Одоби муошират

Одоби муошират чист? – ин санъати баланди рафтор ва суханравонӣ мебошад, ки ҳангоми риоя кардани он кас ба мувафақиятҳои дилхоҳ метавонад комёб гардад. Муомила ин ҳамманои калимаи «муошират» мебошад ва риояи он на танҳо сухан гуфтан ва шунидани дигарон мебошад, ин ҳамчунин маҷмуи рафтор ва ҳаракатҳоро дар худ таҷассум мегардонад. Одоби муошират ин пулест (русс. Мост) барои алоқаи хуб ва зич байни мардум. Чи қадаре ки одоби муошират баланд бошад ҳамон қадар хуб аст ва шахсони муомилаи бади муоширатдоштаро «беадаб» меноманд ва баракси онҳоро «боадаб» мегӯянд.

muomilaМасалан табасум намудан, гуфтори дилписанд, ҷавоби фаврӣ додан, сухани кофӣ гуфтан, дастгирии ҷисмонӣ, туҳфа кардан ва ғайраҳо ин амалҳои муошира кардан мебошад, ки ҳангоми бо сифати баланд иҷро кардани он кас ба вазифаву мартабаҳои баланд ва ҳамчунин муҳаббату эҳтиром (обрӯй), зиёд соҳиб мешавад.

    Одамон ҳар гуна хоҳиш, ақл, боигарӣ, тасавурот, забон, ҷинс, миллат, нажот, афт ва ғайраро соҳибанд ки вобаста ба ин омилҳо бо ҳар яки онҳо муомилаву муошираи хоса кардан нисбатан дурустар аст. Масалан бо чи хеле ки бо падар муошира карда мешавад бо дустон ва ҷинси мухолиф чунин сухангӯи кардан чандон дуруст нест, чун ки бо падар бояд боэҳтиромона, бо дустон шухиона ва бо дустдошта меҳрубонона муомила кардан мувофиқтар аст, ки дар ниҳоят самараи баланд медиҳад.

Худ бузургони тоҷику-форс вобаста ба одоби муошират чунин гуфтаанд:

Сухан бисёр дону андаке гӯй,

Якеро сад магӯ, садро яке гӯй.

Сухан дониста гӯй то дустро душман надагардонӣ, 

Дар ёд доред, ки ҳар як инсонро вобаста ба амалаш – суханаш сатҳи муошираашро баҳо додан мумкин аст ки оиди ин бузургон гуфтаанд: 

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад. 

Хуллас дар байни тоҷикон одоби муошираро бо калонсолон, волидайн, дустон, роҳбарон, руҳониён, кудакон, хешу табор, муаллимон, ҳамкорон ва ғайраҳо бештар фарқ ва дидан мумкин.

Руихатти муоширати беҳтарин – қоидаҳо (иншо) 

  1. Саломи самимӣ;
  2. Аҳволпурсии самимӣ;
  3. Хоксорона рафтор намудан;
  4. Бо табассум сухан гуфтан;
  5. Афт турш накардан;
  6. Суханро шафофу пурра гуфтан;
  7. Дуруғ нагуфтан;
  8. Такаббурӣ накардан;
  9. Суханони дигаронро гуш карда тавонистан;
  10. Таҳқир накардан;
  11. Меҳрубонона амал кардан;
  12. Эҳтиром кардан;

Комментарии