Одина Хошимов

odina_hoshimov

Сурати Одина Хошим

Одина Ҳошимов – ҳофизи хушхон, ин фарзонафарди майдони ҳунар 13-уми июни соли 1937 дар деҳаи Нимдараи ноҳияи Даштиҷуми ҳозира ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон, дар оилаи санъаткори шинохта, мусиқидони варзида, Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Ҳошим Қосимов тавлид, дар домони модари боиффати адабиётдӯст, донандаи хуби осори Ҳофизу Бедил ва даҳҳо суханварони мумтози классик тарбият ёфтааст. Чун ҳафт пушташ дилбохтаи санъату ҳунар буд, ӯ низ меҳр баст ба ин ҷодаи пурифтихор. Аз хониши падар, аз ромиши падар дар дили кучаки Одина нисбат ба ҳунари сарояндагӣ ва навозандагӣ як дилгармӣ, як муҳаббати ногусастание бедор гашт.

Одина Ҳошимов ҳануз шаш даҳсола пеш бо садои фораму  марғуладор руи саҳнаи тоҷик падидор гашта буд. Садои дилнишину рӯҳафзояш аз дуриҳои дур роҳ гирифт ҷониби қалбҳо. Шӯҳраташ дакка хурд то сурайё. Барои хурду калон, барои мардуми тамоми минтақаҳои кишвар Одина Ҳошимов маҳбубу пазируфта шуд аз ибтидо то интиҳо. Барои бори дигар рӯ овардан ба гузаштаҳои рангин, ба умри бо самар сипарикардаи ин булбули хушнаво, барои бори дигар ошно намудани насли наврас ба ҳунари ин ҳунарманди нотакрору ди тавоно варақ мезанем китоби зиндагиномаашро, ки хеле аҷиб асту хеле гуворо.

Ворид шуд ба ин роҳи пуршебу фароз ва бо ҳамин ҳунар, бо ҳамин маҳбубият сипарӣ намуд ҳаёти пурбаракати хешро. Дилбастагӣ ба суруд, ба наво саманди орзу Одинаро овард ба майдони набарди ҳунар, ки муваффақаш сохт. Аниқтараш бо умеду орзу, бо дуои қиблагоҳи соҳибҳунар пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи созҳои миллии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе супурд ва бо сари баланд гашт сазовори номи донишҷӯ.

Видео – Музыка Одина Хошим

Тӯли се сол дар ин боргоҳи ҳунар аз устодони сахтгиру серталаб нозукиҳои навозандагию сарояндагӣ аз бар карду соли 1959 ҳамчун мутахассиси ҷавон фоъолияти кориашро аз театри халқии ноҳияи Москва (Мирсайид Алии Ҳамадонӣ) ба сифати режиссёр оғоз намуда, то соли 1962 дар ин пеша масъулият нишон дод. Чун коргари содиқ, ҷӯянда ва навовар маҳбубият пайдо намуда, ба боварии роҳбарон сазовор шуд ва соли 1962 ба зимаи  Одинаи ҷавон, ба Одинае, ки ҳамагӣ 25 сол дошт вазифаи басо пурмасъулият, сарварии театри драмаи мусиқии шаҳри Кулобро вогузоштанд. Муддати 13-сол дар ин кори пурзаҳмат ифои вазифа намуда, беҳбарин асарҳои саҳнавиро рӯи саҳна гузошт, ки аз ҷониби мухлисон баҳои баландро ноил гашт. Аз соли 1975 то соли 1980 ба сифти солисти театри мазкур кор кард.

