Нохияи Спитамен
Ноҳияи Спитамен (ба руссӣ Район Спитамен) – яке аз хурдтарин ноҳияиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29-уми сентябри соли 1929 дар тоъбеи Вилояти Суғд ташкил ёфтааст. Имрузҳо нохияи Спитамен масоҳати 355,7 км² ташкил намуда шумораи аҳолиаш зиёда аз 128 ҳазор нафаррро ташкил менамояд.
Таърих
Мувофиқи қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 460 аз 21-уми ноябри соли 2003 номи ноҳия ба «Ноҳияи Спитамен» ба васфи қумондони Суғдӣ-Бохтарӣ, ки бар зидди лашкали Искандари Мақдунӣ солҳои 329-и пеш аз милод, мубориза бурдааст номгузорӣ карда шудааст.
Қаблан ноҳия то то соли зикршуда аз рузи ташкилёбиаш номи «Нов»- ро ва ба забони русӣ «Нау» ё «Ноу» ёдоварӣ карда мешуд.
Ҷуғрофия
Ноҳияи Спитамен дар водии дарёи Сир ҳампаҳлуи чапи дарёи Оқсу ҷойгир аст. Дар шимол бо ноҳияи Мастчоҳ, дар шарқ бо ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар ғарб бо ноҳияи Ғончии Вилояти Суғди ҶТ ва аз ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Баткенти Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад.
Боду ҳавои Спитамен континенталӣ буда хело рутубатӣ баландро нисбатан ба дигар ноҳияҳои кишваррро соҳиб аст, ки ба ин дарёҳои аз ноҳия ҷоришаванда сабабгор мебошанд. Тобистон ҳарорати ҳаво то +44 гарм шуда зимистон то -30 дараҷа бо ҷадвали селсия хунук мешавад. Андозаи боришот дар як сол тақрибан 800 мм. Ташкил медиҳад. Сатҳи баландии ноҳияи дар таносуб аз баҳр дар баландии аз 320 то 1270 метр ҷойгир аст. Қариб нисфи масоҳати умумии ноҳияро теппаҳои баланд ки ба қуҳ монанд ҳастанд, ташкил медиҳанд. Координатҳои ноҳия иборат аз 40*09 шимолӣ ва 69*22 шарқӣ.
Боду хаво дар нохияи Спитамен
Тақсимоти маъмурӣ
Ноҳия ба 7 –ҷамоат тақсим шудааст, аз ҷумла:
- Маркази ноҳия – 26 643 нафар аҳолӣ дорад;
- Истиқлол – 19 205;
- Куруш – 24 523;
- Куштегирмон – 7 279;
- Турсун Улҷабоев- 14 588;
- Тағояк 13 613;
- Фармонқурғон- 7 057;
Харитаи Ноҳияи Спитамен
Иқтисодиёти ноҳияи Спитамен
Ноҳияи Спитамен асосан минтақами кишоварзӣ буда даромади аҳолии ин минтақа асосан аз кор бо замин ба даст оварда мешавад ки ин ҳам бошад бар асоси руёнидани пахта, меваҷот, сабзавот, чорводорӣ ва дигар намудҳои растаниҳо мебошад.
Дар ноҳия 1-то хоҷагии чорводорӣ, 1 корхонаи паррандапарварӣ, зиёда аз 75 кооперативҳои истеҳсолӣ ва зиёда аз 500 хоҷагиҳои деҳқонӣ ки шумораи саҳмдоронаш тақрибан 17 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ноҳияи Спитамен 10 корхонаи истеҳсолӣ мавҷуданд, ки бо ашёи хоми маҳаллӣ фаъолияти мекунанд ва шумораи умумии кормандонашон зиёда аз 700 нафарро дар маҷмуъ ташкил медиҳад. Бахши коркарди пахта дар истеҳсолоти ноҳия мавқеи асосиро мебозад.
Маҷмуи маҳсулоти миллии ноҳия дар соли 2015 тақрибан 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки муодил ба сомонӣ тақрибан ба 350 млн. сомонӣ баробар аст. Буҷаи ноҳия маблағи тақрибан 5 млн. доллорро ташкил намуда асосан аз ҳисоби чунин намудҳои андоз ташкил меёбанд, аз ҷумла: аз шахсони воқеӣ 13,5%, андози ягона 13,5% ва андоз аз арзиши иловашуда 6,9%
Видео оид ба ноҳияи Спитамен
Нишондиҳандаҳои асосии Ноҳияи Спитамен
Ном ба забони Тоҷикӣ | Ноҳияи Спитамен |
Сардори ноҳия | Раис |
Мамолик | Тоҷикистон |
Мақом | Ноҳияи маъмурӣ |
Таалуқ дорад | Вилояти Суғд |
Сохтор | 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Шаҳраки Нов |
Санаи ташкилёбӣ | 29 сентябри 1926 года |
Забонҳои давлатӣ | Тоҷикӣ |
Аҳолӣ (2016г.) | 128 597 |
Национальный состав | Тоҷикон, узбекон ва қирғизҳо |
Конфессия | Мусалмонони суннимазҳаб |
Масоҳат | 355,7 км² |
Ҷадвалӣ соат | UTC+5 |
Номи кутоҳ | NA |
Код ISO 3166-2 | TJ.SU.NA |
Координатҳо | 40*09 шимолӣ ва 69*22 шарқӣ |
Этнохроним | Новчиҳо |
Баланди аз сатҳи баҳр (мерах) | 320 то 1270 |
Индекси пучта | 735830 |
Интернет-домен | .tj |
Коди автомобилҳо | 02 ҶТ |
Коди телефонӣ | (+992) 3441 |
Масоҳати умумии замин (га) | 35 575 |
Заминҳои корам (га) | 14 445 |
Заминҳои лалмӣ (га) | 21 130 |
Заминҳои кишт (га) | 13 103 |
Боғот (га) | 1 060 |
Токзор (га) | 30 |
Тутҳо (га) | 207 |
Алафзор (га) | 0 |
Цитрусиҳо (га) | 3 |
Заминҳои ниҳолтаёркунӣ (га) | 0.2 |
Партофташуда (га) | 399 |
Чарогоҳ (га) | 10 765 |
Иморатҳо (га) | 507 |
Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ | 523 |
Сомонаи расмӣ | www.spitamen.t |
Телефонҳои сохторҳои давлатии ноҳияи Спитмен
- Маъмурияти Раиси: (83441) 2-22-44;
- Агроинвестбонк: (3441) 2-26-23, (44) 630-67-51
Душвориҳо
Мушкили асосии ноҳияи Спитамен ин набудани харидорони потенсиалӣ ба маҳсулотҳои истеҳсолшаванда аз тарафӣ корхонаҳои истеҳсолии ноҳия, мавҷуд набудани барқ дар фасли сармо, баланд будани арзиши қарзҳо ва кутоҳмуҳлат буданӣ онҳо ва дар маҷму ба рақобат ҷавобгуй набуданӣ маҳсулоти истеҳсолшаванда мебошад.