус -пул муайян карда шавад. Бо дарназардошти хусусиятҳои зикршуда, метавон хулоса кард, ки пул ҳамчун воситаи тақсим ва азнавтақсимшавии даромади миллӣ, ифодагари алоқаҳои иқтисодии байни корхонаҳо дар рафти истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, муносибатҳои иқтисодии корхонаҳою шахсони алоҳида бо давлат амал мекунад.

Тавися менамоем ки инчунин дар бораи Пули Точики дар сахифаи http://life.ansor.info/tj/puli_tojiki/ хонед!

Комментарии