Нахуст суруди Одина ҳошимов «Ленин бародар раҳнамо» бар матни шоир Сайидалӣ Вализода ӯро миёни ҳаводорон маъруфу машҳур намуда, дар сини биступанҷсолагӣ  бо унвони ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфрозаш гардонд. Сипас сурудҳои «Гулъузори ман куҷост?» (ғазали Ҳилолӣ), «рафтӣ» (Сайидо), «Охир эй сарви хиромон зи кадомин ҷаминӣ» (ғазали ҷомӣ), «Соқиё бархезу деҳ ҷомро» (ғазали Ҳофиз), «Хиҷил аст сарви бӯстон бари қомати баландаш» (ғазали Саъдӣ), «Ба завқе такя бар шамшер ҷисми лоғарам дорад» (ғазали Соиб), «Аз чашми пурхумори ту мастӣ намеравад» (ғазали Ҳасани Деҳлавӣ), «Ё ҳарду»  (ғазали А. Лоҳутӣ), «Куҳан диёро» (ғазали Нодири Нодирпур) ва садҳои дигар, ки саршори меҳру муҳаббати поки инсонӣ, садоқат, некӣ ва дилрабоӣ буданд, дар иҷрои Одина Ҳошимов дилпазир ва форам ба самти ҳаводорони санъат расонида шуд ва то имрӯз бо ҳамон садои нотакрор аз тариқи садову симо ба ихлосмандони ҳунари ин ҳунарманди нотакрор пешкаш карда мешавад.

Ҳунари дигаре, ки Одина Ҳошимовро шуҳратёр на-муд, ин ҳунари фалакхонию фалакдонии ӯст. Ҳамчун сарояндаи ҷӯяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардонидани асари сертаркибаи «Фалак» хизмати шоистаеро касб кардааст. Дар ин ҷода Одина Ҳошимов бо машҳуртарин фалаксароён, бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов ва Шариф Ҷураев дар як поя қарор дошту шӯҳраташ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ паҳн буд.

Соли 1972 фалаксарлёни машҳури афғон Мангал, Карим, Нурмуҳаммад, Раҳимҷон, Абдурасул ва Акбар Лоло Одина Ҳошимовро ба Афғонистон даъват намуданд, то ҳунарашро ба ҳаводорони афғонаш намоиш бидиҳад. Аниқтараш дар озмуни «Фалаксароёни мумтоз», ки дар шаҳри Қундуз барпо гардид, ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон даъват шуда буд ва дар ин озмун ғолиби ҷои аввал дониста шуд.

Ва метавон зикр кард, ки худ аз мактаби ҳунари санъаткорони мумтози кишвар таҷриба гирифта, ҷавобан ба ин шогирдони зиёдеро низ тарбия намудааст , ки миёни онҳо метавон номи Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Засанов, Мирзоватан Миров, Озодамоҳ Муҳтарамоваро боифтихор ба забон гирифт. Борҳо дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик ширкат (РСФСР соли 1965, дар Москва соли 1967 дар РСС Ӯзбекистон соли 1968) намуда, санъати волои тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ намудааст. Илова бар ин ин ҳунарманди нотакрор Одина Ҳошим ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва кишварҳои хориҷа аз кабили Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Яман, Ироқ, Қувайт, Адан сафари ҳунарӣ намуд, бо ҳунари воло дили мухлисонашро ба ваҷд овардааст. Фарҳангу санъати бою рангини миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муарифӣ намудааст.

Одина Ҳошимов бо услубу равияи хос ва шеърдонию шеършиносӣ дар байни мардуми мамолики Шарқ обрӯю эътибори беандоза дошт. Пеш аз ҳама мувофиқати комили мазмуну шеъру оҳанг, дарки ниҳоят хуби тарҳу вазн, усулу савт, нолаи дилрабою ороиши оҳангӣ, шунавоии мутлақ ва ҳифзу аз худ кардани садҳо байту шеър бозгӯи забардастии ин санъаткори моҳир аст,-мегӯяд Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Алиризо Раҳмонқулов ва меафзояд:

Шеъри тоҷикро ба мисли ӯ набуд донандае,

Дар рамузи нуқтадонӣ беғалат хонандае.

 Тору пуди ҳофизиро беҳтарин бофандае,

Қасри эҷодаш бимонад дар ҷаҳон пояндае.

            Тавре ки зикр намудем ин марди ҳунар фарзанди фарзонаю нотакрори миллати тоҷик Одина Ҳошимов аз соли 1953 то вопасин соли ҳаёт дар ҷодаи санъат ҳунарнамоӣ карда, бо ҳунари нотакрори хеш дар дилу дидаи мардум маъво гирифт. Хизматҳои шоёни ин марди шариф аз ҷониби давлвту ҳукумат бо унвонҳои фахрӣ, аз кобили медали «Барои меҳнати шуҷоатнок ». Грамотаҳои Фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон ва ҷоизаи Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шудааст.

