Помир – Бадахшон

Помир ё худ Бадахшон – минтақаи баландқуҳии давлатҳои Осиёи марказиро ва бахусус қисми шарқии Тоҷикистону Афғонистон, шимолии Покистону Ҳиндустон, ғарбии Хитой ва ҷанубии Қирғизистонро дар назар доранд, ки тақрибан масоҳати ним миллион километри мураббаро дар бар мегирад.

Помир Бадахшон

Помир – Бадахшон дар Харита

Пайдиши ин калима чандон маълум нест, вале дар бархеи адабиётҳои таърихии Чиннӣ, Форсӣ, Ҳиндӣ ва Тоҷикӣ ба ин монанд ном истифода бурда шуда маҳз ҳамин минтақи гуфташударо дар бар мегирифтааст ва онро инчунин «Зери қадами марг» (Эронӣ), «Пойи Паранда», «Зери қадами Митра» (ба Ҳиндӣ) – Худои офтоб номгирӣ менамоянд ва ин ҳам бошад аз сабаби баланд будани қуллаҳои куҳҳои ин минтақа мебошад.

Аз ҳамма баландарин қулла дар Помир ин қуллаи Сомониён аст, ки баладиаш 7495 метрро дар бар мегирад ва онро қаблан то соли 1998 қуллаи Комунизм мегуфтан ва пештар бошад қуллаи Сталин. Дигар қуллаи баландарини куҳҳои Помир ин қуллаи Абуалии Сино (7 134 м.) мебошад, ки қаблан номаш қуллаи Ленин ном дошт.

Қисми бисёри Помир дар сарзамини Тоҷикон аст ва онро инчунин Бадахшон ҳам меноманд. Дар Афғонистон низ зери мафҳуми Бадхшон маҳз минтақаи Помир дар назар аст. Дар асрҳои XVIII—XX барои ба мустамликаи худ даровардани минтақаи Помир байни Англия ва Руссия ҷанги дурудароз ва калон барпо шуду як қисмати он ки ба Афғонистону Ҳиндустон алоқаманд дошт ба Англия гузашт ва қисмати шимолии қуҳҳои Помир-Бадахшон ба Руссия. Ин тақсимот дар таърих чун «Бозии Калон» ном дорад.

Ҷойгиршавии Помир – Куҳҳои Бадахшон чунин аст, ки бо қаторкуҳҳои калони ҷаҳонӣ аз қабили Ҳиндукуш, Қароқорум, Канлуня ва Тяншон пайваст аст. То ба ҳол минтақаи Помир байни давлатҳои ҳамсоя сарҳадҳои муайяни мувофиқанашуда дорад, ки ин ба тезу-тундшавии муносибатҳои кишварҳои ин минтақа сабаб гардида истодааст.

Бадахшон – Помир аз кайхон

Табиати Помир

Асосан минтақаи Помир аз сабаби дар дохили континент ва дар баландӣ ҷойгир буданаш хело хунук аст ва ба ҳисоби миёна зимистон -18 дараҷа (ниҳоӣ -50) селсия буда давраи тулонӣ аст ки аз моҳи октябр оғоз ёфта то охири апрел давом медиҳад. Тобистонаш кутоҳу чандон гарм нест ва меваҷот танҳо охири тобистон мепазад (масалан тут дар моҳи август). Боришот дар қисми ғарбии Помир-Бадахшон нисбатан бештар буда дар як сол метавонад то 250 мм. борад. Дар қисмати шарқи бошад ҳамагӣ 50-120 мм. боришот мешавад.

Комментарии