Ороиши муйи сар зеб додан

mui_sarОрову торо додани муй барои одамизод хусни зебо мебахшаду касро чолибтар ва ба чашми дигарон хушкилтар мегардонад ва инро шахсоне ки кадр менамоянд вакту пули худро ба ин самт сарф карда ба хадафхои худ мерасанд . Ороиш додани муйи сар метавонад  ба дарачае таъсир расонад ки фоида он метавонад ба ошикиву маъшуки, дарёфти пулу мол ва воситае барои гирифтани мансаб хам сабабгор шавад.

Ба оро додани муи сар аз замони кадим одамон машғул буданд ва ба сифати хуснбахши истифода аз гулхо, чубчахо, пари парандахо аз чумла товус, рангхои растани – хина ва ғайрахо истифода мебурданд. Холо имрузхо бо таракки ёфтани техникаву фарханг одамон ба оро додани муи сар бештар вакту сарватро сарф мекунанд ва муйхои худро бо шаклхои замонавию ғайриодди зеб медиханд.

Ороиш додани муйи сар якчанд усул дорад ки чумлаи онхо инхоянд:

  1. Буридан-кутох кардани муйхои дароз ё тамоман кал кардан;
  2. Часпондани муйи сар, аз чумла зулф часпондан ва ё пушидани парик;
  3. Ранг кардани муйи сар;
  4. Часпондани хар гуна предметхо ба сар аз чумла гулхои пласмасиву табии, пушидани тодж, часпондани сангхои кимматбахо, пушидани руймол ва ғайра.
  5. Оро додан – яъне ба кавли кучаги причёска кардан. Масалан тоб додани муйи сар;
Ороиши муи сар

Ороиши муи сар

Мардхо ба оро додани муйи сар онкадар вакту пулро сарф намекунанд лек духтарон-занхо ба ин кор хеле майл доранд ва медонанд ки калиди мувафаккиятии онхо дар хамин чиз хам сабабгору ёридиханда хаст.

Ба хисоби миёна дар ороиши муйи сар духтарони точик  дар як мох аз 20 то 50 сомони харч мекунанд ки ба ин маблағ, нархи руймол буридани муй, рангзани ва ғайрахо дохиланд. Вале бачахои – мардхои точик ба хисоби миёна дар як мох 5-10 сомони харч мекунанд.

Чоллиби диккат аст, ки духтарон дар рузи оиладориашон хело вакту пулро барои ороиши муйи сарашон сарф мекунад ки маблағи он баробари арзиши як гусфанди калон ва зиёд аз он хам метавон буд (50-100 доллар).

Комментарии