            Хуллас, унвони аз ҳама асосӣ «Ҷойгузини дилу дида» маҳсуб меёбад, ки ин унвон ба Одина Ҳошимов ҳанӯз аз рӯзҳои аввали руи саҳна омадан насиб гашта буду бо ҳамин унвон, бо ҳамин эҳтиром ва бо ҳамин меҳри бепоёни мухлисон ӯ 16-уми ноябри соли 1993 оламро тарк кард.

            Одина Ҳошимове, ки тамоми умр баҳри болидагии хотири мардум, гарму фароғатбахш намудани маҳфилҳо, чорабиниҳо пайваста омода буд, имрӯз миёни ихлосмандон нест, вале номи ӯ, садои нотакрори ӯ ва меҳру муҳаббати ӯ умре дар қалбу дар забонҳо абадист.

            Таърифу сифати ҳунари ин абармардро ҳар қадар гуем боз ногуфтаниҳош мемонад, вале мо тоҷои тавон ҳар ҳар он маълумотеро, ки оиди ин ҳунарманд  дастрас намудем, гирд овардем. Дар охирсухани хеш марсияи Салими Хатлониро одовар мешавем, ки хеле оливу муассир эҷод шуда:

            Пайғомбари ишқ ба пайғомбари наво рафт,

            Хунёгари Исонафаси аҳли вафо рафт.

            Аз ҷабри ҳарифони фалак то ба ҷафо рафт,

            Ӯ рафт, ки аз маҳфили мо нури сафо рафт.

            Одина аз ин даҳр ба фарёди малак рафт,

            Одина ба пардози ғамободи фалак рафт.

                                                                                            Авғонов Қурбон

                                   ТАРОНА

                                                                          

                                                                         Саидҷон Ҳакимзода

Аз синае фарояд чун тармае тарона,

Чун баҳр шурангез, чун рӯдҳо равона.

Аз банди дил бирезад оҳанг гуна-гуна,

Моро барад суруде дар олами фасона.

Девони Ҳофиз онҷо, абёти Бедил он ҷо,

Андар диле биғунҷад дунёи шоирона.

То об гаштани мо як саҳфа кам нагардад,

Табъи баланду саркаш будаст бекорона.

         ФАХРИ МИЛЛАТ

                                               Муҳаммадалӣ Шамсов

 Сукути шаб, ҳама хобанду ту дар шӯру исёнӣ,

Ба ёди шеъри нав ганҷи ниёгонро ту ҷӯёнӣ,

 Дили дардошно дорӣ, ки сӯзу соз ҷои ӯст

Аз ин рӯ шеъри Ҳофизро ба сад оҳанг мехонӣ.

«Сухан гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон Ҳофиз»,

Чу хуш гуфтаст мегӯиву худ андеша меронӣ.

Пас аз шӯру шарар бар шеъри нав оҳанг мебандӣ.

Зи ҳамсозии оҳангат гаҳе тифлона механдӣ.

Аё, эй фахри миллат ҳофизи ҳофиззфвқи мо,

Ту байни имрӯзу фардои миллат решапайвандӣ.

Ҳама ақлу дили солим ба ту, Одина Ҳошим,

Санохонанд бар оне, ки тоҷикзода фарзандӣ.

            ШАКАРГУФТОР

 

                                                               Хошок Амир

Саҳаргоҳ асту меояд ба гӯшам турфа овозе,

Шакароҳанги шаҳкори шакарафсонапардозе.

Бурун аз найшакар гӯё ки ин овоз меояд,

Аҷаб дилҷӯю дтлбозе, аҷаб пурсӯсу пурсозе.

Бубинам бешароб андар ҳавои ин шакаровоз,

Равон сармаст мегардад, зи шеъри Ҳофизи Шероз,

Шакар мерезад ин овоз дар шири ғазал гӯё,

Ва меёбад бадал савту ғазал бар олами эъҷоз.

