Пайгамбар

Пайгамбар (Пайғамбар), ки инчунин зери номи «Расул», «Набӣ», «Фиристодаи Худо», «Намояндаи Парвардигор» низ шинос аст, ин инсонест соҳиби қудрати илоҳидошта ҳамчун нафари миёнарав байни Худо ва одамизод мебошад.

paygambarМаҷудияти Пайгамбарон дар як қатор динҳои дунявӣ, аз ҷумла Ислом, Насронӣ ва Зардуштӣ, тасдиқи худро ёфтааст. Дар ҳар як дин руихатти Пайгамбарон ҳар гуна аст. Дар дини Ислом аввалин пайгамбар ин ҳазраи Одам алайҳи салом мебошад ва охирин бошад Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васаллам.

Шумораи умумии Пайғамбаронро аниқ касе намедонад вале онҳоро тахмин менамоянд, ки зиёда аз сад ҳазор адад будаанд. Дар Қуръони карим, дар маҷмуъ 28 номи пайгамбар аз ҷӯмла ҳарати Одам, Нуҳ, Иброҳим, Ёқуб, Юсуф, Аюб, Мусо, Довуд, Исо, Сулаймон, Муҳаммад ва ғайраҳо ҳамчун Расул ва Набӣ, яъне пайгамбарон (Анбиё), номбар шудаанд.

Тарҷумаи ҳоли (таърихи) Пайгамбаронро дар адабиётҳои исломӣ хело васеъ қайд карда гузашта шудааст, ки номи онро Қиса ул Анбиё ном мондаанд. Паёбарони қадима дар бораи яккахудоӣ тарғиботи худро мебурданду оиди омадани пайгамбари охирин – Муҳаммад САВ гуфта гузаштаанд.

Ба баъзеи Пайгамбарон китоб равон карда шудааст, аз ҷумла ба ҳазрати Муссо китоби Таврот, ба ҳазрати Довуд китоби Забур ба ҳазрати Исо китоби Инҷил ва ба ҳазрати Муҳаммад САВ китоби Қуръон нозил карда шудааст.

Дар дини ислом пайгабарон ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд. Пайгамбароне, ки бевосита аз Оллоҳ суханонашро ба одамизод расонидаанду дар хобашон бо у суҳбат менамуданд, онҳоро Набӣ меноманд ва онҳо аз ҳама бузургтарин шахсон баъди худи Парвардигор мебошанд. Пайгамбароне, ки тавассути фариштаҳо суханони Оллоҳро ба одамон расонидаанд онҳоро Расул меноманд ва онҳо эътиборашон баъди Набиён мебошанд. Пас аз ин ду гуруҳи пайгамбарон шарафи Имомҳо ва Авлиёҳо дар Ислом мақоми пайдарпаии, худро соҳибанд.

Шиаиҳо чунин мешуморанд, ки ҳар як пайгамбар дар бораи давом додани  фаъолияти руҳонии худаш, васиате мегузорад, ки баъди маргаш гуё он шахсони нави таъиншаванда вазифаи онҳоро давом медода бошанд. Лек ин нуқтаи назар дар сунимазҳабиҳо эътироф надорад.

Нишонаҳои асосаии пайгамбарон ин иборат аз Накукорӣ, Росткорӣ, Тозагӣ – бегуноҳӣ, Ақли баланд, Муҷизакорӣ, Сабру пуртоқатӣ, Паёмрасонӣ бе хатогӣ, Обруи баланди мусбӣ ва пайдоиш аз оилаи хуб. Сифати муҷизакориро Худо ба паёмбарон баро ҳосил кардани боварӣ дар мавридӣ расулии онҳо медиҳад.

Паёмбари охирин – Муҳҳаммад САВ боз 5 сифати иловагӣ доштанд, аз ҷумла:

  1. У аз ҳама болотар назар ба дигар Паёмбарон;
  2. У ба ҳаммаи одамону ҷинҳо равона шудааст;
  3. У охирон Паёмбар аст;
  4. У ба сифати манфиат ба ҳаммаи мавҷудот, равона шудааст.
  5. Қонуне, ки тавасутти у равона шудааст то рузи қиёмат боқӣ мемонад;

Комментарии