Панду насихат

Хоб кам кун аввали руз, эй писар,
Нафсро бадху маёмуз, эй писар.

Охири рузат наку набвад маном,
Пештар аз шом хоб омад харом.

Ахли хикматро намеояд савоб,
Дар миёни офтобу соя хоб.

Эй писар, харгиз марав танхо сафар,
Бошадат рафтан сафар танхо хатар.

Дастро бар рух задан шум аст шум,
Истимои илм кун з-ахли улум.

Шаб дар оина назар кардан хатост,
Руз агар бини ту руи худ равост.

Хона гар танхову торикат бувад,
Мунисе бояд ки наздикат бувад.

Дастро кам зан ту дар зери занах,
Назди ахли илм сард омад чу ях.

Чорпоёнро чу бини дар катор,
Дар миён эшон наёби зинхор.

То физояд кадру чохатро худо,
Рузу шаб мебош доим дар дуо.
То шавад умрат зиёда дар чахон,
Рав накуи кун, накуи дар нихон.

То накохад рузият дар рузгор,
Маъсият кам кун ба олам зинхор.

Хар ки ру дар фисуу дар исён кунад,
Эзид андар ризку у нуксон кунад.

Кам шавад рузи зи гуфтори дуруг,
Дар сухан каззобро набвад фуруғ.

Фоқа орад хобби бисёр, эй писар,
Хоб кам кун, бош бедор, эй писар.

Хар ки дар шаб хоб урён мекунад,
Дар насиби хеш нуксон мекунад.

Бавл урён хам факири оварад,
Андухи бисёр, пири оварад.

Дар чанобат бад бувад хурдан таом,
Нописанд аст ин ба назди хосу ом.

Резаи нонро маяфкан зери по,
Гар хамехохӣ ту неъмат аз Худо.

Шаб мазан джоруб харгиз хона дар,
Хокруба хам манех дар зери дар.

Гар бихони бобу умматро ба ном,
Немати хак бар ту мегардад харом.

Гар ба хар чубе куни дандон хилол,
Бенаво гарди, биафти дар вубол.

Дастро харгиз ба хоку гил машуй,
Аз барои даст шустан оби чуй.

Эй писар, бар остонаи дар машин,
Кам шавад рузи зи кирдори чунин.

Такя кам кун низ дар пахлуи дар,
Бош доим аз чунин хислат бадар.

Дар халочо гар тахорат мекуни,
Вакти худро дон ки горат мекуни.

Джомаро бар тан нашояд духтан,
Бояд аз мардон адаб омухтан.

Гар ба доман пок сози руи хеш,
Рузият кам гардад, эй дарвеш, беш.

Дер рав бозору берун ой зуд ,
З-он ки рафтанро наёби хеч суд.

Нек набвад гар куши бо дам чарог,
Рах мадех дуди чарог андар димог.

Кам зан андар риш шона муштарак,
З-он ки он хоси ту бошад муштарак.

Аз гадоён порахои нон махар,
З-он ки меорад факири , эй писар.

Дур кун аз хона тори анкабут,
Бошад андар монданаш нуксони кут.

Харчро берун зи андоза макун,
Хушк риши хешро тоза макун.

Дастрас гар бошадат, танги макун,
Чунки рахвори, ба рах ланги макун.


Файзи ҳалолатро биё аз суҳбати пирон талаб,
Меҳру садоқатро биё аз покии имон талаб.
Эй булҳавас ҳаргиз маноз аз ин ду рӯза сарватат,
Дасти саховатро кушо фотиҳа аз пирон талаб.

Муи сафедашро бубин аз умри худ ёби хабар,
Аз қомати хамгаштааш ту ҳикмати даврон талаб.
Бас носипосиҳо бубин бас куриву кари нигар,
Чашми хунар аз нав кушову давлати пирон талаб.

Аз кирдори ман-манӣ ҳеҷат нашуд ҳосил мурод,
Дамро ғанимат бишмару шукри дами инсон талаб.
Гар одами одамгарӣ аз панди пирон боз пурс,
Ин ҳикмати мардонаро аз химмати пирон талаб.


Паём ба хоҳари мусалмон

Хоҳарам боиффату мастур бош
Аз масири бадсириштон дӯр бош
Дар сарои донишу фархангу ҳуш
Чун чароғ андар шаби торик бош
Дар паи таклиди берунӣ марав
Аз шиори аҷнабиҳо дӯр бош Эй ки дорӣ иффату покизогӣ
Дар шарофат хам навои Ҳур бош
Гавҳари ахлоқ ҳастанд ифтихор
В-аз китоб омодаи дастур бош
Аз сумуми беҳаёи бар хазар Дар макоми модари мащҳур бош
Даст аз ғафлат макун ҳарсӯ дароз
Дар ҳарос аз лонаи занбур бош
Аз фарози қуллаи инсоният Раҳнаварди корвони нур бош
Риштаи тазвири душман бигсилон
Бар ҳиҷобат хоҳарам масрур бош


 

Ҳайфи умре,ки ҳама аз паи ғафлат гузарад
Ба гирифтории дунёву ба кулфат гузарад.
Хуш ҳамон умр, ки дар сӯҳбати мардони худо,
Бо худоҷӯӣ ба ҳар аҳли муҳаббат гузарад.
Ба забон зикру ба дил фикри шуҳуди зоташ,
Ба ҳузури дилу дар гармии сӯҳбат гузарад.
Дил ба огоҳию тан қоими меҳроби суҷуд,
Ин чунин то дами охир ба ибодат гузарад.
Чун саги Каҳф муқими дари мардони худо,
Завқи сармасти майю касби тариқат гузарад.
Дили гулхангаҳе ошиқ кабобе карда,
Ба ҷигардарду ба рухи зарду риёзат гузарад.
Ҳолати ҷазбу дами завқ ба савдои Ҷунун,
Гиряву зор ба андӯҳи қиёмат гузарад.


Биё эй дил чу қалби каҳф бо марди худо биншин,
Гурезон шав зи ғофил бо гурӯҳи порсо биншин.
Зи заҳри сӯҳбати ноҷинс Канъон ғарки тӯфон шуд,
Баро аз ғофилон назди ҳузури авлиё биншин.
Чаро ранҷурии ин дарди ғафлатро намедонӣ,
Табиби ҳозиқатро ёфта назди даво биншин


Дуруғ одамро кунад шармсор
Дуруғ одамиро кунад бевиқор
Зи қаззоб гирад хирадманд ъор
Ки уро наёрад касе дар шумор
Дуруғ ай бародар магу зинҳор
Ки қозиб бувад хору бевикор


Дӯст машмор он ки дар неъмат занад,
Лофи ёрию бародархондагӣ.

Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор.

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,
Дурӯғ одамиро кунад шармсор.


Чист давлат?-Суҳбати соҳибдилон дарёфтан,
Ё ҳузури дӯстони меҳрубон дарёфтан.
Сояҳои бед бар оби равон фасли баҳор,
Дар миёни бӯстон бо дӯстон дарёфтанд.
Аз муҳаббат боз ҷонро қуввати парвоз бахш,
То бар у осон намояд ошён дарёфтанд…
Рӯи ҷононро замину осмон оинаанд,
Ку назар, то акси руяшро тавон дарёфтан?
Эй Хумом, аз нури руи у агар бино шавӣ,
Олами ҷонро тавони з-ин ҷаҳон дарёфтан.

Комментарии