Чи эъҷозе, чу ин шеър, ин шакароҳанг ширин аст,

Ҷаҳон ҳамчун замини шеъри Ҳофиз турфа рангин.

Замин чун орзуи мутриб ин сония нақшин аст,

Ва ҳар як резасанг алқисса ҳамчун ҷоми зарин аст.

Саҳаргоҳ асту боз Одина,  бишнав, мисли шогирде,

Суруди Борбадро мекунад такрор ширинтар.

Бубахшад то ҷавонӣ боз ӯ бар олами эҳсос,

Ҷаҳонро менамояд дар навоҳо акс рангинтар.

НАВҲАЕ ДАР МАРГИ УСТОД ОДИНАИ ҲОШИМ

                                                                                                           Салими Хатлонӣ

         Пайғомбари ишқ ба пағомбари наво рвфт.

 Хунёгари Исонафаси аҳли вафо рафт.

Аз ҷабри ҳарифони фалак то ба ҷафо рафт,

Ӯ рафт, ки аз маҳфили мо нури сафо рафт.

 Одина аз ин даҳр ба фарёди малак рафт,

Одина ба пардози ғамободи фалак рафт

Рӯ зад ба дили халқи худо ғам, ҳама гирён.

Як шаҳр шуда хонаи мотам, ҳама гирён.

Як шаҳр чӣ гирён шуда, олам ҳама гирён,

Мурғони чаман, дар ғами одам ҳама гирён

Одина аз ин даҳр ба фарёди малак рафт.

Умре ҳама дар маъракаи аҳли вафо буд,

Аз кинаи деринаи ин даҳр ҷудо буд,

Не, не ки на аз Одаму аз ишқи Ҳаво буд,

Ӯ аз нафасу марҳамати поки Худо буд.

Одина аз ин даҳр ба фарёди малак рафт.

Одина ба пардози ғамободи фалак рафт.

Дар сози дилаш нағмаи мастона шунидем,

Дар рози дилаш ҳасрати ҷонона шунидем.

Дар ҳар нафасаш оҳи ғарибона шунидем,

Аз панди хушаш оқилу девона шунидем.

\

Одина аз ин даҳр ба фарёди малак рафт.

Одина ба пардози ғамободи фалак рафт.

Аз ҳаҷр ба ҷуз мӯяи шабгир надидем,

Дидори накӯяш ба ҷаҳон сер надидем.

Ёрон ҳама дидему ба тадбир надидем,

Дар давр чу ӯ мавлвию пир надидем.

Одина аз ин даҳр ба фарёди малак рафт.

Одина ба пардози ғамободи фалак рафт.

Аз рафтани ӯ умр ба ғамҳои гарон гуфт.

Дар мағфираташ рӯҳи Амири Ҳамадон гуфт.

Аз марсияташ ашк ба авроқи замон гуфт,

Бо табъи салиме, ки Салими Хуталон гуфт.

                                                                                Акбар Абдулло

Нағмаи сози туро гар бишнавам,

Ёди айёми ҷавонӣ мекунам.

Бол бикшоям ба сӯи Дашти Ҷам

Дар ҳавояш шодмонӣ мекунам.

Бас хаёле мебарам бар кӯи ту,

То биёбам мардуми бонангро

Мавҷбозии Ниёбу офтоб

Умри гулмонанди рангорангро.

Шӯр мегирад бо оҳанги сафо

Дар садоят чашмаи ноби ғазал,

Раҳ надорад дар вуҷуди ту хазон,

Чунки дорӣ реша дар оби ғазал.

Ҳар кӣ қасде дошт, сӯят бингарад

 Бо ҳасад аз он сӯи деворҳо,

Бар алайҳи он ҳама озорҳо,

Гул шудӣ пируз бар он хорҳо.

                                                                  Ҳайрат Шанбезода

Овози ту дар куҷост Ҳошим,

Сетори ту бесадост Ҳошим.

Боре ту ба гуши иурдае хон,

К-ин хок пур аз балост Ҳошим.

Комментарии